Тамоми умр ман дар матбуоти давлатӣ кор кардам, вале дар матбуоти озод ҳам матлабҳоям дарҷ мешуданд, аз ин лиҳоз аз хусусиятҳояшон хуб огоҳам. Дар матбуоти давлатӣ, чӣ тавре гуфтем, бештар мавзӯъҳое баррасӣ мешаванд, ки назари давлатанд. Масалан, соли 2017 – Соли ҷавонон эълон шуд. Матбуоти давлатӣ муваззаф аст, ки ин ғояро фарох тарғиб кунад. Матбуоти озод бошад, як ишорае мекунад, агар хоҳад.
Имрӯз мо матбуоти озод дорем, вале мутаассифона шахсони тафаккури озоддошта камтаранд, бардошт низ то андозае маҳдудтар аст. Журналистон аксаран аз навиштаҳояшон интизорие доранд. Дар навиштаҳо тамаллуқ ё ғараз эҳсос мешаванд. Танқид ҳам бояд беғаразона бошад, на ҳадафноку муғризона.
- Сардабири аввалин маҷаллаи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии сатҳи баланд. Чаро маҳз Шумо?
- Ростӣ, намедонам… То ҷое огоҳам номзадҳо ба ин симмат зиёд буданд. Ҳатто худи Сарвари давлат ҳам зимни таъинот инро зикр карда буданд. Ҳама медонанд, ки роҳбари нашрияи навтаъсис дар баробари соҳибқалам будан, бояд истеъдоди ташкилотчигӣ ҳам дошта бошад. Зеро корро аз сифр шурӯъ мекунад. Маҳорати дарёфти истеъдодҳои дигарро дошта бошад. Шояд яке аз сабабҳои маро интихоб кардан, ин собиқаи кориам дар матбуот буд. Пеш аз ин ҳам ман ба ҳайси роҳбар кор мекардам. Ҳамаи ин дар вақти таъйини як кадр ба вазифа ба инобат гирифта мешавад. Ва ахиран, шояд истеъдоди қаламкашиамро ба назар гирифтаанд.
- Воқеан, аз Шумо чун як бонуи шуҷоъ ва боҷасорат ҳарф мезананд, мегуфтед, ки меъёри риояи байни „мумкин“-у „номумкин“ дар матбуот чист?
- Меъёр воқеънигорист, дигар ҳеҷ. Мумкину номумкин дар атрофи ҳамин воқеият чарх мезананд. Вақте атрофи фаъолияти як шахси сиёсӣ, чӣ вазиру чӣ сафир менависам, аввал андеша мекунам, ки ҷавоби ҳамин навиштаамро дода метавонам ё не? Таҳлил кардаму дидам, ки метавонам, менависам. Журналистика дар баробари воқеият далелу арқом мехоҳад. Ман дар ин амал ҷасорате намебинам. Танҳо вазифаамро иҷро мекунам. Дар такя ба қонун, ки медонам бо дурустии амалам маро ҳимоя мекунад, менависам. Воқеан, навиштаҳои ман танҳо назари хоси ман нест. Аксаран назар ва мушкилоти мардумро менависам. Хушбахтона, барои журналистони имрӯз хатар ба ҷон камтар таҳдид мекунад. Аммо нафарони алоҳида метавонанд гирди номи як журналист дурӯғу туҳматҳо низ паҳн кунанд. Ман ба ҳақиқат эътимод дорам ва он бояд пояи ҳар як матлаби журналистӣ бошад.
- Замони роҳбарӣ чӣ ормонҳои занонро пайгирӣ мекардед?
- Вақти таъйин Муассис – Президенти муҳтарами кишвар самти фаъолияти маҷалларо мушаххас карданд, ки ман амаликунандаи ҳамон ормонҳо будам. Ормонҳои сиёсӣ. Ҳадафи Сарвари давлат аслан ҷалби занон ба ҳаёти сиёсӣ буд. Яке аз сабабҳои зуд маҳбубият ёфтани маҷалла ҳам бастагӣ ба исми муассисаш дошт. „Бонувони Тоҷикистон“ аввалин ва ягона нашрияи шахсан таъсисдодаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин дастгирии бевоситаи занон буд, на санади рӯи қоғаз. Бо ин ибтикорот ба бонувон минбари баланд дода шуд.
