Аз рӯзгори ибратпазири Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, омӯзгор, модару тарбиятгар Ҳабибахон Каримова, ки ба синни мубораку табарруки навадсолагӣ расидаанд.
Ниёкони донишманд
5-и сентябри соли 1923 дар хонаводаи Мулло Каримбойи конибодомӣ тифле ба дунё омад, ки ӯро волидайн бо муҳаббат Ҳабиба ном гузоштанд, то ҳабиби хонадон ва ҳамдиёрон гардад. Ӯ дар муҳити донишмандону маорифпарварон, ки ҳама ҳофизони Қуръону донандагони ашъори Ҳофизу Саъдиву Бедил буданд, чашм ба олами ҳастӣ кушуд. Модаркалонаш Шоҳзода-бибӣ отун буданд ва дар мактаби хонагии худ ба писарону духтарони шаш маҳалла дарс мегуфтаанд. Бобояшон Миралӣ-саркор низ шахси босаводу донишманд буд. Аз ин рӯ, онҳо кӯшиданд Марҳамат-бону, яъне модари Ҳабибаро, ки дар мактаби хонагӣ вазифаи халифа-бибиро адо мекард, аз неъмати савод комилан баҳраманд гардонанд.
Соли 1930, вақте Ҳабиба 7-сола шуд, модар ӯро ба нахустин мактаби усули нав, ки онро «Намуна» меномиданд, бурда, аз устод хоҳиш кард, ки вайро ба мактаб қабул намоянд. Ҳамсинфони Ҳабиба аз 8 то 18-сола буданд. Чун ба синфи дувум гузашт, муаллим Абдуллоев як бачаи 17-соларо дар пахлуяш шинонд, то вай аз Ҳабиба биёмӯзад. Вақте Ҳабиба аз мактаб бармегашт, модар болои сандалӣ матое густурда, болои он бо лӯбиёву нахӯд, аз риёзӣ дарси ҷамъу тарҳ мегузашт. Марҳамат-бону шомгоҳон фарзандонро гирди ҳам оварда, бо садои ширадору дилнишину гӯшнавозаш барояшон аз ашъори Саъдиву Ҳофизу Бедил порчаҳои шеърӣ мехонд.
Муаллимаи 13-сола!
Замоне, ки Ҳабиба мактаби ибтидоиро хатм кард, ӯ ҳамагӣ 11 сол дошт. Барои идомаи таҳсил ба омӯзишгоҳи омӯзгорӣ шомил шуд. Ӯро якбора ба курси дувум қабул карданд. Вақте дар курси савум мехонд, 7 нафар донишҷӯёнро, ки миёни онҳо Рауф Баротов (баъдан академики Академияи илмҳои ҶТ) низ буд, барои таълим дар курсҳои маҳви бесаводӣ ҷалб карданд. Ҳабиба ва дигар ҳамсабақонаш ҳамарӯза соати 4-и баъд аз зуҳр барои духтарон ва соати 6-и шом барои мардҳо дарс медод. Аксарияти шогирдон бонувон ва мардони миёнсол буданд ва якҷо бо кӯдакони хеш ба дарс меомаданд. Чун он замон қади Ҳабиба хеле паст буд, яке аз шогирдон барояш хараке сохта, бо худ ба синфхона оварда буд.
Соли 1937 Ҳабибаи 14-сола омӯзишгоҳро хатм кард. Баъди саёҳати шаҳри Маскав, дар мактаби азизаш ба ҳайси муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ба кор оғоз кард. Дар 19-солагӣ муовин ва дар 26 –солагӣ сарварии мактабро бар дӯш гирифт. Ва ин мудирият 43 сол идома кард. Ҳабиба Каримова мактаберо сарварӣ кард, ки ҳанӯз соли 1918 таъсис ёфта, нахустин мактаби пойгоҳиву намунавӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешуд. Ин мактабро дар даврони гуногун Абдуалаҳад Қаҳҳоров, академик Ниёзмуҳаммадов, профессорон Шариф-ҷон Ҳусейнзода, Ҳилол Каримов (бародари бузурги Ҳабиба) ва Муллоҷон Фозилов, артистони халқии СССР Комил Ёрматов ва Лутфӣ Зоҳидова ва чандин қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ хатм намуданд.
Соли 1985 ба нафақа рафт. Ҳарчанд аз он замон 28 сол сипарӣ мешавад, Ҳабиба Каримова робитаашро бо мактабу шогирдону ҳамкоронаш лаҳзае қатъ накардааст.
Унвону нишону медалҳои бисёр…
Соли 1944 дар ҷумҳурӣ унвони «Аълочии маорифи халқ» таъсис гардид ва Ҳабиба Каримова нахустин нафаре аз ноҳияи Конибодом буд, ки ба дарёфти ин унвон сазовор шуд. Соли 1960 сазовори нишони Ленин ва унвони «Муаллимаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Точикистон» ва соли 1968 ба дарёфти унвони ифтихории «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» ва дувумин нишони Ленин шарафёб гардид. Дар маҷмуъ нишону медалҳои ӯ наздик ба бист ададанд.
Соли 1999 бо ҳидояти фарзандон яке аз панҷ фаризаи исломӣ, яъне Ҳаҷҷи Акбарро ба ҷой овард. Вале Ҳабиба Каримова ҳамоно хоксор аст. Вай табиатан ман-маниро дӯст надорад ва аз қаҳрамонияш наменозад. Чун дарахти пурсамару пурмева ҳамеша сархаму пуртавозуъ аст.
