Дар назари аввал гӯиё дигар дар ин мавзуъ ҳарфи наве гуфтан имкон надорад, аммо вақте қурбониҳо, азхудгузаштанҳо ва заҳамоти шаборӯзии модаронро мебинему боз ҳам сари он меандешем, ки назди онҳо ҳанӯз ҳам қарздорем ва бояд дар иртибот ба муҳаббати бекарон ва қалби саршор аз меҳрашон бигӯем ва бинависем.
Қаҳрамони навбатии ман шахсест, ки ҷонишини шахсии „ман“-ро солҳо боз фаромӯш кардааст. Ӯ барои фарзандон зиндагӣ дорад, барои онҳо талош менамояд ва ниҳоят, барои онҳо нафас мегирад.
Чашмони рӯшан
Бо амри тасодуф бо ин бону ошно шудам. Аз лаҳзаи нахуст эҳсос намудам, ки дили бузурге дораду онро ба пурагӣ ба фарзандонаш бахшидааст. Вақте дар бораи яке аз онҳо ҳарф мезанад, дар симояш меҳр ҷиддиятро иваз мекунад. Чашмонаш рӯшан мешаванду садояш нарм мегардад. Ба умқи чашмони мусоҳиб менигарад ва нохоста ӯро дар дарёи пуртуғёни меҳру муҳаббат ғарқ месозад. Чӣ лаззат дорад нигаристан ба чашмони ӯ дар ин лаҳзаҳо ва шунидани садои нарму пур аз меҳраш!
Зевар Бурҳонова соли 1948 дар деҳаи Қамишқӯрғони ноҳияи Ашт, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Падараш Бурҳониддин Муҳаммадиев фориғултаҳсили дорулфунуни Самарқанд буда, дар тарбия ва парвариши ӯ саҳми муҳим дорад. Падар дар синни 16-солагӣ Зеварро ба шаҳри Душанбе овард ва ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи тиббӣ супурд. Баъд аз чанд соли таҳсил бо тақозои зодмандон ба шавҳар баромад. Ҳамсараш Шарифҷон Турсуматов ҳанӯз донишҷӯ буд ва оилаи ҷавон бояд аз имтиҳони сахти ҳаёт ва оиладорӣ мегузашт. Он солҳоро ба ёд оварда, мусоҳибам чунин мегӯяд: „Барои ду нафар донишҷӯ таъмини рӯзгор чандон осон набуд, аммо мекӯшидам вақти баргаштани ҳамсарам ӯро ба чеҳраи кушод, лабони пурханда ва дастархони ороста пешвоз гирам. Азбаски модар кадбонуи хуб буд, бисёр чизҳоро аз вай омӯхтам. Баъдан, суханони падар ҳама вақт дар ёдам буд, ки мегуфтанд: „ Кадбонуи хуб аз як дона гандум чалпак мепазад“. Баъд аз хатми донишгоҳ шавҳарам шомили аспирантура шуданду масъулияти ман бештар гардид“.
Мужда
Дар оилаи шавҳар давоми се насл писар таваллуд мешуду онҳо духтарро интизор буданд. Се фарзанди аввали Зевар низ писар таваллуд шуданд. Дилаш хеле мехост шавҳару волидони ӯро бо зодани духтаре хушҳол созад. Солҳо гузаштанд ва ниҳоят…духтаре ба дунё овард шабеҳи фаришта. Хушбахтии пайвандони шавҳар канор надошт. Зеварро табрик мегуфтанду мебӯсиданд. Тифлро Зарина ном ниҳоданд. Зарина қадами накӯ дошт, зеро чанд сол баъд Таҳмина ба дунё омаду сари падар ба осмон расид.
Дар урфият мегӯянд, ки пешрафти кори шавҳар аз бонуи хона вобаста аст. Дурустии ин гуфтаҳоро ҳаёт борҳо исбот намудааст. Шарифҷон Турсуматов дар бахши иқтисод кори илмӣ анҷом медоду фарзандонаш Шавкат, Фурқат, Хуршед, Зарина ва Таҳмина дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ намекашиданд, зеро дар парвариши модаре қарор доштанд, ки бо дониши динӣ ва тиббӣ муҷаҳҳаз буду қалбе пур аз муҳаббат дошт. Зевар Бурҳонова аз қабили модаронест, ки хастагиву оромиро қабул надоранд. Барои онҳо пешрафти кори шавҳар, тарбияи арзандаи фарзандон, хонаи обод ва хушбахтии пайвандон ҳамеша дар ҷойи аввал қарор дорад. Зарина даврони донишҷӯйии худро ба ёд оварда мегӯяд: „Аз дарс ба хона бармегаштаму модарро сари кор медидам. Шабона то дер китоб мехондаму модар пайи корҳои хона буданд. Вақте субҳи содиқ аз хоб мехестам, субҳонаро тайёру дастархонро ороста медидам. Бароям муаммо буд, ки модар кай хоб мераванду чӣ гуна хастагии худро рафъ месозанд“.
