03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАСТУРА ЗИКРИЛЛОЕВА: «ДАР ҶАВОНӢ ТО ТАВОНӢ САЪЙ КУН…»

Гирди ҳамин мавзӯъ суҳбате оростем бо Мастура Зикриллоева, муаллимаи фанни таърихи мактаби таҳсилоти умумии рақами 12-и ноҳияи Ҳисор.

- Мастура, ту ҳоло, ки ҷавон ҳастӣ чӣ нигоҳе ба имрӯзи ҳамсолонат дорӣ? Аз диди ту ҷавонони замони муосир талош барои пешравии ояндаашон доранд?

- Мехостам андешаҳоямро сари ин мавзӯъ бо ҳамин мисраъҳо оғоз кунам:

Ҳар беша гумон мабар, ки холист,

Шояд, ки паланг хуфта бошад.

 

Бале, воқеан, имрӯз машоми ман аз гулбоғи айёми зиндагӣ, яъне ҶАВОНӢ накҳатбор аст ва андешаву хаёлат танҳо сӯи ҳаёти ҷавонон равон мебошад. Ба зиндагиномаи намунавии бархе аз бузургон, ин ҷо дар назар дорам бонувони фаъоли имрӯзу гузаштаро, низ таваҷҷуҳам зиёд аст ва онҳоро барои худ идеал хондаам. Индира Гандӣ, Беназир Бҳутто аз зумраи бонувони дӯстдоштании мананд, ки дар ҳаёт барои беҳбудии мардуми кишварашон талошҳо кардаанду муваффақ ҳам омадаанд. Ва бояд гуфт, ки ҳамеша дар ҳалқаи ҷавону наврасон қарор дорам ва нисбати ҳаёти фаъолбонувон метавонам андешаҳои зиёде баён намоям. Ғайр аз он ки дар мактаб ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунам, инчунин роҳбарии созмони талабагони ин муассисаи таълимиро бар дӯш дорам. Дар ҳар вохӯрию ҷамъомадҳое, ки бо хонандагон мегузаронам, дар ҷараёни он аз мушкилоти эшон пурсон мешавам. Аз ҳадафу ниятҳояшон огоҳ мегардам. Аз гуфтугӯ бо ҷавонону наврасон бармеояд, ки онҳо ба ояндаашон диди нек доранд ва аз он дастовардҳое низ интизор ҳастанд. Кӯшишу талошҳояшон барои омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва техникаи замонавӣ хеле зиёд аст. Ҷавононро дастгирӣ мебояд, то онҳо тавонанд дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кунанд. Агар аз хусуси хонандагони камзавқу белаёқат гӯем, ангуштшуморанд. Новобаста аз вазъи хуби молиявии хонаводаашон аксарашон дар таҳсили илм коҳилӣ мекунанд.

- Яъне, дар оянда барои муваффақ шудани фарзанд бояд вазъи молии хонавода хуб бошад?

- Ба фикрам вазъи иқтисодии оила барои амалӣ шудани орзуҳои фарзандони хонавода нақши муҳимро мебозад. Фарз кардем, як духтаракеро медонам, ки барои ҳуҷҷатсупорӣ ба Маркази тестӣ 200 сомон пайдо карда натавонист. Ҳадафи вай боре санҷидани донишаш буд. Гарчанде орзуи донишҷӯ шуданро дошт, вале медонист, ки буҷаи оилаашон хароб асту барои таҳсил маблағ надоранд. Агар хонандаи беҳтарин ё мутахассиси хуб аз ҷониби атрофиён, роҳбарон, ё волидон дастгирӣ медид, албатта дар ҷомеа мавқеи худро пайдо мекард. Бо нигоҳи тамасхуру нописандона ва хусумати атрофиён чӣ гуна метавонад як ҷавоне, ки ба кӯмаку роҳбалад ниёз дорад, дар оянда муваффақ шавад?

- Аз рӯи шунидам ту ҳанӯз донишҷӯ ҳастӣ ва албатта, дар ин маврид бояд аз пайи аз бар намудани барномаҳои таълимӣ бошӣ, таҳсил ва ҳамзамон фаъолияти омӯзгорӣ бароят мушкилӣ эҷод намекунад?

- Ман дар Коллеҷи омӯзгории ноҳияамон дар бахши ғоибонаи факултаи таърих ва ҳуқуқ таҳсил мекунам ва ҳамзамон аз рӯи ихтисоси интихобнамудаам дар мактаби деҳа ба хонандагон дарс мегӯям. Фикр мекунам, ки омӯзгорӣ ба таҳсили ман халал ворид намекунад. Баръакс, ҳангоми дарсгузарӣ аз адабиёти вобаста ба ихтисосам бештар истифода мебарам ва ин бозомӯзию такрор намудан барои хуб шудани савияи донишам кӯмак менамояд.

- Нияти давом додани таҳсилатро дорӣ?

- Бале, чун имкон даст дод, албатта, таҳсиламро давом хоҳам дод. Магар ҳаст нафаре, ки орзуи шомил шудан ба мактаби олиро надошта бошад? Азбаски фанни таърихро дӯст медорам, ният дорам, ки дар ин ришта дар Донишгоҳи миллӣ таҳсиламро давом диҳам ва савияи донишамро боло бурда, ва соҳиби таҳсилоти олӣ шавам. Дар мавриди таҳсил дар мактаби олӣ метавонам аз устодони пуртаҷриба нозукиҳои касби омӯзгориро дар самти таърихшиносӣ хубтар аз худ кунам ва дар оянда чун омӯзгори шинохта дар ҷомеа муаррифӣ шавам.

- Ташаккур, умедворем, ки муваффақ мешавӣ.

                                                                                            

Қутбияи Неъматулло

:.  Чеҳра 26.02.2016 04:20 2177

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz