Зебоӣ, аслан, ба занҳо хос аст. Гуфтаанд, ки беҳтарини занҳо он аст, ки порсою соҳибҷамол бошад. Беҳтарини мардон он аст, ки накукору соҳибэъҷоз ва нуронӣ бошад. Агар рӯй намояд, аз дидораш ба ҷони кас равони тоза ояд.
Занҳои соҳибҷамол гули сари сабади ҳар қавму миллатанд. Мегӯянд, ки миёни тоҷикон шумори хубрӯёну зебосанамҳо бештар аст. Агар ин гуфтаҳо ҳақиқате дошта бошанд, пас ин боиси саодатмандӣ ва ифтихору сарфарозист.
Занҳои зебо ва соҳибҷамолро зиёд дидаем. Аксари онҳо бо мо дар як муҳит мезиянд ва зиндагии муқаррарию хоксоронае доранд. Онҳо бо ин фазилаташон кӣ медонад, ки чӣ қадар дилро мусаххар кардаю чӣ қадари дигарро ба шӯр овардаанд ва баъд гули сари сабади маҳфилу маъракаҳои мардум гардидаанд.
Имрӯз ҳам занҳои зебою соҳибҷамол зиёданд. Иддае аз онҳо бо ҳамон зебоие, ки доранд, фарзанд ба дунё овардаанд ва ҳусни худододи худро кам накардаанд. Балки чеҳраи духтаронаашонро ба ҷамоли зебои занона бадал сохта, боз ҳам дилкаштару соҳибҷамолтар гардидаанд. Ба қавле, акнун мисли офтоб медурахшанд…
Донистани зиндагӣ ва рӯзгори ин гуна занҳо барои бисёриҳо мароқовар аст. Иттифоқан, бо яке аз ҳамин гуна хонумони зебои кишвар, корманди телевизиони „Сафина“ Дилафрӯзи Комил суҳбате доштам. Гумон мекунам, ки чеҳраи зебои ӯ барои мардуми Тоҷикистон ошност.
Дилафрӯзбонуро бо он ҳама ҳусну ҷамоли зебо, назокату нафосат ва дилафрӯзие, ки дорад, басо одӣ ва хокию заминӣ дарёфтам. Дар ӯ ҳеҷ гуна эҳсоси тафохурро мушоҳида накардам. Ӯ ба зебоӣ, ки як сарвати гаронмоя ва ҳадяи худовандист, муқаррарӣ муносибат менамояд. „Ман зани безеби тоҷикро намедонам, занҳои мо ҳама зебоянд“, – мегӯяд ӯ. Ин гуфтаҳои Дилафрӯз шояд аз хоксорӣ бошанд. Ҳақиқат он аст, ки на ҳама занҳо чеҳраи зебо ва ҳусну ҷамоли дилнишин доранд. Ҳарчанд ки қисмати зиёди онҳо ақли расо, хулқу атвори нек ва одамияти баланд доранд.
Дилафрӯз зебоиро дар ҳусну ҷамоли зебо намедонад. Зебоии аслро дар ақл, фаросат, диду назар, кору амал мебинад. Таъкидам мекунад, ки зебоии зоҳирӣ ҳеҷ аст ва зан бояд ботинан зебо бошад. Боиффат, босавод, боимон, бошарм ва боҳаё. Ба гуфтаҳои ӯ мувофиқам, вале ин дам мехоҳам, ки сухан танҳо сари чеҳраи зебо биравад. Чизе, ки ӯро ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи телевизиони „Сафина“ табдил додааст ва мо низ хоса ҳамин фазилаташро маҳаки суҳбати хеш қарор доданием…
„Модарро дар ҷавонӣ аз даст додам ва ӯ тамоми таровишҳои зебои бунёди маро бо худ бурд. Дунёи бемодарӣ зиндагиро бароям тираранг кард. Холигие, ки аз ин мусибат ба вуҷуд омад, дигар пурра нашуд. Танҳо падар тавонист ба ҷароҳатҳои дарди мо марҳам шавад. Ӯ дар нигоҳи ман меҳрубонтарин ва ҳам донишмандтарин шахс аст. Инро танҳо ман намегӯям. Шариф Комилов барои ҳамаи онҳое, ки дар донишгоҳи Кӯлоб таҳсил кардаанд, ҳамин гуна шахс аст. Мудири кафедра, номзади илм. Баъдан, сиёсатмадор шуд. Ҳоло касалманду бистарист ва дилам аз ҳоли ӯ реш – реш. Ҳар сари чанд вақт ба аёдаташ меравам, вале ин таскинам намедиҳад. Падар барои ҳама азиз аст, вале барои ман азизтарин…“, – мегӯяд бо андуҳ мусоҳибам.
