Марҳабо Султонова аз мушоҳидаи чанд рӯз қаблиаш ёдовар шуда, суханашро идома медиҳад:
- Як рӯзи истироҳатӣ набераҳои хурдсоламро ба Боғи Рӯдакӣ барои тафреҳу тамошо бурдам. Бонуе бо гурӯҳи духтарону писарон дар тамошои боғ буд. Эҳсос кардам, ки муаллимаи кадом таълимгоҳ асту шогирдонро ба сайру гашт овардааст. Наврасон, ки бо худ анвои хӯрданиҳо доштанд, баъди истеъмоли шириниҳо қад-қади роҳравҳои боғ коғазу дигар ашёро бепарво мепартофтанд. Аз рафтори онҳо сахт дар қаҳр шудам, вале аз хунукназарии муаллима бештар дар шигифт афтодам. Ба муаллима наздик шуда гуфтам: „То тамошо одоби дар кӯча чӣ гуна рафтор карданро ба бачаҳо наомӯхтед?“. Муаллима дар ҷавоб пичинг зад: „Кадоме аз инҳоро одоб омӯзам?“
Воқеан, дар чанд соате, ки дар кӯчаем, бисёр шоҳиди ин лаҳзаҳо мегардем. Ин ҳолатҳоро на ки як дар гулгашту хиёбонҳо, балки сари ҳар қадам мушоҳида мекунем.
Марҳабо Султонова фаъолияташро аз соли 1989 ба ҳайси муҳандис-сохтмончӣ оғоз кардааст ва аз соли 2012 инҷониб муовинии директори кулли Корхонаи воҳиди давлатии „Хоҷагии манзилию коммуналӣ“-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дорад. Қабл аз ин дар корхонаю ширкатҳои сохтмонии „Шаҳрофар“, „Душанбестрой“ ва „Промстрой“ фаъолият намуда, аз соли 2004 вазифаи сардори шуъбаи сохтмон ва таъмири Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар дӯш дошт.
- Феълан 5548 нафар дар корхонаҳои фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ фаъолият мекунад, ки аз ин теъдод 1357 танро занону духтарон ташкил медиҳанд. Бонувон асосан ба кӯчарӯбӣ вобаста шудаанд. Онҳо, бо вуҷуди мушкилоти зиндагӣ, ин касбро ба худ раво дидаанд. Вагарна, аз соати сеи шаб хоби ширинро „кушта“ магар метавон, ки гоҳе дар рӯшании моҳтоб ва баъзан дар сармои зимистон ба тамиз кардани кӯчаҳо сарукор бигирӣ!? Албатта, не! Вале бархе аз ҳамдиёрони мо, ки аз меҳнати онон беғаманд, болои заҳматашон беқадрӣ мекунанд, - мегӯяд Марҳабо Султонова.
Агар қарзҳо пардохт шаванд…
Вақте нафаре аз кормандони масъули корхонаи фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ барои маблағи ҷамъоварии хизматрасонии идора ба хонаи сокинон меояд, муштарӣ як суол медиҳад: „Барои кадом хизмат аз мо пул мегиред?“.
- Корхонаи воҳиди давлатии „Хоҷагии манзилию коммуналӣ“ масъули тозагию ободӣ, сарсабзию хуррамии кӯчаю хиёбонҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, нигоҳ доштани иншооти маишию фароғатӣ, чароғон кардани кӯчаҳо, бо оби нӯшокӣ таъмин кардани аҳолӣ ва ҳифзи фонди манзили шаҳрвандон мебошад. Кормандони корхонаи мазкур хизматрасонанд, ки ҳаққи заҳмати онҳо аз ҳисоби маблағҳои пардохтнамудаи аҳолӣ ва буҷети мақомоти маҳаллӣ ҳисобӣ мешавад. Воқеан, шаҳрвандон аз сари вақт тоза накардани таҳхонаю партовгоҳҳо ё нарасидани оби нӯшиданӣ шикоят мекунанд, аммо дар пардохти саривақтии ҳаққи хизматгузориҳои коммуналӣ саҳлангорӣ зоҳир менамоянд, ки ба назму тартиби фаъолияти коргоҳи мо латма мезанад. Феълан, аҳолӣ ва баъзе аз муассисаҳои буҷетӣ аз КВД „Хоҷагии манзилию коммуналӣ“ 25 миллион сомонӣ қарздоранд. Дар сурати сари вақт пардохт шудани маблағҳо масъулон бо дарёфти техника аз пайи бартараф кардани мушкилоти сокинон мешаванд.
Падар монеъ нашуд
Марҳабо Султонова дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш, ки омӯзгор буд, ҳама талошҳояшро баҳри соҳибтаҳсилот гардидани фарзандон равона кард. Ба ҳадафи аслии худ расид. Шаш ҷигарбанд бо раҳнамоии падар соҳиби ихтисос ва таҳсилоти олӣ шуд. Яке духтур, дигаре иқтисодчӣ… Марҳабо соҳаи сохтмонро интихоб кард.
- Вақте тасмими ниҳоиямро ба қиблагоҳам гуфтам, монеъ ба интихобам нашуданд. Хомӯш монданд ва пас аз лаҳзае андешамандона ба сӯям нигоҳ карда гуфтанд: „Таҳсил дар ин пеша мушкил аст. Асосан писарон ба сохтмон мераванд, вале ман садди роҳат намешавам“. Соли 1982 ба факултаи сохтмон ва меъмории Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурдам ва донишҷӯ шудам, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Солҳое, ки Марҳабо хонандаи мактаб буд, аввалин биноҳои истиқоматии баландошёна дар ҳудуди пойтахт, ба иборае дар атрофи бозори „Баракат“, ки замоне пеш хеле нуқтаи маъруф дар шаҳри Душанбе буд, пайи ҳам қомат меафрохтанд. Ин духтараки кунҷкобро чӣ тавр бино ёфтани иморатҳои баланди истиқоматӣ ба ваҷд меовард. Ҳатто бо баҳонаи ҷамъоварии оҳанпора ҳамроҳи ҳамсинфон ба ин мавзеъҳо омада, кори сохтмончиҳоро назорат мекард. Барояш қабат-қабат боло шудани биноҳо аҷиб менамуд. Ҳамин ҳавасу шавқ ӯро ба интихоби касби муҳандисӣ барангехт.
- Муҳандис – сохтмончӣ масъулияти бузурге ба дӯш дорад. Ҳифзи ҳаёти одамӣ рисолати муҳандис-сохтмончӣ аст ва ҳам табиб. Имону виҷдони пок доштан дар иҷрои рисолати касбӣ дорандагони ин ду ихтисосро роҳбалад бошад агар, зиндагии шоистаро баҳри инсоният ҳадя мекунанд дар тимсоли биноҳои хушсохту мустаҳкам. Ман боре ҳам аз интихоби касб пушаймон нашудаам. Вақте маҳсули заҳматамро дар бино ёфтани Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе ё қомат афрохтани ҳайкали Исмоили Сомонӣ мебинам, хеле шод мешавам ва ифтихор дорам, ки то ҷойи тавон саҳме дар ободии диёр гузоштаам, - хушҳолона иброз медорад Марҳабо Султонова.
Аноҳита