- Нахуст каме аз фаъолияти Хазинаи Оғохон дар ноҳия иттилоъ медодед…
- Хазинаи мазкур аз соли 1999 дар ноҳияи Файзобод ба фаъолият оғоз намуда, давоми ин солҳо бо пешниҳоди қарзхои хурди соҳибкорӣ ва маводҳои кишоварзӣ байни мардум шинохта шуд. Он аз нахустин фондҳои вомгузорӣ дар минтақа маҳсуб меёфт. Аз соли 2001 он бо номи Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон-БҶИИМК ба фаъолият пардохт, ки бо таъсиси созмонҳои мардумӣ муваффақ гашт. Ин созмонҳо на танҳо бо миёнаравии БҶИИМК дар аз худ кардани маблағҳо муваффақ буданд, балки имконият доштанд аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар бароварда кардани ормонҳои мардуми маҳал саҳмгузорӣ намоянд.
- Оё то имрӯз ин созмонҳои фаъолият доранд?
- Албатта, ин созмонҳо, ки дар ҳудуди аксар деҳоти ноҳия ташкил шудаанд, имрӯз дар сатҳи ҷамоатҳо муттаҳид гардида, муваффақ фаъолият доранд. Тавассути ин созмонҳо дар деҳоти ноҳия барномаҳои судманде амалӣ мешаванд. Афзалияти ин созмонҳо дар он аст, ки аъзои онҳо сокинони маҳаллианд, ки дар амалӣ намудани барномаҳои гуногун саъю талоши зиёд ба ҳарҷ медиҳанд. Як мисоли оддӣ, ин ҳифзи хатҳои оби нӯшокӣ, ки тавассути лоиҳаҳои шарикӣ бунёд гардидаанд. Худи сокинони маҳар ҳамчун истифодабарандагони об иҷрои корҳои нигоҳдориро бар зимма гирифтаанд.
- Солҳои охир чӣ барномаву иқдомот барои беҳбуди зиндагии мардуми деҳот амалӣ мегарданд?
- Бо кӯмаки молиявии донорҳо ва саҳми бевоситаи сокинони маҳал давоми се соли охир 13 лоиҳаи хати оби нӯшокӣ, 3 тарҳи гарминигоҳдорӣ, 6 адад барномаҳои гуногун дар соҳаи кишоварзӣ, 3 лоиҳа дар бахши соҳибкорӣ ва умуман, дар маҷмуъ 230 адад барономаи гуногунро амалӣ намудаем. Танҳо саҳми шарикии сокинони ноҳия дар ин пружаҳо беш аз 1 миллиону 749 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Тибқи таҳлилҳои мо ин тарҳҳои муштарак фарогири 18 ҳазору 356 нафар мебошанд. Истифодабарандагон, ки саҳми худро дар татбиқи ин барномаҳои гузоштаанд, дар ҳифзу пойдории ин лоиҳаҳо низ худро муваззаф мешуморанд. Боиси хушнудист, ки тавассути амалӣ намудани чунин лоиҳаҳо иттиҳоду ҳамбастагии сокинон бештар эҳсос мешавад.
- Одатан охири ҳар сол аз фаъолият натиҷабардорӣ мекунанд, Шумо ба ҳайси роҳбар аз кору фаъолияти худ ризомандед?
- Натиҷаҳои имсолаи фаъолият аз интизориҳо мужда доданд. Ҳадафи Хазинаи Оғохон пеш аз ҳама сарҷамъии мардум ва бо истифода аз неруи худи эшон баровардани ниёзҳояшон маънидод мешавад. Таҷрибаи фаъолият собит намуд, ки барои мардумро ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намудан, каме дастгирии молию ташкили дурусти кор кофист. Мо аз ин таҷрибаи андӯхта дар оянда баҳри рушду пешрафти як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон саъю талоши бештаре хоҳем дошт.
Р.НАЗИР