Вуҷуди заҳматқарин
Ҳар субҳ аз назди бинои истиқоматии Федин 8/11-и ноҳияи Сино гузашта ба кор меравам. Новобаста аз гармою сармо холаи Зуҳроро саргарми коре мебинам ва ҳамеша бо дидани ин бонуи заҳматкаш аз сарам як фикр мегузарад: агар мардуми пойтахт меҳнатдӯстӣ аз холаи Зуҳро меомӯхтанд, Душанбе чандин баробар тозаю озодатар мегашт. Бисёр мехостам дар бораи ин зани зебоипарасту хушкор чизе нависам, то барои бонувони ҷавоне, ки субҳу шом дар харакҳои назди биноҳои истиқоматӣ нишаста, донаи офтобпараст мехоянду ғайбат мекунанд, дарси ибрат шавад. Бо мақсади ошно шудан ба зиндагонии ин зани наҷиб як шоми баҳорӣ дари хонаи ӯро кӯфтам то ба саволҳои хеш ҷавоб ёбам. Пас аз суҳбат бо ин зани фурӯтан, ки хомаи тақдир ба чеҳраи нуронияш нақши худро гузош-тааст, ба рӯям дунёи дигаре боз шуд.
Заҳмат одамро зебо мекунад
«Инсонро заҳмат зебою шарафманд мекунад», - гуфтаанд гузаштагони мо. Зуҳро Раҳимова низ аз тоифаи ҳамон занҳоест, ки ба воситаи заҳмати вазнину сангини худ азизи дилу дидаи мардум гаштааст. Ӯ дар деҳаи Ҷӯи Бодоми ноҳияи Рӯдакӣ чашм ба олами ҳастӣ во намуда ба воя мерасад. Баъд аз хатми мактаб бо ризоияти волидон ба ҷавони ҳамдеҳааш ба шав-ҳар баромада, сокини шаҳр мегардад. Шавҳараш дар «Тоҷиктекстилмаш» ифои вазифа мекарду ҳамсарашро низ ба кор ҷалб намуд. Зуҳрои ҷавон барои хубтар омӯхтани нозукиҳои пешаи интихобнамудааш ба омӯзишгоҳи касбию техникӣ дохил шуда дар завод ба сифати харрот ба кор оғоз мекунад. Ӯ яке аз аввалин занҳои тоҷике ба шумор меравад, ки ин касбро аз худ кардаю солҳои тӯлонӣ аз пушти ин пеша мояи зиндагияшро ёфтааст. «Дар сехи мо 15 нафар бону заҳмат мекашид. Ҳама русҳо буданд, фақат ман тоҷик», - он рӯзҳоро ба ёд оварда мегӯяд холаи Зуҳро.
Ронандаи маноракран
Пас аз чанд соли харротӣ Зуҳро касби ронандагиро омӯхта, чандин соли дигар ронандаи маноракран шуда кор кард. Дар баландиҳо сари чамбараки маноракран нишаста, борҳои чандтонагиро бардоштани як бонуи нозукандоми абрӯсиёҳи тоҷикро дида, ҳамкорони гуногунмиллаташ ба ӯ аҳсан мехонданд, зеро онҳо дар пиндори худ зани Шарқро як бонуи вобаста аз шавҳар ва пойбанди оила медонистанд. Аммо Зуҳрои ҷавон ба ин андешаҳои хом хатти ботил кашид, вай тимсоли зани озоди тоҷик буд, ки баробари мардон дар пешрафти саноати кишвар заҳмат мекашид. Бо дили соф ба нафъи ватан кор карданашро дида, аз тарафи завод ба ӯ мошини сабукрави он вақтҳо машҳур «жигулӣ» ҳадя мекунанд. Холаи Зуҳро шукрона мекунад, ки заҳмати сангинашро ҳамон сол-ҳо қадр карданду бисёр шаҳрҳои дунёро дидааст, тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ, Олмон, Булғория, Чехославакия аз ҷумлаи онҳоянд.
Вохӯрӣ бо Валентина Терешкова
Зуҳроро дар завод чун як зани фаъол ва сарсупурдаи меҳнат мешинохтанд. Аз ин рӯ, ӯро вакили съезди 12-уми занони Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб намуданд. Зуҳро Раҳимова дар байни занони понздаҳ ҷумҳурии сотсиалистӣ, Тоҷикистони шӯравиро намояндагӣ мекард. Раиси вақти Шӯрои занони СССР, кайҳоннавард Валентина Терешкова ӯро ба ҳузур пазируфта дар бораи ҳаёт ва фаъолияти бонувони тоҷик маълумот гирифта буд. Холаи Зуҳро мегӯяд, ки ҳамон солҳо аз ноҳияи Ҳисор ҷавонзане худро оташ зада буд ва Терешкова аз ман дар бораи ҳамин воқеаи мудҳиш пурсишҳо намуда, таассуф хӯрд. «Хушбахтии дигари ман он буд, ки чанд сол пас аз съезд Валентина Терешкова бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, аз масъулин маро суроғ карда ёфт ва мо бори дуюм ҳамсуҳбат шудем», - бо хурсандӣ изҳор медорад холаи Зуҳро аз гузаштаи пурифтихори хеш ёдовар шуда.
Хати сиёҳи қисмат
Зуҳрои ҳалиму меҳрубон дар пешравии кор ва соҳибэҳтиром гаштанаш аз ҳамсараш миннатдор буд, зеро ӯ ҳеҷ гоҳ монеаи кор нагашта, баракс ӯро дастгирӣ менамуд. Аз ин рӯ, ба серкорияш нигоҳ накарда, хизмати шавҳарро аз дилу ҷон ба ҷо меовард. Хешу бегона ба зиндагии онҳо бо чашми меҳр ва саршори ҳавас менигаристанд. Зуҳро баъди ташхис дар беҳтарин дармонгоҳҳои шуравӣ ва хориҷа фаҳмид, ки бефарзандии онҳоро сабаб безурётии шавҳараш аст. Аммо барои наранҷонидани хотири марди хонадонаш дар ин бора лаб во намекарду тан ба тақдири Худо дода буд, вале бо ташаббуси шавҳараш байни онҳо ҷудоӣ ба амал омад. Зуҳро, ки ронандаи сарвари коргоҳ буд, ин амали шавҳарро низ хомӯш қабул намуда, аз хонаи сеҳуҷрагии маркази шаҳр, ки 27 сол он ҷо зиндагӣ мекард, як сари хас нагирифта баромада рафт. Ҷойи рафтан ҳам надошт, ки аз ин рӯ, ба коргоҳ рафта, шабро дар гаражи мошинаш рӯз кард. Хислати мардона ва ғурури доштааш намегузошт, ки пеши касе шикоят барад, аз ин рӯ, як моҳи дароз дар ҳамон ҷо танҳоияшро идома дод. Ин ҳодисаро ҳамкорон ба масъулини завод расониданду сарварони корхона Зуҳроро дар ин ҳолати барояш вазнин танҳо намонданд. Аз тарафи корхона ба ӯ хонаи якҳуҷрагӣ ҷудо карданд.
Маҷрои ҳаёт
Мавҷҳои пурталотуми дарёи зиндагӣ Зуҳрои заҳматдӯстро ба соҳили мурод расониданд. Ӯ бо сари баланд ба нафақа баромад. Сарпаноҳ, гузаштаи пурифтихор, нафақаи ҷудо намудаи давлат барои пеш бурдани ҳаёт кофӣ аст, аммо вуҷудаш оромиро қабул надорад. Дар макони нави зисташ низ ба корҳои ободонӣ маш-ғул мешуд, гирди бинои истиқоматиро ройгон тозаю тамиз намуд, ҳамсояҳоро ба кабудизор намудани атроф ҷалб мекард. Заҳматҳои ӯро дида холаи Зуҳроро раи-си бинои истиқоматӣ интихоб намуданд. Ҷӯйборҳои тозаю озода, арчазорони сабзу хуррам ва тозагию озодагии ин гӯшаяки Душанбеи азиз аз заҳмати як бонуе мебошад, ки меҳнатро шараф меҳисобад. Шаҳрнишинӣ маданияти хоса металабад, ҳар як шаҳрванди пойтахт новобаста аз синну сол, ҷинс ва мақомаш дар ҷомеа бояд дар тозагию ободонии макони зисташ саҳмгузор бошад, мегӯяд холаи Зуҳро, ки синнаш ба домани ҳаштод мерасаду гарди осиёи умр гесувони як замон қатронияшро нуқрагун намудааст. Мо сарнавишти ин зани одии заҳматдӯстро барои он рӯи коғаз овардаем то бонувони дигар аз он сабақи ҳаёт омӯзанд.
Фарҳанги шаҳрдорӣ
Холаи Зуҳро фарҳанги баланди шаҳрдориро балад аст, ки он шоистаи омӯзиши бонувони ҷавон аст. Имрӯз аз назди баъзе биноҳои истиқоматӣ гузашта, аз бӯйи ғализи партовҳои аз тирезаҳои хонаҳои баландошёна партофтаи сокинон табъ хира мегардад. Ифлосии роҳраву навиштаҷоти аз ахлоқ беруни деворҳои он бошад, дар дили кас нафратро бедор мекунад. Бонувони моро лозим аст, ки дар тозагию озодагӣ ба фарзандони хеш намуна бошанд, дабистони аввалини тифл домони модар аст ва фарзанд ба баду неки волидони худ тақлид хоҳад кард. Ҷаноби Расули Акрам (с) дар ҳадисҳои муборакашон мефармоянд, ки «Ҳеҷ амали некеро хурд нашумор». Аз ин бармеояд, ки сангеро аз сари роҳ гирифтан, ниҳолаке шинонидан, ба тозагии муҳити зисти худ аҳмият додан ҳам, қатори корҳои бузург амали савоб ба шумор меравад.
Инсон бо орзу зинда аст. Аз холаи Зуҳро мепурсам, ки оё армони ношикастае дорад? Дар ҷавоб хоксорона табассум мекунаду мегӯяд: - духтарам, инсон бо орзу зинда аст, имрӯз ташаббусҳои зиндагисози Сарвари давлатро дида, дар дил мегӯям, ки кош ҷавон мебудаму дар ободонии Ватани азиз зиёдтар кор мекардам. Кош, қуввати пештара мебуд, ки сари чамбараки маноракран нишаста, дар сохтмони Роғун саҳмгузор мебудаму ба манзили мардум рӯшанию нур меовардам. Орзуи дигаре хонаи Худоро зиёрат кардан аст. «Соли гузашта марди савобҷӯйе ҳуҷҷатҳоро омода карда гуфт, ки шуморо ҳамчун зани камбизоату бепарастор ройгон ба зиёрати Қаъбатуллоҳ мефиристем, аммо чӣ монеаҳое пеш омаданду ман ба орзуям нарасидам», - иброз дошт бо таассуф холаи Зуҳро. Орзуи мо хеле одию заминист. Бигузор ин зани заҳматию ватанпараст ба ҳама армонҳояш расад.
Ҷавҳари Саидназар