Саноат Усмонова. Бо шунидани ин ном якчанд рӯйдоду дастовардҳои фарҳангиву сиёсии садаи охир пеши назар меояд. Аз ҷумла, ӯ дар таҳияи «Луғати русӣ-тоҷикӣ», нақшу рисолати «Иттиҳоди занони Тоҷикистон» дар даврони гузариш ва таъсиси Ансамбли фолклорӣ-этнографии «Бибиҷонҳо» нақши муҳим дорад.
Дар оилае ба воя расидааст, ки аҳли илму фарҳанг буданд. «Дар Суғд оилаҳои бонуфуз ба эшону мирзо ва тӯраҳо тақсим мешаванд. Падари ман - Мирзо Умари Шарифзода, аз шаҷараи мирзоҳо буд», – мегӯяд Саноат Усмонова.
– Ҳангоми сафари хидматӣ дар Ҳоит, рӯзе бо духтарон рӯ ба рӯ омада, чашмаш ба зеботарини онҳо - духтари Сӯфӣ Сандал меафтад. Ишқи Сарипул онҳоро ба ҳам оварду то охири умрашон мадюну маҳбуби ҳамдигар ба сар бурданд.
Таҳияи китоби «Луғати русӣ-тоҷикӣ» 25 сол давом ёфт. Зеро ба ҷузъ «Ғиёс-ул-луғот ва «Баҳори аҷам», ки дар асрҳои 9-10 навишта шудаанд, дигар луғати бузургҳаҷми тоҷикӣ вуҷуд надошт.
– Пеш аз дар алфавит гузоштани калима таърихи онро омӯхта ҳуҷҷат мекардем. Умуман, луғатнигорӣ мисли заргарӣ майдакориҳои зиёд дорад. Боре ба устод Муҳаммад Осимӣ арз кардам, ки аз ин касб даст кашида, ба фаъолияти эҷодӣ мегузарам, – ба ёд меорад ӯ. - Аммо устод Осимӣ Муродҷон Фозиловро, ки аз ду пойи равон маҳрум буд, мисол оварда гуфт: «Духтарам, аз роҳбарат ибрат бигир, ки ҳастии худро ба кор бахшидааст. Зеро дарк мекунад, ки ин шоҳасар фардо миллатро назди оламиён муаррифӣ намуда, барои наслҳои оянда хидмати бузург хоҳад кард». Вақте ки соли 1985 «Луғати русӣ-тоҷикӣ» дар Маскав чоп шуд, Академияи илмҳо ва Вазорати фарҳанги Иттиҳоди Шуравӣ ба он баҳои баланд дода, онро пайвандгари фарҳанги русу тоҷик номид. Ин китоб забони тоҷикиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Олимони тоҷик дар таҳияи луғат чаҳоряк аср ройгон заҳмат кашида, омода буданд, ки аз ҳисоби маоши хеш онро ба нашр расонанд, зеро ҷомеа ба он эҳтиёҷ дошт. Мутаассифона, ин китоб дигар бознашр нагардид, гарчанде дар замони соҳибистиқлолии кишвар коргузориҳо тоҷикӣ шуда, талабот ба «Луғати русӣ-тоҷикӣ» зиёд аст. Ҳоло агар нафаре бихоҳад, ки луғате тартиб диҳад, 50 дарсади кораш тайёр аст. Ман низ омодаам, ки ба чунин олимони ташаббускор ройгон ёрӣ расонам.
Ҳаёти нав
Соли 1992 вақте Низорамоҳ Зарифова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, Саноат Усмоноваро ба узвияти ин кумита пазируфт, марҳилаи наве барои фаъолият дар корҳои ҷамъиятӣ барои ӯ муҳайё шуд.
– Дар қиёми муноқишаҳои дохилӣ бонуи сиёсатмадор – Бозгул Додхудоева «Иттиҳоди занони Тоҷикистон»-ро таъсис дода, маро ба корҳои нави ҷамъиятӣ даъват намуд. Боре бо дастури Низорамоҳ Зарифова, ману Лайло Муҳаммадиева бо як мошини боркаши пур аз ғизо роҳи водии Раштро пеш гирифтем. Дар роҳи барфпӯше, ки болои сарамон тир меборид, фироризанеро вохӯрдем, ки тифл ба дунё оварда, интизори ёрӣ буд. Вақте онҳоро ба Рашт бурдем, аз ҷавонзан хоҳиш кардам, ки духтари навзодро Зиндагӣ ном гузорад.
