Ноҳияи Ховалинг бо обу ҳаво ва дигар хусусият-ҳои экологии хеш аз дигар навоҳии вилояти Хатлон фарқ мекунад. Агар меҳмон шавед, таровати дигар доштани гулу гиёҳ ва долу дарахтро эҳсос менамоед. Дар деҳот дасти гулкори табиат ҳамаро хурраму зебо мегардонад ва гӯё ҳоҷат ба кӯчат кардану аз нав шинонидани гулу дарахтон намемонад. Вале марказҳои аҳолинишин табиист, ки ба сабзкорӣ ва бунёди гулгаштҳо ниёз доранд.
Дар маркази шаҳраки Ховалинг, дар атрофи бинои мақомоти маҳаллӣ гулҳои ҳархела ва тарзи фарқкунандаи ороиши гулгаштҳоро дида, маҳсули заҳмати кӣ будани онҳоро пурсон шудем. Дар бораи холаи гулпарвар Муслима Абдураҳимоваи 67- сола, саҳми ӯ дар ободгардонии хиёбону растаҳо ва гулгаштҳо бо ҳисси эҳтиром нақл карданд ва гуфтанд, ки маҳсули меҳнати ӯ на танҳо атрофи биноҳои маъмурӣ, балки мавзеъҳои хушманзари шоҳроҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа ва дигар таваққуфгоҳҳои қабули меҳмонони вилоятро зебу оро додааст.
Муслима Абдураҳимова, сокини деҳаи Сариосёби Ҷамоати деҳоти Сариосиёби ноҳияи Ховалинг, бонуи нуронии зиндадил ва зебоипарастест.
– Ин шуғлро айёми наврасӣ аз падару модари гулпарварам омӯхтаам, – қисса мекунад холаи Муслима. – Ниҳолшинонӣ, сабзкорӣ ва зироатпарвариро дӯст медорам. Солҳои дароз ба ҳайси коргари идораи коммуналии ноҳия ба ҳамин корҳо машғул шудам. Ҳоло, ҳарчанд дар нафақа ҳам бошам, гулпарвариро дар замини наздиҳавлигиам ривоҷ додаам. Боре дар шаҳри Душанбе аз назди хонае мегузаштам, ки дарвозаи он кушода ва соҳибхона марди миёнасоле ба хишоваи гулҳои саҳни ҳавлиаш машғул буд. Дар он ҷо гулеро дидам, ки пеш во нахӯрда будам. Андак тамошо карда гузашта рафтам. Вале шавқи гулпарварӣ ва ҳисси кунҷковиам боло гирифту ба қафо гаштам ва баъди салому алейк «додарҷон, аз ҳамин гул як шохчае ба ман бурида намедиҳед?», – гуфта пурсидам. Ҷавонмард ҳайрон шуда, шохчаеро бурида ба ман дод. Дар чанд рӯзи он ҷо меҳмон буданам онро парвариш карда, ба гулбуттае табдил додам ва дар ноҳия аз он шохчагул 1000 гулбутта сабзонда, ба хоҳишмандон тақсим кардам…
Фарзандонам ҳар куҷое раванд, бароям тухм, шоха ё решаи гул туҳфа меоранд. Дар ҳавлӣ қариб 70 намуди гул парвариш меёбад: мехчагул, бобуна, садбарг, гули садсола, бедгул…
Як вақти дигар дар шаҳри Қӯрғонтеппа меҳмон шудам. Хоҳарам Фариштамоҳ Файзуллоева дар идораи кабудизоркунӣ кор мекунад. Дар чанд мавзеи шоҳроҳи Қӯрғонтеппа- Душанбе гул шинондан лозим будааст. Дасту остин бар зада, ҳамроҳи чор нафар ҳамкоронаш дар давоми ду рӯз кори якҳафтаинаи гулшинониро тамом кардем. Ҳама гулрезу зебо шуд, нафарони аз канори роҳ гузаранда зебоии ҳақиқиро дида, ҳаловат мебурданд. Баъди он меҳмонӣ ҳар сол аз Қӯрғонтеппа ба Ховалинг, ба хонаи мо барои тухми гулҳои гуногун гирифтан одам меояд…
– Холаи Муслима зебоибахши ноҳияи мо, боиси ифтихору сари баланди мост, – мегӯяд С. Ҳафизова, муовини раиси ноҳияи Ховалинг, - масалан, чанд рӯз дар деҳаи Шугнов буданд. Дар он ҷо чанд бинои нав ва таълимгоҳ ба истифода дода мешаванд. Холаи Муслима дар муддати кӯтоҳ саҳни он биноҳои навсохтро ба гулистон табдил доданд.
Муслима Абдураҳимова соҳиби нуҳ фарзанд мебошад. Фарзандон ҳам пешаи модарро аз худ кардаанд.
– Гулпарварӣ маънии ҳаёти ман аст, – мегӯяд холаи Муслима.- Вақте гулҳо мешукуфанд, ман ҳам мешукуфаму миёни онҳо даромада ҳамроҳашон гап мезанам. Ҳеҷ гоҳ мондашавиамро ҳис намесозам. Дар паҳлуяшон суфае дорам. Нишаста, чой нӯшида аз бӯйи гулҳо ҳаловат мебарам. Худамро ором ҳис мекунам…
Ӯ гулҳояшро намефурӯшад, ба нафарони қадрдон ва гулпарвар туҳфа медиҳад.
– Замони дар қайди ҳаёт будани шавҳарам ҳам гулпарварӣ мекардам. Он кас ҳам гулро дӯст медоштанд. Вақте бо ягон кори зарур ду-се рӯз аз хона мерафтам, шавҳарам дар назди гулҳои шинонидаам гилему кӯрпача андохта, то баргаштанам онҳоро бонӣ мекард, – бо оҳи сабуке ҳамсари омӯзгорашро ба ёд оварда мегӯяд ӯ.
Чеҳраи нуронӣ, шавқу рағбати ӯро ба кор мебинаму дар дил мегӯям: хушо ба ҳоли онҳое, ки ба мардум некию ба дунё зебоӣ меоранд. Онҳо ҳамеша хушбахтанд!
Билоли Шамс
н. Ховалинг