Дар он оила, ки аз 6 духтару як писар иборат буд, интизор мерафт, ки набераи аввалин ҳатман писар хоҳад буд. Вале ба дунё омад духтар… Ва боз чӣ гуна духтар?
Падари аҳли хонавода, бобои тифл аз тавлиди навзод хеле шод гашту дуо дод: „Инак, духтари ҳафтуми ман ба дунё омад. Ин туҳфаи илоҳӣ аст баҳри ин хонадон ва иншоаллоҳ ҷои даҳ писарро хоҳад гирифт“. Ва амалӣ гашт орзую ормон ва дуои неки бобо…
Вақте бобо барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба назди раиси деҳот рафт, писар хоҳиш кард, то номашро Чилла бимонанд. Аммо ин ном бар ӯ хуш наомад ва аз раис хоҳиш намуд номи хубе барояш пешниҳод созад. Раис ошиқи „Шоҳнома“ буд. Аз ин рӯ,ном гузоштанд варо бо сад орзуву нияти нек Рӯдоба. Таърихи ном аз ояндаи неки навзод дарак медод. Шояд дар оянда Рустамеро ба дунё меоварад ё худ рустамона дар зиндагӣ талошу ҷаҳд хоҳад кард.
Вай ҳанӯз дар чаҳорсолагӣ дунболи бобо хона ба хона мерафт ва дар табобати мардуми Деҳрӯшон дар баробари бобопизишк саҳмаке мегирифт. Мардум ӯро дӯст медошт, зеро бо омадани вай умеде дар қалбҳо зинда мегашт. Кудуми ин духти зебо аз омадани табиби ҳозиқ ва ҷонфидо Алиназар Мулкамонов пайк медод. Бобо ӯро рӯи кат менишонду худ назди мариз мерафт. То ба хона ворид гардидани бобо набера аз сандуқчаи дасташ чашм намеканд. Ин сандуқчаи сеҳрнок он қадр таваҷҷуҳи Рӯдобаи кӯчакро ба худ ҷалб намуда буд, ки баъзан онро ҳатто дар хоб медид ва даст сӯяш мебурд, аммо дар лаҳзаи охирин бобо сандуқро мегирифту дунболи кор мерафт…
Ниҳоят, ин духти кунҷкоб фурсати муносиберо дарёфт ва дар панҷсолагӣ, вақте ки бобо дар боғ машғул буд, бо дугонааш сандуқчаи вазнинро гирифту ба хона даромад ва онро во кард. Ва ин боз кардан барояш хеле гарон афтид, пардохт баҳои онро… Барои муддате бобо дигар нагзошт, ки ӯ ҳамроҳаш ба табобати мардуми деҳ биравад.
Новобаста ба „таҳрими муваққатӣ“ Рӯдоба набераи нозпарвари бобо буд ва тифлии ноз дошт. Духтари хеле зираку доно буд ва бобо аз он мефахрид. Бо даст додани фурсат, вақте меҳмонон ба хона меомаданд, бобо ӯро садо мекард ва дар байни давра менишонд. Меҳмонон аз кӯдаки 5 сола пойтахтҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳонро пурсон мешуданд ва Рӯдоба бидуни ҳич диранге посухи дақиқ медод ва аҳсан мешунид.
Солҳо сипарӣ шуданду баъд аз хатми литсеи президентӣ бо баҳои аъло, Рӯдоба донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гашт. Азбаски меҳри ин касб дар хуни ӯ нишаста буд ва онро аз бобо ба мерос гирифта буд, тамоми вуҷуд ва тору пуди худро сарфи омӯзиш кард ва бо ба даст овардани дипломи сурх гӯиё ба падарбузург тасбит кард, ки ба даст гирифтану кушодани сандуқчаи сеҳрнок танҳо ҳаваси кӯдакона набудааст. Илова бар ин, агар пештозӣ кунем, Рӯдобаи Раҳим ибтидои ҳамин сол дар шаҳри Лондони Англия рисолаи номзади илми тибро муваффақона ҳимоя кард.
