Табиатан, одамони асил ҳама вақт мекӯшанд, ки ҳаёташон манфиатбахшу босамар гузарад, то аз худ нақши дурахшоне боқӣ гузоранд. Ҳамин тавр аст, ҳаёт, хоҳем – нахоҳем, мегузарад.
Ҳуронбӣ ин ҳамаро кайҳо фаҳмида буд: аниқтараш падари бузургвораш, ки бо вуҷуди дар вазифаи хеле масъули давр – котибии райкоми ноҳияи собиқи Шӯрообод ва раисии комиҷроияи ноҳияи Сайид Алии Ҳамадонӣ ифои вазифа намудан, барои ба тарбияи фарзандон ҷиддӣ машғул шудан, ҳатман вақт меёфт, мудом таъкид менамуд, ки инсон чун бузургтарин офарида бояд сазовор зиндагӣ намояд. Умрро ба мо Худо медиҳад, – мегуфт ӯ, – вале чӣ тавр сарф намудани он ба худи мо вобаста аст…
Аз хурдӣ кунҷкову дидадаро буд. Ҳарчанд баъди чор бародар чун духтари нахустини хонадон ба дунё омад, бо як самимияти ҳанӯз кӯдакона, вале асил, бо нигоҳҳои ҷиддӣ ҳама вақт гапашро мегузаронд, мекӯшид дастёри хуби модар бошад, бародаронро ба риояи ҳатмии интизом ва кору бори рӯзгор талқин менамуд. Афзалияти ӯ вақти мактабхонӣ аниқтар шуд: бо баҳои аъло мехонд ва тасмим гирифт, ки дар оянда кори падарро давом хоҳад дод.
Солҳои аввали фаъолияти меҳнатиашро ба хотир оварда, аз ашхоси санъати роҳбариро омӯхта, ба мисли Ҳабибулло Табаров, собиқ котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Москва, Қиматгул Рустамова, собиқ котиби кумитаи комсомолии вилояти Кӯлоб ва махсусан Робия Тағоева, ки солҳои тӯлонӣ ба ҳайси котиби кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб кор кардааст, дар замири дил сахт миннатдор аст. Робия Аллаёровна бо кордониву маҳорати муомилааш бо одамон, хислати хеле ҳалиму мулоим ва хоксорияш барои Ҳуронбӣ ба як идеале мубаддал гардида буд, ки ӯ пайваста мекӯшид, ки омӯзаду бо ин зани оқилаву доно монанд бошад.
Дар кадом вазифаи ҳизбиву давлатие, ки кор мекард, Ҳуронбӣ Восиева ба халқ хеле наздик буд, ҳама вақт мекӯшид ба мардум ёрӣ расонад. Махсусан, дар солҳои дар вилояти собиқи Кӯлоб ба ҳайси сарвари иттифоқи касабаи кормандони соҳаи фарҳанг кор кардан, ин хислати ӯ хуб таҳсис мегашт ва обрӯяш афзун шуд.
Баъди истиқлолият ва дигар шудани сохти ҷомеа Ҳуронбӣ Қодировна чанд муддат муовини раиси шаҳри Кӯлоб буд ва дар ин овони душвори баъди ҷанги шаҳрвандӣ, ҳамроҳ бо раиси вақти шаҳр Раҳмоналӣ Амиров дар баробари дигар соҳаҳо бобати беҳдошти иҷтимоиёти мардум, таҷдиди рӯзгори ҳар сокини азобдида, пешрафти маънавиёти шаҳр, рушди соҳаи маориф ва фарҳанг, соҳаи варзиш, фаъолияти Шӯрои занон ва ташаккули насли ҷавон нақши босазое гузошт. Қариб ҳар рӯз бо мудири шуъбаи маориф Талаб Нозимов ва мудири шуъбаи фарҳанг Зариф Валиев вохӯриву мулоқот дошт, бо мутахассиси варзида шодравон Раҳмат Ташрифзода роҳҳои рушди маънавиётро баррасиву таҳқиқ менамуд.
Аз соли 2005 пурра ба кори иттифоқҳои касаба гузашт. Сараввал ӯ раиси комитети иттифоқи касабаи кормандони соҳаи энергетика дар минтақаи Кӯлоб таъин гардид ва аз моҳи июни соли 2008 инҷониб ба ҳайси раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ифои вазифа дорад.
Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 ташкилоти ибтидоӣ ва зиёда аз 13000 аъзои иттифоқи касабаро дар бар мегирад. Меҳвари асосиро дар фаъолияти кумита вазъи коргари соҳа ва дархостҳои ӯ ишғол менамояд. Пайгирӣ ва татбиқи пайвастаи Созишномаи тарофавии коллективӣ имкон дод, ки муносибат ба меҳнат ва ҳуқуқи меҳнат, аз ҷумла мушкилоти музди меҳнат ва пардохти ҷубронпулиҳо, таъмини шароити кор ва шароити иҷтимоии коргарони соҳа беҳтар гардида, дар мадди назари кумитаҳои иттифоқи касабаи муассисаҳои соҳа бошад. Иҷрои муқаррароти Созишномаи коллективӣ бошад, амали дуҷониба ва ҳамоҳангии муштараки роҳбарони соҳаи энергетика ва кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳа ба ҳисоб меравад.
Яке аз масъалаҳои муҳимми шарикӣ дар соҳаи мо ин ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон ба шумор меравад, ки онҳо асосан иҷро мешаванд. Ҳар сол шумораи зиёди кормандони соҳа бо роҳхати иттифоқи касаба дар истироҳатгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ фароғат намуда, қобилияти меҳнатии худро барқарор месозанд, фарзандони онҳо дар осоишгоҳҳо, аз ҷумла осоишгоҳи «Энергетик» дам мегиранд. Бо ташаббуси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб барои мардуми аз офати табиӣ зарардида манзили истиқоматӣ бунёд гардид.
Маҳз бо ташаббуси Ҳуронбӣ Восиева иттифоқи касаба ҳамеша ба манфиати иҷтимоии ҳар барқкори тоҷик таъсири муфид мерасонад. Бо Иттиҳоди байналмилалии иттифоқҳои касабаи «Элктропрофсоюз» ва Иттиҳоди байналмилалии аврупоии иттифоқҳои касабаи соҳаи хизмат, ки узви котиботи он ба шумор меравад, робита ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дорад. Аз таҷрибаи ин ташкилоти бонуфуз меомӯзад ва табодули таҷрибаи корӣ менамояд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ дар конгресси 5-уми байналмилалии он иштирок дошт. Дар доираи сафарҳои корӣ ва омӯзишӣ бо ҳаёти коргарони як қатор мамолики дунё шинос шуда, шукргузор аст, ки дар муқоиса бо аксари мамолики олам сатҳи зиндагӣ дар кишвари мо рӯз ба рӯз беҳбуд меёбад. Аз таҷрибаи кори иттифоқҳои касабаи соҳа ва таърихи рушду ташаккули он китобе таълиф гашта истодааст, ки дар таърихи мавҷудияти он аввалин иқдом аст.
– Дар ҷомеаи мо, - андеша дорад Ҳуронбӣ Қодировна, зан-модар хеле хушбахту осуда зиндагиву фаъолият дорад. Сарвари давлати мо доимо таъкид менамоянд, ки дар Тоҷикистони соҳибихтиёру соҳибистиқлол зан яке аз қувваҳои фаъоли пешбарандаи ҷомеа мебошад. Аз ин Ҳуронбӣ Восиева руҳу илҳоми тоза мегирад ва пайваста мекӯшад, ки сазовор ба ин гуфтаҳо кору зиндагӣ намояд.
Ҳуронбӣ Қодировна гоҳ-гоҳ ба гузашта бармегардад; зиндагӣ, фаъолият ва амалҳои иҷронамуда аз пеши назараш мегузаранд. Аслан, аз роҳи тайкардааш, аз фарзандони оқилу доно ва соҳибмаълумоташ Мубориз ва Моҳрухсор, аз самари кораш, аз гузашти рӯзгор розиву мамнун аст, вале аз рӯйи хислати эҷодкоронае, ки дорад, ҳар лаҳзаи умрро аз нав таҳқиқу баҳогузорӣ менамояд. Медонад, ки зиндагии сазовор дорад. Аз ҳама муҳим, Ҳуронбӣ Қодировна дар ҳар лаҳзаи умр аз худ дар ҳаёт нақши дурахшон боқӣ мемонад ва умраш манфиатбахш мегузарад.
Нозирҷон Ёдгорӣ