Ибтикору ташаббуси Сарвари давлат дар миёни тамоми қишрҳои раъияти мамлакат, ба вижа ҷавонон пуштибонию ҳамовозии гарму самимӣ пайдо кард. Маҷаллаи „Бонувони Тоҷикистон“ дар ин иртибот эъломи сарунвони „Ҷавонони саодатманд“-ро тасмим гирифт, то дар бораи нақши намояндагони ин қишри ояндасоз дар таҳкиму тақвияти тавонмандии сиёсию иқтисодӣ, илмию адабӣ, фарҳангию маънавӣ ва роҳи навардидаи онҳо бо интишор додани силсиламатлабҳои гуногунжанри моломол аз далелу дастакҳои қотеъ рӯшану муҷалло инъикос кунад. Ҳамакнун дар ин замина нахустин навиштаро дар бораи муовини раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ба хидмати шумо, хонандагони ҳушманди нашрия, мегузорем, ки раҳоварди сафар бувад аз ин ватангӯшаи ободманди Тоҷикистони биҳиштмисол.
БО САЛОҲИ ДИЛ
Ишора: Комилзода Нуринисо Раҷабӣ, зодгоҳаш шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд. Аз таҳсилоти олӣ дар риштаи иқтисод бархӯрдор аст.То расидан ба сатҳи мансаби муовини раиси шаҳри Истиқлол дар вазифаҳои гуногун, бо шумули сармуҳосиб, мутахассис, сармутахассис, муовини аввали сардори раёсати молияи шаҳри Хуҷанд, роҳбари сарраёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд, директори маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбони минтақавӣ ва ғайра бо дасту дили пок самимона хидмат намудааст. Худро як тан аз ҷавонони толеъбаланди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мешуморад.
– Маҳз ба шарофати сиёсати созандаю омӯзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бонувони фаъолу ташаббускору сертараддуд барои расидан ба ормону орзуҳои худ ва фатҳи қуллаи мақсуд роҳи фарох кушуда шуд. Пешвои меҳану миллат, мисле, ки минои раҳкушою ситораи қутбнамо дар нисбати садҳо ҷавондухтарони наврустаи корнаозмудаю бетаҷриба хидмат намуд ва бо дастуру ҳидоятҳояш, маслиҳату машваратҳои ибратомӯзаш моро тарбияту парвариш доду сабақи миллатшиносию меҳанпарастӣ омӯхт,–ба гоҳи суҳбату табодули афкор иқрор омад Нуринисо Комилзода.
Ӯ бо ҳарорат аз ободиҳою бунёдкориҳои замони соҳибистиқлоли меҳану толеи баланди фарзандони миллат мегуфт, бо мисолҳои мушаххас, омори рӯи даст аз айёми шукуфоиҳои шаҳри Истиқлол ба ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, шеваю усулҳои фаъолияти муассири роҳбарияти вилояту ноҳия дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва аз имконоти фароҳамсохтаи Сарвари муаззами кишвар дар нисбати донишу касбомӯзии духтарону бонувон ва рушди онҳо дар риштаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва боз чандин масъалаву мавзӯи умдаи дигар. Нуринисо муфассал аз фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қисса мекарду ҳамсуҳ- баташро меҳмони бо кору бори шаҳрдорӣ ноогаҳ қаноат додан мехост, фориғ аз он, ки ман то азми мулоқоту мусоҳиба кардан бо ӯ дар остонаи қароргоҳи хидматии онҳо зимни як назарпурсии бадеҳию саридастакӣ бо корафтодаҳою даъватшудагон, ки сокинони солхӯрдаи таҳҷоии собиқадори меҳнат буданду бознишаста, маълумоти кофӣ дар бораи фаъолияти рӯзмарраи пурсамару муассири ҳокимияти маҳаллӣ дарёфтаам.Мӯйсафеди нуроние дар бораи шеваи кори шаҳрдорӣ дар мисоли Нуринисо Комилзода чунин гуфт: „Агар манзурат аз ин пурсиш ин бошад, ки роҳбарияти маҳаллӣ ба дарди дили мардум мерасанд ё на, рӯшоду ошкоро иқрор меоям, ки оре. Аз он рӯзе, ки духтарамон Нуринисои нуронӣ дар шаҳри мо сари ифои вазифа шуд, кор ранги дигар гирифт. Ҳатто рӯзҳои истироҳат ҳам на ки як дари ҳуҷраи хидматиаш,балки даричаи дили гарму нармаш низ ба рӯи шаҳрвандон кушода аст. Бемуҳобот, ҳамаро мешиносад, аз мушкили хонаводаҳо бохабар бувад, мисле ки як умри азизашро маҳз дар шаҳри мо сипарда бошад“.
