Дар як толори зебо, дар маҳфили фарҳангие гардонанда эълом дошт: „Риштаи суҳбатро ба дасти адибаи ҷавону умедбахш Малоҳат Собирзода медиҳем“. Аз толор духтари нозукандоме бо чашмони зебои андак ҳайратзада, қомати чун сарв боло, бару дӯшаш мамлу аз кокулони майдабофӣ, дар сар тоқии ироқӣ оҳистаю ботамкин пой бар саҳна мениҳад ва бо камоли хоксорӣ, муаддабона сухан оғоз мекунад: „Дар назари хурдсолон дунё бо ранги дигар метобад ва онҳо дар олами афсонаю муъҷизаҳо ба камол мерасанд. Ман низ дар чунин ҷаҳони марғубу пурэъҷоз тарбият ёфта, кӯшидаам барои кӯдакону наврасон ва ҳамсолони худ аз даврони тифлию сеҳри рӯзгори он замон қиссаю ривоят, ҳикояву афсона бинависам“.
Қадамҳои нахустин
Малоҳат эҷоди афсонаро ҳанӯз дар синни 11-солагӣ оғоз кард. Афсонаҳояшро ӯ нахуст ба модар ва ҳамсинфону устодонаш нишон медод. Бо таассуф иброз медорад, ки тақрибан 20 афсонаи шогирдонааш, ки барои хондан ба ҳамсинфону устодон дода буд, гум шудаанд. Бо он ҳама қисме аз афсонаҳои давраи наврасияш, дар рӯзномаҳои „Лочин“, „Тироз“ ва маҷаллаи „Паёми Суғд“ интишор гардиданд.
–Ман аз устоди шодравон Додоҷон Раҷабӣ хеле сипосгузорам,– иброз медорад Малоҳат.–Устод афсонаҳои маро бо ҳавсала ва диққати том хонда, барои такмили онҳо маслиҳатҳои муфид медоданд. Сипас, камбуду норасоии маро дар бахши имлову аломатгузорӣ ислоҳ мекарданд.
Садои пойи вожаҳо
Пайваста меомӯзад. Бо шунидани навои вожаҳо қалам ба даст мегираду вориди кошонаи дил шудани онҳоро мунтазир мешавад. Ва ҳар он чӣ фариштаи илҳом барояш талқину тақдим месозад, рӯйи коғаз меорад: „Буд гӯям ё набуд гӯям, дар мамлакати осоиштаву ороме подшоҳе ҳукмфармо будааст, хеле ҷасуру паҳлавон ва хушсирату некандом“. Бо ин суханон оғоз менамояд афсонаи хешро Малоҳат, ки „Оҳудухтар“ ном дорад. „Номи ин подшоҳи сулҳҷӯй Некандеш буда, даҳ фарзанд доштааст. Аҷибаш он ки ҳамаи фарзандонаш писар буданду падар онҳоро бо муҳаббати том навозиш мекард. Ӯ боигарии худро на дар тахту тоҷ, балки бо писаронаш медид. Вале мехост ақаллан як духтари соҳибҷамол дошта бошад. Борҳо ба осмон менигаристу аз Худованд духтар талаб мекард, вале ба ӯ писар ҳадя мешуд…“
–Гоҳо афсонаро дар мағзам „мепазонам“,– қисса мекунад Малоҳат.– Гӯё қаблан тарҳрезӣ мекунам, ки афсонаро аз ин нукта оғоз ва бо дигаре поён бахшам. Вале чун қалам рӯйи коғаз мебарам, андешаҳои қаблӣ парешон мешаванд ва комилан як чизи дигар рӯйи саҳфа мерезад.
Қаҳрамонҳо ва симоҳои асосии афсонаҳои Малоҳат саргузаштҳои аҷибу ғариб доранд ва онҳо бештар қаҳрамонони афсонаҳои халқии тоҷикиро ба ёд меоваранд. Баъзе афсонаҳои ӯ мисли қиссаҳои „Ҳазору як шаб“ ва „Самаки айёр“ бо пораҳои шеърӣ музайяну пероста гардидаанд, ки ҳусни онҳоро афзудаанд.
