Кӯдакӣ…
Аз кӯдакӣ кунҷков будам. Дар боғча тамоми шеъру суруди бароям пешниҳодшударо зуд аз худ мекардам. Дар маҳфили ҷашни „Хатми Алифбо“-и мактаб ончунон бо шавқ шеър хондам, ки аксамро дар рӯзномае бароварданд. Хурсандиамро ҳадду канор набуд.
Деҳа…
Ба зиндагии кӯдакони деҳа ҳавасам меояд. Онҳо озодтаранд. Беҳтарин шахсиятҳо ҳам маҳз аз деҳа мебароянд. Замони кӯдакии мо шояд имконият барои донишандӯзӣ дар шаҳр зиёдтар буд, аммо ҳоло ҳамин пешрафти техника ва дастрас будани телефонҳои мобиливу интернет қариб, ки дар масъалаи омӯзиш имкониятҳоро баробар кардааст. Афсӯс, ки ин раванд ҷиҳатҳои манфӣ ҳам дорад. Ҳамон давраи набудани интернет дар замони кӯдакии мо беҳтарин айём буд. Мо фақат китоб мекофтем.
Донишгоҳ…
Баъди хатм мехостам ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шуда, журналисти телевизион бишавам. Он сол хоҳишмандон хеле зиёд буданд, ки ҷойҳо зуд банд шуданд. Ба гӯшам расид, ки дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода шуъбаи телевизион ва радио кушодаанд, зуд ҳуҷҷатҳоямро супурдаму донишҷӯ шудам. Ин соли 1997 буд. Соли дуюм пешниҳод шуд, ки барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузарам. Аллакай ман ба устодони арҷманду ҳамсабақонам дил баста будам. Тамоми дарсҳои ихтисосии мо бевосита дар студияҳои радиову телевизион мегузашт. Ҳамин кифоя буд.
Омӯзгор…
Баъди хатм бо исрори роҳбарият 7 сол дар донишкадаам барои донишҷӯён аз ихтисос дарс гуфтам. Ин давра дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҳам дарс мегуфтам. Дар барномаҳои „Ёди ёри меҳрубон“, „Саманди андеша“-и телевизиони Тоҷикистон, „Гулшани адаб“, „Минбари ҷавонон“-и радиои Тоҷикистон баромадҳо мекардем. Барои ҳафтаномаи „Ҷавонони Тоҷикистон“ мақола менавиштам. Соли 2007 маҷмӯаеро бо номи „Дафтаре аз таҳқиқи як муаллиф“ ба чоп расондам.
Идораи „Субҳ“…
Соли 2009 ба идораи „Субҳ“-и телевизиони Тоҷикистон ба кор гузаштам. Муҳаррири барномаҳои субҳгоҳӣ будам. Телевизион заҳмати сангин талаб дорад. Тамошобини одӣ ҳатто эҳсос ҳам намекунад, ки паси саҳнаи зебо чӣ афтодану хестанҳо, азобҳо ниҳонанд.
„Баҳористон“…
Он замон директори телевизиони „Баҳористон“ Зевар Давлатова буд. Ба ҳуҷраи кориаш ворид шудан замон гуфтам: „Мехоҳам дар „Баҳористон“ кор кунам“. Баъди фаҳмидани ҷои фаъолиятам гуфт: „Дар „Субҳ“, ки кор карда бошӣ, бо мо ҳам метавонӣ!“. Ба ҳайси роҳбар ӯ тамоми имконотро бароям дод. Телевизиони кӯдакона нозукиҳои зиёде дорад. Шурӯъ аз омода намудани матн то ороиши саҳнаву барандаҳо масъулияти сабти босифати барнома бар зиммаи муҳаррир аст. Барои омода кардани барномаи хурд ҳам як гурӯҳи кории калон лозим аст. Корманди телевизион зодрӯз, ҷашну маъракаҳои оилавиро бештар маврид сарфи назар мекунад. Баъзан субҳ ба кор меоиву як поси шаб ба хона меравӣ.
