Пайраҳаи тақдир
Ӯ дар ҳучраи корӣ барои вохӯрӣ бо духтароне, ки тавассути Квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, омодагӣ медид. Ҳанӯз мақсадамро накушода, Ҷамила аз он вохӯриамон ёдовар шуда, узр пеш овард, ки он шабу рӯз бинобар ғаму андуҳи вафоти падар ёрои суҳбат надошт.
– То аз ноҳияи Панҷ ба шаҳри Душанбе кӯч бастанамон падарам Зайниддин Ҷамолов, сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ, модарам Хосият Ҷамолова, сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 буданд. Таҳсилро аз синфи 1-ум дар МТМУ №34 пойтахт оғоз намудам, - аз овони кӯдакӣ қисса оғоз кард ӯ. – Айёми наврасӣ дар баробари таҳсили фаъолу иштирок дар корҳои ҷамъиятии мактаб, вақти зиёдро ба мутолиаи адабиёти бадеӣ мегузарондам. Китобхонаҳои оммавӣ, суҳбату маҳфилҳои оилавӣ атрофи илму фарҳанги миллӣ дар ҳаёти рӯзмарра ва интихоби касб таъсири амиқ гузошт. Ҳанӯз аз овони мактабхонӣ бо зодмандонам дар мавзӯи нозукиҳои соҳаи радио, телевизион ва аҳамияту нақши боризи он дар тарбияи маънавии ҷомеа суҳбатҳо мекардем.
Зимни таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамила дар рӯзномаҳои навоҳии Файзободу Нуробод ва „Телевизиони Хатлон“ таҷриба омӯхта, дар мавзӯи „Меҳнати инфиродии рӯзноманигор“ рисолаи дипломӣ ҳимоя кард.
Баъди хатми донишгоҳ аз тарафи декани факултаи филологияи тоҷик Иброҳим Усмонов барои кор ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Бухоро ё барои ҳимояи рисолаи номзадӣ ба кафедраи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики ДМТ пешниҳод гирифт. Аммо аз муҳаббати беандоза ва шавқу рағбати пешаи дӯстдоштааш, аз фаъолият дар риштаи илмӣ даст кашид, то ба идораи радио роҳ ёбад. Ӯ дар Хонаи радио муҳити эъҷозкореро эҳсос мекунад, ки бо ҷазбаи дилнишинаш андешаҳоро дигаргуну қалбҳоро тасхир мекунад. Ба қавли Ҷамила он ҳиссиёти бузургу хурӯшу талотуми тахайюлот, ки лаҳзаҳои дар ин боргоҳи маърифат будан эҳсос мешавад, тасвирнопазир аст.
Дар хонаи муъҷизаҳо
Оғози фаъолияти касбии Ҷамила Ҷамолова ба даврони бедории фикрии мардуми тоҷик, ки дар баробари файзи соҳибистиқлолӣ хатару таҳдидҳои гуногунро дар пай дошт, рост омад. Соҳиби таҳсилоти олӣ шуду бо як ҷаҳон орзуву тахайюлоти рангин ба остонаи Радиои Тоҷикистон қадам гузошт.
- Чун аз соли сеюми таҳсил бо аҳли ин даргоҳи муқаддас ҳамкорӣ дошта, аз мутахассисони варзидаи радиои Тоҷикистон донишу таҷриба андӯхта будам, дар оғози фаъолияти касбӣ мушкили ҷиддӣ пеш намеомад, - нақл мекунад ӯ. - Устодону собиқадорони радио дар баробари мусоидат баҳри такмили донишу малакаи ҷавонон, ба мо заҳмати бештар андӯхтану ҷидду ҷаҳд дар иҷрои вазифаҳои ба уҳдадоштаамонро меомӯхтанд.
Тӯли чаҳоряк аср Ҷамила Ҷамолова дар вазифаҳои муҳаррири хурд, муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррири идораи мазкур донишу малакаи касбии худро сайқал дод.
