Базе аз модарон дар ҷомеаи мо зиндагии арзанда ва омӯзандае доранд. Ба гуфтаи модари хушбахти хуштолеъ бибии 84-сола Шарифа Ятимова, солҳои охир зиндагии мардум хеле осуда гаштааст. Шарифахола соҳиби нӯҳ фарзанди баркамол буда дар тарбияи онҳо хизмати босазое намудааст. Ӯ солҳои ҷавонии худро ба хотир оварда мегӯяд: Ҳамагӣ 16- сола будаму аз модар ятим мондам. Падарам инсони тақводор буду дар оила кушиш мекард, ки бо кадом роҳе набошад, тарбияи маро дуруст ба роҳ монад. Он солҳо духтаронро аз сину сол барвақттар ба шавҳар медоданд. Маро низ дар 16-солагӣ ба шавҳар доданд. Шавҳарам низ яккаписар буд ва дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекард. Хусуру хуштоманам одамони хубе буданд. Дар бистсолагӣ соҳиби писар шудем. Он солҳо зидагӣ хеле мушкил буд. Дар хонаи хушдоман тамоми кори хонаро ба сомон мерасонидаму боз субҳи барвақт кӯдаки ҳаштмоҳаамро гирифта ба кори колхоз мерафтам . Либоси хубе набуд, ки дар бар намоем. Дар ҳавои гарми тобистон барои кӯдакам овлечак мекардаму ӯро дар зери дарахт хоб мехобондаму худ дарави ғалла мекардам. Кушиш мекардам, ки ба дили волидайни шавҳарам роҳ ёбам ва боиси асабонӣ шудани хонавода нагардам.
Модари азиз! Шумо як зани рӯзгордида, солҳои пеш иди наврӯзро бо ҳамсояҳо чӣ гуна пешвоз мегирифтед?
Аз қадим аз бобою бибиҳои мо мондагӣ ҷашн гирифтани иди Наврӯз. мо як гуруҳ занон он солҳо бо маслиҳати занони калонсоли деҳа дар як хона ё масҷиди деҳа ҳар як нафар мувофиқи дороиаш, нахӯд, лубиё,гандум, ягон моли майда гирифта дар якҷоягӣ гандумкӯча, далда ё дар баъзе ҷойҳо кашк ҳам мегӯянд, ба деги калон шуста аз шаб оташ дар мегирондем. Як ҳафта пеш бо ҳасояҳо маслиҳат карда ҳар яке аз гандум суманак мемондем. Ҳар яке дар гирди деги суманак суруд мехонду шеър мегуфт. Хуллас, ҳар яке ормону орзуҳои худро дар рӯзи Наврӯз аз яздони пок талаб мекард.
Бо омадани ҷашни Наврӯз ҳар як зан кушиш мекард, ки аввал хонаю дари худро ба тартиб орад. Он солҳо ин ҷевону курсӣ ва қолинҳои зебо набуданд. Бо ҷорӯби калон дару девори хонаро тоза мекарданд. Ва бо хоки сафедхок хонаҳоро сафед мекарданд. Ашёи бисёр ҳам набуд. Занон куртаҳои чакан, гулдӯзӣ ё атлас, ки аз қадим маъмул буд, бо руймолчаҳои ғиҷим ё чоргул ба сар овехта ба сайргоҳ мебаромаданд. Мардон бошанд, ҷомаҳои алоча ё ҷелакҳои тик бо миёнбанду сала пушида ба кӯча мебаромаданд.
Гап дар либос ҳам не, балки дар дӯстию рафоқат аст. Дар хонае, ки беморе буд, ҳатман аҳли ҳамсояҳо аз ҳолу аҳволаш хабардорӣ менамуданд.
- Ба андешаи Шумо имрӯзҳо ҳасоядорӣ дор ҷомеа чӣ гунна аст?
Гумон мекунам, ки чун пештара хуб аст, як андеша гоҳо маро ба худ мебарад. Чаро имрӯзҳо бештари ҷавонон дил ба молу сарват бастаанд. Ҳар яке мохоҳанд хонаи хубу мошини бодабдаба дошта бошанд. Аммо аз ҳоли як бемору як касалманд кам мепурсанд. Солҳои пеш ҳеҷ чиз набуд, камбуди ғизо зиёд буд, аммо меҳру муҳаббат нисбат ба бародару хешу табор буд.
- Модари азиз, мо медонем, ки Шумо дар тарбияи фарзандон заҳмати зиёд кашидаеду соҳиби обрӯ ҳастед. Чӣ асрори ниҳоне буд, ки роҳи дурусти зиндагӣ ба фарзандони Шумо насиб гашт.
Дар 84 соли зиндагӣ пеш аз ҳама зиндагиро аз хушДоманам Худо ҷояш ҷаннат бошад (Шамсия) омухтаам. Дар тарбияи фарзандон шавҳарам Акрам Ятимов (Худо раҳматаш кунад) саҳми асосӣ доранд. Ӯ худ омӯзгор буд. Дар муҳити хона як инсони самимӣ буд. Се сол пеш аз дунё гузашт. Вале лаҳзаҳое, ки дар оила бо фарзандон буд, хотирмон буданд. Барои соҳиби илми олӣ шудани 6 писару 3 духтар тарбияи хуб лозим буд. Ӯ чун падари сахтгир вазифаашро иҷро кард ва имрӯз ба ҳар як фарзандаш нигариста ниҳонӣ ашк мерезад. Фарзанди калониаш Ғаюрбекҷон баъди таҳсили мактаби олӣ солҳост, ки дар таълиму тарбияи фарзандони диёр фаъолият доранд. Ҳотамҷон полковники милитсия дар Вазорати корҳои дохилӣ хизмат карда истодааст. Зиёратшоҳ муовини авали Раиси ноҳияи Файзобод аст. Ҳамдамҷон дар кишвари Руссия фаъолият дорад. Абдуғафор низ ба ҳайси омӯзгор дар ОКТ-и № 24 фаъолият дорад. Духтаронаш Фаризаю Лутфия ва Назира ҳар яке баъди хатми мактабҳои олӣ ба ҳайси омӯзгор фаъолият доранд. Соҳиби зиёда аз 50-набера ва 20 абера ҳастам.
Бо кенҷаписарам Баҳодурҷон зиндагӣ дорам баъзан шӯхиомез фарзандон мегӯянд: «Шумо очаи Баҳодур ҳастед.»
Дар он кулбае, ки шодию ғам, барору нобарори ва ҳамаи ташвиши рӯзгорро бо пирракиам дидаам то абад зиндагӣ мекунам.
- Модари азиз, Шумо ҳамчун модари рӯзгордида ба ҷавонон чӣ таманное доред?
Ба кулли хонандагони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», ки оинаи рӯзгори ҳар як зани тоҷик аст, рӯзгори хубу ояндаи некро хоҳонам. Бигузор, дар зери ливои истиқлолият зиндагии занон аз пештара дида боз ҳам назаррастар гардад. Ҳар сол чӣ қадар навгониҳо тавасути оинаи нилгун дар ҷумҳурӣ дида мешавад ва албатта, ҳамаи ин бо эҳдои раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аҳсан ба он модаре, ки чунин фарзанд тарбия намудааст.
Зебо Давлатова