Соли 1977 дар Покистон табадуллоти давлатӣ ба амал омад, ки дар натиҷаи он Зулфиқор аз сари қудрат барканор гардида, пас аз ду соли мурофиаи судӣ ба қатл расид. Зан ва духтари пешвои қаблӣ роҳбарии Ҳаракати мардумиро ба ӯҳда гирифта, мардумро бар зидди ҳокими худкома Зиё-ул Ҳақ даъват мекарданд. Модари Беназир ба ҳабси хонагӣ равона гардид. Аммо Беназир тамоми душвориҳои ҷазоро аз сар гузаронид. Дар фасли тобистон ҳуҷраи маҳкама ба ҷаҳаннам табдил меёфт. “Ҳангоме ки офтоб ҳуҷраи зиндонро метасфонид, пӯсти ман месӯхт” Бар асари гармо ҳатто нафаскашӣ бароям душвор даст медод”, навишта карда дар ёддоштҳои худ Беназир.
Соли 1984 бо ёрии сулҳхоҳони Ғарб Беназир тавонист аз ҳабсхона берун ояд. Музаффарияти Бҳутто дар Аврупо эътироф мешуду ӯ бо роҳбарони дигар давлатҳо вохӯриро оғоз намуд. Мусоҳиба ва конфронсҳои матбуотиро шурӯъ кард, ки дар раванди он низоми мавҷударо дар Покистон ҳадафи интиқоди шадид қарор медод. Далерӣ ва қавииродагии ӯ бисёриҳоро ба ваҷд меовард ва худи ҳукмфармои Покистон дарк намуд, ки рақиби ӯ чӣ гуна матиниродаву сахтмавқеъ мебошад. Соли 1986 низоми ҳарбӣ дар Покистон бекор шуда, Беназир ба кишвараш ғолиб баргашт. Соли 1987 ӯ бо Осиф Алӣ Зардорӣ ҳамхона шуд, ки ӯ ҳам аз оилаи обрӯманди музофоти Синд ба шумор мерафт. Бадгумонҳо сабаби ин издивоҷро ба заррати сиёсию қавмӣ рабт медоданд. Беназирдар симои шавҳараш шарик ва пуштибонро медид. Дар ин давра Зиё-ул-Ҳақ аз нав тартиботи ҳарбиро ҷорӣ намуда, Девони вазиронро маҳдуд мекунад. Беназир наметавонад худро канор бигирад. Новобаста аз таваллуди мушкили нахустфарзандаш ӯ ба муборизаи сиёсӣ иқдом мекунад. Бо амри тақдир Зиё-ул-Ҳақ дар садамаи ҳавоӣ ба ҳалокат расид. Дар тайёраи ӯ маводи тарканда ба кор дароварда шуда буд. Марги ӯро аксарият фармоишӣ хонда, дар он Беназир, бародараш Муртазо ва модари Бҳутторо гунаҳкор медонистанд. Соли 1989 Беназир Бҳутто сарвазири Покистон интихоб гардид. Ин ҳодисаи таърихӣ ба шумор мерафт. Зеро бори аввал дар кишвари мусулмон зан ба тахти давлатдорӣ нишаст.
Беназир фаъолияти худро аз ҷорӣ намудани низоми мардумсолорӣ оғоз намуда, дар донишгоҳҳо ва созмонҳои муҳассилин худидоракуниро ба роҳ монда бекор кардани назорати васоити ахбори оммаро раво кард. Дар ҳамин раванд маҳбусони сиёсиро низ озод сохт. Бархурдор аз таҳсилоти олии аврупоӣ Бҳутто аз ҳуқуқи занон, ки мухолифи фарҳанги анъанавии Покистон ба ҳисоб мерафт, дифоъ мекард. Пеш аз ҳама ӯ озодии интихобро дар пӯшидани сатр эълон карда, ба занон имконият дод, то аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд. Беназир анъанаҳои кишвараш ва исломро арҷ мегузошт, аммо адами арзишҳое, ки ба рушди иқтисод латма мезад, баромад менамуд. Усули роҳбарии ӯ исломиёнро норозӣ мекард. Соли 1990 таъсири онҳо дар Покистон вусъат ёфт. Соли 1990 президенти Покистон Ғулом Хон девони Бҳутторо ба истеъфо равон кард. Ин иқдом натавонист иродаи матини ин занро бишканад. Соли 1993 ӯ аз нав дар арсаи сиёсӣ аз худ дарак дода, пас аз ҳизби худро бо ҷиноҳи ҳукумати консервативӣ як кардан Сарвазири мамлакат гардид.