Он шавқу шӯру эҳсосоти наҷибе, ки лаҳзаҳои нахустини ба Хонаи радио ворид шудан, вуҷудамро фаро гирифта буд, бо гузашти 25 сол заррае кам нагардидааст, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Ҷамила ҳамзамон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз фанни забони модарӣ дарс гуфта, раисии Шӯрои занони ин донишгоҳ ва назорати хобгоҳи духтарони тибқи Квотаи президентӣ таҳсилдоштаро ҳам ба уҳда дорад.
– Шӯрои занони донишгоҳ дар самти баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва фаъолнокии донишҷӯйдухтарон дар корҳои ҷамъиятӣ нақши калидӣ дорад, - мегӯянд маъмурони муассисаи мазкур. Вазифаву ҳадафҳои асосии Шӯрои занони донишгоҳ амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Барои фаъолияти пурсамар дар тайёр намудани мутахассисони баландпояи фарҳангии муҷтамеи агросаноатӣ соли 2011 Ҷамила Ҷамолова бо диплом ва медали тиллои „Ба ифтихори 80-солагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон“ сарфароз гардид.
– Хонаи радио ошёни меҳр асту ҳам меҳвари таҳрикдиҳандаи кору пайкорам дар дигар ҷанбаҳои зиндагӣ, - иброз медорад бонуи фидокор. Ба коргоҳи радио на танҳо ба хотири кору фаъолияти касбӣ, балки барои он меоям, ки ин ҷо хонаи дувуми ман аст. Ин муқаддасгоҳ қалбро рӯшану рӯҳу равонро ором, хастагиро рафъ мекунаду андешаҳоро бедор менамояд.
Аз дастоварду комёбиҳои эҷодиаш мисол оварда, худро хушбахт меҳисобад, ки дар соли 2010 дар қатори 60 нафар фаъолзанони кишвар дар вохӯрии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо занони пешгом иштирок дошт.
„Маърифат“ ва рисолат
– Барномаи „Маърифат“, ки муаллифу барандааш ман ҳастам, 15 сол боз тариқи радиои Тоҷикистон пешкаши шунавандагон мегардад. Ин барнома, ки 8 соли охир ба гунаи зинда пахш мешавад, милоди орзуҳову як ҷузъи ҷудонопазиру мавзӯи зиндагии ман аст. Ҳатто рухсатиҳои меҳнатиро ба охир нарасонида, ба кор мебароям, то барнома аз мавҷ канда нашавад, зеро тавассути он мушкилиҳои зиёди мактабу маориф ва таълими наврасону ҷавонон ҳалли худро меёбанд, - қисса мекунад Ҷамила.
Аз қавли ҳамкорон иртиботи пайвастаи омӯзгорону олимон ва фаъолони қишрҳои гуногуни ҷомеа далели минбари розу ниёзи маорифпарварон ба ҳисоб рафтани барномаи „Маърифат“ аст, ки масъулияташро Ҷамила ба уҳда дорад. Дар соли 2011 ба унвони „Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон“ сарфароз гардиданаш нишони қадрдонии хизматҳояш ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судмандашу саҳмгузориаш дар рушди соҳаи маориф мебошад.
– Соли 2011бароям соли бурду комёбиҳо ва ҳам айёми андӯҳу мусибати бузург буд. Аз як тараф соҳиби чандин ҷоизаву унвон, медалу ифтихорномаҳои касбӣ гардидам, аммо дареғ аз ин ки ҳамон сол падар, такягоҳи маънавиамонро аз даст додем. Рисолаташро қиблагоҳ анҷомёфта ангошту моро видоъ гуфт. Гӯиё ӯ фароҳам буд аз зиндагӣ ва бо дидани комёбиҳои духтараш. Мутаассифона, ба фаҳму дарки панду ҳикматҳои пурмаънои падарон вақте мерасем, ки онҳо нестанд.
Боре зимни як суҳбати хотирмон атрофи мушкили корию афсурдагиҳои зиндагӣ падари азизам гуфта буд: „Духтарам, дилбастаҳо муҳаббатофаранд, на растагор“. Ин суханҳои ибратомӯзи Зайниддин Ҷамолов умре дар хотири духтар нақш баст ва дар шебу фарози рӯзгор онро мисли як ҳадиси роҳнамо зери лаб зам-зама мекунад: „Дилбастаҳо муҳаббатофаранд…“
Ҷ. Усмон