Фоҷиа ва ирода
Мегӯянд, ки Офаранда ашхоси пазируфтаашро аз имтиҳонҳои сангинтарини ҳаёт мегузаронад. Мусоҳиби ман низ истисно нашуд. Такягоҳи хона, шавҳари дӯстдоштааш дар синни 45-солагӣ дунёро падруд гуфт ва дили ӯро хунин кард. Новобаста ба ҳама мушкилот ӯ худро ба даст гирифт. „Тарбияи падар ва таҳсил дар омӯзишгоҳ мададгору раҳнамои ман шуданд. Тасмим гирифтам, ба ҷойи ду нафар қарзи зодмандиро адо кунам. Бароям муҳим маълумоти олӣ гирифтану ба по хестани фарзандон буд. Илова бар ин, онҳо дар пайи падар рафтаву хондану омӯхтанро дӯст медоштанд. Зарина ҳанӯз дар хурдӣ мегуфт, ки мисли падар олим хоҳад шуд, бинобар ин ба навбат мактабро хатм менамуданду ба донишгоҳ мерафтанд. Писари калониям Шавкат вақте дарк намуд, ки бори шонаҳоям вазнин шудааст, ба шуъбаи ғоибона гузашту ба кор даромад, то маро ёрӣ расонад“.
Ба доро муборак…
„Агар доро либоси нав пӯшад, мардум ӯро табрик мекунанд, агар нодор либоси нав ба бар созад, мепурсанд, ки аз куҷо ёфтӣ? Агар духтари падардор дар хиёбон ё донишгоҳ бо писаре суҳбат намояд, мегӯянд, ки ҷуфти муносибанд. Агар ятимдухтаре бо ҷавоне ҳамсуҳбат шавад, мардум мегӯяд, ки ин иллати бепадарӣ аст. Аз ҳамин ҷиҳат дар тарбияи духтарон масъулияти сангине бар дӯшам буд. Метарсидам, ки мабодо рӯзе дар нисбати духтарони ман чунин суханон нагӯянд. Рӯзе амаки онҳо аз вилояти Суғд ба Душанбе омада, ба донишгоҳ меравад ва бо устодон ҳамсуҳбат мешавад. Вақте ӯ ба хона омада, дар бораи рафтори ҳамида доштани Заринаю Таҳмина гап зад ва сипоси устодонро ба ман расонд, аз хушбахтӣ гиря кардам ва дар дил шукр ба Худо мегуфтам, ки онҳо боодобу накӯрафтор ба воя расидаанд“, – ёдовар мешавад мусоҳибам даврони донишҷӯйии духтаронашро ба хотир овард.
Баракат
Дар баробари имтиҳонҳои сангин Офаранда подош низ медиҳад. Имрӯз фарзандони Зевар соҳибмаълумоту худкифоянд. Ҳама оиладор, дар зиндагӣ мавқеи худро ёфтаанд. Модарро дӯст медоранд, нозашро мехаранд. Вақти анҷоми коре дуои модар мегиранду ба ӯ сипос мегӯянд. Зарина дар қавли худ устувор монд ва дар илми нанотехнология пажуҳиш анҷом дод. Рисолати модарӣ ба масъулияти дигар табдил ёфт, тарбияи набераҳо.
Барои таъмини рӯзгор фарзандон тасмим гирифтанд ба Русия раванд. Модар, ки аз муаммоҳои ҳаёт огоҳ буд, ба онҳо маслиҳат дод зану фарзандони худро ҳамроҳ бигиранд. То мушкили ҳаёт рӯйи шонаҳои ҳамсарону фарзандон қарор нагирад. Ба онҳо гуфт, рӯзҳое буданд, ки каме биринҷро бо пиёзу об меҷӯшонду онро бо ҳам мехӯрданд, вале хушбахт буданд. Агар онҳо бо ҳам бошанд, мушкилии муҳоҷиратро ба осонӣ пушти сар хоҳанд кард.
Арзи сипос
Анҷоми ин кор мушкилиҳо дар пай дошт, аммо писарон ҳарфи модарро пазируфтанд. Чанде нагузашт, ки рӯзе аз Русия ба бибӣ занг заданд. Муаллимаи набераҳо аз он тарафи гӯшӣ ба ӯ барои тарбияи набераҳои ҳушманду доно ва хушахлоқ сипос мегуфту дар ин тараф, аз шунидани чунин ҳарфҳо ашки чашмони бибӣ беихтиёр рӯйи рухсораҳо мерехт. Ашки шодӣ ва хушбахтӣ…
Се омил
Дар мавриди коҳиш ёфтани рафтори ҷавонон Зевар Бурҳонова аз се омил ёдовар мегардад. Ба андешаи ӯ мардуми мо аз назари пешрафти маънавиёт ва фарогирии илми муосир ба таҳаввулоти ҷиддӣ омодагӣ надошт. Фарзандонамон ба ибораи дигар, гӯиё аз сохти феодалӣ якбора ба коммунизм қадам гузоштанд. Онҳо Интернет ва моҳвораҳоро ба таври дуруст истифода намесозанд. Аз барномаҳои фаҳш ва сомонаҳои зишт дидан мекунанд, бехабар аз он ки мо мусулмонзода будаву фарҳанги дигар дорем. Аз назари ӯ пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва пеш омадани муҳоҷирати меҳнатӣ омили аввал ва дувуми коҳиши ахлоқ дар ҷомеа мебошанд. Омили савум низ ба авомили аввал иртибот мегирад, яъне роҳ ёфтани телефонҳои мобилӣ ба зиндагии мо аз назари мусоҳибам, сабаби пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва паст рафтани сатҳи ахлоқ дар ҷомеа мебошад. Мардуми мо намедонад, ки телефони ҳамроҳ бисёр мушкилиҳои ҳаётро сабук мекунад, аммо бояд вақт ва тарзи истифодаи онро донем. Дар акси ҳол он ба оилаҳо бадбахтиҳои зиёд ва мушкилоти иқтисодӣ меорад. Ба андешаи ӯ ҳич набошад 50 дар сади пошхӯрии оилаҳои ҷавон аз пушти телефонҳои мобилӣ аст. Вақте арӯси хона шабона чандин бор телефонӣ суҳбат мекунад, албатта, дар дили хушдоман ва ё шавҳар гумон зиёд пайдо мешавад, ки ӯ бо кӣ ва дар кадом мавзуъ гап мезанад. Бояд корҳоро рӯзона анҷом дод ва рақами телефони мобилиро ба касе надиҳем, зеро баъзе одамон фарҳанги муоширатро намедонанд ва шабона занг мезананд ва ин аз ҷониби шавҳару хушдоман дигар хел фаҳмида мешавад. Як сол қабл ҳодисае рух дод, ки то имрӯз маро ором намегузорад. Ба зане шабона ҳамкораш занг мезанад, вай барои халалдор накардани хоби шавҳар ба балкон баромада суҳбат менамояд. Шавҳар бедор будаасту ба балкон баромадани ӯро дигар хел фаҳмидааст. Ду фарзанд доштанашонро ба назар нагирифта аз занаш ҷудо мешавад. Ба ӯ на сухани ҳамсар дигар таъсир расонду на ҳарфи ҳамсояҳо. Як оила бе сабаби ҷиддие аз ҳам пош хӯрд. Зодмандони писар чанд моҳ нагузашта, барқасди арӯс ӯро дубора оиладор карданд. Ин ҳодиса барои ин оилаи духтар мисли як хоби даҳшатноке буд, ки дигар тамом намешавад.
Таманно
Қаҳрамони мо бонуест, ки „ман“ надорад. „Ман“-и ӯ дар „мо“-и оила, фарзандон, набераҳо ва пайвандон махлут шудааст. Ӯ солҳо боз барои худ зиндагӣ намекунад. Ҳастии худро барои тарбияи фарзандон бахшидааст ва дар ин роҳ Офаранда ӯро мададгор аст.
Ӯ бо ҳарорату дард сухан мегӯяд. Талош дорад бо сухан, рафтор ва маслиҳат ба ҷавонон бифаҳмонад, ки ободии оила аз ҳар ду тараф вобаста аст. Хушбахтӣ ба ояндаи фарзандон таъсири накӯ дораду парешонӣ натиҷаи манфӣ ба бор меорад. Бояд имтиҳони зиндагиро бо ҳам пушти сар карду хурсандию нишотро низ бо ҳам дид.
Дар навбати худ, мо ба чунин инсони хоксору заҳматкаш, модари мушфиқу оқила ва бибии меҳрубону ғамхор тансиҳатию хушбахтӣ таманно дорем.
Эмомалӣ Сайидамирзод