03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУИ СОБИҚАДОР

 

- Баъди хатми омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Хоруғ тасмим гирифтам, ба фаъолият шурӯъ кунам, вале падарам хостанд, ки бо гирифтани маълумоти олии омӯзгорӣ ба кор сар кунам. Раҳнамоӣ карданд, то ба Факултаи педагог-агрономи Донишкадаи кишоварзӣ ҳуҷҷат супорам. Донишҷӯи ин даргоҳ шудам, аммо мутаассифона, пас аз як соли таҳсил факулта барҳам хӯрду номи факултаи агрономиро гирифт. Пас аз итмоми донишкада бо роҳхати вазорати хоҷагии қишлоқи ҳамондавра (имрӯза Вазорати кишоварзӣ) ба ноҳияи Рудакӣ ба кор омадам, - мегӯяд Ватансултон Абдулназарова.

Аз рӯи ихтисоси омӯхтааш ӯ бояд агроном мешуд. Гарчанде ба ин шуғл дар аввал чандон ҳавас надошт, вале дар давоми таҳсил дар донишкада ба ин пеша таваҷҷуҳаш зиёд шуда буд. Махсусан, замони таҷрибаомӯзӣ бештари вақт бо замин сарукор мегирифт ва дар саҳрои кушод бо рустаниву дарахтон будан барояш ҳаловате мебахшид.

Бо сабаби набудани ҷойи кори холӣ дар соҳаи интихобкардааш Ватансултон Абдулназарова корро муваққатан аз Кумитаи комсолии ноҳия шурӯъ кард. Корҳои назарасашро роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳия дида, вазифаи Котиби якуми комсомолро ба уҳдааш гузоштанд. Баъдан, ба мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкант ба хондан рафт. Солҳои 1972 -1974 дар ин мактаби овозадори замони шуравӣ таҳсил кард. Бо хотима ёфтани таҳсил ва баргаштан аз шаҳри Тошкант Ватансултон Абдулназарова ба ҳайси мудири шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Кумитаи иҷроияи ноҳия фаъолияташро идома дод.

- Аз соли 1987 то соли 1992 муовини роҳбари комиҷроияи ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) будам. Ба қавле як умр дар мақомоти маҳаллӣ кор кардаму аз ин ҷо ба синни нафақа расидам. Мегӯянд, ки на ҳама орзуҳо амалӣ мешаванд, бешак рост будааст. Натавонистам бо дипломи агрономӣ каме кор кунам. Пештара ҷавонон ҷуръати пешниҳоди андешаҳояшонро надоштанд. Роҳбарият ба кадом самте моро пешбарӣ мекард, мо ҷавонон ба ҳамон тараф равона мешудем, - мегӯяд бо таассуф ҳамсуҳбатам.

Айни замон Ватансултон Абдулназарова дар ҳалқаи пайвандону наберагон давлати пирӣ меронад. Ӯ 76 сол дорад. Аз се писар соҳиби 11 набера ва 3 абера мебошад. Дар миёни мардуми ноҳияи Рӯдакӣ ӯро ҳамчун корманди собиқадору ботаҷриба эҳтиром мекунанду ба заҳматҳояш, ки барои ободонии ин як порчаи сарзаминаш саҳм гузоштааш, арҷ мегузоранд. Ҳамсӯҳбатам мегӯяд: «Аз роҳбарияти имрӯзаи ноҳия миннатдорам, ки мо собиқадорони меҳнатро дар ягон ҷашну маъракаҳо фаромӯш намекунанд. Гарчанде мегӯянд, ки бо нафақа рафтан инсон аз хотираҳо фаромӯш мешавад, аммо чунин нест. Ҳамчунин, эҳсос мекунам, ки кори роҳбарони имрӯза аз замони мо куллан тафовут дорад. Талаботи аҳолӣ сол аз сол зиёду гуногун мешавад. Бо ин ҳама серкорӣ намояндагони мақомоти маҳаллӣ ба аёдати мо меоянд».

Қутбияи Неъматулло

 

:.  Чеҳра 29.08.2016 04:52 1521

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz