Мусоҳиба бо Шабнами Хуршед, донишҷӯйи курси 2-юми
Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон
– Барои чӣ факултаи иқтисодиро интихоб намудед?
– Аз хурдӣ ба монанди аксар бачаҳо мехостам корманди бонк бошам, ба ҳамин хотир бахши иқтисодро интихоб намудам. Баъдан, бароям рӯшан шуд, ки ин ришта заҳмати зиёдеро тақозо мекунад. Ба ҳар ҳол ду соли таҳсил сипарӣ гашт ва ман дар бахши иқтисод иттилои зиёде дарёф намудам, ки дар оянда барои тахассусам мадад хоҳад кард.
– Шумо бо кадом забонҳо суҳбат мекунед?
– Ба ғайр аз забони модарӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ ва олмонӣ ҳарф мезанам.
– Ба фикри Шумо донистани забонҳои хориҷӣ имконоти ҷавононро бештар менамояд?
– Оре, мо имрӯз дар шароите қарор дорем, ки аз равобити байналмилалӣ пешрафти ҳар гуна кишвар сахт вобаста аст. Илова бар ин, Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст, бинобарин мо, ҷавонон, бояд дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро гузорем. Донистани забонҳои хориҷӣ ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда ба ҷавонон имкон фароҳам меорад, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамгому ҳамнафас бошанд.
– Умуман ҷавонҳои мо вақти холии худро чӣ гуна мегузаронанд?
– Ростӣ, чандон вақти зиёд ҳам намемонад. Бештар ба таҳсил ва мутолиа машғулем.
– Оё дӯсти наздике доред?
– Оре, дугонаи хубу ҳамдами ман Манижаи Ҷамшед аст. Мо дар донишгоҳ ҳамроҳ таҳсил намуда, баъд аз дарс ба такмил додани забонҳои хориҷӣ шуғл меварзем.
– Хондани кадом навъи адабиётро дӯст медоред?
– Бештар асарҳои фантастикиро интихоб менамоям.
– Чаро?
– Зеро диққатҷалбкунанда буда, шахсро соате ҳам бошад, ба дунёи дигар мебаранд. Ҷавониву руъё гуф-таанд, шояд ба ҳамин хотир бошад.
– Кадом намуди синамо ба Шумо маъқул аст?
– Мелодрама ва филмҳои мазҳакавиро хуш дорам.
– Кадом навъи варзиш имрӯз дар байни ҷавонони тоҷик роиҷ аст?
– Ман ба бадминтон ва шиноварӣ шавқи зиёд дорам. Фикр мекунам, ин навъҳои варзиш ба рушди ҷисмониву зеҳнӣ таъсири мусбат доранд.
– Шабнам пухтани кадом навъи хӯрокро дӯст медорад?
– Таҳияи палав, санбӯса ва мантуро хуш дорам. Агар вақт даст диҳад, тайёр кардани спагетии итолиёиро дӯст медорам.
– Фасли дӯстдоштаи Шумо?
– Баҳор. Сардиҳои зимистон одамро баъзан хаставу дилгир мекунанд. Бо омадани баҳор ҳаво гарм шуда, сабзаву гулҳо мерӯянд. Ба қавле табиат аз нав зинда мешавад.
– Кадом гул ба Шумо бештар маъқул аст?
– Садбарги ҳолландӣ. Рангу бӯйи ин навъи садбарг шахсро ба худ мафтун менамояд. Дар ҳавлиамон гулҳои садбарг, лола ва бобуна нашъунамо доранд.
– Аз кадом кишварҳои хориҷӣ дидан намудаед?
– Ба Иёлоти муттаҳидаи Араб, Туркия ва Амрико сафар кардаам.
– Шабоҳат ва фарқияти ҷавонони тоҷик ва ҳамсолони хориҷии онҳоро дар чӣ мебинед?
– Шабоҳати онҳо дар интихоби мусиқӣ ва синамо дида мешавад. Дар масъалаи дувум ҳамсолони хориҷии мо бештар мустақилият доранд. Ҳамсолони ман дар Тоҷикистон аксаран ба ҳарфи зодмандон гӯш медиҳанд ва дар интихоби касб ва ҳамсар низ аз онҳо вобастаанд. Ҷавонони хориҷӣ бештар озод ва мустақиланд, ба хусус дар интихоби касб ва пӯшидани либос.
