Ӯро хонуми хушсурату нексират мегуфтанду мегӯянд. Воқеан, симои зебои тоҷикона, табассуми малеҳ ва ороми ба худ хос дар суҳбаташ ҳувайдост. Каломаш пурмуҳаббат аст, муҳаббат ба Ватан, ба миллат ва ба ҳамсару ба зиндагӣ. Ҳастии ӯ пуропури меҳр аст, аз ин хотир то кунун чеҳраи зебояш тароват дорад, симои зебои зани тоҷикро дар ҳусни ӯ метавон дарёфт. Ӯ пайвандгари дилҳову риштаҳои дӯстист. Майсара Калонова солҳо дар самти қавӣ намудани риштаи дӯстии тоҷикон бо мардумони кишварҳои ҷаҳон фаъолият кардааст. Кадхудои хонаи дӯстии тоҷикон буд.
Аз аҳду овони беолоиши ширину шевои кӯдакиҳо орзуи муаллима шуданро дошт, аммо модар мехост духтараш либоси духтурӣ ба бар намояду табиби ҳозиқ шавад. Тақдир бошад, ӯро тамоман ба самти дигар бурд. Аз хурдӣ ба расмкашӣ меҳр басту маҳз ҳамин истеъдод чун ахтари нек ояндаи ӯро рӯшан кард. Майсара Калонова аслан аз рӯи ихтисос меъмор мебошад. Пас аз хатми мактаби № 1-и шаҳри Орҷоникидзеобод ( ҳоло Ваҳдат) ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба факултаи сохтмон, шуъбаи меъморӣ дохил шуд. Пас аз хатм бо пешниҳоди роҳбарияти муассиса 25 тан хатмкунандагон барои кор ба Пажӯҳишгоҳи навтаъсиси лоиҳакашии Душанбе роҳхат гирифтанд, ки Майсара Калонова дар ин шумор буд. Муддати 5 сол дар ин даргоҳ фаъолият бурд. Як баромади ӯ дар ҷаласае, ки марбут ба сохтмони Душанбешаҳр буд, боис гардид, ки ба кори ташкилоти ҷавонон ҷалб гардад. Аввал котиби дуюм ва баъдан котиби аввали Кумитаи комсомолии ноҳияи Марказии (ҳоло Фирдавсӣ) шаҳри Душанбе интихоб гардид. Ҳамин тавр, ӯ ба ҷодаи хидматчии давлатӣ ворид шуд. Аз чӣ бошад, ки ҳама кори Майсара ҳанӯз аз оғози фаъолият ба дӯстӣ рой омад. Ӯ меъмори боғи Дӯстии шаҳри Душанбе мебошад. Нақшаи ин боғро ӯ кашидааст.
Майсара Калонова. Номи ӯ бо Ҷамъияти дӯстӣ ва иртиботи фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ бастагии қавӣ дорад, чунки муддати 21 сол дар ин созмон заҳмати бедареғ кашидааст. Аз соли 1986 ба ҳайси муовини раиси ҷамъият ва пасон аз соли 1990 то соли 2007, яъне то замони бознишаста гардидан, ба сифати раис фаъолият кардааст. Фурӯтану хоксору самимист, ин хонуми хушсурати тоҷик. Ба ёд меорад аз айёми донишҷӯиву ҳамсабақон, аз пахтачиниҳо дар замони донишҷӯӣ ва чашмонаш медурахшанд, чеҳрааш мешукуфад. Табассум рухсораашро зеб мебахшад. Ӯ мегӯяд:
–Ҳама инсонҳо дар зиндагӣ душворие доштанду доранд, ки баъзе аз ин мушкилиҳо асоси пешрафти инсон мегарданд. Ҳама чиз мегузарад, душвориҳо низ ва имрӯз чун хотира ёд меорему гоҳе механдем, гоҳе ба фикр фурӯ меравем, аммо афсӯс, ки ҷавонӣ ҳам бидуни истиҳола по ба пои андешаҳову хаёлҳо гузора мешаваду моли хотираҳову ёдҳо мегардад.
Мегӯянд мард давлат аст. Идора мекунад, муҳофизат мекунад, соҳибӣ мекунад. Зан халқ аст, давлатро бар муҳри худ устувор медорад. Ҳаёт барои Майсара Калонова мактаби бузурги таҷриба буду эҳтироми ҳамсар болотар аз ҳама чиз. Онҳо ҳамсол буданд, дар синфҳои гуногуни як мактаб таҳсил мекарданд. Модар мехост, ки Майсара табиб бошад, аммо ин армони худро дар пешаи домодаш шикаст. Соли 1970 оила бунёд намудаву муддати 44 сол бо ҳамсар зиндагии хушбахтонае дошт.
– Ҳама вақт дар хонавода мард мақоми хоса дорад. Инро медонистам ва ҳамеша эҳтирому риоя мекардам. Муддати ду сол мешавад, ки ҳамсарам дар қайди ҳаёт нест ва ман эҳсос мекунам, ки ҷойи ӯ холист - мегӯяд ғамангез Майсара Калонова. –Бисёриҳо дар зиндагӣ дар ҷойи аввал карйераро мегузоранд, аммо ман ҳамчун як зани таҷрибадида мегӯям, ки барои зан оила бояд дар ҷойи аввал бошад.
Солҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ ҳама соҳибхирадон роҳҳои раҳоӣ аз парокандагиро меҷустанд. Муҳраҳои чошу парешро мехостанд, ки ба ришта кашанд. Бо ташаббуси Ҷамъияти дӯстӣ „Корвони дӯстӣ“ миёни навоҳии кишвар ба гардиш омад, ки ба ҳар минтақае аз сулҳу субот ва дӯстӣ пайғому навид савғо оварда, ҷавононро канори ҳам мехонд.
Майсара Калонова. Ин хонуми хушсурату хубсирати тоҷик барои хизматҳои шоёнаш назди халқу миллат соли 1986 бо медали „Хизмати шоиста“ сарфароз гардонда шуд. Чун ӯ дар риштаи дӯстӣ миёни халқҳо зиёд заҳмат кашид, соли 2003-юм сазовори ордени „Дӯстӣ“ гардид. Ҳамчунин бо фармони президенти Русия В. Путин соли 2004 ӯ бо медали „Пушкин“ ва „Барои хизматҳо дар роҳи дӯстӣ“ мушарраф гашт. Солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун бо масъулият хизмат кардааст ва имрӯз шукрона ба лаб давлати пирӣ меронад. Дар ҳар суханаш ҷавононро даъват мекунад, то омӯзанд, дониш аз бар кунанд ва аз ҳама имконияту шароити хубе, ки барояшон имрӯз муҳайёст, самаранок истифода намоянд.
Барои расидан ба ҳадаф, ки ғурубро монаду каме дер кардан боиси аз даст доданаш мегардад ё як каме хатоӣ моро метавонад ба раҳгумӣ бикашад, бояд самти муайянро, роҳи дурустро дарёфт, пасон равонаи он роҳ шуд. Муҳимтар аз ҳама, меҳнат ва иродаи мустаҳкам. Маҳз ҳамин ду чизро қаҳрамони мо таҷриба намудаву ба ҳадаф расида. Пас, чаро мову шумо низ дар пайравӣ ба ин хонуми соҳибиродаи муваффақ аз ин саодату шараф бархӯрдор набошем?
Моҳшарифи Холиқ