Мусоҳибаи ихтисосӣ бо доктори илмҳои равоншиносӣ Саидмурод Давлатов
– Суҳбати мо атрофи мавзӯи маърифати оиладорист. Нахуст бигӯед, ки чун шароити маишӣ мояи хушбахтӣ шуда наметавонад, пас инсоният барои хушбахтӣ ва ҳаловати равонии хеш чӣ корҳоро анҷом додааст?
– Барои хушбахтии комил инсон ба ҳамдигарфаҳмӣ ниёз дошта, бо пайвандонаш ҳисси дӯстиву муҳаббат пайдо мекунад. Ба шахсе аҳди оиладорӣ мебандад, ки миёни онҳо ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад. Хушбахт онест, ки бо зодмандон, бародару хоҳар ва зану фарзандон ҳамдигарфаҳмӣ дорад. Низоъ чист? Низоъ дар заминаи нофаҳмиҳо ба вуҷуд меояд. Мухолифат қабул надоштани фикру андешаҳои ҳамдигар буда, сабабгори пайдо шудани нотифоқӣ ва сар задани ихтилоф мегардад.
– Барои чӣ миёни одамон ихтилоф рух медиҳад?
– Дар дили инсонҳо робитаи ба чашм ноаён вуҷуд дорад. Ҳар қадаре ин робита қавитар бошад, боварӣ миёни одамон бештар аст. Бисёр зарур аст ин робитаро дар сатҳи оила мустаҳкам намуд, зеро мабодо фарзанд аз оилаи барпонамудааш ҷудо шуд, зодмандон ӯро бояд канори худ бигиранд. Мафҳуми «дилро ба дил раҳест» як арзиши муҳим барои инсон аст. Ҳамин ҳамдигарфаҳмӣ кофӣ аст, ки инсон барои ҳамсару пайвандонаш дӯстдоштанӣ гардад. Инсонҳо на танҳо бо инъом, балки бо меҳрубонию эҳтиром нисбати ҳамдигар метавонанд худ ва атрофиёнашонро хушбахт гардонанд. Марди хушбахту комёб на сарватманду мансабдор, балки фардест, ки орзуҳои азизону пайвандонашро амалӣ кардааст. Оила макони баргузида барои инсон аст, ки дар он талабу хостаҳои хешро бароварда менамояд. Инсони хушбахт онест, ки ҳурмату эҳтиром, муҳаббату садоқатро байни худу ҳамсар пайдо карда, дар симои ҳамсари худ ҳамон шоҳдухтари афсонавиро дида метавонад. Бонувон низ аз шав-ҳари худ шоҳзодаи афсонавӣ сохта метавонанд. Яъне инсон бо ҳамон неруи созандагӣ барои худу атрофиёнаш хушбахтиҳоро эҷод мекунад.
Зан бештар қудрати дарк кардани адами муносибатҳои неки шавҳарро дорад, аз ин рӯ, мардон набояд ба ҳамсари худ дурӯғ гӯянд. Ҳарчанд мард мантиқи қавӣ дошта, дар баҳс бо далелҳои асоснок ба зан ғолиб меояд. Занон дар асоси дарку эҳсос ҳақ будани худро исбот карданӣ мешаванд, вале бинобар заъфиятҳои табиӣ мардро мутақоид карда наметавонанд. Дар дигар ҳолатҳо баъзе мардон дар баҳси андеша бо зан мағлубиятро напазируфта, аз шиканҷа кор мегиранд.
– Мардон бояд ба занон бештар ҳурмату эҳтиромро қоил бошанд ё баръакс?
– Дараҷаи ҳурмату эҳтироми ҳамсар оқилу дурандеш будани мардро нишон медиҳад, зеро арҷу эҳтиромгузорӣ ба офарандаи фарзанд нишонаи инсони комил будан аст. Беҳтарину наздиктарин шахс барои мард ҳамсари ӯ буда, хулқу атвори шоистаи занро дар ӯ тарбия намудан вазифаи мард аст.
Чанде пеш дар дарс ба ман бо чунин мазмун хатчае расид: «Вақте мард сарватманд шуд, ҳамсар дар назараш безеб ва манзили зисташ кӯчак менамояд. Баъзе мардон табиатан хоҳиши сарватманд шудан доранд. Онҳо имкони дилрабоии занонро ҳамеша маҳдуд намуда, монеи рушду шукуфоии онҳо мешаванд».
