Ба худ меандешам. Аҷаб, ба кам одамоне даст дода, ки дар умри афзун аз навади худ сарвати бебаҳотарини Офаридгор – ҳофизаи қавӣ, пои равон, шунавоӣ ва басирати равшан дошта бошанд. Бавижа, ақли солим ва одамияти олиро. Ва дар ин синну сол боз ба аёдат ё таъзия рафтану ғамшарики дили маҳзун ва дардгири ранҷдидагон будан, далели садоқатест, ки танҳо аз дили бузург бармеояд.
Дар вақти ваъдагӣ вориди ҳавлӣ мешавам. Дар ин ҷо ҳам баҳор нафас мекашад. Набзи баҳор дар рагу шарёни замин сабз дамида, рӯи ҳавлӣ озода ва хуршед гӯё маҳз ба ин як пора манзили одамони хушбахт қасд дорад гармтар зиё резад.
Ӯ рӯйи кати нишаст дароз кашидааст ва баробари шунидани садову саломи ман нимхез мешавад.
– Биё, духтарам. Алейк бар салом. Хуб ҳастӣ?
Бо модар канор гирифта хоҳиш мекунам аз ҷо нахезад. Бар хиҷолати ман, ӯ бархоста қадаме пеш мегузорад.
Гирди дастархон ва як пиёла чойи модар суҳбати чун ҳавои баҳор нарм - нарми дуи мо метасфад.
Ӯро гӯш мекунаму чашм аз чеҳраи нуронӣ ва ҳанӯз ҳам тарҳи ҳусни фариштавораш намеканам. Ӯ бурро - бурро, ба тапишу овои дили ҳанӯз ҳам ҷавони худ гаҳ ба алам, гаҳ ба зарофат, гаҳ ба ифтихору ғурури ҳанӯз ҳам нашикастааш қисса мекунаду парастуи хаёли ман ба дунёи зебову нотакрор ва сеҳрфизои ӯ бол мекушояд. Ва ин дунёро мебинам чун биҳишти орзуҳояш, ки ӯ бо дастони хеш сохтаву аз таровати боғ ва накҳати гулҳои он имрӯз тахти роҳату оромиш дорад. Вориди биҳишти ӯ мешавам…
Ӯ соҳиббиҳишт, ӯ Низорамоҳ аст. Чи туре аберааш Самирҷон мегӯяд, рӯяш чун рухсорааш мисли моҳ аст.
***
Онҳо бо акааш Абдулазиз рустшаваконбозӣ мекарданд. Пушти хонаашон девори кӯҳнае буд як қади одам. Кӯдакон ҳамеша он ҷо бозӣ мекарданд. Ӯ бо духтараки ҳамсоя пушти хоктеппае пинҳон шуд. Нохост овози дилхароши Абдулазиз ӯро як қад паронд
– Ни-зо-ра-моҳ!!!
Хост сӯяш бидавад, духтараки ҳамсоя аз доманаш кашид.
– Хап! Моро мебинанд!
– Э, бест! – доманашро аз дасти дугонааш ба шаст раҳо карда сӯи овоз давид.
Абдулазиз бо шикам ба замин зада буд. Намеҷунбид.
Дар як он хурду калон ба сари Абдулазиз ҷамъ шуданд… Ӯро бардоштанд.
Баъди як ҳафта Абулазизи ҷавонмаргро ба хок супурданд…
Ба захми сӯзони синаи хоҳар захми дигар зам гашт. Ҳанӯз аз ёд набурда буд ӯ марги падари ғамхори 32- солаашро. Онро, ки ҳамагӣ ӯ шаш сол дошту зиндагӣ бори гароне ба китфони кӯчакаш бигзошт. Модар аз субҳ ба кори саҳро мерафт. Абдулазизро ҳамроҳ мегирифт ва тани танҳо мемонд ӯ паҳлуи падар. Бемори ҷогаҳӣ буд падараш. Ӯ ба ақли кӯдакии худ ҳеҷ наметавонист фаҳмидан, ки чаро ягон бор падар ба по намехезад. Як рӯзи маҳшар ин падари нозанинро ба мазори деҳа бурданду дигар барнагашт…
Акнун дунё ба чашмаш тор шуд. Хонаи онҳо дигар бе мард, бе саробон монд.
Ӯ ашки рӯи модари зорро ба алам покиза мекарду мегуфт:
– Модарҷон, гиря накун. Садқаи оби чашмат. Бин, ман ҳастам… ман ба ҷои писарат. Дигар ман ягона писарат мешавам… Қасам ба Худо!
Ва дигар марди ҳақиқии хонадон ӯ, Низорамоҳ буд, чи туре аберааш Самирҷон мегӯяд, рӯяш чун моҳ буд.
***
Гар нафасе нафс ба фармони туст,
Кашф биёвар, ки биҳишт они туст.
Н. Ганҷавӣ
Кафши зиндагӣ дарёфт ӯ. Қадам ба қадам биҳишти орзуҳои худро месохт. Дар биҳишти худ оростааш ҷо дода буд нахуст модар, сипас хоҳаракони худро.
Хешу табор, тағову амакҳо, пирони хирадманди деҳа рӯзе модараш Шарифамоҳро миёнагир карданд.
– Зариф аз Пушёни Поён, ҷавонмарди хубу меҳнатӣ. Ба сари танҳо чӣ кор ҳам мекунӣ? Кӯдаконро дасти падар лозим. Зиндагӣ гаҳ талху гаҳ ширин аст. Хуб фикр кун…
Чӣ ҳам мегуфт модар. Духтаракашро сахт ба оғӯш гирифту оҳ дар гулуяш гираҳ хӯрд. Хомӯш ба тақдири талхи худ гиристу чизе нагуфт. Ягона духтараш Ризвонбибӣ аз шавҳари нахустинаш 12- сола ятим монд. Одинааш ҳам рафт… Ба се кӯдакаш оё ин марди фарзанднадида метавонад падари хуб бошад?