Мебинам дар чеҳраи зебои Дилафрӯз ғам соя меандозад. Чашмони сиёҳу офтобияш обӣ мешаванд. Мехоҳам сухани бамавриде гӯям ва таскинаш диҳам, то ӯро аз ин ҳолат берун кашам. Афсӯс, ки ин дастам намедиҳад. Ӯ худ ба имдодам мерасад.
– Падар маро таҳрик дод, то рӯзноманигор шаваму ба телевизион биоям. Нахустин шуълаи муҳаббатро ба шеър ва қироати он дар қалби ман афрӯхтааст. Ӯ, ки олими риштаи филология буда, аз адабиёти русу тоҷик дониши васеъ дорад, дар дили ман меҳрро нисбат ба каломи бадеъ бедор сохт. Фаромӯш карда наметавонам, ки ӯ як фиттае дошт, ки дар он рубоиёти Хайём дар қироати Маҳмудҷон Воҳидов сабт шуда буд ва мо онро ҳар рӯз гӯш мекардем. Овози шево ва сеҳрноки ровӣ бароям дар кӯдакӣ ошно шуд ва ҳанӯзам дар гӯшам садо медиҳад. Падарам ба мо китоб медод ва назорат мекард, ки онро чӣ гуна аз худ мекунем. Аввалин китобе, ки хондам, „Киштии сафед“ - и Чингиз Айтматов буд. Баъди мутолиаи он, худ ҳарисона китобро ҷустуҷӯ мекардагию мехондагӣ шудам.
– Дар телевизион наттоқ будан чӣ масъулияте дорад?
– Чун телевизион минбари миллист, ҳар корманди он масъулият дорад, вале, ба гумони ман, масъулияти наттоқ бештар асту ӯ касест, ки миллаташро муаррифӣ мекунад. Наттоқи тоҷик бояд чеҳраи тоҷикӣ дошта бошад, то мардуми олам дар симои ӯ тоҷикро бубинад. Вақте дар Ҷопон будам, дар телевизиони давлатии ин кишвар дидам, ки наттоқон ҳама як хел либос доштанд. Либоси миллии ҷопонӣ. Аз он ҷо баргаштам ва аввалин шуда, бо либоси миллии тоҷикӣ, куртаи чакан ба эфир баромадам. Роҳбарият инро писандид ва мо ҳоло бо либоси миллӣ баромад мекунем.
–Солҳои дароз наттоқ будан имкон надорад. Чӣ нақша доред?
– Мехоҳам мактаби наттоқони тоҷикро созмон диҳам.
–Кадоме аз наттоқони тоҷикро эътироф менамоед?
– Рафоат Абдусаломова, Абдурашид Хӯҷамқулов ва Эмомалӣ Тоировро.
– Бисёриҳо дар зиндагӣ шиоре доранд, Шумо чӣ?
–Як гуфтаи зебоеро, ки аз падар шунида будам, шиори худ кардам: „Имрӯз бизӣ, дирӯзро фаромӯш накун ва ба ёди фардо бош“.
– Аз чӣ бештар парҳез мекунед?
–Аз гуфтани дурӯғ.
– Ба чӣ нафрат доред?
– Ба маҳалгароӣ.
– Киро бад мебинед?
– Онеро, ки мавқеъ надорад ва дурӯя аст.
– Идеалатон дар зиндагӣ?
– Падарам.
– Чеҳрае, ки аз ӯ зеботарро надидаед?
– Чеҳраи модарам.
– Ҷавонмарди ҳақиқӣ кадом аст?
– Оне, ки дилаш бо забон ва қавлаш бо амал якест.
– Ҳаст зане, ки ҳеҷ гоҳ зебоияш кам намешавад?
– Бале, оне, ки ҳамеша дар шарму ҳаё оғушта аст.
– Кадом зан аст, ки зебосту ин зебоӣ зоҳир намешавад?
–Ҳамоне, ки шарму ҳаё надорад.
–Шуғли дӯстдошта?
– Китоб хондан ва шеър қироат кардан.
– Хӯроки дӯстдошта?
– Шакароб.
– Китобе, ки аз мутолиааш хеҷ гоҳ сер нашудаед?
– „Доғистони ман“-и Расул Ҳамзатов.
Ин дам ба чеҳраи Дилафрӯз назар меандозам. Дар рухсораҳои ӯ як навъ ранги арғувониро мушоҳида мекунам. Чашмони сиёҳи обияш бо чеҳраи офтобияш мутобиқ афтода, ҳусни зебои ӯро боз ҳам дилкаштар ба ҷилва меоварданд. Гумон мекунам ин ҳолати ӯ ҳамоно нишонест аз иффат, порсоӣ ва шарму ҳаёи занона.
Алихон Зарифӣ