Бо суруди ишқ дар тоблӯи муҳаббат мазомини меҳр, адл, дониш, ишқ, насир ва авҷпарро рангкорӣ мекарданд. «Рангкорон» ба хулосае омаданд ин ҳама мазмунро, ки дар «тоблӯ»-и як нексиришт ҷой дода буданд, номгузорӣ кунанд. Эшон ба андеша фурӯ рафтанд. Ниҳоят яке аз онҳо номи МАДИНА-ро ба забон овард, ки ҳама бо ишораи розигӣ сар ҷунбонданд. Номи тифл шуд Мадина…
Нахустин ёддошт…
Даҳ сол пеш дар дафтари ёддоштҳоям чунин навишта будам, – мегӯяд Мадина:
– Имрӯз аввалин бор аз зери қаноти падару модар берун шуда, ба шаҳр омадам, олами зебо, олами тамоман бегона маро хушнудона пешвоз гирифт. Намедонам ба он чӣ гуна муносибат кунам. Ман ин зебойии беинтиҳоро дӯст медорам. Дар ин шаҳр ҳама ҷавону хушбахтанд»…
Ин ёддошти як ҷавондухтари деҳотие буд, ки баъд аз се карата ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ дар риштаи забон ва адабиёт гардиданаш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба риштаи рӯзноманигорӣ шомил гардид.
– Маҳз модарам буд, ки аввалин қадаҳи забон ва адабиёти тоҷикро бароям нӯшонид, зеро худ омӯзгори ин фан буд ва либоси муҳаббат ба касби рӯзноманигориро дар қалбам пӯшони. Инак, ҳарири муҳаббати фарзандии худро ба ӯ мепӯшонам, мехоҳам шаҳди шарбати ишқи модариро, «кимёи футуҳ»-и дунёст, бинӯшад. Хайринисо Юсуфӣ дувумин шахсе буд дар осмони сарнавишти ман, чун бадри мунире дурахшид. Ва ин ду маро ба ин гулистон раҳнамоӣ карданд, ки имрӯз зеботарин ситораи сипосро баҳри ҳама талошҳои беназирашон дар осмони пурмеҳрашон меовезам.
Ҳарчанд худи ӯ мехост ҳунарманди театр бошаду нақш офарад, то ба равони мардум таъсир расонад, тамошобинро аз танҳоӣ раҳо кунад, ба ғаму андӯҳашон шодиву сурур бахшад, аз бедардиву коҳилӣ раҳонадашон, то ба қуллаҳои мурод, аммо тақдир ӯро ба дигар самт бурд. Ин ду ҳамсафари роҳи тақдираш ӯро бар дигар самт бурданд. Дар ин ҳол, гӯиё бо тақдир дар ситеза мешуд, бо худ ва бе худ бо ӯ ҷидол мекард. Ниҳоят, мағлуб мешуду ба худ иқрор мекард: «Ту он қуввае ҳастӣ, ки маро дар ҳар нафас мекушӣ ва ба ин боз дилбардориям мекунию умедам мебахшӣ. Мани таслимшуда қуввае надорам, ки бо ту мубориза барам, баръакс, шоду хушнудам, ки ту аз ман зӯртару тавонотарӣ, ту ҳокиму хоҷаи манӣ, эй тақдир!». Шояд аз ин «садоҳои соягуни андешааш» лабханд мезад.
Дарси аввал…
Ҳама пешрафтҳои маънавию моддии башар реша дар тарбияти афроде доранд, ки аз манбаи зулоли имон, маърифати устод сероб мешаванд. Маҳз дар курсии донишҷӯӣ аз ҳунару балоғати касбии устодон ҳар фарди огоҳдил шуури зиндагӣ, дарки ҳастӣ, тадбири кору пайкори хешро дарёб мекунад. Мадина аз дарси аввали донишгоҳ ба касби душвору пурмасъулияти рӯзноманигорӣ меҳр баст. Дар ин боргоҳи пурфайз устодони закитабъу донишвар, чун Б. Камолиддинов, А. Саъдуллоев, Н. Нуралиев, Ҳ.Маҷидов, С. Гулов, Ҷ. Раҳмонова ва даҳҳо тани дигар ба шогирдон нозукиву масъулияти ин касбо меомӯзонанд. -Қисмат маро ба ин боргоҳ овард ва аз мактаби ҳаркадоми устодон сабақ гирифтам. Аз Худо шукрона мекунам, ки маро шогирди марди хирад, фозилу пуркор Баҳрдиддин Камолиддинов гардонд ва меболам, ки чунин бахт насибам гардид, -мегӯяд Мадина.
Лаҳзаи хотирмон…
20 июли соли 2008 баъди суханронии С. Одинаев, ректори вақти ДМТ: «Бекназарова Мадина, барандаи ансамбли «Наврӯз»-и донишгоҳ, ғолиби чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо дипломи аъло сарфароз гардонида шуд». Мавҷи қарсакҳо ӯро ба толор мебарад. Аз шодӣ ашк мерезад. Ҳанӯз бовар надорад, ки донишгоҳро хатм намудааст. Гӯиё дирӯз омада буд. Ба андеша фурӯ меравад: «Қонуни табиати зиндагӣ берун аз хоҳиши касе амал намекардааст. Мо, инсонҳо, пойбанди ин қонунем. Зеро мо як зарраи табиат будаем, ки танҳо аз рӯи қонунҳои ӯ амал мекардаем. Мо танҳо қодир ба тағйир додани қонунҳои ҷамъияти худ ҳастему халос, яъне мо дар чаҳорчӯбаи қонуни табиии худ умр ба сар мебурдаем». Баъди ин гуна андешаҳо ба худ иқрор кард, ки панҷ соли даврони тиллоиро паси сар намудааст.
