Рӯзе бароям маҷмуаи арзишмандеро туҳфа оварданд. Бо як дидан боварам ҳосил шуд, ки ин китоб воқеан ҳам ҳадяи гаронбаҳоест. Дар он махзан, ки „Вакилони халқ“ (Душанбе, „Деваштич“, 2006) унвон дошт, ҳолномаи мухтасари вакилони халқ, аз соли 1938 то 2010-ро фаро мегирад. Дар он маълумоти зарурӣ дар хусуси мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор, раисони шӯроҳо, роҳи тайкардаи мақоми намояндагӣ ва қонунгузории тоҷик аз замони таъсисёбӣ дар зарфи 72 соли фаъолияти парлумон ва ҳоказо дарҷ гашта буд.
Ин махзани розро бамаротиб аз назари таҳқиқ гузарондам, симоҳои ошнову ноошнои зиёде пеши назар ҷилвагар гаштанд.
Қабл аз ҳама таваҷҷуҳи ин ҷонибро ахбор дар бораи бонуи кӯҳистонӣ, омӯзгори варзида Рӯзигул Солеҳова ба худ кашид. Шояд суоле ба миён ояд, ки чаро маҳз эшон. Мегӯям, ин бонуи маърифатпарвар, ёвару мададгори мардум пайи ҳам, аз овони донишҷӯӣ то соли 1963 се дафъа вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст.
ТАЛХИПИСАНД
Рӯзигул дар хурдсолӣ аз падару модар марҳум монд. Ҳукумати вақт ӯро дар оғӯши пурмеҳри хеш тарбият дода ба воя расонд. Ӯ мисли иддае аз ятимон дар кӯчаву барзанҳо сарсону саргардон нагаштааст. Шахси меҳрубону ғамхоре ӯро ба хонаи бачагони Балҷувон месупорад.
Дар мактаб- хонаи кӯдакон ба бахти баландаш Зокиров ном муаллим Рӯзигулро духтархонд гирифт ва то рӯзи ба шаҳри Кӯлоб рафтанаш, падарвор парасторӣ кард.
Соли 1944 синфи 7-ро ба итмом расонда, соҳиби номаи камол шуд. Директори хонаи бачагони Балҷувон, мураббии ғамхору мушфиқ Раҳматов рӯзи хайрбод ба онҳо парвози баланд таманно намуд.
Ҳамон сол Рӯзигулро ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб пазируфтанд. Аз рӯзҳову ҳафтаҳои аввал аз сидқ ба хондан дода шуд. Духтараки миёнақади резапайкари кӯҳистонӣ ҳамзамон дар корҳои ҷамъиятии омӯзишгоҳ фаъолона ширкат меварзид.
Дидадаро буд ва чеҳраи дилнишину феъли хубаш аз назар ниҳон намемонд. Ҳини таҳсил дар омӯзишгоҳ муаллимаи русе, ки ҳама донишҷӯён ӯро апаи Лена гӯён ном мебурданд, Рӯзигулро ду сол таҳти ғамхориву парастории хеш қарор дод.
Дар омӯзишгоҳ омӯзгорони соҳибтаҷриба Ғафуров, Сиддиқов ва Қодиров аз зумраи афроди бомаърифат, хоксор ва баодоб маҳсуб меёфтанд. Баъдтар дугонаҳо Фазиламоҳ Риоева бо муаллим Рустам Қодиров, Зулайхо бо муаллим Сиддиқов, Рӯзигул бо омӯзгор Ҳусейн Ғафуров оила барпо намуданд. Ва хуш рӯзгоре доштанд…
Бо ҳама душвориҳо ва рӯзгори мубрам боре нолидану шикояти Рӯзигулро аз зиндагӣ касе надидаву нашнидааст.
ДЕПУТАТ
Рӯзигул Солеҳова ба иҷлосияҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо либосҳои маҳаллии тоҷикона, остинҳои дароз ва рӯймоли шоли сафед ҳозир мешуд. Ба муроҷиати дугонаҳои ҳампеша нисбати сару либоси аврупоӣ, бо табассум мегуфт:
„Ман сару либоси модарамро хуш дорам…“.
Муаллима қаду қомати зебо, мӯйҳои ғафси дубофти то пошнаи по хамида дошту рӯйи ширворӣ сафеди сафедаш ба ӯ ҳусн меафзуд…
Вакили мардумӣ тамоми донишу таҷрибаи хешро барои беҳбуд бахшидани рӯзгори халқ масраф менамуд. Сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ бо муҳаббату самимияти хоса вакили худро „Рӯзигули мо“, „Депутати мо“ ном мебурданд.
Қайдҳои стенографии иҷлосияҳои Шӯрои Олиро хонда, ба лаёқату заҳматкашии Рӯзигул дар ҳайрат мемонед. Соҳае набуд, ки дасти депутат нарасида бошад. Масоили мубрам дар хоҷагии коммуналӣ, маориф, тиб, савдо, ҳаёти шахсии интихобгарон ва ғайра. Барои мардум моҳҳову солҳо корҳои гуногунро, аз қабили таъмину дастрасии орд, чой, пойафзол, ангишт ва ҳоказо анҷом медод. Вакили халқ масоили сохтмони мактабҳо, боғчаҳои бачагона, хатҳои обгузаронӣ, бунёди роҳу хонаҳои истиқоматӣ, танзими нарху наво дар бозор ва ғайраро ҳал мекард.
Рӯзигул Солеҳова пайваста ба Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва вазоратхонаҳо дар ҳалли масоили гуногун муроҷиат менамуд. Вакили мардумӣ барои таъмини мактабҳои шаҳру деҳот бо китобҳои дарсӣ, бахусус забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ аҳамияти аввалиндараҷа медод. Хушоянд аст, ки ин орзуву омоли омӯзгори дурандеш имрӯзҳо амалӣ шуда истодаанд…
Дар зарфи 12 соли депутатӣ Рӯзигул Солеҳова барои ободонии шаҳри Кӯлоб дар ҷудо кардани маблағ саҳми шоиста дорад. Бо ибтикор ва такопӯҳои зиёди ӯ дар ҳудуди шаҳр биноҳои мактабу боғчаҳо, муассисаҳои табобативу дорухонаҳо… эъмор ёфтаанд.
МУАЛЛИМА
Рӯзигул муаллимаи шоиста, фарди заминӣ, инсони хоксор ва ҳалиму мушфиқ буд. Омӯзгори худфидо мекӯшид ба атрофиёнаш пайваста ёрӣ расонад, аз касе мадади хешро дареғ намедошт…
Ҳамзамон ба пешаи омӯзгорӣ бо назари масъулиятшиносӣ муносибат дошт. Фарди ҷиддӣ, намунаи ибрати ҳамкорон ва ҳамсояҳо буд…
Зиндадил, ба қавли наздиконаш пайи қадами муборак дошт, яъне муборакқадам буд…
Шогирдони бисёре ба камол расонд…
МОДАР
Рӯзигул модари ғамхору мушфиқ буд. Фарзандони азизаш Музаффар соли 1947, Саъдӣ (1951), Моҳира (1954), Маҳбуба (1956), Гулсара (1960), Гулнора (1966) таваллуд шудаанд. Модар фарзандони хешро хононд, ба воя расонд. Ҳамроҳи ҳамсари меҳрубонаш, устоди номвари шаҳри Кӯлоб муаллим Ҳусейн Ғафуров рӯзгори хуше доштанд. Фарзандон ҳама дорои маълумоти олӣ ва соҳиби хонаву дари ободанд…
Вакил, омӯзгор, ҳамсар ва модари мушфиқ Рӯзигул Солеҳова 5 октябри соли 1969, дар синни 41-солагӣ дунёи фониро падруд гуфт.
ҚАДРДОНӢ
Хидматҳои омӯзгори соҳибтаҷриба, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзигул Солеҳова бо нишони „Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон“ (марти 1957), унвони „Муаллими шоистаи Тоҷикистон“ (марти 1961), медали „Барои меҳнати шоён“ (1963) ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст…
Умари ШЕРХОН