Баъд аз хатми донишгоҳ ӯ ду сол дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Маскав рафт. Баъд аз як сол ба пойтахти Тоҷикистон баргашт ва дил аз даст доду издивоҷ намуд ва модари ду писари нозанин: Меҳрубону Сорбон шуд. Тайи муддати дар хона будан, ба таҳсил ва такмили забони англисӣ пардохт.
Дафтари Ҳилоли Аҳмар соли 2007 дар Душанбе озмунеро роҳандозӣ кард барои ҷалби мутахассисон. Рӯдоба дар ин озмун ширкат намуда, дар лоиҳаи пешгирии бемории сил дар шаҳри Ваҳдат пирӯз гардид. Муддате дар он ҷо кор кард, маош хеле кам буд ва қисми зиёди он харҷи роҳ ва хӯроки нисфирӯзӣ мешуд. Илова бар ин, шавҳараш шахси эҷодкор буду на ҳ??? ????ама вақт маҳалли кори доимӣ дошт. Аз ин рӯ, дар ин марҳала зиндагӣ хеле сахтиҳо дошт. Аммо як тасодуф тарзи ҳаёти ӯро дигар кард. Роҳбари дафтари марказӣ ба шаҳри Ваҳдат омад ва дар ҷараёни сафари корӣ Рӯдоба бо ӯ бо забони англисӣ суҳбат намуд. Ӯ дар тааҷҷуб шуду ба намояндаи худ гуфт, ки кормандони дафтари марказӣ забони англисиро балад нестанд ва дар ин самт мо мушкил дорем, ҳар чӣ зудтар ин мутахассисро ба марказ интиқол диҳед. Баъд аз чанде ӯро дар дафтари марказӣ танзимгари сиҳатии омма дар лоиҳаи ёрии аввал таъйин карданд. Ин лоиҳа шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, ВМКБ ва вилояти Суғдро фаро мегирифт. Рӯдоба муддати се сол дар ин бахш фаъолият намуд ва баъдан дар лоиҳаҳои дигар кори худро идома дод.
Новобаста ба он ки ҷои кораш хуб буд, дар дил орзуи идомаи илмро мепарварид ва барои ба он даст ёфтан роҳ меҷуст. Ба ҳамин хотир, дар ду озмуни дигар ширкат варзида ғолиб омад ва ба вазифаи роҳбари барномаи тандурустии Хазинаи Оғохон гузашт. Тайи муддати фаъолият дар ин ҷо аз Малайзия, Покистон, Туркия, Канада ва боз чандин мамлакатҳои дигар дидан кард. Аммо чизи хотирмон барояш даъват аз ҷониби кишвари Канада буд. Тибқи ин барнома Рӯдоба бояд дар бораи фаъолияти бахши тандурустии Хазинаи Оғохон дар бахши сиҳатии модар ва кӯдак дар Тоҷикистон дар ҳафт донишгоҳи бонуфуз суханронӣ мекард. Новобаста ба изтиробҳои ботинӣ худро ба даст гирифт ва дар муддати 20 рӯз Тоҷикистонро ба таври хеле арзанда ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Баъд аз панҷ соли фаъолият боз савдои илм дилашро гирифт. „Бо аз худ кардани як касб одам метавонад танҳо як дарро боз кунад. Бо касб намудани чанд илм роҳ густурда мегардад ва имкониятҳо фарох“, – мегӯяд ҳамсуҳбатам. – Аз ин рӯ, мехостам таҳсилро идома диҳам ва роҳ ба кишварҳои пешрафтаи дунё бароям боз гардад. Дар ҷумҳурии мо дар бахши тандурустӣ се мушкил вуҷуд дорад. Дар аксар навоҳии дурдаст бунгоҳҳои тиббӣ аз маҳалли зисти мардум дар маҳалли дуртар ҷой доранд. Дуюм, марокизи тиббӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз нестанд ва ниҳоят, мардуми одӣ пурра ба кор фаро гирифта нашудаанд. Аз ин рӯ, имконияти пардохти муолиҷаи хубро надоранд. Ин мушкилиҳо ба тадриҷ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳаллу фасл мегарданд, аммо барои ислоҳи кор вақти зиёде лозим аст. Мехостам бо таҷрибаи андӯхтаам дар ин ришта дар ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо таҷрибаи байналмилалии касб намудаам дар ҳалли масоили тандурустӣ саҳм гирам. Ба ҳамин хотир, дар ин мавзӯъ рисолаи илмӣ навишта, онро дар Аврупо ба таври аъло ҳимоя намудам.
Соли 2015 Рӯдобаи Раҳим боз ба Шветсария барои таҳсил рафт ва дар бахши рушди байналмилалӣ оид ба идоракунии сиёсати омма ба таҳсил фаро гирифта шуд.
Моҳи апрели соли 2015 гурӯҳи ҷарроҳон аз Шветсария ба Тоҷикистон омад. Ин гурӯҳро Дафтари шветсариягӣ оид ба рушд ва ҳамкорӣ сармоягузорӣ мекунад. Онҳо дар Душанбе, Данғара ва Хоруғ дар як сол ду маротиба амалиёти ҷарроҳӣ мегузаронанд ва пизишконро омӯзиш медиҳанд. Ин кор ифтихорӣ анҷом мешавад ва ройгон аст. Дар шаҳри Хоруғ ин гурӯҳ ба мушкил мувоҷеҳ гардид. Дар ҷараёни амалиёти ҷарроҳӣ ва омӯзиши духтурон тарҷумонҳо аз уҳдаи кор намебаромаданд, зеро риштаи онҳо фарқ мекард. Рӯдоба бо амри тасодуф дар шаҳри Хоруғ буд ва омодагии худро барои ба таври ройгон тарҷума кардан, изҳор дошт. Баъзе беморон бо шеваҳои шуғнию рӯшонӣ ҳарф мезаданд, маризон аз ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ бо забони тоҷикӣ ва ҳатто бархе ба забони рӯсӣ. Аз ин лиҳоз ба қаҳрамони мо лозим буд, ки аз се забону шева гуфтаҳои маризонро ба англисӣ тарҷума намояду гуфтаҳои пизишконро ба онҳо расонад, то дар ҷараёни амалиёт иштибоҳе наравад. Баъд аз анҷоми марҳалаи аввал онҳо аз Рӯдоба хоҳиш карданд, ки дар сафарҳои баъдӣ ҳамроҳи онҳо аз Шветсария ба Тоҷикистон биояд ва ба онҳо кумак намояд. Гуфтаҳои бобои пизишк ва муҳаббати мардум ба боборо ба ёд оварда, бо ҷону дил пешниҳоди онҳоро пазируфт ва инак, ду сол боз ин амали хайр ва накуро анҷом медиҳад.
Феълан Рӯдобаи Раҳим дар шаҳри Мумбаи Ҳиндустон зиндагӣ мекунад ва ба зиёда аз 30 мамлакати дунё сафар намудааст. Ният дорад аз 100 кишвари ҷаҳон дидан намояд. Имрӯз ӯ намедонад, ки чанд моҳ пас дар Зеландияи Нав фаъолият хоҳад дошт ё дар Филиппин.
Шояд бобо эҳсос менамуд, ки „туҳфаи илоҳӣ“, яъне набераи зебояш дар оянда пизишки хуб мешавад, аммо оё ӯ тасаввур мекард, ки сирри сандуқчаи асрорангезаш ин духтараки зираку ҳушёри кӯҳистониро ба ақсои олам мекашад? Фикр мекунам, ҳаргиз чунин тасаввуре надошт. Ӯ феълан Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд ва фарзанди фарзонаи миллат аст, зеро бобои заҳматкаш ва шарифу инсондӯст дар замири ӯ донаҳои муҳаббат ба касб ва хидмат ба инсониятро дар айёми тифлӣ кошта буд ва акнун сандуқчаи тиббии набера на танҳо ба мардуми як ноҳия, балки ба аҳли башар хидмат мекунад. Набера бошад, баъд аз ҳар ҳолати мушкили табобат аз ҳуҷраи муолиҷаи табобатхонаи ин ва ё он кишвар берун меояду бобои меҳрубон ва дилсӯзи худро ба ёд меорад ва ба арвоҳаш дуои хайр мекунад.
Фароруни Сабзқадам