Талаби Пешвои муаззами кишвар ин буд, ки „маҷалла маҳбуби ҳар хонадон гардад ва тавонад тафаккури занҳоро ба ҷумбиш оварад“.
Мушкили яку ябора дастрас кардани маҷалла барои тамоми бонувон сахт эҳсос мешуд. Аз ин рӯ, кӯшидем аввал онро ба ҷамоату мактабу бемористону корхонаву коргоҳҳои калон ворид созем, то дар чашми мардум шинохта гардад. Дар тарғиби маҷалла дар кадом минтақа, шаҳру навоҳие набудам, иқрор мешудам, ки чун нархи он бо масрафоташ аз рӯзномаҳо фарқ мекунад, 3–4 нафар ба як маҷалла обуна шаванд. Як маҷалларо 10–15 ҳатто 50 нафар мехонданду баъд онро ба ҳамкору ҳамсоя ва хешу табор медоданд. Соле пас аллакай хонандагон аз ҳар гӯшаи ватан занг зада мегуфтанд, ки бесаброна интизори шумораҳои нави маҷалла ҳастанд.
Ормони мо ин буд, ки зани тоҷикро аз муҳити ошхона каме берун бикашем, то ба сиёсату иқтисод ворид шавад. Маҷаллаи сиёсӣ бояд идеологияи сиёсии давлатро барои бонувон тарғиб созад. Ман пайи амалӣ намудани ҳамин идеология будам. Мехостам зан бидонад, ки сиёсат чист, сиёсати давлат нисбат ба ӯ чӣ гуна аст, Президенти Тоҷикистон бо ҳамон роҳкушоиву роҳнамоияш барои бонувони мо чӣ паёме дорад.
Чеҳраҳое, ки дар маҷалла тарғиб мешуданд, хеле нафарони арзандае дар ҷомеа буданд, ки зиндагиномаашон барои бонувони дигар ибрат буд. Навиштан дар хусуси як сиёсатмадор, як муаллим, як табиб, як модар, як хоҳар ва ё як муҳандисро дастгирӣ мекардам, аммо ин бонуи сиёсатмадор, муаллим, табиб, муҳандис бояд бо амале, хислате байни дигарон фарқкунанда мебуд.
Фикр мекунам худи ҳамин истифодаи калимаи „бону“ байни мардум бо нашри ин маҷалла хеле роиҷ гашт. То ин дам мо бештар зан мегуфтем. Бону бояд аз як зан болотар бошад. Мардум аз сатҳи поён то боло дигар „бону“ гӯён ба занҳо муроҷиат мекарданд.
- Ҳоло барои озодтару фаъолтар будани занон чӣ намерасад?
- Дар масъалаи озодии занон давлат тамоми корҳоро кардаст. Аз Конститутсия то дигар қонунҳо тамоми роҳро барои занон кушоданд. Озодии воқеии занон ба тафаккури мардон бастагӣ дорад. Ҳоли бори ҷомеа дар ин масъала вазнинтар аст, чунки хурофот дар миён меистад. Тафаккури мардонае, ки „ман мардам!“, „ман аввалам!“ решаи чуқур дорад. Хавфи мардон, ки зан аз ман донотару серпултар бошад, обрӯи ман мерезад, ин як қолабест, ки барои шикастанаш вақт лозим аст.
- Дар Паёми имсола Президенти кишвар ба масъулин дастури махсусе ироа кард, ки барои занҳо роҳ кушоед. Сабаби камии теъдоди бонувонро дар вазифаҳои калидӣ чӣ гуна шарҳ медиҳед?
