На танҳо дар Тоҷикистон, шояд дар саросари дунё хеле ангуштшуморанд заноне, ки бо вуҷуди дар болотарин нуқтаи пиронсолӣ қарор дош-тан, ҳамчунон зиндадил, саршор аз умеду орзуҳо ва муҳимтар аз ҳама машғули эҷод бошанд. Марҳамат Очилова, як бонуи дар гузашта омӯзгор ва ҳоло эҷодкори тоҷик аст, ки чанде муқаддам 82 -солагии худро таҷлил кард. Рӯзгори ӯ метавонад барои бонувони тоҷик сармашқи зиндагӣ бошад…
Марҳамат Очилова дар Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Маскав ширкат карданашро дар хотир дорад:
– Аввали соли 1941 буд. Падарам, ки он солҳо хидматчии давлатӣ буданд, барои иштирок дар даҳаи адабиёт ва санъат ба Маскав даъват шуданд. Маро низ ҳамроҳаш бурд. Он ҷо ансамбли кӯдакона ҳам иштирок мекард. Ман ҳамроҳи ҳамон ансамбл рақсида будам. Моро дар Кремл қабул карданд. Ман хурдтарин иштирокчӣ будам. Ёд дорам, Сталин маро рӯйи зонуҳояш нишонда, суҳбат карда буд.
Вай аз даҳаи адабиёт ва санъат хотироти дигаре ҳам дорад. Бо шоири бачаҳо Мирсаид Миршакар ошно гардида, бо Лоҳутӣ дидор дида буд.
– Ошноиям бо Мирсаид Миршакар чунин сурат гирифт: кӯдаконро дар Маскав бо як автобус гардиш медоданду калонсолонро бо автобуси дигар. Боре аз меҳмонхона ба толор мерафтем. Вақте расидем, бачаҳои калонтар ҷасту хез занон аз автобус пойин шуда маро тела доданд. Ба замин афтодаму ҷомаам тар шуд. Ин вақт автобуси дувумӣ ҳам расид. Аввалин шуда Миршакар аз автобус пойин шуд ва чашмаш ба ман уфтод. Маро аз замин бардошта ба толор бурд ва фармуд, ки ягон либоси хушк бароям биоранд. Баъдан, пурсид, ки чӣ ном дорам. Номамро гуфта илова кардам, ки шеъру дубайтии бисёр медонам. Аз афташ, духтарчаи сергап будам, ки ба Миршакар писанд омадам. То баргаштан ба Тоҷикистон дар фурсатҳои холӣ маро даъват мекарду барояш шеър мехондам, – бо чашмони дурахшон нақл мекунад муаллима Очилова.
–Шояд шоири бачаҳо будани Миршакар ӯро во медошт, ки бо мани хурдсол ҳамсуҳбат шавад, –мегӯяд Очилова ва илова мекунад, аммо Лоҳутӣ, ки низ онҷо буд ва бештарини фурсат бо Миршакар якҷо мегашт, ба ман камтар таваҷҷуҳ зоҳир мекард.
Давраи Ҷанги Бузурги Ватаниро бо машаққат пушти сар мекунад. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳуҷҷат месупорад. Мехост ба факултаи филология шомил шавад, аммо ғайри хоҳишаш дар донишгоҳ ҳуҷҷатҳои ӯро ба факултаи физикаву математика равон мекунанд.
Бо маслиҳати зодмандон эътирозашро фурӯ мешинонад ва ба таҳсил дар факултаи физикаву математика шуруъ мекунад.
«Сарфи назар аз ин ки дар оғоз намехостам, вале дар ҷараёни таҳсил бо шавқу шӯри зиёд ба таҳсил пардохтам. Бо баҳои аъло мехондам, идрор-пулии сталинӣ мегирифтам. Он вақт аълохононро ба Маскав мефиристоданд, барои тамошо. Баробари хатми донишгоҳ маро ба шавҳар доданд. Ҳарчанд неву нестон кардам, вале тӯй барпо шуд. Ҳоло Худоро шукр мегӯям, ки бо шавҳарам дар давоми 41 соли зиндагии муштарак чӣ ҳаёти босаодате доштем», – мегӯяд мусоҳибамон.
Ин зиндагии муштарак 6 фарзанд самар додааст, ки ҳоло ҳар кадоме номбардори падару модаранд. Марҳамат Очилова дар давоми 41 соли омӯзгорӣ аз фанҳои риёзиву физика ва астрономия шогирдони зиёдеро тарбия кардааст. Акнун ки бознишаста аст, танҳо бо эҷодиёт ва гаҳ-гоҳе ба мутолиа машғул аст.
– 4 китоб, мақолаҳои бешумор ва як миқдор шеър навиштаам. Китоби аввалам «Рӯзҳои гузаш-таи мо» ном дорад. Саргузаштӣ аст. Дар бораи рӯзгори баъди ҷанг ҳикоя мекунад. Китоби дувумам «Шоҳрух» ном дорад, ки қиссаи тахайюлӣ аст ва соли 2008 нашр шудааст. Китоби сеюм «Абри гузар» қиссаи воқеӣ аст. Ва ниҳоят китоби чаҳорумам бо номи «Сағерабача» омодаи чоп аст. Ин ҳам қиссаи воқеӣ аст. Аз сабаби он ки хусусияти тарбиявӣ дорад ва фикр мекунам барои хонандаи наврас ва ҷавон муфид хоҳад буд. Ба Вазорати маориф пешниҳод кардам, ки барои нашраш мусоидат кунанд. Дар фурсатҳои наздик бо теъдоди 40 ҳазор нусха онро чоп мекунанд. Аз фурсат истифода бурда, ба садорати Вазорати маориф сипос мегӯям, – меафзояд Марҳамат Очилова.
Вай зиндагии худро хулоса карда мегӯяд, ки комилан аз ҳаёташ розӣ аст. Ҳамин 6 фарзандро бузург кардан кифоя аст, ки худро хушбахт бидонад. Мехоҳад фарзандонаш сиҳату саломат бошанд ва панди бузургонро, ки бар гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек таъкид кардаанд, фаромӯш насозанд. Боқии умрро бо мутолиа ва ҳамкорӣ бо маҷаллаву рӯзномаҳо хоҳад гузаронд. Ҳангоме ки хостем аз ӯ аксбардорӣ кунем, гуфт:
– Як лаҳза сабр кунед. Абрӯҳома сиёҳ кунам, куртаи хушрӯ пӯшам.
Воқеан, ҳамин аст зиндагӣ. То охирин лаҳза орзуву ормонро ҳифз кардан, дилшикаста нашудан ва зиндагӣ кардан…
Таҳияи Ё. Ҳалимов,
Г. Бобомуродова