Ба суҳбати мо зани солманди дигаре ҳамроҳ гашт:
– Аҷаб бонуи дилрабою дидадароянд Нуринисои мо.Ӯ маро шахсан даъват кард,то дар ҳаллу фасли масъалаву мушкили корию хидматӣ маслиҳатгару машваратчияш бошам. На танҳо ман, балки даҳҳо нафар бознишастаҳои дигари корозмудаю рӯзгордидаро доимо сари маслиҳат мехонад. „ Мо, ҷавонон,ба маслиҳату раҳнамоии шумо ниёз дорем“,–ҳамвора таъкид мекунад духтарҷонамон.
Дар забони онҳо ҳақиқату воқеияти ҳол такаллум мекард.Чаро ки дар маҷлису ҷамъомадҳо ва ҳамоишу нишастҳои сатҳи шаҳрӣ пирони рӯзгордида ба сифати ашхоси арҷманду ифтихорӣ дар раддаи аввали курсиҳои толор менишинанд, баромад менамоянд, баҳри беҳбудии кор маслиҳату тавсияву пешниҳодҳои судманд ироа менамоянд. Яке аз ташаббускорони ин иқдом оид ба истифодаи таҷрибаи корию зиндагии пирони хирад маҳз Нуринисо Комилзода ба шумор меравад. Мардуми шаҳр ба ӯ ихлос дорад. Чаро ки кайҳо дидаанду донистаанд, ки Нуринисо аз шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза пеш аз ситораи субҳ ба ҷои кораш ҳозир мешавад. Дар ифои вазифа шиори худ ҳидоятнуктаи мазкури Пешвои баргузидаи миллату меҳан Эмомалӣ Раҳмонро бинмудааст: „Бо дасту дили пок кор кунед“. Ӯ ҳар маскуни шаҳрро узви хонаводаи худ мегуморад,ба онҳо арҷ мегузорад, дар ғаму шодияшон ва бешу камашон бо салоҳи дил шарик мешавад. Дар хонаводааш аз файзу баракати даврони соҳибистиқлолии кишвар каму костие надорад.Се фарзандашро тарбияти дурусту дақиқ дод. Барои писараш Муталиб арӯс фароварду духтараш Дилфузаро ба обрӯ гусел кард ба хонаи шавҳар, ки ҳамакнун мустақилона ба сар мебарад. Духтари хурдии хонадон Нилуфар дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Сочии Федератсияи Русия тамдиди таҳсил дорад.
Ҳини суҳбати ҷонпарвару самимӣ дарёфтам, ки дастгоҳи идорӣ дар ин мақомот таҳти сарварии раиси шаҳр, ки як шахсияти фарҳангӣ ва заминию самимист, хирадмандонаю окилона фаъолият мебарад, дар нуқтаи маъмурӣ,чаро ки масъулини риштаҳо ёрии хешро аз ҳамдигар баҳри беҳбудии кор дареғ намедоранд. Ҳама чун як тан ба дарду мушкили мардум дар доираи салоҳияти худ дар асоси муқаррароти қонунҳои мавҷуда ва асноди меъёрии ҳуқуқӣ расидагӣ мекунанд. Кош, дар тамоми нуқтаҳои маъмурии Тоҷикистон равишу равияи роҳбарӣ бад-ин назму тартиб будӣ.
Шоҳона ОДИНАЗОДА