Фақри ботинии баъзеи моро наметавон бо сухан ифода кард! Нафаре, ки дар ҳар қадам ба ҳамсари тақдирашро ба ӯ пайваста, хиёнат мекунад, барои худ фоҷиа месозад. Аммо барои чӣ ин корро мекунад? Ба фаҳму дарки он намеравад. Вале марди оқилу ботадбир дар зиндагии хонаводагӣ ба зан арҷ мегузорад.
– Тамоми бузургони олам дар домани занон ба воя расидаанд.
– Бале, барои ба саодат расидани бузургмардон занон мусоидат намудаанд. Бузургии мард аз муносибату эҳтироми баландаш ба ҷинси латиф баҳо дода мешавад. Хушбахтии занон низ ба муносибату хидмат ба шавҳар рабт дорад. Вале мардоне, ки аз рӯйи ғурури носолим ба хушунати зан кор мегиранд, худбинии заифу ақли коста доранд. Ин тоифа мардон эҳтироми бонуи худро қоил нестанду худ низ хушбахт буда наметавонанд. Занон, ки табиатан зебопарастанд, фароҳам овардани имконият барои рушди онҳо мояи хушбахтии занону ҳамсарони онҳост.
Баъди сафарҳои тӯлонӣ хулоса кардам, ки зеботарин ва оқилу порсотарин занон тоҷиканд. Ин ҳаёти пурмашаққату сабру таҳаммуле, ки дар зани тоҷик аст, дар роҳибаҳо ҳам нест. Ин қадр масъулиятеро, ки дар ҳаёти оиладорӣ зани тоҷик бар дӯш дорад, аз рӯйи адлу инсоф нест. Зан бояд озоду баробари мардон вақт барои роҳату рушди зеҳнии худ дошта бошад.
– Роҳҳо ва усулҳои ба хушбахтӣ расиданро чӣ гуна тавзеҳ медиҳед?
– Омилҳои хушбахтсозии инсон зиёд аст. Дар ҳаёт се шакли муҳаббат вуҷуд дорад. Якум, шахс мехоҳад ӯро дӯст доранд, баъдан муҳаббати муттақобила аст. Савум, шахс мехоҳад, ки ӯ дӯст дорад. Кадоме аз муҳаббатҳо ба инсон хушбахтии бардавом меорад? Агар хоҳед, ки шуморо дӯст доранд, худ ба ғамхории зан шуруъ кунед. Марде, ки барои ҳамсар ҳаёти шоиста муҳайё намуда, хостаҳои ӯро бароварда мекунад, муҳаббаташро сазовор мешавад. Муҳаббати мутақобила хоси мардуми шаҳр аст. Агар хостори муҳаббати мутақобила бошед, мавқеи севумро мустаҳкам намоед, дар ин сурат касеро маҷбур карда наметавонед, ки шуморо дӯст дорад, аммо метавонед ба худ иҷоза диҳед, ки касеро дӯст доред ва метавон гуфт, ки имкон фарҳам месозед, то касе шуморо низ дӯст дорад. Табиист, ки наметавонам касеро маҷбур кунам, то маро дӯст дорад, аммо метавонам касеро дӯст дорам.
Ишқ муъҷизае аст, ки онро Худованд на ба ҳар инсон ато кардааст. Инсон ё аз ишқ ва ё бенасиб мондан аз он азият мекашад! Вале ҷафои беишқӣ одамро бешарму густох, дағалу худбин мегардонад. Баъзан аз рафтори баъзе дарк кардан мумкин аст, ки ӯ касеро дӯст надоштааст, зеро ишқ инсонро тарбият намуда, сӯзи ишқ одамро собиру оқил, дардошно, хубрӯю ҳаётдӯст мегардонад.
– Ҳикмати мардумиро шарҳ медодед: «Ба суханони зан гӯш андоз, вале ақли худатро кор фармо».
– Оилае, ки дар он ҳисси пешакии зан (интуитсия) ва ақли мард дуруст истифода мешаванд, пешрафт мекунад. Ривояте аст, ки дар кӯча ду бенаво паҳлуи ҳам нишаста гадоӣ мекарданд. Байни ин ду гадо, ки таҳам-мули ҳамдигарро надоштанд, пайваста баҳсу низоъ буд. Рӯзе дар наздикии эшон сӯхтор рух доду мардум ба ҳар тараф фирор карданд. Магар ин ду бенаво, ки яке кӯру дигаре пойи равон надошт. Вақте ба мувофиқа расиданд, кӯр шалро бар пушт гирифту дувумӣ ба ӯ роҳ нишон дод. Мазмуни ривоят ин аст, ки «кӯр» мард ва «шал» зан аст. «Чашм»-и зан ин интуитсияи вай аст. «Пой»- и мард ин мантиқи ӯст, ки қариб ҳамеша бо роҳи дуруст меравад. Занон ин ё он зуҳурот ва рӯйдодро тавассути интуитсия дарк месозанд ва ҳама чизро ҷо ба ҷо мекунанд, вале бо сабаби надоштани тафаккури мантиқӣ дар лаҳзаҳои охирин ба хато роҳ медиҳанд. Аз ин хотир, онҳо аз таваккал метарсанд. Ин як зуҳуроти муқаррарист ва онро дарк бояд кард ва аз «чашмон»-и занон истифода бурда, ҳарфи занонро ба гӯш гирифтан зарур.
– Худпарастӣ бештар хоси кадом ҷинс аст ва он аз чӣ маншаъ мегирад?
– Ботин, яъне равони мард худбинии аз ҳад зиёд ва қобилияти созандагии беинтиҳоро дорад. Ба он набояд сахт расид. На танҳо зан, худи мард низ намедонад, ки худбинии ӯ бениҳоят хатарнок аст. Вақте бародари бузург кӯчакро барои амали номатлубе маломат мекунад, кор ба ҷанҷол анҷом меёбад, зеро ба ҳисси худбинии ӯ мерасад. Бонувони азиз, агар худхоҳии мардонро дарк кунед, хушбахт хоҳед шуд, зеро хушбахтии мард аз худбинии ӯ вобастагӣ дошта, 50 дар сади хушбахтии ӯ аз сатҳи иқтисодии зиндагиаш вобастагӣ дорад. Табиати мард ин аст, ки вақте сарвату вазифаи роҳбарӣ дорад, хушбахт аст. Аз ин рӯ, зани оқила бояд пеш аз тасмим аз мард иҷозаи онро бипурсад. Мард хоҳиши рад кардани дархости бонуяшро надорад. Гарчанде мардон ҳис мекунанд, ки дар хонавода нуфузи роҳбарӣ доранд, аммо дар асл 90 дар сад масоили зиндагӣ ба хостаи занон ҳал мешавад. Зан бояд тарзе рафтор намояд, ки мард худро озоду «калон»-и хона ҳис кунад ва додани ин суолҳо: «ту дар куҷоӣ?», «кай меоӣ?» ва «ту куҷо меравӣ» ба мард қобили қабул нест.
– Мегӯянд, ки неруи зан дар заифии ӯст.
– Нерӯи зан дар нармии ӯст. Зан бояд монанди об нарм бошад, ки онро буридаву кӯфта нашавад. Об дар пиёла шакли пиёла, дар кӯза шакли кӯзаро мегирад.
– Бигӯед, ки оё хушбахтӣ ягон формула дорад?
– Як формулаи мушаххас, ретсепт ё стандарти ягонаи хушбахтӣ вуҷуд надорад. Муҳим ин аст, ки инсон масъулияти оиладориро дарк кунад. Мо ба ҷузъ таъмини нафсҳои инсонӣ дигар хостаҳои иҷтимоӣ низ дорем. Мояи хушбахтии инсон низ дар дуруст фикр кардану талаби хостаҳои оқилона аст.
– Дар радифи ибораи «марди ҳақиқӣ» лутфан бигӯед, ки киро метавон бонуи ҳақиқӣ номид?
– Ҷомеаи имрӯзи мо ба мардони ҳақиқӣ ниёз дорад. Марди ҳақиқӣ дар рушди зеҳнии бонувони ҳақиқӣ мусоидат менамояд. то зан фарзандони солим ба дунё оварда, бақои минбаъдаи миллатро таъмин кунад.
Занони ҳақиқӣ ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам маҷозии ин ибора бонувони Тоҷикистон мебошанд, ки дар баробари ҳама масъулиятҳои оилавӣ боз дар тарбияву солимгардонии ҷомеа, умури идорӣ ва дигар корҳои ҷамъиятӣ баробари мардон ҷаҳду кӯшиш доранд.
Мусоҳиб Неъмати Неъматзода