Боқило - зироати нодир
Ин бонуи пажӯҳишгарро миёни ҷӯяҳои ниҳолакони сабзи пур аз ҳосил дарёфтем. Ӯ 15–20 ҷӯяи ин навъи зироатро дар майдони таҷрибавӣ барои мутобиқгардонии он ба иқлими дигар минтақаҳои кишвар парвариш дорад. Аз нигоҳи мо ӯ зуд пай бурда ба сухан омад. Ин зироатро боқило мегӯянд. Дар Русия бо номи „конских бобов“ машҳур аст. Ватанаш ноҳияи Ишкошим. Дар баландии 2885 метр аз сатҳи баҳр мерӯяд. Дар Рӯшон низ парвариш мекунанд, вале камтар. Аз суҳбат бо Зебунисо Муминшоева маълум шуд, ки ӯ соли чаҳорум аст, ки сари хусусиятҳои биологии ин зироат кор мебарад. Дар Тоҷикистон боқилои маҳаллиро на ҳар кас медонад. Дар як сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон, бонувони бадахшӣ Пешвои миллатро бо оши буридаи боқилодор зиёфат мекунанд. Чун боқило дар хӯриш хело бомазза аст, ба Сарвари давлат писанд меафтад. Дар бозгашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Вазорати кишоварзӣ оид ба ин зироат пурсон мешавад, ки дар кадом минтақаи кишвар мерӯяд, касе посухи амиқ дода наметавонад, қисса кард бароямон ӯ. Ман, ки зодаи Ишкошим ҳастам ва таъми ширини нону дони ин зироатро хуб эҳсос мекунам, татқиқоти минбаъда ва дар дигар маҳалҳо паҳн намудани онро ба зимма гирифтам. Ниҳоли боқило то 180 сантиметр баланд мешавад. Ҳар бех 45–50 ғилофак мебандад. Дар дохили ғилофак аз 4 то 5 дона ҳосил ҳаст. Аз сафеда бой буда, заминро нарм ва серҳосил мекунад. Баъди боқило гандум кишт шавад, дон дучанд ба даст меояд. Ниҳоли боқило қанди зиёд дорад, аз он чорво хуб фарбеҳ мешавад. Дар Ишкошим аз боқило нон мепазанд ва хӯриш омода месозанд, ки хеле бомазза ва серғизоанд. Зебунисо Муминшоева дар натиҷаи заҳмати худ ин зироатро ба иқлими ноҳияи Файзобод мутобиқ кардааст.
- Ман дар ноҳияи Айнӣ дидам, ки боқило парвариш мекунанд, гуфтам аз куҷо ин навъи зироатро ба даст овардед, деҳқонбачае гуфт, ки падарам аз бозори Душанбе оварданд, аз кадом минтақа аниқ намедонам, вале мо ба хубӣ аз он истифода мебарем, - гуфт Зебунисо Муминшоева ва илова намуд, - имрӯз чанд роҳу усули парвариши боқилоро дарёфт кардем. Маълум шуд, ки кишти ин зироат дар моҳи феврал қулай аст. Боқило ба сармои то 10 градус тобовар буда, то моҳи декабр ҳосил медиҳад.
Таҷдиду нигоҳдории зироатҳои маҳаллӣ мароми мост
Самти фаъолияти маркази захираҳои генетикии мазкур доманадор аст. Аслан ин ҷо мутахассисон ба ҷамъоварӣ, таҷдид ва нигоҳдории зироатҳои маҳаллӣ машғуланд. Гандум, ҷав, боқило - ин се навъи зироатро аллакай дар маркази захираҳои генетикии Свалбурги Норвегия ҷо кардем. Барои наслҳои оянда, - мегӯяд Зебунисо Муминшоева. - Боз ҳамин миқдор навъи зироатро дар захирагоҳи генетикии Федератсияи Русия ҷо намудем. Ин амал тибқи шартномаи байналмилалӣ сурат гирифт. Дар ҳолати аз байн рафтани тухми ин зироатҳо мо метавонем аз он ҷойҳо бигирем. Мо ҳоло бонки захираҳои генетикии худро дорем. Даҳ сол боз маркази мо дар назди АИҶТ фаъолият мекунад. Аз соли 2003 то соли 2015 дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳаждаҳ маротиба экспедитсияи байналмилалӣ гузаронда, 11 ҳазору 743 навъу намудҳои зироатҳои маҳаллиро ҷамъ овардаанд. 26 намуди зироати маҳаллии азбайнрафта барқарор гардид. Мо бояд навъҳои зироати худро нигоҳ дорем. Онҳоро ба шароити гуногун мутобиқ гардонем. Он чи аз хориҷа меояд, генофонди моро несту заминҳоямонро касал кард. Кишти навъҳои гандуми маҳаллиро дар Бадахшон оғоз бахшидем. Гандуми навъи „Сафедак“ - и Ишкошим аз навъи дигар гандумҳо фарқ дорад: серҳосил, тезпаз, сафедааш зиёд ва нонаш бомазза. Ҳоло навъҳои маҳаллӣ танҳо дар деҳаҳои дурдаст боқӣ мондаанд, зеро то ин ҷойҳо тухмии гандуми ҳориҷӣ нарасида буд.
Ҷӯянда ҳамеша меёбад
Баъди мутолиаҳои зиёд, ҷӯёи навъи гандуми „Сабзак“ будам. Дилам гувоҳӣ медод, ки дар кадом як гӯшаи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам кишт мешавад. Соли 2014 дар Ромит дар баландии 2880 метр аз сатҳи баҳр ин навъро ёфтам. Дар бағали кӯҳ ҳамагӣ ду хона буд. Назди мо нону ҷурғот оварданд. Бо газидани нон як шириниро ҳис кардам. Орди кадом гандум аст, гуфтам, соҳибхона „Сабзак“ гуфт. Бовар кунед, чӣ гуна нонро фурӯ бурдам, нафаҳмидам. Ашки чашмам рехт. Охир қариб ними умр „Сабзак“ мекофтам. Гуфтам, ки тухмии ин гандум лозим, гуфт, ки ҳоло напухтааст. Шояд гумон кард, ки ман як халта мегирам. Вақте гуфтам, ки танҳо як коса, „ба ҷону дил“ гуфт соҳибхона. Ин навъро ҳам таҷдиду ҳам мутобиқ гардонидем, - мегӯяд ӯ.
Вале дили Зебунисо Муминшоева оромӣ надорад. Ҷӯёи навъҳои гандуми „Гулдаста“ ва „Обҷувоз“ аст. Исфара рафт, вале пайдо накард, ҳоло дар ҷануби кишвар ҷӯёсту ноумед нест. Ӯ андеша дорад, ки гандуме, ки аз берун меояд, навъ нест. Онҳо дурагаанд. Танҳо як сол ҳосили хуб медиҳанд. Ҳеҷ кас навъи аслиро намедиҳад. Шукрона, ки 15 навъи гандуми маҳаллиро барқарор кардем. Навъи маҳаллӣ ба шароит мутобиқ буда, ҳосили хуб медиҳад. Нонаш бомазза аст. Нон бошад, суруд ҳам мешавад, гуфт дар охири суҳбат бо табассуми ширин ин бонуи пажӯҳишгар.
Беҳрӯзи Абдураҳмон