Мунира Раҳимова бадоҳатан дар ҷавоб мегӯяд: „Шумо, ки кӯдаки гаҳвора будед, ба ин син расидед, ман баръакс, аз пирӣ ба давраи ҷавонӣ бармегардам“.
Зиндагии Мунира Раҳимова кӯлвори пур аз ёдҳоро мемонад. Ёд дунёи ӯро рангин ва қалбашро саршор аз муҳаббат ба ҳаводоронаш месозад. Ӯ мегӯяд, ҳатто бархе лаҳзаҳои хотирмонаш миёни дӯстон ба латифа мубаддал гаштааст, ки замони бо ҳам гирд омадан ё сари дастархони дӯстона нишастан, бо ёдоварӣ аз онҳо хушҳолӣ мекунанд. Ва меболад, ки маҳбубиятро аз пешааш дарёфтааст ва соҳибэҳтироми роғибонаш гаштааст.
Гар дил пок бувад
– Онҳоеро, ки меҳмони хонадонам шудаанд ва шоҳиди „ҳоким“ - и ошхона буданам ҳастанд, сарфи назар мекунам, вале ангуштшуморанд нафароне, ки аз ин масъала суолам накарда бошанд: - Шумо дар хона ягон кори рӯзғорро анҷом медиҳед? Посухам ин аст, ки Мунира Раҳимова зан ва модар мебошад. Ошхона макони дӯстдоштаам ба шумор меравад ва ба касе дегу кафгирамро бовар намекунам. Ва ҳам чаро ба дасти каси дигар биспорам? Хастагии бонуи хонадонро набояд аъзои оила эҳсос намоянд, зеро ҳастии ЗАН-МОДАР қуввати аҳли ошёнаи ӯст, – бо табассуми малеҳу ба худ зебандааш мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Воқеан, дар назари аввал чунин менамояд, ки ин бонуи хушсимо бештар ба ороишу зебоияш таваҷҷуҳ дорад, вале дар суҳбат ӯ ҳама ин андешаҳоро инкор мекунад ва мегӯяд:
–Қалби пок аз кинаю адоват ва бухлу ҳасад ба рӯи инсон нуру ҷило мебахшад. Аз кибру ғурур ва бадбинии атрофиён дил хаста мешаваду рӯҳ шикаста. Асабҳоро аз дорошавию болоравии дӯстон хароб кардан суде надорад, ба ҷуз ранҷ кашидан.
Мунира Раҳимова занро ба ниҳолаке ташбеҳ медиҳад, ки ҳамеша ниёз ба ғамхориву парвариш дорад. Аз ин хотир, ба бонувон аз рози ҳусни тағйирнопазираш кушода, тавсия медиҳад, ки қаблан дилро пок созанд ва баъдан барои таровати чеҳра аз малҳамҳои худсохти одию табиӣ истифода кунанд. „Дар хонаи ҳар яки мо ҷурғоту қаймоқ, лимую тухм ҳаст ва бонувон метавонанд аз ин маҳсулот малҳам омода созанд, ки беҳтарин ғизо барои рӯй аст. Агар бонувон як қошуқ гандумро дар об тар карда, решачаҳои сабзидаашро кӯфта, шираи онро ба чеҳра моланд, рӯйро аз доғҳо пок месозад. Сипас, иҷрои тамринҳои сабуки чандлаҳзаина неруи дигаре ба рӯҳи инсон зам мекунад. Шарт нест, ки бо сарфи маблағи зиёд дар варзишгоҳҳо ба гимнастика ё фитнес машғул шуд. Аз хоб хестан замон иҷрои ду - се намуди машқҳо кофист, то баданро обутоб диҳем. Ман аз пирӣ наметарсам“, – мегӯяд ӯ.
„Ахбор“ хонданро ёд мекунам
Мунира ҳанӯз аз давраи наврасӣ ба пешаи наттоқӣ гаравиш пайдо кард. Модараш Муҳаббат Самадова, ки танзимгари барномаҳои радиои Тоҷикистон буд, пас аз хотимаи дарсҳои дабистон Мунира ба наздаш мерафту кори наттоқонро мушоҳида мекард. Вақте дар синфи панҷум мехонд, ки барандагии барномаи бачагонаи „Субҳи пионер“-ро ба уҳдааш вогузоштанд. Ҳамин минвол, барномаҳои рангини радиоиро гӯянда шуд.
– Вале боре ҳам тасаввур накарда будам, ки наттоқӣ шуғли доимии ман мешавад, зеро ҳаваси пизишк шудан дар қалбам ҷӯш мезад. Баъди хатми мактаби миёна худро дар чорсӯе дарёфтам, ки интихоби яке аз ин роҳҳо бароям ҳатмӣ буд. Аммо шояд дар умқи дилам наттоқӣ ҷой гирифта будааст, ки ба худ ин пешаро муносиб донистам, –мегӯяд Мунира Раҳимова.
Ӯ соли 1980 шомили факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуд. Дар соли дуюми давраи донишҷӯӣ пурра ба кор шурӯъ кард. Бо дастгириҳои устодаш Абдурашид Хӯҷамқулов касбашро сайқал медод ва бо хатми таҳсилоти олӣ ӯ фаъолияташро дар барномаҳои телевизионӣ идома дод.
– Солҳои пеш барои ҳамаи барномаҳои радиоию телевизионӣ наттоқон гӯяндагӣ мекарданд. Ман, ки баъдан наттоқи барномаи „Ахбор“ шудам, муҳаббатам ба пешаам зиёд шуд ва дӯстдоштатарин барнома бароям гардид. Аз оғози соати барномаи „Ахбор“ гӯё пару бол мекушодам. „Ахбор“ маро шахсият ва маҳбуби мардум кард, – бо ифтихор аз пеша мегӯяд мавсуф.
Мунира Раҳимова аз соли 2009 директори Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалӣ таъйин шуд ва соли 2016 муовинии директори Академияи ВАО-ро ба зиммааш гузоштанд. Заҳматаш дар ҷодаи дӯстдоштааш аз ҷониби роҳбарияти давлат бо унвони „Корманди шоистаи Тоҷикистон“, нишонҳои „Аълочии телевизион ва радиои ҶТ“, „Аълочии фарҳанги ҶТ“ ва ифтихорномаҳо қадр шудааст.
Ӯ сабрро воситаи баромадан аз ҳама вартаҳои мушкил медонад. Мегӯяд, ки инсонро дар баробари шодию нишот, ғаму андуҳ ҳамсафари ҳаётист. Аз ин хотир, таҳаммулро бояд пеша кард, то ин ҳама шебу фарози зиндагиро ба осонӣ пушти сар кунӣ.
Ӯ худро шарафманду хушбахт медонад, чи дар миёни хонаводааш, чи дар ҳалқаи духтаронаш- Замира, Азиза ва Амалбону, ки имрӯз ҳамдаму ҳамнафаси зиндагиаш мебошанд.
Қутбияи Неъматулло