Зариф ба кӯдакони Шарифамоҳ номи худро дод. Падари асилу ғамхор гашт. Худованд ивази меҳрубониву саробонияш беиноят нагузошт, се духтари барнояш дод. Тоҷинисову Зебунисо ва Меҳринисо.
Қадам ба қадам биҳишти орзу месохт ӯ. Дар ин биҳишти худ ҷо дода буд акнун ӯ падарандарро низ, ки афзун аз қиблагоҳи худ медонист, дӯсташ медошт. Зеро ӯ намебуд, шояд Низорамоҳи Зариф ҳам намебуд. Худ, ки дар пояи баланди мақомоти роҳбарии он замона кор мекард, сарнавишти ӯро беҳин навишт. Мактаби деҳа дигар паси хотираҳо монду падараш ӯро ба омӯзишгоҳи педагогии занонаи Душанбе овард. Се сол хонд. Дар ин байн нахустин деҳотидухтар аз Кӯлоби бостон, ҳамроҳи 300 нафар иштирокчиёни тоҷикистонӣ дар Намоиши умумииттифоқии варзишгарон дар шаҳри Москва ҳунару маҳорати худро нишон дода, байни 15 ҷумҳурӣ ҷои дуюмро сазовор гашт. Чӣ ифтихоре буд барояш!
Вақте ба ин муносибат зиёфати калон оростанд, ӯ бори нахуст аъзои Бюрои сиёсӣ Ворошилов, Микоян, Молотов, Будённий ва дигаронро аз наздик дид. Хеле дар ҳаяҷон буд, бавижа, вақте ки худи Сталин ба тоҷикдухтари ҳампаҳлуяш Салтанат Турсунова китоби худ ва як рӯймоли гулобӣ туҳфа намуд.
Баъд, вақте ҳама аз толор мебаромаданд, дар роҳрав буд, ки касе даст ба китфи ӯ гузошт.
– Ту аз куҷоӣ?
Ӯ Сталинро шинохт.
– Аз Тоҷикистон, – ҷавоб дод ӯ бо як ифтихору шодмонии фузун.
Ӯ Низорамоҳ буд, чи туре аберааш Самирҷон мегӯяд, рухсорааш мисли моҳ буд.
***
Ними дунёро гашт. Номи зани тоҷикро ба арш бурд. Дар ҳар қадам бо мардум наздиктар, қаринтар ва муҳибтар, ки мегашт, хонаи меҳри дили пиру барно гирифт. Духтари Шарифамоҳ духтари халқ шуд.
Соли хатми омӯзишгоҳ ба оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад.
Фаъолияташро дар созмони ҷавонон шаҳри Кӯлоб сар кард. Гаҳ дар мактаб буду гаҳ дар саҳро, гаҳ ҷои хобаш курсии куҳнаи корӣ буду гаҳ дар деҳа, як соатак ҳам бошад, рӯи зонуи модар. Ва он ҳангом модар даст ба навозиши духтараки абрӯкамону себрухсораш мебурду мӯйҳои ғулии шонанадидаашро силакунон мегуфт:
– Оҳ духтари пуркораме… Хеле хаста шудӣ… Боз ҳамеша вақт меёбӣ, ки моро хабар гирӣ… Духтари садҷонакма садқа…
Котиби созмони ҷавонони вилояти Кӯлоб, мудири шуъбаи кумитаи ҳизбии вилоят, таҳсил дар Мактаби олии ҳизбӣ, мудири шуъбаи Кумитаи Марказӣ оид ба кор бо занҳо ва ниҳоят вазифаи бағоят масъулиятнок котиби Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон, ки даҳ сол (1956–1966) ба зимма дошт. Ва баъдан ду карат вакили халқ дар Шӯрои Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои зиёд муовини Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.
Адабистони зиндагӣ ӯро дар мактаби бузурге парвард, ки ҳеҷ омӯзгоре наомӯхта. Номи мухтасари ӯ, агарчи Моҳ буд, дар авҷ напарид, ҳамон хоксор буду заминӣ. Ҳамон бомулоҳиза, андешасанҷу оқибатбин ва дурандеш, ки ганҷи Қорун намеписандид. Ҳамон покнафс, асокаши афтодаву бечорагон, ҳамон роздон ва ҳабиби занону модарон, ҳамон меҳмони азизи ҳар хонадон, ҳамон арбоби сахтгири давлатӣ…
На танҳо арбоби давлат, арбоби басират ва арбоби назар, арбоби фазилат ва арбоби вафо буд.
Ӯ соҳибтахту соҳиббиҳишти орзу Низорамоҳ буд, чи туре аберааш Самирҷон мегӯяд, рӯяш чун моҳ буд.
***
Ва ман Моҳеро тасаввур мекунам, ба нури хеш оламе мунаввар карда, як осмон ситорагони рӯшану зебо дар бар ва дар паноҳ дорад. Ман дарахти азими серсояву баргро пеши назар мебинам, ки дар паноҳи сояи муҳаббаташ на танҳо пайвандону ҷигарпораҳояш, балки ҳазорон-ҳазор биншаста…
Ӯ Низорамоҳ аст, чи туре аберааш Самирҷон мегӯяд, рӯяш чун моҳ асту дуои ӯ ба шумо чунин:
– Хотиратон осуда, дастархонатон пур аз неъмат, танатон орӣ аз дард, чароғатон равшан ва дарахти умратон пурсамар бод!
САБРИН