Парвози аввал…
Сирҳое ҳастанд, ки дар ин оинаҳо намеғунҷанд. Онҳо бузурганд ва танҳо мо дар сояи онҳо якдигарро мебинем…
– Ман худро бахтёр меҳисобам, -мегӯяд Мадина, зеро муддате устодони сахтгиру мушфиқ, амсоли Дилором Раҳимова, Шаҳло Насриддинова, Абдуқодири Абдуқаҳҳор ва чандин тан аз рӯзноманигорони шинохтаи кишвар дар идораи «Пайванд»-и шабакаи аввали телевизион нозукиҳои касби рӯзноманигориро дар амал омӯзониданд. Баъди хатми донишгоҳ дар барномаи «Пайванд» ба ҳайси муҳаррири хурд ба кор пардохтам. Аз барандаи «Субҳ» то наттоқи шуъбаи ахбор кор кардам. Яксола фаъолият дар ин боргоҳи ҳунар баробари даҳсола таҳсил буд. Ман аз ин маскан қадри сухан, нозукии нутқ, шевоии гуфторро бардоштам. Дар баробари ин «чаҳорчӯбаи телевизион тангӣ кард», ҳуҷҷатҳоямро ба аспирантураи ДМТ супурдам. Алҳол сармутахассиси бахши хобгоҳҳои ДМТ-ро ба зимма дорам.
Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест…
Ҳанӯз айёми мактабхонӣ Мадина дар дил як орзу мепарвард: «Ба дарду ғами мардум шодиву сурур бахшад». Ин «дард» ӯро маҷбур сохт, то аз авҷи шуҳрат дар паси оинаи нилгун худро канор гирад. Ин «дард» дар даврони донишҷӯйиаш шиддат ёфт. Иҷоранишинӣ, дар такопӯву талошҳои донишҷӯён барои хобгоҳ ва ин ҳамаро дида орзу мекард, рӯзе расаду як сари мӯй ҳам барои толибилмон кӯмаке карда бошад. Ниҳоят, ба орзуяш расид. Имрӯз ҳазорҳо нафар донишҷӯёну аспирантонро дастгирӣ мекунад, зеро сармутахассиси бахши хобгоҳҳои ДМТ-ро ба уҳда дорад.
Шояд ин ҳама сифот дар замири як ҷавондухтар барои хонанда муболиға намоянд. Аммо ин ҳама як ҷузъи сифоти Мадинаанд. Ва ё, ба қавли Хоҷаи Шероз: «Қабули хотиру лутфи сухан Худодод аст». Ҳарчанд имрӯз бисёриҳо ба кори илмӣ машғуланду рӯз аз рӯз сафи бонувони олими мо меафзояд, олимӣ коре ҳар кас нест. Олим будан барои Мадина сарои муҳаббате аст, ки аз он лаззат мебарад.
– Дар айёми донишҷӯйӣ, бархе устодонро бо унвони илмияшон ном мегирифтем, яъне унвони илмиро ба ақл дармеёфтем, имрӯз ба рӯҳи худ таҷриба мекунам. Орзу мекардам азамати илмро ба ҳама ҷилваҳояш бубинам ва бо диди худ зебоиҳои ҳунари таҷассумёфтаро шоҳид бошам. То ба имрӯз ба хулосае омадам, ки ҳар фарде дар роҳи илм муваффақ аст. Чашми рӯҳро дар баробари хуршед мекушояд. Ин орзу ҳанӯз айёми донишҷӯи дар ҷонам шӯъла афрӯхта буд ва то имрӯз қатраҳои шодӣ дар ҷонам мерезанд.
Варзиш васила барои ҳимоя…
Дар баробари омӯзиши илм Мадина дар риштаи таэквандо тамрин мекунад. Ба андешаи ӯ варзиш на танҳо барои солимии ҷисму рӯҳ фоида меорад, балки барои истиқлолии фикрии ҳар шахс зарур аст.
– Мо, ки дар шукуфарези боғи Истиқлол умр ба сар мебарем, имрӯз толорҳои варзишӣ муҳайёанд ва мураббиҳои баркамол тамрин медиҳанд. Ва, фикр мекунам, таэквандо барои бонувон яке аз беҳтарин намуди варзиш аст. Вақте ояндаи кишвар ба дасти ҷавонон аст, ҷавонони солим метавонанд ҷомеаро пеш баранд. Аз ин рӯ, худу ҷомеаи хешро солим нигоҳ доштанро қарзи ҳар шаҳрванди кишвар медонам.
Зиндагӣ аз нигоҳи…
– Зиндагӣ ашку лабхандест, ки гаҳе механдиву гаҳе мегирйӣ. Ва ё «дасти пинҳонест, ки пӯстро мешикофад, то ҷавҳари ҳастиро бирӯёнад. Зиндагӣ ин нерӯе аст, ки донаҳои гулро ба дарахт мубаддал мекунад,- мегӯяд Мадина Бекназарова, ки ҳоло дар арафаи ҳимояи кори илмӣ қарор дорад. Ба ӯ дар ин ҷода муваффақият таманно дорем…
Бузургмеҳр