Дар наздикии кӯли Сарез шартан «заминларза» ба вуқуъ пайваста, одамони зиёд зарари ҷисмонӣ диданд. Ба манзури ёрии таъҷилӣ расондан, ба хизматчиёни қароргоҳҳои марзбонӣ ва шаҳрвандони минтақаи офатзада зарурати таъсиси госпитали саҳроӣ ба вуҷуд омад. Роҳбарияти госпитали Хоруғ аз фармондеҳии қӯшунҳои марзбонӣ иҷозат гирифта, ҳайатеро ба маҳалли ҳодиса сафарбар намуд. Дар зудтарин фурсат дар ҷойи офат хаймаҳо барои муоина ва табобату ҷарроҳии зарардидагон қомат афрохтанд. Ба зарардидаҳо кумаки оҷилӣ расонда шуд.
Ин саҳнаи баргузории таъсиси госпитали ҳарбӣ дар шароити саҳроӣ бо ширкати ҳайати госпитали Хоруғ ва хадамоти тиббии қисми марзбонии Хоруғ буд, ки аз воқеият қариб фарқе надошт. Мушовири сардори хадамоти ҳарбӣ-тиббии неруҳои марзбонони Тоҷикистон Дамир Вилденшин ба он баҳои баланд дода, онро баёнгари омодагии комили хадамоти тиббии неруҳои марзбонии кишвар дар муқобили ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ намуд.
Ба гуфти Ҷамшед Ҳофизов, сардори хадамоти ҳарбӣ-тиббии қӯшунҳои марзбонии ҷумҳурӣ, Тоҷикистон дар ҳусни ҳамҷаворӣ бо кишварҳои ҳаммарз зиндагӣ дорад, аммо омодагӣ ба хатароти эҳтимолии табиӣ аз ҳайати хадамот тақозо мекунад, ки ҳамеша барои бартараф намудани чунин таҳдидҳои эҳтимолӣ, ба мисли заминларза ва обхезиву сел омода бошанд.
Пизишкон, ҳамшираҳои шафқату парасторон ва кормандони техникӣ маҳорату малакаи касбии худро нишон доданд.Вале мо тасмим гирифтем, дар симои се чеҳра аз иштирокдорони фаъоли ин тамрин, ки бо амри тасодуф хати тақдир ва фаъолияти касбиашон ба ҳам монанд асту бо амали некашон байни мизоҷону ҳамкорон ва роҳбарият сазовори обрӯ ва ҳурмату эҳтиром гардидаанд, суҳбат намоем.
Ҳангоми берун рафтани неруҳои марзбонони рус аз минтақа пизишкони зиёди маҳаллӣ, ки дар қисмҳои марзбонӣ кор мекарданд, рӯ ба муҳоҷират оварданд. Аммо пизишкон Султонбегим Саидшоева, Баҳор Насриддинова ва ҳамшираи шафқат Сарфия Сафарова аз зумраи афроде буданд, ки фаъолияти касбиашонро дар қисми марзбонони тоҷик идома доданд.
«Камбуди маводи ғазо, доруворӣ ва маош, ки дар солҳои аввали фаъолияти қисми марзбонӣ эҳсос мешуд, ба фаъолияти хадамоти тиббӣ ҳам таъсир дошт. Вале айни замон мушкилоти маводи ғизо ва доруворӣ куллан аз байн рафта, барои табобати аскарону афсарон ва хонаводаҳояшон шароити хуб муҳайё гардидааст. Маош ҳам баланд шуд ва боиси ҳавасмандӣ ба кор гардид», – мегӯяд капитан Саидбегим Саидшоева, сардори хадамоти тиббии қисми марзбонии шаҳри Хоруғ.
Барои Саидбегим тарзи низомии ҳаёт, ки аз шахс ҳамеша дар ҳолати омодабош будан, вақти зиёдро ба хизмат бахшидану барои ҳар як ҳодисаи бемории сарбозу афсар масъулият ҳис намуданро талаб мекунад, маъмулӣ шудааст.