- Чи тавре гуфтем, ҷомеаи мо бештар мардсолорист. Дар тамоми дунё, ҳар ҷо ки пул ҳаст, мардон он ҷойро ба занҳо додан намехоҳанд. Як мисоли одӣ, дар вақти хусусикунонии моликият ҳеч зане пул надошт, ки моликиятеро бихарад. Баъдан, квотаҳо барои вазифагирии бонувон дар мансабҳои давлатӣ як қадами неке буд, ки имконияти бештареро ба занҳо дод. Аммо худи бонувон дар вазифа чӣ корҳоеро барои пешрафти бонувони дигар мекунанд, барои кӣ роҳ кушоданд, масъалаест дигар. Воқеан, баҳри иҷрои сиёсати гендерии Президенти кишвар мардон имрӯз мехоҳанд намехоҳанд, ба занҳо роҳ хоҳанд кушод. Аммо ин роҳ ҳанӯз шоҳроҳ нест. Онро васеъ ва мустаҳкам кардан лозим.
- Шумо, ки чанд рӯзи пеш ба синни мубораки 60 расидед, лутфан мегуфтед, ки як бону дар зинаҳои гуногуни ҳаёт чӣ ҳолатҳоро аз сар мегузаронад?
- Инсонро дар ҳар давраи зиндагӣ диду назару андешаи хос дунбол мекунад. Дар 20-солагӣ дар сари инсон танҳо ҳавою ҳавас аст. Ин ҳавою ҳавас метавонад ба ишқ, илм, шуҳрат, зиндагии беҳтар ва амсоли ин бошад. Чун инсон дар ин айём таҷрибаи кофӣ надорад, ин хостаҳо дар шакли ҳавою ҳавас боқӣ мемонанд. Вале чун аз ин давраи ҳаёт баркамолтар мешавад, андешаҳо ҳам солортар мешаванд. Кас дигар хуб дарк мекунад, ки хостан ва нақша кашидан кам буд, амал зарур аст. Нигоҳаш ба зиндагӣ равшантар мегардад. Тавлиди фарзанд ҳавасҳои хасакиву рӯякиро дар дили инсон мешиканад. Меҳри кӯдак он қадар зӯр аст, ки аз баҳри ҳавою ҳавас мегузарӣ. Ширинии фарзанд хоҳиши карйера, номдоршавӣ ва ҳатто зебо буданро аз нақшаи зан берун мекашад.
Дар айёми 40-солагӣ зан боз бармегардад ба сӯи худ. Аввалин ожангҳо, мӯйҳои сафед, бемориҳо дар ин айём аз худ дарак медиҳанд. Вале акнун муҳаббат дар хонавода мустаҳкамтар мегардад. Фарзандон дастёр, меҳрашон ба модар зиёдтар мешавад. Нақшаҳои зан ҳам дигар мешаванд. Мақсадҳояш комилан ҳадафноканд. Даврони аз 50 то 60-солагӣ давронест, ки зан худро каме нозпарвар эҳсос мекунад. Дигар аллакай дар хонадон мавқеаш устувору суханаш пазируфта аст. Шояд дар ҷомеа ҳам аллакай шинохташуда аст. Ин давра саддҳо ва сангҳои сари роҳ камтаранд. Чунки дигар ӯ убур кардани монеаҳоро омӯхтааст. Воқеан, аз як нигоҳ ин давраи камолоту пирӣ аст, аммо, агар зан хоҳад, ҷавониашро дар ин синну сол ҳам ҳифз мекунад. Зиндагӣ дар ин синн роҳату оромтар мегардад. Давраи лаззат бурдан аз ҳаёт, давраи ҳосили заҳмати кашидаро чашидан аст. Ман айни замон ана ҳамин лаззату накҳатро мечашам ва мешамам. Шукр…
- Комгору сарбаланд бошед. Дар арафаи ҷашнҳои паёпай - Рӯзи Модар, иди матбуот, Ҷашни байналмилалии Наврӯз чӣ таманниёте барои бонувон доред?
- Бонувон худшинос бошанд. Дар хеш шахсиятро бубинанд. Ҳайсияти хешро эҳтиром қоил бошанд. Эҳтиромашонро дар хонавода қавӣ созанд. Занон бояд дар мақоми волотаре бошанд, то мадҳу ситоишашон танҳо рӯйи қоғаз набошад.
Мусоҳиб
Гулноза БОБОМУРОДОВА