03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БО ТАШАББУСИ САДОРАТ

-Ман аз ҳунари омухтаам розиям, -мегӯяд Садорат Шарифова,- зеро он натанҳо ману хонаводаи маро, балки шумори зиёди занҳои Ҳойитро мехӯронаду мепӯшонад. Ба қавли бонуи соҳибҳунар зиёда аз 500 нафар духтарону занҳои ноҳияи минтақаи Рашт, хусусан ҷамоати Ҳойит  аз  Садоратбону пешаи хайётиро фаро гирифта, аксарашон маҳз дар дӯкони ӯ фаъолият кардаанд. Маҳсули дастони чеварони Садоратро дар бозору мағозаҳои Рашт дидан мумкин аст. Шогирдони ӯ аз уҳдаи дӯхтани ҳама гуна намуди либос  мебароянд. Соли гузашта маҳсули  сехҳои  дӯзандагӣ ба тавачҷуҳи директорони мактабҳо вогузор шуд, то барои мактаббачаҳо либоси махсус фармоиш диҳанд. Миёни садҳо намуд либос пӯшинаҳои духтаи  шогирдони Садоратбону баҳои баланд гирифт  ва интихоби худро ёфт. Тобистону тирамоҳ сехи дӯзандагии ӯ пурра ба таҳияи либоси махсуси   мактабӣ банд шуд, ки аз ин ҳисоб зиндагии чеварон     рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Зеро маоши ҳар нафар дӯзанда на камтар аз 1500 сомониро ташкил дод. Садоратбону Шарифова ҳини суҳбат як нуктаро басо бо хурсандии модарона  ёдовар шуд, ки аксари чеварони ӯ маҳз дар ҳамин коргоҳаш бахти ояндаи худро ёфтаанд.  

–Писарон барои фармоиши либос  омада, ба  зебосанамҳои ман ошиқ мешаванд,- гуфт  Садорат ва афзуд,-  албатта ҳар кадоми онҳо розигии мани устодашонро мепурсанд. Воқеан,  Садорат дар тӯли  солҳои кориаш дар сехи дӯзандагӣ ба ҳайси роҳбар  чеварони зиёдро ба зиндагии мустақил  гусел намуд, ки ҳамаи онҳо имрӯз зиндагии хушу  хуррам  доранд. Ва ҳар кадомашон  гаҳу ногаҳ ба коргоҳи аввалини хеш даромада, аз чеварону устоди сахтгиру меҳрубонашон аҳволпурсӣ мекунанд .

Соҳибкори муваффақ Садоратбону Шарифова  ният дорад, ки коргоҳу  майдони фаъолияташро васеъ ва шумори кормандонашро биафзояд. Бо ин нияти нек ӯ тадбирҳои муҳим ва андешаи солиме ба сар дорад.

 

Ораз
:.  Чеҳра 24.02.2016 06:40 1868

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz