03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САРВАР, ДИЛБАР, НОМВАР

Очаой қисса мекунад, ки вай аслан зодаи Истаравшани бостонӣ аст. Соли 1971 баъд аз хатми факултаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муддате дар зодгоҳаш ба ҳайси мудири кӯдакистон адои вазифа кард. Соли 1976 бо амри тақдир ба Зафаробод омад ва ба кори ҳизбӣ пайваст. Аз мутахассиси одӣ то ба котиби кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист сабзид. Баъдан, ба мақомоти иҷрояи ноҳия гузашт ва тайи ҳафт сол масъулияти сарварии кумитаи занон, чанд сол муовинии раиси ноҳия ва тайи шаш сол сарварии мардуми шаҳраки Зафарободро бар дӯш дошт. 7 соли ахир мудири шуъбаи сабти ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Зафаробод буд.

Очаой аз рӯзгори хонаводагии хеш сухан оғоз намуда, ифтихормандона иброз медорад, ки шавҳари хубу се писари некному тарбиятдида дорад, ки яке ҳавонавард, дигаре олиму дипломат ва савум афсар аст.

Алҳол Очаой сарвари хоҷагии кишоварзии мавсум ба „Ҳақикат“ аст. Аз ӯ пурсидам:

–Чӣ иттифоқ уфтод, ки аз корҳои раҳбариву сарварӣ ба кишоварзӣ рӯй овардед?

– Вақте ба ҳайси муовини раиси ноҳия дар бахши иқтисодиёт фаъолият мекардам, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ сурат гирифт ва даҳ хоҷагии кишоварзии бузург ба чандин хоҷагиҳои хурд тақсим шуд. Пайваста миёни деҳқонон будам ва медидам, ки то чӣ андоза онҳо пурсабру коргару ҳалолпеша ҳастанд. Заминро дӯст медоранд. Ин буд, ки тасмим гирифтам, то ман низ тақдиру сарнавишти минбаъдаи хешро бо замин бипайвандам. Дар радифи дигарон 10 гектар замин гирифтам. Азбаски он замон чун хидматчии давлатӣ ҳақ надоштам ба дигар фаъолиятҳо машғул шавам, сарварии онро писарам бар уҳда дошт. Вақте аз корҳои давлатӣ фориғ шудам, риштаи сарварии хочагиро комилан ба дасти хеш гирифтам. Алъон дар 7 гектар пахта, дар як гектар гандум ва дар ду гектар беда кишт кардем. Дар маҷмуъ панҷ нафар саҳмдор ҳастем. Мекӯшем ҳаҷми бештари корҳо дар саҳро тавассути трактору дигар воситаҳои техникӣ иҷро шаванд. Агар дар парвариши ниҳолҳову чидани пахта мушкил пеш ояд, чун сарвари бонувони маҳалла, ба онҳо муроҷиат менамоям, то кумаки худро дареғ надоранд.

– Шумо дар саргаҳи таҷдиди сохтори кишоварзии ноҳияи Зафаробод қарор доред. Оё ислоҳоти мазкур умедворкунанда аст?

– Таҷдиди сохтори кишоварзӣ ба деҳқон қабл аз ҳама умеду дилгармӣ дод ва муносибати ӯро ба замин дигар кард. Вай дарк сохт, ки комилан соҳибзамин аст. Алхол дар ноҳия шуғл варзидан ба кишоварзӣ як навъ қаҳрамонӣ аст. Зеро замини обӣ нест ва метавон гуфт, ки ҳама яксар лалмӣ ҳастанд. Замин тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешавад. Замоне Зафаробод наздик ба 45 ҳазор тонна пахта парвариш мекард. Вале он вақт комилан мушкили об набуд. Зеро пойгоҳхои обкашӣ нав буда, бо тамоми иқтидор кор мекарданд. Корезу наҳрҳо ҳамеша пуроб буданд. Вале имрӯз он пойгоҳҳо куҳнаву фарсуда шудаанд. Илова бар ин, мушкили бебарқиву камбарқӣ зам шудааст. Агар чунин неруву заҳматро деҳқон дар замини дигар сарф кунад, шояд аз ҳар гектар 25 сентнер нею 35–40 сентнер ҳосил ба даст оварад.

– Оё нияти бунёди боғистонеро доред?

– Бисёр кишоварзон чунин орзу доранд. Ман низ бисёр мехостам, то як қисми заминамро боғзор намоям. Вале боз ҳам мушкили беобӣ мавҷуд аст. Зеро дар фасли зимистону аввали баҳор ин заминҳо бояд об хӯранд. Сониян, иқлими ин ҷо барои бунёди боғи зардолую себ ва токзор чандон мувофиқ нест.

Ҳама аз ӯ бо некӣ ном мегиранд. Яке мегуфт: „Ин зани покизарӯзгор бо кору номи некаш шоистаи таърифу таҳсин аст“. Дигаре таъкид менамуд: „Ӯро хоксорияш маҳбуби хосу ом гардонидааст“. Савумӣ чунин ибрози назар мекард: „Кош, ман мисли вай мебудам ва се писарро соҳиби маълумоти олӣ ва соҳибмақом менамудам“. Бонуе гуфт, ки „Ҳусни зебову дилкаш ва забони нарму хушгуфтораш ӯро соҳибдил кардаанд“. Машҳура, як духтари толибилм орзу дорад, ки мисли Очаой Юсуфӣ меҳрубон, ҳамқадами замон, худотарсу порсо шавад.

Муовини раиси ноҳияи Зафаробод Бисоро Баротова бар он аст, ки якдиливу якрӯйӣ, меҳрубонӣ нисбати ҳамдиёрон ва беғаразӣ ин бонуро аз дӯстдоштву маҳбубтарин ва шоистатарин бонувони маҳал гардонидааст. Вале Очаой Юсуфӣ бо ин ҳама шоистагӣ, писандидагӣ, сарфарозӣ ҳаргиз наменозад ва чун дарахти пурбор ҳамеша сархаму андешаманд аст.

 

Тилав Расулзода

:.  Чеҳра 03.12.2013 05:59 2428

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz