-Медонед, тарбияи хуби волидайн бароям раҳнамое шуд, то ҳама ҷодаҳои мушкилро сабук пушти сар намоям. Модарам таҳсилоти ибтидоӣ доштанд, вале фаҳмишашон хеле олӣ буд,7 фарзандро соҳиби маълумоти олӣ намуданд. Модарам бо як равзанаи зебо ба дунёи ормони фарзандонаш то кунун нигоҳ мекунанд. Баъзан мегӯянд, ки занони кӯҳистон дар зиндагии хонаводагӣ ва тарбияи фарзандон бештар ба таассубу хурофот меандешанд, аммо модари ман то имрӯз моро талқин ва таъкид мекунанд, то ҷигарбандонамонро чун як инсони созанда ба камол бирасонем ва эҳтироми марзу бум ҳамеша дар тафаккурашон шакл бигирад. Баъзан чун файласуфе афкорашонро ифшо месозанд: „Медонӣ, инсоне, ки намехонад, мисли мурғест, ки аз лонааш пар мекашад, вале намедонад фурудгоҳаш об аст ё оташ…“.
Суҳбатамон гарм мешавад, аз он ки модари Лутфия неруяшро дар тарбияи фарзандонаш сарф кардааст, хушам меояд.
Аз Лутфия дар хусуси тарбияи духтар дар хонавода мепурсам.
–Ман ду писар ва се гулдухтар дорам, аммо фикр мекунам, ки дар тарбияи духтар бештар модар бояд нақши муҳим бибозад, зеро мегӯянд, ки агар писарро ба камол мерасонем, ба он хотир аст, ки мардро тарбия хоҳем кард, аммо вақте духтарро тарбия мекунем, миллатро парвариш мекунем. Аз ин лиҳоз духтарро дар рӯҳияи идоматбахшии ҳастӣ ва инсони зиндагиофарин бояд ба камол расонд. Хонаводаҳое ҳастанд, ки духтарро дар рӯҳияи сустиродагӣ мепарваранд. Агар дар хонавода 5 писар бошаду як духтар, ҳатман дар ин миёна кӯшиш мекунанд писаронашонро соҳиби маълумот бикунанд, аммо ягона духтарро ба шавҳар бидиҳанд. Аммо посдорӣ_ва эҳтироми зан яке аз суннатҳои мардуми бостонӣ буд. Ривояте ҳаст, ки замоне як дастаи ғоратгарон ба хонаи сарватманде барои дастбурд даромаданд. То ними шаб дар фарози бом нишаста буданд. Дар ҳамин вақт, дар ин хонавода тифле ба дунё омад, ки духтар буд. Ғоратгарон садои кӯдаки навзодро шунида, чун дарк карданд, ки навзод духтар аст, аз амали хеш даст кашиданд. Агар имшаб ин хона ғорат шавад, то охири умр ин духтараки навзод гунаҳгор бо бадшугуниву шумқадамӣ мегардад ва саранҷом дар оянда як зани бадбахт хоҳад шуд. Бубинед, ҳатто ғоратгарон ба хотири он духтари навзод аз амали бадашон даст кашидаанд.
Ду- се сол қабл дар дасти набераам Меҳрона китоберо бо унвони „Лафзи ширин“ дидам, ки муаллифон М. Лутфуллоев ва Лутфиябону Иматова буданд. Варақгардон намудам, ки ҳама сафҳаҳо пур аз шеъру тарона дар сифати Ватанамон-Тоҷикистони азиз буд. Хеле хушам омад, воқеан „Лафзи ширин“ дастури волоест барои кормандони муассисаҳои томактабӣ, марказҳои рушди кӯдакон ва волидайн. Дар баробари шеъру тарона дар китоби „Лафзи ширин“ чистону тезгӯякҳо нашр шудаанд, ки ба ташаккули нутқи кӯдак мусоидат мекунанд. Ба гуфти Лутфиябону сухани равону зебо гуфтан ҳам ҳунар аст ва ин ҳунарро дар ниҳоду забони кӯдак аввалан модар, баъдан мураббия ва муаллимон ҷой мекунанд. Бале, воқеан ман дер боз чунин китоби шевову ширине чун „Лафзи ширин“ нахонда будам. Шеърҳои адабиёти шифоҳӣ хеле зуд дар зеҳни кӯдак нақш мебанданд. Дар кӯдакӣ аз забони модарбузургам шунида будам, инак боз дар ин китоб дарёфтам!
Лелак-лелаки боқӣ,
Дастам гулаки соқӣ_.
Соқӣ ба бозор рафтаст,
Се шутури қазоқӣ.
Биниҳошон ямоқӣ,
Каҷовобор рафтанд.
Дум-думаш қатор рафтанд.
Андар кашу мандар каш,
Як пою дастата каш!
Дастури методӣ барои мураббиён ва кормандони муассисаҳои томактабӣ бо номи „Забони модарӣ – калиди ганҷинаи илму дониш“ - и Лутфиябонуро, ки 2–3 сол қабл нашр кардааст, мехонам ва хушам меояд, ки ӯ чи таваҷҷуҳи хосае ба тарбияи кӯдакон, ба вижа ба забондонии онҳо дорад. Дар ин дастури методӣ муаллиф ба мураббияву волидайн тавсия медиҳад, то ба масъалаи омӯзиши забон ва инкишофи нутқи кӯдакон эътибори махсус бидиҳем, чун Саъдии бузургвор фармудааст: „Дар кӯдакӣ таъсири тарбия бештар шавад, аз он ки дар бузургӣ“.
Сухани зебо ва дилнишину дилпазир гуфтан ба гуфти Лутфиябону як навъ ҳунар аст, ки онро аз кӯдакӣ метавон дар зеҳни ӯ ҷойгир кард. Ба гуфти ӯ: „Дар сухан гуфтан хатои кӯдакон пайдо шавад“.
Дастури „Забони модарӣ– калиди ганҷинаҳои илму дониш“ воқеан тавсияномаи хубест дар ҷодаи инкишофи нутқ ва луғатомӯзию зарбулмасал гуфтану дарк намудани онҳо барои кӯдаки синни томактабӣ, ки мураббияҳо метавонанд истифода намоянд.
Дар баробари он ки Лутфиябону муаллифи 5 барномаи таълимию тарбиявӣ ва 8 дастури методист, 5 мақолаи илмию методиро дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва маҷмӯи конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он нашр намудааст, ҳамчунин бештар аз 10 сол аст, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар кафедраи таҳсилоти томактабӣ чун омӯзгор фаъолият бурда, ба корҳои дипломии донишҷӯён роҳбарӣ мекунад. Зери роҳбарии ӯ чандин нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд.
Лутфиябону пайваста дар муассисаҳои таълимии томактабӣ дар озмуни касбии „Мураббияи сол“ чун маслиҳатчӣ ва роҳбар ширкат меварзад, зеро ин тадбирҳо барои такмили касбии мутахассисони соҳа мусоидат мекунанд.
Бахшида ба Соли маориф ва 25- солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озмуни байналмилалии маҳорати касбии мураббияҳо зери унвони „Маҳорати бесарҳад“ бо ташаббуси кумитаи иҷроияи ИДМ гузашт. Аз Тоҷикистон мураббияи муассисаи таълимии томактабии хусусии „Панда“-и шаҳри Душанбе Мастона Пардаева иштирок намуда, ғолиб омад, зеро ӯ иҷрои ҳамаи шартҳои озмунро зери роҳбарии Лутфиябону Иматова анҷом дода буд.
Шаҳрия Аҳтамзод