03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ИНДИРА ГАНДИ

Падари Индира Ганди бошад Ҷавоҳирлаъл Неру аввалин сарвазири Ҳиндустон арзёбӣ ёфт,а қаблан ба фаъолияти адвокатӣ машғул буд. Замоне, ки духтараш Индира ба дунё омад, ӯ нав ба сиёсат ворид шуда буд. Ҳатто модаркалони Индира Сварип Ранӣ ва модараш Камала низ сиёсатмадор будаанд. Дар замони худ онҳо низ ба фишори сахт рӯ ба рӯ шудаанд. Хурдсолии Индира барои як кӯдак ғайриоддӣ ба шумор мерафт. Зеро аз замони таваллудаш ӯро теъдоди зиёди одамоне, ки дар Ҳиндустон машҳур буданд, иҳота намуда буданд. Масалан аз синни дусолагиаш ӯ бо одами аҷиб, ки «Падари миллат» арзёбӣ мегардид, Махатма Ганди шинос шуд. Волидайн кӯшиш мекарданд, ки ба духтарашон тамоми шароитро муҳайё намоянд, зеро ӯ яккафарзанди ҳисоб меёфт. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба духтарашон гӯш кардани гуфтугӯи калонсолонро манъ намекарданд. Падараш, ки муддати зиёд дар зиндон қарор дошт, ба духтараш аз он ҷо нома мефиристод, ки он таҷрибаи рӯҳонӣ нуқтаи назари идеологӣ ва умеди самимӣ барои ояндаи дурахшонро дар бар мегирифт. Соли 1934 ӯ ба Донишгоҳи миллии Ҳиндустон ҳуҷҷатҳояшро супорида, он ҷо доираи васеи мавзӯъҳоро аз худ кард. Дар ин давра диққати ӯро шахсияти Робиндранат Такур, ки мураббӣ ва шоири машҳури Ҳиндустон дониста шуда буд, ҷалб намуда, бо ӯ сӯҳбатҳои дуру дароз мегузаронид. Ба хотири шиддат гирифтани бемории модараш, ки аз сил азият мекашид Индира муддате аз таҳсил даст кашад. Онҳо якҷоя ба Шветсария сафар намуданд, аммо ҷони модарро натавонистанд аз дасти аҷал раҳо намоянд. Он давра Индира натавонист ба ватанаш баргардад. Марги бибиву бобояш ва паси панҷара будани падар сабаб гардид, ки дар қитъаи Аврупо монад. Дар чунин як давраи мушкили ҳаёташ сиёсатмадор ва рӯзноманигор Фероз Ганди, ки бо падараш риштаи дӯстӣ дошт, дасти Индираро гирифт, ба нигоҳубини модари бемораш ёрӣ мерасонид. Фероз он давра дар колеҷи Сомервели Оксфорд таҳсил менамуд. Баъдтар Индира ҳам муҳасилини колеҷи мазкур гардид. Фероз Ганди ба Индира таклифи издивоҷро кард. Бо сабаби аз табақаҳои гуногун будан падари Индира Ҷавоҳирлаъл Неру ба ин издивоҷ чандон розӣ набуд. Дар навбати худ Камала пеш аз маргаш ба онҳо дуои хайр дод. Танҳо ба воситаи Махатма Ганди онҳо тавонистанд соли 1942 оила барпо намоянд. Аммо худи ҳамон сол онҳо зиндонӣ шуданд. Пас аз ҳашт моҳ муяссар гардид, ки ба озодӣ барояд. Аз ин никоҳ Индира ва Фероз соҳиби ду писар гардиданд. Ҳангоме, ки Ҷавоҳирлаъл Неру аввалин сарвазири Ҳиндустон интихоб гардид, духтараш оилаашро як сӯ монда, дар ҳама вохӯриҳо падарашро ҳамроҳӣ мекард. Ӯ ҳатто котиби шахсии падараш гардид. Соли 1960 Фероз Ганди аз олам чашм пӯшид. Бо сабаби марги шавҳараш Индира муддате худро аз сиёсат дур гирифт. Пас аз ду соли марги падараш дар соли 1966 ин зани дорои иродаи қавӣ сарвазири Ҳиндустон интихоб гардид. Ҳамагӣ ду бор ӯ ба ин мақоми олӣ сарфароз гардида буд. Дастовардҳои назарррас замони сари қудрат буданаш ин татбиқи барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди фаъоли саноат, татбиқи милликунонии бонкҳо, аз нав ташкилкунии системаи тандурустӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд. Дар рушди илм ва техника низ саҳми арзанда гузошт. Вай тавонист ба таъсиси равобити дипломатӣ бо кишварҳои гуногун таъсир расонида, аз ҷумла, равобити дипломатиро бо давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ барқарор намояд. Вале нафароне низ буданд, ки аз сиёсати пешгирифтаи Индира Ганди норозигӣ баён менамуданд. Роҳи зиндагии сиёсии бонуи оҳанини Ҳиндустон хеле фоҷиабор анҷом ёфт. Куштори Индира Ганди аз ҷониби ситхҳо, ки миёни сиёсатмадор ва онҳо низоъи ҷиддӣ мавҷуд буд, анҷом дода шуд. Ин ҳодисаи мудҳиш 31 октябри соли 1984 дар назди манзили истиқоматиаш дар Дели сурат гирифт. Индираи машҳур дар натиҷаи 31 маротиба тирборон шудан аз ҷониби муҳофизони ситхаш ба ҳалокат расид. Имрӯз роҳраве, ки ӯ охирин маротиба қадамашро гузошта буд, бо қабати булӯр пӯшонида шудааст. Дар тамоми гӯшаву канори дунё пайравони Индира Ганди ба назар мерасанд. Ҳатто дар Москав низ майдони Индира Ганди вуҷуд дорад. Дар Дели фурудгоҳи байналмилалии Индира Ганди вуҷуд дорад, ки он маркази авиатсияи граждании мамлакат ба ҳисоб меравад.

 

 

Таҳияи

Мадина БАЛАҶОНОВА


 

:.  Чеҳра 07.02.2017 09:46 1679

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz