Умед ба оянда, ояндаи нек ва дурахшон. Дар баробари мардон дар барқарор намудани сулҳи комил дар кишвар занон низ ҷаҳду талош кардаанд. Хизмати Бозгул Додхудоева - аввалин вазири маорифи даврони соҳибистиқлолӣ, муовини сарвазири кишвар ва ягона зан дар Комиссияи оштии миллӣ дар ин росто хело назаррас аст.
Рамзи муаллим ва ҷасорат
Бо муаллима Бозгул Додхудоева борҳо вохӯрдаам, аммо кӯтоҳ-кӯтоҳ. Дар пиндору хаёли ман муаллима рамзи мактабу маорифи кишвар, рамзи омӯзгор аст ва ҳамин хел ҳам боқӣ хоҳад монд. Солҳое, ки мардуми бахтгумкардаи диёрро гурӯҳҳо ба ҳар тараф мекашиданду дар кишвар ҷанги ҳамватанӣ аланга мезад, Бозгул ҷасорат пайдо карда, бо ҳидояти Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии кишвар Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарии Вазорати маорифро ба уҳда гирифт. „Ба пешниҳоди Сарвари давлат гуфтам, ки дар бисёр ҷойҳо мактабу маорифро сӯзонида нест карданд, ин масъалаи аз ҳама муҳиму вазнинро ба китфи зан чаро бояд гузошт? Президенти хирадманди мо чунин ҷавоб доданд: „Муаллима, мо медонем, Шумо таҷрибаи калон дар соҳаи маориф доред, розӣ шавед. Ман дар ҳамаи масъалаҳо ёрӣ мерасонам“.
Ҳамин хел ҳам шуд. Чун Бозгул Додхудоева ба соҳаи маориф хуб ошно буд, дар равиши кор душвориеро эҳсос намекард. Муаллима иброз медорад: „Навоҳие набуд, ки он ҷо сафар накарда бошам. Барои ҳамин маорифчиён маро тарафдорӣ намуданд. Корро бад сар накардем. Аз захираи ночиз пурра истифода бурдем. Соли таҳсили 1992 -93 бо иқдомоти нек оғоз ёфт. Албатта, кор бедушворӣ намешавад“. Акнун он ҳама амалҳои неку гуфтаҳояш дафтари хотира гаштаанд.
Бозгул ягона зан дар Комиссияи оштии миллӣ
Баъди ду соли вазирӣ дар соҳаи маориф Бозгул Додхудоева бо пешниҳоди Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини сарвазир таъйин гашт ва шаш сол адои хизмат намуд. Дар баробари ин ӯ дар зеркомиссияи кор бо муҳоҷирони Комиссияи оштии миллӣ муовини Шукурҷон Зуҳуров буд.
- Ба ҳар гӯшаи Ватан, ки мерафтам, бо халқ суҳбат мекардам. Бо мақомоти маҳаллӣ ҳамеша, бо вуҷуди душворӣ, тамос мегирифтам. Муҳимтарин вазифаи ман ёрӣ ба муҳоҷирон, ки аз Афғонистон ва дигар давлатҳо баргашта омада буданд, ба шумор мерафт. Онҳоро бо хонаву ҷой, маводи хӯрока, мактабу кӯдакистон таъмин намудан лозим меомад. Ҳамаи ин корҳоро ташкил кардем. Аз соли 1997 то соли 2000 –ум ман дар КОМ заҳмат кашидам. Аз 26 нафар аъзои КОМ танҳо ман зан будам. Гапам мегузашт. Кадом масъалае, ки пеш меомад, ҳар кас фикри худро дошт ва дар якҷоягӣ ҳал мешуд.
Дар хона нишастан кори ман нест…
Имрӯз, гарчи синни муаллима Бозгул Додхудоева ба ҷое расида, хонашиниву ба наберагон афсонагӯиро ихтиёр накардааст. „Маркази таълимии бонувони сарварро ҳам бо пешниҳоди Президенти кишвар ташкил кардам. Зеро дар он солҳо духтарони минтақаи кӯҳистон, хусусан духтарони Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор аз таҳсил дур монда буданд. Аввал 50 нафар духтар доштем. Баъдан ин шумораро ба 230 кас расонидем. Имрӯз дар марказ 220 нафар аз 48 ноҳияи ҷумҳурӣ таҳсил дорад. 364 духтар дар муддати сарварии ман ин боргоҳро хатм кард. Аз байни онҳо касони зиёд ҳамчун директорони мактаб, муовинони сардухтур, раису муовинҳои раисони ҷамоатҳо фаъолият доранд“, - мегӯяд Б. Додхудоева.
Муаллима дар ин марказ 16 сол роҳбар буду ҳоло низ дар ин маъво таҷрибаи андӯхтаи роҳбариашро ба духтарон меомӯзонад.
Ифтихор аз волидайн
Ман деҳқонзодаам. Падарам полизкорӣ мекард. Соле, ки ба дунё омадам, падарам иштирокдори Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР будааст. Барои тарбузу харбузаи номдораш. Падару модарам хату саводи кофӣ надоштанд, лекин мо, шаш нафар фарзанд, ҳама маълумот гирифтем. Се хоҳарам омӯзгор буд. Ҳозир дар қайди ҳаёт нестанд, ҷояшон ҷаннат бошад. Бародари калониам Хаёлбек Додхудоев, доктори илмҳои фалсафа аст. Ба наздикӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 - солагиашро таҷлил намуданд. Додари хурдиам 11 сол проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд. Имрӯз дотсенти кафедраи энергетикаи даргоҳи мазкур аст.
Охирсухан…
Муаллима бо ифтихор мегӯяд: „Шодам, ки 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро имсол бо шаҳомати хос таҷлил мекунанд. Нуздаҳсолагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирем. Шукронаи он бояд кунем, ки дар ҳар хонаи мо нон ҳаст. Шукронаи он кунем, ки кишвари мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рушду шукуфоист. Борҳо гуфтаму боз мегӯям, ки Эмомалӣ Раҳмон аллакай дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ рисолати пешвоиро собит намуд. Ба ҳама ваъдаҳояш вафо кард“.
Беҳрӯзи Абдураҳмон