Азҳампошии оилаҳо мушкили танҳо ду нафар нест!
Тайи сездаҳ соли фаъолияти Манзура Аҳророва ба ҳайси раиси Шӯрои бонувон ва омӯзгор-тарғибгар дар минтақаи баҳрабардорӣ аз манзилҳои рақами 1 ва муассисаи давлатии «Истифодабарии манзили соҳили рост»- и шаҳри Хуҷанд танҳо ду оила аз ҳам пошидааст. Садҳо оилаҳое, ки дар вазъи басо ҳассос ва ногувори азҳампошӣ қарор доштанд, маҳз бо маслаҳату машварат, панду насиҳатҳои модарона ва беғаразонаи ин зани ботадбиру нексиришт ва пайвандгару муросокор, аз нав ба ҳам омада, саодати зиндагӣ дарёфтанд.
– Вақте як оилаи ҷавон барои аз ҳам ҷудо шудан ба додгоҳ ариза менависад, додгоҳ барои боз ҳам амиқтар андеша намудан, ба онҳо муҳлат медиҳад. Баъдан, аризаро ба мо мефиристанд, – иброз медорад Манзура. – Мо бо занони обрӯманди маҳалла ба манзили онҳо меравем. Даҳ кас ба қавле, ба як кас «ҳуҷум» мекунем. Мегӯем, ки зиндагӣ пастию баландиҳо ва мушкилот дорад ва бояд ба он таҳаммул кард. Баъди суҳбат аксари ҷавонон ранҷу гиламандиҳои хешро фаромӯш карда, боз ба ҳам меоянд. Аксар ҷавонон ба зиндагии мустақилона омода нестанд. Онҳо нозпарвард тарбия ёфта, ба андак мушкилоти зиндагӣ тоб намеёранд. Ман ҳамеша ба онҳо мегӯям: «Падару модар ва пайвандонро ҳурмату эҳтиром кунед. Онҳо бо сад умеду орзуҳои нек шуморо хонадор кардаанд. Пошидани оилаи шумо барои онҳо мусибат ва зарбаи сахте хоҳад буд. Ҳангоми тасмим гирифтан на танҳо манфиатҳои худ, балки ҷомеаро низ ба назар бигиред».
Ҷалби кӯдакон ба мактаб
Манзура аз оғози фаъолияти хеш ба ҳайси омӯзгор-тарғибгар робитаро бо мактаб, мақомоти корҳои дохилӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ қавӣ сохт. Агар дарёбад, ки хонандае аз мактаб берун мондааст, зуд ба хонаи онҳо меравад. Бо кӯдак ва волидайнаш суҳбат мекунад. Мушкили онҳоро ҳал карда, роҳи мактабро пеш мегирад. Бо омӯзгорон перомуни муш-кили мавҷуда суҳбат мекунад. Аз эшон хоҳиш менамояд, то аз роҳҳои матлуби таълиму тарбия кор бигиранд, ки кӯдакон мактабгурез нашаванд.
Вақте қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расид, Манзура Аҳророва ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод кард, то дастҷамъона ба муассисаҳои тафреҳотии «Хваканта», «Опера» ва «Амнезия» бираванд, то бифаҳманд, ки ба ин ҷо киҳо меоянд, бо чӣ коре вақти худро сипарӣ менамоянд. Вақте дар «Хваканта» аз гурӯҳи ҷавонон пурсиданд: «Оё волидон хабар доранд, ки дар ин нимашаб шумо дар куҷоед?». Посух ин буд: «Мо ба онҳо мегӯем, ки бо ошноҳои худ дар як ҷо истироҳат дорем».
Манзил дахлнопазир аст!
Дар соҳили рости Хуҷанд, ки аз 12 микроноҳия иборат аст, панҷ қитъаи зертобеи муассисаи «Истифодабарии манзили соҳили рост» мавҷуд аст, ки дар ҳар яки он бонуе ба ҳайси омӯзгор-тарғибгар фаъолият менамояд. Онҳо масъалаҳои ба миён омадаро бо маслиҳати Манзура Аҳророва ҳаллу фасл менамоянд. Миёни аҳолии наздик ба 52 ҳазор намояндагони касбу кор, миллату мазҳабҳо ва қишрҳои гуногун ба сар мебаранд.
Максим ном ҷавон ба аскарӣ меравад. Рӯзе хабар мерасад, ки ӯ бемор шуда, дар шифохонаи низомӣ бистарӣ аст. Модари ӯ аз шунидани ин хабар дар ғам печида, оқибат аз дунё мегузарад. Сарбоз пас аз адои хизмат ба Хуҷанд бармегардад. Ӯ ҳанӯз шифои комил наёфта буд. Манзура Аҳророва аз дасти Максим гирифта, аз як дармонгоҳ ба дармонгоҳи дигар, аз як бемористон ба бемористони дигар мерафт, то ӯ шифо ёбад. Дар ин байн модаркалони Максим низ мефавтад. Ӯ танҳо мемонад. Касе набуд, ки дар бораи сарнавишти минбаъдаи Максим биандешад. Чун ӯ 24 сола шуда буд, Манзура дар андешаи хонадор кардани ӯ шуд. Вале Максим тасмим гирифт, ки каме кор карда, баъдан оила барпо созад. Ҳар сол Максим Рязанов чун дигар ҳамдиёрони тоҷикистонияш ба Русия меравад. Ҳар вақте ки аз муҳоҷират ба Ватан баргардад, нахуст барои дидорбинии маслиҳатгари беғараз ва инсони нексиришт Манзура Аҳророва мешитобад.
Дарси муошират
Истеъдоди омӯзгориву тарғибгарӣ барои Манзура Аҳророва атои Худовандист, зеро ӯ донишкадаи омӯзгориро хатм накардааст. Соли 1971 бахши фурӯшандагии омӯзишгоҳ ва соли 1972 бахши молшиносии Техникуми савдои шаҳри Хуҷандро хатм карда, тайи 24 сол дар фурӯшгоҳи рақами 62-и шаҳр ба ҳайси фурӯшанда фаъолият намуд. Ҳамзамон вай шаш нафар фарзандро тарбият карда ба камол расонд. Соли 1997 ба нафақа баромад
– Зиндагӣ маро омӯзгор кард, – мегӯяд Манзура Аҳророваи 61-сола. – Неку бадро бисёр дидаю санҷидам ва ҳар он чӣ хуб буд барои худ қабул кардам ва ҳар он чӣ бад буд, аз он даст кашидам.
Соли 2000-ум бо ҳидояти Ҳамроҳ Атаева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Манзура Аҳророва барои кор ба ҳайси раиси Шӯрои занони минтақаи баҳрабардорӣ аз манзилҳои рақами 1-и Хуҷандшаҳр даъват шуд. Обрӯю эҳтиром ва манзалате, ки ӯ байни ҳамшаҳриён дорад, баёнгари он аст, ки онҳо дар интихоби хеш, яъне «дипломати мардумӣ» хато накардаанд.
Арӯсбинонро аз байн бардоштем
Ҳарчанд аз қабули қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» чанд сол гузашта бошад ҳам, дар баъзе оилаҳо ба таври ғайрирасмӣ арӯсбинон вуҷуд дошт. Ин ҳамон расме буд, ки аҳли маҳалла ва хешовандон субҳи нахустини шаби арӯсӣ ба дидори арӯс мерафтанд. Соҳибхона маҷбур буд барои меҳмонон дастархон бикушояд.
– Мо чанд нафар ба хонаи наварӯс мерафтем, – баён медорад Манзура. – Чун навбати тақсими туҳфаҳову зиёфат мерасид, мегуфтем, ки ин кор ғайриқонунӣ аст ва санад тартиб дода, то ба додситонӣ мефиристодем. Одамон оҳиста-оҳиста аз баргузории чунин як расми исрофталаб даст кашиданд.
Сил табобатшаванда аст!
Яке аз самтҳои фаъолияти Манзура Аҳророва ин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим аст. Вай мекӯшад, то ба ҳамшаҳриён бифаҳмонад, ки нашъамандию майхорагӣ, ҳамзистии нобасомони ашхоси бо ҳам ношиносу носолим чӣ хатаре барои инсонҳо ва ҷомеа дорад. Дар лобалои суҳбатҳо ҳатман дар бораи бемории сил ва сабабҳои мубтало шудану роҳҳои пешгирӣ аз он ҳарф мезанад. Мегӯяд, ки аз бемории сил набояд ҳаросид. Зеро сил табобатшаванда аст.
Тилав Расулзода