Малоҳат дар баробари мутолиаи пайвастаи осори адибони классик ва муосири тоҷик ҳамчунин осори нависандагони русу намояндагони барҷастаи адабиёти ҷаҳонӣ, Андерсен, Ҷек Лондон, Ҷоан Ровлинг ва дигаронро низ меомӯзад. Ӯ ин китобҳоро бо забони асл, яъне тоҷикию русию англисӣ мехонад.
Забондонӣ ҷаҳондонист!
Малоҳат мехоҳад донандаи хуби забонҳо бошад. Вай дар назди донишмандони забони арабӣ сарфу наҳви ин забонро омӯхта, китоби муқаддаси Қуръонро чанд маротиба хатм намудааст. Ӯ забони англисиро аз Зебо Камолова, муаллимаи забони англисии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и шаҳри Хуҷанд ва омӯзгори амрикоӣ Кайл Эйчнер, ки дар „Гӯшаи амрикоӣ“-и Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ фаъолият дорад, омӯхта, пайваста аз пайи такмил додани савияи забондонияш аст. Мехоҳад дар оянда худаш афсонаҳояшро бо забонҳои хориҷӣ тарҷума намояд. Расмулхати форсиро бошад бо раҳнамоии модараш омӯхта, ҳоло бо ин хат озод хонда ва навишта метавонад. Вале бо ин ҳама доноиву пурборӣ Малоҳат ҳамоно чун як духтари содаи рустоӣ боқӣ мондааст. Муаллима Оминахон Ҳакимова аз шогирдаш сухан оғоз карда, иброз медорад, ки аз Малоҳат на танҳо устодону ҳамсинфону аҳли мактаб, балки тамоми деҳа ифтихор доранду меболанд. Зеро ӯ бо хулқи неку одоби ҳамидааш маҳбуби хурду бузурги деҳа гардидааст. Ҳамагон ба ояндаи неку дурахшони Малоҳат бо чашми умед менигаранд. Китоби нахустини ӯ таҳти унвони „Ҷаҳонгиршо ва маликаи морон“ гувоҳи ин аст.
Китоби дувум
Малоҳат барои омода кардани китоби дувуми худ саъйю кӯшиш дорад.
–Ин китоб бояд мукаммалтар ва дар сатҳи баландтар омода шавад,– андеша дорад ӯ.– Зеро сари афсонаҳоям бештар кор мекунам. Гоҳо мешавад, ки он дар як шаб эҷод мегардад. Вале вақти ҳуруфчинӣ дубора ислоҳ медарорам. Баъди гузашти муддате чанд боз сари таҳрири афсонаҳоям бармегардам. Ҳар бори руҷуъ афсонаҳоям такмил меёбанд.
Малоҳат ба ҳукми як гули навруста, парандаи навболу пар ва мусофири навсафар аст. Як тан наврасест, ки акнун дар садади падруд гуфтан бо наврасӣ ва истиқбол гирифтани ҷавонист. Вай ҳамагӣ 17 сол дорад. Лиҳозо, ҳама ҳарфу андешаву тахайюлу рафтору гуфтору пиндораш содаву самимӣ ва беолоишанд. Малоҳат саъй дорад, то забони афсонаҳояш мавзун ва наздик ба насри мусаҷҷаъ бошанд.
Таманно ва хоҳиш аз Президент
„Мулоқот бо Президенти кишвар аз орзуҳои дерини ман аст. Мехоҳам барояш рози дили хешро ифшо намоям. Орзу дорам ба Эрон рафта, оромгоҳи бузургони илму адаби форсу тоҷик Камоли Исфаҳонӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ ва Абулқосими Фирдавсиро зиёрат кунам ва аз руҳи бузурги онҳо фотиҳаи эҷод гирам. Умедворам, Ҷаноби олӣ, дар амалӣ гардидани ин орзуи деринаи ман мусоидати хешро дареғ нахоҳанд дошт“,–мегӯяд ӯ дар хотимаи суҳбат.
Тилав Расулзода