Мабодо бо бонуи атласпӯшу либоси миллии тоҷикӣ бар тан рӯ ба рӯ шудед, пиндоред, ки вай Мағфиратбону, ҳамсари Ҷунайдуллост. Зеро ин ду нафар дар ҳама ҷо, хоҳ дар суҳбату хоҳ дар вохӯриҳои алоҳида, нишастҳои давлатӣ ҳатман бо сарулибоси миллӣ гули сари сабаданд…
Моро орзуи дидори ин оилаи тифоқу тоҷикони асил боло гирифту озими Хакасия, ки дар қисмати шарқиву шимолии Федератсияи Русия, дар қарибиҳои сарҳади Муғулистон мебошад, гардидем. Оилаи Насруллоевҳо тоҷиконе мебошанд, ки охири солҳои ҳаштодум ба Ҷумҳурии Хакасия кӯч бастаанд. Осон нест дар як гӯшаи дури Русияи доманфарох дар мусофират ному нон ёфтан. Вале иродаи қавӣ ва нангу номуси тоҷиконаву азалӣ, меҳнатдӯстиву хайрхоҳиашон боис гардид, ки маҳбуби ҳамагон шаванд. Моро аз Красноярск то ба Абакан ронандаи русзабоне, ки Насруллоевҳоро хуб мешинохтаасту борҳо нону намакашонро чашидааст, овард ва зимни сафар дар бораи меҳмоннавозиву самимияти онҳо бо эҳтиром сухан ронд. Дар канори шоҳроҳи бузурги Красноярск-Абакан-Иркутск-Новосибирск қаҳвахонаҳоеро, ки дар онҳо аслан хӯрокҳои миллии тоҷикӣ омода гардидаву муассисашон Ҷунайдулло Насруллоев мебошад, ба мо нишон дода гуфт: „Мабодо касе, ки дар Абакан мусофир шаваду шаб манзили шабгузаронӣ наёбад, ҳатман хонаи Насруллоевҳоро суроғ мекунаду ду-се рӯз ё бештар аз он метавонад баҳузур ба сар бурда, бо ғизои ройгон таъмин бошад. Ин дарёдилӣ воқеан ҳам хоси миллати тоҷик аст, ки дар ин мулки ноошно мардуми таҳҷоӣ инро бо чашми ибратбин дар шеваи зиндагию аъмоли хонадони Насруллоевҳо мебинанд“. Дидори мо дар фазои тоҷикона дар ин хона вақте ба вуқӯъ омад, ки аз телевизиони давлатии Хакасия Мағфиратбону Насруллоева бо шавҳараш якҷоя дар бораи расму оину таърихи куҳани мо, адибони оламшумулаш суҳбат мекард. Барнома мустақиман мерафт ва бинандагони сершумор пайи ҳам аз онҳо дар бораи маънои калимаи тоҷик, расму оин ва тарзи зисту зиндагӣ, аз ҳунармандону адибони классики оламшумули тоҷик, мавқеи ҷуғрофию таърихии кишвари тоҷик, санъатварони муосир суолҳои сершумор медоданду Мағфиратбону бо муҳаббати зиёд ва бурро посух мегуфту барои тақвияти фикр пораҳо аз ашъори классиконро бо забони тоҷикиву баъдан русӣ қироат мекард, ки хеле ибратангез буд. Ин бонуи зебову хушсуҳбат нусхаҳои сабти радиоиву телевизиониро, ки дар кулли онҳо сухан асосан сари таърихи куҳани мардуми тоҷик, мардуми зебову ободкору далеру ориёӣ будани тоҷикон мерафт, ба мо нишон медоду моро ифтихору сарбаландӣ аз миллати худ фарогир мешуд.
Субҳи рӯзи дигар мо тавассути роҳбаладии Мағфиратбону аз марказҳои бузурги савдояшон, ки дар онҳо асосан молу матоъҳои шарқӣ фурӯхта мешаванд, дидан кардем. Фурӯшандаҳҳо қариб ҳама тоҷикон буданд, ки дар ин гӯшаи дур аз ватан бо ҷойи кору маоши хуб таъминанд. Ин аз ҳувияти баланди милливу худшиносии ин бонуи сарбаланди саропо ҳунар дарак медод. Ба иқрори ӯ дасти як ҳамзабон гирифтан, бо вуҷуди мушкилот, барояш ифтихор аст. Молу матоъҳоро Насруллоева аз мамолики Шарқу Ғарб, амсоли Арабистону Дубаю Итолиёву Амрико дастрас карда меорад.
