Воқеан, дар шаҳри Кӯлоб арҷ гузоштан ба суннату анъанаҳои миллӣ таърихи дерина дорад. Дар гузашта низ ин чиз ҳамин гуна риоя мешуд. Дар шаҳр мардум аз рӯи машғулият, мансубият ба қавм, муносибат ба касбу кор, расму русум ва дигар шуғлҳои дӯстдошта, ба гузару растаҳои алоҳида ҷудо мешуданд, ки ин ҷойҳо низ ба унвони ҳамин амалу шуғлҳои зикршуда матраҳ мегашт. Чунончӣ: маҳаллаҳои Чармгарон, Чармгарони Поён, Нонбой, Нонбои Боло ва Поён, Корвонгузар, Тамошотеппа (ҷои баргузории намоишҳои наврӯзӣ), Бозориён, Рӯғанкашон, Оингарон, Ҳисориён, Қаволо, Қориё, Қарчиликҳо ва ғайраҳо. То ҷое ки ҳоло ҳам дар шаҳри Кӯлоб ин кӯчаҳо ҳастанд ва бо ҳамин номҳо маъруфият доранд. Яъне, ин як анъанаест, ки мардуми Кӯлоб онро садсолаҳо боз риоя мекунанд…
Истиқбол аз Наврӯз ва омодагӣ ба онро низ мардуми Кӯлоб чун як суннати хос риоя мекунанд. Тайёрӣ ба Наврӯз ҳанӯз як моҳ қабл аз фаро расиданаш шурӯъ мешавад. Ин давраест, ки мардум барои истиқболи ин ҷашн омодагӣ мегиранд. Давраи омодагӣ аз тозаю озода намудани хонаву дар, ҳавлӣ ва девору дарвоза сар шуда, то ба кӯчаю паскӯчаҳои деҳа рафта мерасад. Ҳар сокин худро дар ин кор масъул мешуморад. Деҳотиён деҳро хонаи умумии худ медонанд. Маҳз ҳамин гуна як масъулияти умумӣ ва дастаҷамъӣ боис мешавад, ки деҳаҳо ба Наврӯз омода гарданд. Дар деҳаҳои калони Кӯлоб, бахусус, Куҳнашаҳр, Саросиёб, Сари Ҳавз, Лӯликӯтал, Лағмон, Зиракӣ, Даҳана, Зарқалъа, Офтоблиқо, Камар ва Сарёзӣ ҷашни Наврӯз ҳамасола хеле шукӯҳорою хотирмон баргузор мегардад…
Суҳбати мо бо раиси Ҷамоати деҳоти „Зиракӣ“ -и шаҳри Кӯлоб Таманно Мирова роҷеъ ба омодагиҳои мардум ба ҷашни Наврӯз сурат гирифт.
– Ҳоло дар деҳоти „Зиракӣ“ омад – омади Наврӯз чӣ гуна эҳсос мешавад?
– Хеле хуб. Ин ҷашн, ки аз волотарин суннати мардуми мост, магар имкон дорад, ки аз омаданаш фориғ монем? Мисли он ки кас ба хоб мераваду интизори расидани рӯзи равшан аст, ин барои мо ҳамин андоза наздик аст. Табиат, то замоне ки Наврӯз фаро нарасад, дар хоб аст, вале деҳқон бедор. Аввалин касе, ки аз омад – омади Наврӯз дарак медиҳад, бешубҳа, боз ҳамин деҳқон аст. Ин ҷашн асосан, иди деҳқону замин аст. Деҳқон, ки бо замин суҳбат карда метавонад, забони онро медонад ва аз чӣ оғоз кардану ба чӣ анҷом додани корашро ҳам хуб мефаҳмад.
Ҳоло деҳқонони мо ба корҳои баҳорӣ оғоз кардаанд ва айни замон ба тоза намудани замин ва шинондани ниҳолҳои боровар машғуланд. Ниҳолшинонӣ як маъракаи муҳим ва кори хайру савоб аст ва он муташаккилона идома дорад.
– Дар гузашта беҳтарин маъракаҳои наврӯзиро маҳз дар деҳаҳои деҳоти „Зиракӣ“ баргузор мекарданд. Ҳоло ин анъанаҳо идома доранд?