„Парвин“…
„Парвин“ - яке аз лоиҳаҳои бузургу муваффақ аст, ки муаллифаш бонуи закӣ, директори телевизиони „Баҳористон“ Дилафрӯз Амирзода аст. Ҳадафи аслӣ, муаррифии ҳунармандони касбӣ, додани минбар баҳри сайқали истеъдодашон аст. Имсол иштирокчиёни шоу-барномаи „Парвин“ дар чорабинии бошукӯҳ бахшида ба 25-солагии Истиқлолият ифтихори ҳунарнамоиро дар ҳузури меҳмонони олиқадр, аз ҷумла Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доштанд, ки Пешвои муаззами кишвар ба ҳунару истеъдоди наврасону кӯдакон баҳои баланд доданд. Ғолибони барномаи „Парвин“ имкони иштирок дар ҳама консерту чорабиниҳои давлатиро дарёфтанд.
„Як соат“…
Ғояи ин барнома дар як суҳбати ҳамкорон пайдо шуд. Бо пешниҳоди саркоргардон Музаффар Сулаймонӣ масъулияти омода намуданашро ба ман вогузоштанд. Ҳоло озмуне эълон кардаем бо номи „Маҳорати суханварӣ“, ки аллакай дар он 300 кӯдаку навраси боистеъдод ширкат варзиданд. Аз байни онҳо шояд якеро барои ровигии барномаи „Як соат“ тайёр намоем.
Кӯдак ва эфир
Бениҳоят омода намудани кӯдак барои эфир мушкил аст. Барои муваффақ шудани кӯдакон дар телевизион танҳо доштани хоҳиш кам аст, бештар иродаву ғайрат лозим. Агар ҳамаи кӯдакон метавонистанд мо ҳар рӯз чеҳраҳои нав мебаровардем. Барои омода кардани як кӯдак хеле заҳмат мекашем. Ҳар нафаре, ки дар замираш каме истеъдод ҳаст, новобаста аз он ки он истеъдоди суханварист ё наттоқӣ, сенариянависӣ аст ё омода намудани гузоришҳо, чеҳраи хуб, садои ширин аз ҷониби кормандони телевизиони кӯдакона дастгирӣ меёбад. То ҳол кӯдаке аз „Баҳористон“ ноумед нарафтааст.
Сифати барномаҳо…
Идораи мо масъул аст фароғати бештаре ба мардум бахшад. Аз ин рӯ, дар иду ҷашнҳо бо иштироки ҳунармандони наврас консертҳои калон таҳия мекунем. Саҳми коргардони варзида Аюб Уроқов дар омода сохтани ин барномаҳо назаррас аст. Дар ин гуна рӯзҳо сабт аз субҳи барвақт то як поси шаб идома меёбад.
Ман аз сифати барномаҳои идораи таҳти тобеиятам буда пурра қаноатманд нестам. Вақте инсон аз худ қаноатманд шуд, кор дар ҳамон ҷо хотима меёбад. Ҳамеша дар ҷустуҷӯву омӯзишам. Тамошобини имрӯз аз 20 соли пеш фарқ дорад. Вақте мурватро тофту дид, ки барнома ҷолиб нест, шабакаҳои зиёд, барномаҳои рангинтари дигаре ҳастанд, ки мавқеи шумову шабакаатонро танг мекунанд.
Ҳолатҳо…
Вақт кам аст, бахше омода нест, коргардон серталабӣ мекунад, ороиши саҳна мақбул нест, наворбардор таъхир мекунад, вазъи саломатӣ бад аст, дар ҷое ҳатто аз ронанда вобастаӣ, ин мушкили маъмулии телевизион аст, ту бояд барномаро сари вақт сабт созӣ. Пеш аз он ки барномаро шурӯъ кунам, баъзан вақт гиря мекунам, аммо бо як ишораи „рафтем“-и коргардон табассумкунон мегӯям: „Салом азизон!“.
Гулноза БОБОМУРОДОВА