– Мо ҳар сари вақт аз қароргоҳҳои марзбонӣ дидан менамоем, қуттиҳои кумаки аввалияи тиббиро пур мекунем ва аз вазъи саломатии сарбозон пурсон мешавем. Қаблан ҳолатҳое низ буданд, ки пизишкон нишонаҳои зарб хӯрдани сарбозонро бар асари муносибати оинномавӣ ва пинҳон доштани он, ошкор мекарданд, вале акнун тартибу низом ва қонуният дар артиш таҳким ёфтааст ва чунин ҳодисаҳо аз байн рафтаанд. Бо беҳтар шудани таъминоти моддӣ ва маънавӣ саломатии сарбозон ҳам беҳтар гардидааст. Роҳбарияти сахтгир ва серталаби қисми марзбонӣ аз рӯйи тарзи ҳаёт ва руҳияи сарбозон, либоси тозаву озода ва ҳамеша ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ омода будан, ба фаъолияти афсарон баҳо медиҳад ва хадамот дар ин самт масъулияти бештарро бар дӯш дорад. Муоина нишон медиҳад, ки бемории аксари сарбозоне, ки ба хадамот муроҷиат мекунанд, бар асари таъсири обу ҳаво ва иқлими баланкӯҳ зуҳур мекунанд, аммо пас аз доруву дармон онҳо зуд шифо ёфта, ба саф бармегарданд, – меафзояд ӯ.
Ба гуфти Баҳор айни ҳол дар госпитал тамоми шароит барои ташхис ва табобати беморон фароҳам шуда, беморони вазнин дар ҳамин ҷо ҷарроҳӣ мешаванд. Мусоҳибам мушкили авиатсияи санитариро ягона камбуди хадамоти пизишкӣ дар минтақа мешуморад, ҳарчанд дар мавридҳои зарурӣ авиатсияи гражданӣ ҳамеша ба ҳамкорӣ омода аст.
– Бо эътидоли авзоъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва беҳтар шудани шароти хизмат, ташвишу тараддуди пизишкон камтар шудаст. Вале дар хизмати ҳарбӣ ҳодисаҳои ба таври оҷил ба ёрии марзбонон шитофтан ҷой доранд. Чанд рӯз пеш, нисфи шаб оҷилан ба ноҳияи Мурғоб сафар кардан лозим омад. Сарбозеро, ки пас аз муоина маълум шуд, ки бемории кӯрруда доштааст, ба госпитал оварда, сари вақт ҷарроҳӣ намудем, – мегӯяд ӯ.
Беморони госпитал дар шахси Баҳор модар ва хоҳари хешро мебинанд ва азиз медоранд. Зеро ӯ ҳамарӯза аз аҳволашон хабар мегирад ва бо суханони гарму тавсияҳои хуб онҳоро ба риояи тарзи ҳаёти солим ташвиқ ва ҳавасманд месозад. Барояшон китобҳои бадеӣ меорад.
– Саломатиамон хуб аст, рафиқ майор, – одатан ҷавоб медиҳанд сарбозон. Аммо ӯ қаноат ҳосил намекунад ва сарбозон медонанд, ки касе худро нороҳат ҳис кунад, ҳолати вай аз чашмони ин пизишки кордон пинҳон намемонад ва афзал мешуморанд, ки ҳақиқати аҳволашонро иброз намоянд, – баён доштанд чанд тан аз беморон.
Сарфиямо Сафарова, таҳсилкардаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа аст. Дар неруҳои марзбонии Русия ба кор даромада, хизматро дар қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон идома медиҳад. Дар ин муддат ба манзури баланд бардоштани савияи дониш ғоибона мактаби олиро бо ихтисоси педагог ҳам хатм кард.
– Набзи солими ҳар кишвар ба дараҷаи ҳифозати марзи он вобаста аст. Афсарону сарбозон мекӯшанд, то марзи кишвар барои ҳама гуна қонуншиканҳо ва қочоқбарон баста бошад. Дар иҷрои ин мақсади наҷиб дилпуранд, ки ҳамеша хоҳарону модарони ғамхору меҳрубони хилъати сафедпӯш, ки муроқиби саломатиашон ҳастанд, дар сурати зарурат ҳар лаҳза омодаанд ба онҳо ёрӣ расонанд. Машқҳои ҳарбӣ бори дигар қобилият ва кордонии ҳайати хадамоти ҳарбии тиббиро собит сохт, ки барои бартараф намудани оқибатҳои эҳтимолии ҳар гуна офатҳои табиӣ омодаанд ва ин маҳорат сол ба сол сайқал меёбад, – изҳор дошт Аслам Назаров, сардори қисми марзбонии шаҳри Хоруғ ва афзуд: «Ба муносибати Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ дар симои ин се бонуи хилъати сафедпӯш, ки сифатҳои беҳтарини модарону хоҳарони тоҷик, афсарон ва мутахассисони хубро дар сиришташон ҷо додаанд, кулли бонувонеро, ки дар қӯшунҳои марзбонӣ садоқатмандона кор мекунанд, табрик ва муборакбод менамоям».
Ш. Мирзоҷалол
ш. Хоруғ