– Бале, бе ҳеҷ муболиға, бояд гӯям, ки сокинони деҳоти моро маҳз бо маъракаороию меҳмонпазириашон медонанду мешиносанд. Ростӣ, ки гузаштагони мо ин анъанаҳоро дӯст медоштанду риоя мекарданд. Агар эътибор дода бошед, дар ҳамаи деҳаҳои мо як ҷои махсус барои баргузор кардани маъракаҳои наврӯзӣ вуҷуд дорад. Дар деҳаи Офтоблиқо ҳамин гуна як ҷоест, ки он ҷо ҳазорон одамон метавонанд нишинанд ва аз чорабиниҳои наврӯзӣ баҳра баранд. Дар ин ҷойҳо ҳар сол базмҳои ҷамшедӣ баргузор мешуданду паҳлавонону човандозони номдори минтақаи Кӯлоб аз ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Балҷувону Данғара, Ховалинг ва ғайра омада, ҳунари худро нишон медоданд. Хӯрокҳои наврӯзӣ мепухтанд, базму шодӣ мекарданду мерафтанд. Ин анъанаҳо имрӯз ҳам идома доранд.
– Баргузор кардани ҷашни Наврӯз як навъ намоиши ҳунарҳои мардумист. Дар деҳоти Шумо кадом ҳунарҳо бештар маъруфанд?
– Дар ин ҷо қариб ҳама ҳунару суннатҳое, ки хоси мардуми тоҷиканду дар гузашта миёни мардум маъруфият доштанд, ҳоло ҳам пойбарҷоянд, ки ҳамаи онҳоро номбар кардан мушкил аст. Хусусан, ҳунари чакандӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқидӯзӣ, атласбофию адрасбофӣ, намадрезӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, сангтарошӣ ва ғайраҳо. Аслан, Наврӯз иди ҳунару ҳунармандист. Магар мешавад, ки Наврӯзро бе чакан, атласу адрас, гулдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор кунем? Ин як ҷашнест хос ба ҳамин гуна либосҳо. Ҳеҷ имкон надорад, ки духтарони кӯлобӣ дар ин рӯз куртаи чакан ба бар нагиранду ҷавонони кӯлобӣ тоқии чакан. Зеро ҳар ду рамзи гулҳои баҳоранд. Духтарони мо ҳамон гулҳоеанд, ки дар баҳор мерӯянд, яъне гулҳои зинда. Агар таъриф нашавад, духтарони кӯлобӣ аз гул ҳам зеботаранд. Боз ҳунармандиашонро намегӯед, панҷ панҷаашон ҳунар. Дар чакандӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ беҳтаринанд, дар рақсу суруд беҳамтоянд.
– Дар бораи ҳунари нону кулчапазии кадбонувони „Зиракӣ“ мо зиёд шунидаем. Ҳақиқати ҳол чӣ гуна аст?
– Дар ҳақиқат мо дар ин ҷода ҳунармандони хуб дорем. Фақат дар бораи ҳунари кулчапазии апаи Давлатбӣ, аз деҳаи Ҳакимобод, агар як соат гап занам, боз наметавонам ҳунарашро, тавре ки ҳаст, тавсиф намоям. Кулчаро он қадар калон, нозук, зебо, ботаровату бомазза мепазад, ки кас аз бӯяш сер мешавад ва бовар намекунад, ки ин кулча дар чагдони одӣ пухта шудааст. Ҳолатҳое буданд, ки кулчаҳои ӯро ба назди меҳмонон овардем, онҳо аз дидани кулчаҳо ҳайрон шуданд ва дилашон нашуд, ки кулчаро шикананд. Худамон кулчаро шикастему ба наздашон гузоштем. Як нақшу нигор, як зебоӣ ва кашише доранд, ки кас аз тамошояшон сер намешавад. Дар ҳама ҷои Кӯлоб ин кулчаҳоро медонанд.
– Имрӯз барои зинда мондани ин ҳунарҳо Шумо чӣ корҳоеро анҷом медиҳед?