-Ҳар куҷое, ки равам, кӯшиш мекӯшам, ба сомеонам дар бораи тамаддуни тоҷикон, таърихашон маълумоти кофӣ диҳам. Тоҷикон аз азал мардуми соҳибватану соҳибфарҳанг мебошанд, ки имрӯз халқҳои дигар осори пурбаракату ғании бостонии моро омӯхтаву пайравӣ мекунанд, - мегӯяд ӯ.
Ҳар боре, ки гурӯҳи муайяни одамон ҷамъ меомаданд, ҳатман аз қаҳрамони мо хоҳиш мекарданд, ки барояшон суруде бихонад ва ӯ бо садои чун шилдирроси чашмасорон софаш, чун навои мурғакони субҳгоҳӣ ширину гуворояш гоҳе аз ғазалиёти Ҳофизу Саъдӣ мехонду гоҳе аз Туғралу Лоиқ. Бо ибтикору дастгирии волии Ҷумҳурии Хакасия барномаи ҳунарии ин бонуи хушилҳону хушсадо дар толори васеи фарҳангии шаҳри Абакан баргузор гардид. Он рӯз дар толор ба қавле ҷойи сӯзан задан набуд, толору роҳравҳо лабрези мардум буданд. Дар даромадгоҳи васеи толор намунаҳо аз осори таърихӣ, аз қабили сарулибос, китобҳои адибони тоҷик, санъати кулоливу чӯбкориву таббохӣ, ки аҳли ин хонавода солҳои мадид ҷамъ оварда буданд, мавриди намоиш қарор гирифтанд. Диққати мардумро бештар гаҳвораи тоҷикӣ бо рӯпӯши зардӯзӣ, куртаву тоқиҳои чакан, кӯзаву асбобҳои кандакорӣ, осори классикони тоҷик ва ширавориҳову нону кулчаҳои шаҳдомез ба худ ҷалб мекарданд, ки аз тамошояш ҳозирин бори дигар итминони комил пайдо карданд, ки тоҷикон миллати мутамаддини олам мебошанд…
Мағфиратбону аз пушти парда ба толор менигаристу ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешуд. Аҳли толор зери навоҳои дилангези тоҷикона мерақсиданду шодӣ мекарданд. Дар суҳбат бо мо вазири фарҳанги Хакасия Наталя Калмигина ифтихоромезу шукргузор гуфт, ки Махфиратбону дар ҳама чорабиниҳои ҳунарии Хакасия хеле фаъолона ширкат меварзаду халқи худро муаррифӣ мекунад. - Мардумони Хакасия, - идома дод суҳбатро раиси иттифоқи нависандагону журналистони Хакасия Андрей Гаврилов, - маҳз тавассути ин оилаи номдор дар бораи миллати тоҷик, урфу одат, таърихашон ошноии бештар пайдо намуданд.
Бо ҳамватанон чун ҳамсуҳбат мешудем, Мағфиратбонуро ба боғбони хушзавқе шабоҳат медоданд, ки имрӯз дар боғи ҳаёташ ба ҷуз меҳру садоқати наздикону дӯстон, самари ниҳоли умрашон – фарзандонаш Садоқатҷону Лайло, Лутфулло, Дилноза, Ғайратҷон ҳамчун идомадиҳандаи кору омоли онҳо месабзанд. Ёр, ки аҳл аст, кор саҳл аст мегӯяд Насруллоева, дар ҳамаи пешравиҳои кори тоҷириву овозхониям саҳми саробони хонадон бузург аст. Ӯ маро беш аз дигарон дарк мекунад ва чун марди комилу сутуни хонадон қуввати дилам аст. Мағфиратбону аз тақдири худ шукргузор аст, ки дар оилаи солиму маърифатнок ба дунё омадаву тарбияи хуби онҳоро гирифтааст. Падари меҳрубонашон амаки Саъдулло шахси хеле саводноку бофарҳанг будаанд ва доимо орзу мекардаанд, ки духтари дӯстдору азизи хонадонашон - Мағфиратбонуро, ки сурудхониро хеле дӯст медошт, рӯи саҳна бинанд. Модари азизашон, ки собиқ корманди боғчаи бачагонаи Самарқанд будаанд, 10 фарзандро ба дунё овардаву тарбияи хуб додаанд, то дар ҷодаи зиндагӣ некному одилу хоксор бошанд. Ин нияти некашон ҷомаи амал пӯшид. Дар ҳар маҳфиле, ки Мағфиратбону ширкат меварзад, ҳамеша садои ҷаззобу марғӯладораш ба маърака тобишу ҷилои дигар мебахшад. Ҳамеша зиндадилу самимӣ ва хоксору дардошнои худиву бегонаанд, то дасти ниёзмандеро гиранд.
Садбарг Боқиева,
Душанбе-Красноярск-Абакан-Душанбе