Фарзандон
Ҳабибахон Каримова бо вуҷуди масруфият ва серкорӣ ба тарбияи фарзандон эътибори хосса зоҳир намуда, барои чун инсонҳои комил ба камол расидани онҳо пайваста заҳмат кашидааст. Ин зани порсо бо инсони рӯшандилу соҳибназар, журналист, Ходими шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯхтасин Ҷабборӣ 61 сол ҳамсару ҳамтақдир буд. Ҳамон Ҷабборие, ки тайи беш аз чиҳил сол сармуҳарририи рӯзномаи ноҳиявии «Машъали коммунизм» (ҳоло «Садои Конибодом»)-ро бар дӯш дошт.
Ҳабиба Каримова модари 5 фарзанд, 14 набера ва 28 абера аст. Духтарашон Иноят, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳо дар Душанбе ва Конибодом мудири дармонгоҳи шаҳрӣ буд. Анварҷон, таърихшинос ва Саодатхон муаллимаи кимиё ва биологияи Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом буданд. Ҳар ду дорандаи нишони «Аълочии маорифи халқ» мебошанд. Рустамҷон, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми иқтисод, «Аълочии мақомоти андоз», дорандаи нишони «Шараф», Марҳабоҷон «Аълочии маорифи халқ», доктори илмҳои педагогӣ, профессор, собиқ ректори Донишкадаи забонҳои шаҳри Душанбе, алъон раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорандаи нишони «Шараф» дараҷаи 1 аст.
Шогирдон
Тақрибан ҳама рӯз шогирдон ба дидорбиниаш меоянд. Як рӯз қабл аз мо фарзандони собиқ муншии аввали ҳизби коммунисти ноҳияи Конибодом Раҳбар Қосимов - Зафар ва Шоира аз Хуҷанд омада, муаллимаи хешро бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон шодбошӣ кардаанд.
«Шогирдону устодони имрӯз аз толибилмону муаллимони даврони пеш чӣ тафовут доранд?» - мепурсам аз муаллима.
– Ҳоло арзишҳо дигар шудаанд. Дар бозор ҳама чиз қимати гарон дорад. Ин гаронӣ ба рӯзгори муаллим таъсири манфӣ расонида, қадри ӯро паст кардааст. Маоши ӯ барои ба сомон расонидани рӯзгор кам аст. Барои он ки обрӯйи муаллимро боло барем, маоши ӯро зиёд бояд кард. Тавре зиёд бояд кард, ки муаллим мутеи пулу дастмузди шогирди хеш набошад. Муаллим бояд ғурур дошта бошад. Ӯ вақте соҳибғурур мешавад, ки зиндагии хубу обод дошта бошад ва муҳтоҷи ёрии касе нагардад.
Муҳоҷират ва фарзандони бетарбия
– Ба муҳоҷирати занон тамоман зидам, – таъкид медорад ӯ. Зан қабл аз ҳама тарбиятгар аст ва вай бояд фарзандонро тарбия кунад. Ояндаи ҷамъияти мо бо фарзандони тарбиятнадида ва беҳунар чӣ мешавад? Ҳоло модарон аз тарбияи духтарони худ дур мондаанд. Вазифа ва рисолати аслию азалию модарии онҳост, то одоби шавҳардорӣ, хонадорӣ, иззатшиносии хурду бузургро ба онҳо биёмӯзанд. Ҳоло аксарияти занони тоҷик дар муҳоҷиратанд. Онҳо ба табиату хӯйи мардуми он кишвар ба тадриҷ одат мекунанд. Анъанаҳо ва расму оинҳои тоҷикиро, ки ҳама саросар панду андарзу насиҳатанд, фаромӯш месозанд. Муҳити носозгору ғайритоҷикӣ ҳатман таъсири бади худро болои ахлоқу одоби занону духтарони ҳаммиллати мо мегузоранд. Чанд рӯз қабл аз ҳафтавори «Омӯзгор» хондам, ки чӣ сон тоҷикони вилояти Уйғуру Шинҷони Чин асолати қавмию забонии хешро аз даст додаанд. Зеро муҳити созгор барои рушду нумуи забону асолати миллии онҳо мавҷуд нест. Чунин раванд ба сари занони муҳоҷири тоҷик низ хоҳад омад.
5 сентябр - рӯзи милод
Чун анъана ҳар сол 5-уми сентябр фарзандону шогирдон аз ҳар сӯйи олам дар манзили Ҳабиба Каримова ҷамъ омада, зодрӯзи ӯро таҷлил менамоянд. Таҷлили зодрӯзи имсола вижагӣ дорад. Зеро 90-солагии шахсе таҷлил мегардад, ки тайи 55 соли фаъолияти педагогӣ ва ҷамъиятии хеш дар тарбияи садҳо инсонҳо саҳми боризу нақши носутурданӣ гузоштааст.
Тилав Расулзода
P.S. Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» муаллимаи азиз ҳабибахон Каримоваро бо зодрӯзи хуҷастаашон табрику шодбош гуфта, барояшон аз даргоҳи Илоҳӣ тани сиҳату хотири ҷамъ ва давлати пурғановату шоистаи пирӣ таманно дорад!