– Мо барои он ки ин ҳунарҳо аз байн нараванд, духтаронро ба омӯзиш, ба худшиносию худогоҳӣ таҳрик медиҳем. Ҳоло як гурӯҳ духтарон аз апаи Давлатбӣ ҳунари кулчапазиро азбар менамоянд. Гурӯҳҳои дигар адрасу атласбофӣ, зардӯзию чакандӯзӣ ва қуроқдӯзиро меомӯзанд. Дар ҳудуди деҳоти мо якчанд сехи дӯзандагӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо низ ин ҳунарҳо омӯзонда мешаванд. Дар ин бобат аз ҳама бештар сехи дӯзандагие, ки ба ширкати „Зарҳам“ мутааллиқ аст, фаъолияти хуб дорад. Соли гузашта дар Ҷамоати деҳоти „Зиракӣ“ як маркази калони фарҳангӣ бо номи „Доро“ ба фаъолият пардохт, ки ҷиҳати пешбурди корҳои фарҳангӣ барои мо хеле мусоидат мекунад. Ҳамчунин ин марказ дорои тармингоҳҳои хуби варзишӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон мебошад, ки барои фаъолияти варзишии ҷавонон хеле мувофиқ аст.
Ҳоло дар аксари деҳаҳои ҳудуди деҳот гурӯҳҳои худфаъолиятии ҳунарҳои мардумӣ амал мекунанд, ки он ҷо бонувони мо ба чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ шуғл меварзанд. Бовар дорам, ки ин ҳунарҳо аз байн намераванд, балки сафи омӯзандагон боз ҳам бештар мегардад.
– Дар бораи паҳлавонону човандозон, ки ба маъракаҳои наврӯзӣ шукӯҳи хоса мебахшанд, чӣ гуфтаниед?
– Иди Наврӯз иди паҳлавонию ҷавонмардист. Ҳар ҷавонмард мехоҳад далерӣ, ҷасурӣ ва паҳлавонию аспдавонии худро нишон диҳад. Пеш аз ҳама, ба ҳамон гуларӯсон ва нозанинони чакану атласпӯш, ки дар бораашон гуфтем. Шояд бо ин нишон доданӣ мешавад, ки ӯ беҳтарин ҷавонмард аст ва баҳри худ ҳамин гуна як зебосанамро меҷӯяд. Бесабаб нест, ки Фирдавсии бузург қаҳрамонҳои дӯстдоштаашро дар „Шоҳнома“ паҳлавон офаридааст. Ҳам Зол, ҳам Рустаму Суҳроб ва ҳам Исфандиёри Рӯинтанро. Яъне, далерӣ, ҷасурӣ, паҳлавонӣ ва аспдавонӣ бузургтарин фазилати мардон аст. Занон низ маҳз ин қабил мардонро мепазиранд ва шояд онҳоеро, ки дасту бозуи қавӣ доранд, бештар эътироф намоянду марди ҳақиқӣ шуморанд.
Паҳлавонҳои ҳақиқиро дар ин гуна маъракаҳо мешиносанд. Ҷавонон аввалин бор худро дар маъракаҳои наврӯзӣ нишон медиҳанд ва аз ҳамин ҷо ҳамчун паҳлавон ба камол мерасанд. Яъне, ин худ як мактаби тарбия аст. Ин ҷо ҷавонон далерӣ, ҷасурӣ ва паҳлавониро ҳам меомӯзанд ва ҳам намоиш медиҳанд.
Мо ҳоло паҳлавонону човандозони зиёде дорем, ки дар маъракаҳои наврӯзӣ хуб баромад мекунанд.
– Дар бораи он ки соли 2017 „Соли ҷавонон“ эълон гардидааст, чӣ гуфтаниед?
– Ин як иқдоми нек ва бамавриди Сарвари давлат мебошад. Мо аз ин иқдом хеле хушнуд гаштем. Ҷавонон ояндаи моянд, ба онҳо бовар кардан даркор! Ба андешаи ман, ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат як боварӣ ва масъулияти бузургест нисбат ба ҷавонон. Ҳар ҷавон бояд инро қадр намояд ва бо амали созандаи худ ҷавоб гардонад.
Суҳбатнигор
А. Ҳабибуллопур