Соли 1996 ӯ машҳуртарин сиёсатмадори сол эълом шуда, дар низоми сиёсию иҷтимоӣ як қатор озодиҳои демократию ислоҳот ворид менамояд. Дар давраи дубора ба ин мақоми олӣ сазовор гаштанаш бесаводӣ дар байни аҳолӣ қариб сеяк коҳиш хӯрда, дар бештари мавзеъҳои кӯҳӣ об дастрас гардид. Кӯдакон ёрии тиббиро ройгон гирифта, мубориза бар зидди бемориҳои атфол оғоз ёфт. Ин навбат низ фасод ба ӯ мушкил пеш овард. Шавҳарашро дар ришвахорӣ муттаҳам дониста, бародараш дар қаллобии давлатӣ муҷриму маҳбасӣ шуд. Худи Беназир иҷборан кишварашро тарк гуфта ба Дубай муҳоҷират анҷом дод. Дар соли 2003, Додгоҳи - байналмилалӣ таҳдид ва ришваро эътибор дода, ҳама ҳисобҳои Бҳутто масдуд шуданд. Вале бо вуҷуди ин ӯ ҳаёти сиёсии фаъолро берун аз Покистон интихоб намуда, ва нишаст матбуотиро ба хотири дастгирии ҳизби худ ташкил мекард.
Соли 2007 президенти Покистон Парвиз Мушарраф дар қиболи Бҳутто айбдориро дар фасод ва ришваситонӣ бекор карда, ба ӯ иҷозати бозгашт ба кишварашро фароҳам овард.
Моҳи ноябри соли 2007-ум Парвиз Мушарраф дар кишвар низоми ҳарбиро ҷорӣ намуд. Беназир бар зидди ин иқдом бархоста, дар яке аз намоишҳои эътирозӣ иброз намуд, ки президент ба истеъфо равад. Баъд аз ин Беназир ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд. Аммо фаъолона бар зидди сохти мавҷуда суханронӣ менамуд.
-Парвиз Мушарраф барои рушди демократия дар кишвари мо монеа эҷод менамояд. Ман намехоҳам дар оянда бо ӯ ҳамкорӣ кунам, чунин изҳор кард Бҳутто дар вохӯрии 27 декабр дар мавзеи Равалпиндӣ. Пеш аз ҳаракат намудани мошини зиреҳпӯш Беназир Бҳутто аз даричаи он сарашро берун баровард. Ӯ дарҳол ду тир ба сина ва гарданаш хӯрд. Чунки Беназир ягон маротиба зиреҳи бадан намепӯшид. Сипас террористи худкуш дар он мавзеъ чанд маводи таркандаро ба кор даровард, ки 20 тан ба ҳалокат расида, нафарони зиёд ҷароҳат бардоштанд. Табибон натавонистанд Беназир Бҳутторо аз марг наҷот бидиҳанд. Ӯ дар мизи ҷарроҳӣ ба ҳалокат расид. 28 декабр Беназир Бхутто дар қабристони хонаводагӣ дар назди мадфани падараш ба хок супорида шуд. Беназир Бҳутто дар баробари духтари зебои Шарқ будан сиёсатмадори пуртазод ва далер ба ҳисоб мерафт, ки ба азми қавии ӯ ҳатто мардон ҳасад мебурданд.
Таҳияи Мадина Балаҷонова