– Шумо пӯшидани чӣ гуна либосро дӯст медоред?
– Ҳам либоси миллӣ ва ҳам аврупоиро. Дар хона ва хиёбонҳо бо либоси миллӣ будан бароям хуштар аст. Аммо ҳангоми ба донишгоҳ рафтан ё дар нишасту ҳамоишҳо ширкат намудан, либоси аврупоиро тарҷеҳ медиҳам.
– Чӣ чизе аз фарҳанги мо метавонад ба ҳамсолони хориҷии Шумо писанд гардад?
– Либоси миллӣ, мусиқии тоҷикӣ, меҳмондорӣ ва тарбия. Фикр мекунам, ин қисмати фарҳанги мардумии мо ба онҳо писанд меафтад.
– Бархе эрод мегиранд, ки аксар ҷавонони мо эҳтироми шахсони калонсолро ба ҷо намеоранд. Оё ба ин андеша мувофиқед?
– Мутаассифона, вақтҳои охир чунин муносибати нохушоянд аз ҷониби ҷавонон ба чашм мерасад. Ҳол он ки дар ҷомеаи суннатӣ ҳама вақт ҷавонон ба бузургсолон эҳтиром қоил буданд ва ин як бахши муҳими тарбия дар оилаҳои шарқӣ маҳсуб мешуд.
– Иллати онро дар чӣ мебинед?
– Дар тарбияи оила. Бояд волидон ба масъалаи тарбияи атфол бештар таваҷҷуҳ дошта бошанд. Агар тарбия дар оила дуруст ба роҳ монда нашавад, дар боғчаю мактаб мураббӣ ва омӯзгор ба натиҷаи дилхоҳ намерасанд, зеро хишти аввал каҷ ниҳода шудааст.
– Дар тарбияи ҳар шахс ҳанӯз аз боғчаю мактаб нафаре саҳми ҷиддӣ мегирад. Чунин шахс дар ҳаёти Шумо кист?
– Модар ва омӯзгори забони русиям. Он кас ҳанӯз аз тифлӣ омӯзгор ва роҳнамои ман буданд. Бо даст додани фурсат мехоҳам сипосгузории худро ба онҳо баён дорам.
– Баъзе волидон монеи таҳсили духтарон дар макотиби олӣ мегарданд. Назари Шумо?
– Ин кори онҳо иштибоҳи бузург аст. Духтарон бояд дониши хуб дошта бошанд, то дар оянда дар пешрафти оила ва тарбияи фарзандон саҳми ҷиддӣ гузошта тавонанд. Модарони камсавод фарзандони хуб тарбия карда наметавонанд. Ба ғайр аз ин, дар зиндагӣ ҳар гуна иттифоқ пеш меояд. Масалан, марди хона мариз мешавад ё Худо накарда мефавтад, он гоҳ ҳоли зану фарзандон чӣ мешавад? Аз ин рӯ, бояд баъзе зодмандон таҷдиди назар созанду барои таҳсили духтарон ва соҳибкасб гардидани онҳо шароит фароҳам оваранд. Набояд аз ёд барем, ки хушбахтии падару модарон аксар вақт аз хушбахтии фарзандон низ вобаста аст. Ба ҳамин хотир бояд бикӯшем, ки дар оила ҳама хушбахт бошанд. Ифтихор аз он дорам, ки дар чунин оила калон шудаам ва таманно дорам, ки зодмандонам ҳама вақт тансиҳату хушбахт бошанд.
– Аз волидон кӣ бештар ба ҷавонон наздиктар аст?
– Ҳам барои писарҳо ва ҳам барои духтарон модар наздиктар аст. Барои шунидани рози дили онҳо вақт меёбад, маслиҳату машварат медиҳад. Асрори онҳоро пинҳон медорад. Падарон бештар ба кор ва таъмини оила машғуланд, вале новобата ба ин мо, ҷавонон, падару модаронро баробар дӯст медорем ва эҳтиром мегузорем.
– Ба фикри Шумо синни издивоҷ барои ҷавонон кадом аст?
– 19 -20-солагӣ барои издивоҷи духтарон беҳтарин фасл мебошад.
– Ташаккур, ба Шумо дар таҳсил муваффақият ва дар зиндагӣ хушбахтӣ таманно дорем.
Мусоҳиб Эмомалӣ Сайидамирзод