Зимни он сафар масъулони ҳукуматҳои маҳал мегуфтанд, ки аз ҷонатон сер шудаед? Аммо занони русто бо хушҳолӣ иброз мекарданд, ки «Кош, ба ҷойи ғизо ба мо сулҳ меовардед».
Давраи сеюми фаъолият
Рӯзҳои талх паси сар шуд. Пайки сулҳу Ваҳдати миллӣ ба Саноат Усмонова, ки ба синни нафақ расида буд, неруи тозае бахшид. Дар баробари роҳбарии кафедраи санъати Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, дар эҳёи расму оинҳои миллӣ ва рушди илму санъат ҷаҳду талош мекард.
Соли 2001-ум бо ташаббуси Латофат Насриддинова вай Ансамбли фолклорӣ-этнографии «Бибиҷонҳо»-ро таъсис медиҳад. Эҳёи ин ансамбл дар саҳнаи тоҷик ба ҷуз зинда гардонидани суруду мусиқии қадимаи миллӣ аҳамияти дигар низ дошт.
– Аз ҳисоби ҳаваскорони аз 40 - сола боло чеҳраҳои навро ба саҳна оварда, бо оҳангу сурудҳои миллии модар, алла ва ғайраҳо дар дили мардум ҳисси муҳаббат ба оила ва модару фарзандро бедор намудем.
Дар як муддати кӯтоҳ ансамбл дар ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он шуҳрат пайдо намуд. Баъдан, дар пайравии «Бибиҷонҳо» дар Русия ансамбли «Бурановские бабушки» ташкил ёфт. Аммо дар муқоиса ансамбли «Бурановские бабушки» ба чандин кишварҳои дунё сафари ҳунарӣ дошта, фарҳанги миллати худро муаррифӣ намуд.
–Моро ҳам ба кишварҳои дигар даъват менамоянд, аммо имкони молӣ надорем. Ҳатто ҷониби Олмон пешниҳод кард, ки то онҷо бирасем, хароҷоти сафар ва барномаҳои ҳунарии моро дар тамоми шаҳрҳои ин кишвар ҳаллу фасл мекунанд, вале барои рафтан маб-лағ наёфтем. Ҳоло ансамбли «Бурановские бабушки» аз даромади сафарҳои ҳунарӣ ибодатгоҳ месозад. Агар масъулони соҳаи фарҳанг ансамбли «Бибиҷонҳо»-ро дастгирӣ мекарданд, мо низ аз даромади сафарҳои ҳунариамон мактабу боғчаҳои хайриявӣ месохтем. Афсӯс, соҳибкорони мо ба он сатҳе нарасидаанд, ки барномаҳои фарҳангиро сармоягузорӣ намоянд.
Ман аз худ дарак медиҳам
Ба суоли оё аз тарафи Вазорати фарҳанг боре қадрдонӣ шудаед, мегӯяд: «Дар арафаи 10 - солагии таъсисёбии ансамбли «Бибиҷонҳо» ба ман унвони Аълочии фарҳанг доданд».
Ӯ инсонест, ки аз мушкилу нокомиҳо ноумед намешавад ва нобаробарию беэътибориҳо ба заҳматҳояш дар ҷодаи илму фарҳанг таъсир намерасонад.
– Дар 80 сол ақсои оламро гаштаам, аммо меҳру муҳаббати Тоҷикистон ҳамеша маро сӯйи худ мекашад, –мегӯяд ҳамсуҳбатам. Ишқи Ватанро дар дилаш устод Лоҳутӣ бедор кардааст, ки замони ҳиҷрат ба Тоҷикистон як муддат дар хонаи онҳо мезист.
– Вақте Абулқосим Лоҳутӣ дар мавзуи Ватан ҳарф мезад, аз шиддати эҳсос чашмони ҳозирин медурахшиданд. Ӯ на танҳо устоди адибони вақт, балки устоди ватандӯстони насли он солҳо буд. Дар солҳои аввали зиндагӣ дар Душанбе Лоҳутӣ аз фироқи Ватанаш месӯхт, баъдан мафтуни ин диёр шуда, онро ватани дувуми худ интихоб кард.
Саноат Усмонова дар литсейи №2-и шаҳри Душанбе ба наврасон дарс медиҳаду вақтҳои холӣ ба корҳои илмию тарҳрезии барномаҳои ҷадиди фарҳангӣ машғул аст, зеро сукутро ихтиёр надораду бекориро маҳбаси сунъӣ меҳисобад. «Ман то лаҳзаи охири умрам ҷаҳду талош менамоям, ки нақше дар ободии Ватану рушди миллатам гузорам», - мегӯяд ӯ.
Ҷ. Сайфиддинов