Муаррифӣ:
Роҳат Набиева, доктори илмҳои таърих, профессор. 6-уми ноябри соли 1936 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1953 мактаби миёнаи рақами 6-и ба номи В.И. Ленини шаҳри Қӯрғонтеппаро бо медали тилло хатм намуда, ба факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мегардад. Соли 1963 дар мавзуи «Вазъи зани тоҷик то инқилоб» рисолаи номзадӣ ҳимоя менамояд. Ҳимояи рисолаи доктории ӯ таҳти унвони «Саҳми занони Тоҷикистон дар сохтмони сотсиализм» ба соли 1975 рост меояд. 41 нафар шогирдонаш номзад ва докторони илм шудаанд. Зиёда аз 400 мақолаву асарҳои илмӣ навиштааст. 45 монографияҳои илмии Роҳат Набиева нашр гардидаанд. Барои макотиби миёна ва олии ҷумҳурӣ зиёда аз 20 барномаи таълимӣ нигошта, 39 сол мудирии кафедраи таърихи халқи тоҷик ва 10 сол сарварии факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст.
Оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Субҳи 22–юми июни соли 1941 Германияи фашистӣ бо 190 дивизия, 5500 ҳазор сарбозу афсар, 3500 танк, зиёда аз 50 ҳазор миномёт ва тӯп ва 5 ҳазор самолёт ба хоки Шӯравӣ аҳдшиканона ҳуҷум кард. Бо даъвати Ҳукумати Шӯравӣ мардум ба муборизаи муқаддас алайҳи душмани ғосиб бархостанд.
Аз рӯзҳои аввали ҷанг дар баробари ҳазорҳо мардону ҷавонон занону духтарони тоҷик низ ба мубориза бархостанд. Онҳо таҳти шиори «Танҳо ба пеш, танҳо ба хати ҷабҳа!» ба комиссариатҳои ҳарбӣ ариза навишта ба ҷанг мерафтанд.
«Танҳо дар як рӯз ба комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе 700 ариза ворид гардид, ки 200 адади онро аризаҳои бонувон ташкил медод. Моҳи июни соли 1941 дар комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ зиёда аз 10 ҳазор ариза ба қайд гирифта шуд. Дар байни хоҳишмандон аксариятро хоҳарони шафқат, духтурон, омӯзгорон, кишоварзон, трактористон, кормандони бахши энержӣ ва саноат ташкил медоданд. Миёни 153 аризаи хоҳишмандони комбинати абрешими шаҳри Душанбе 53 адад аризаҳои бонувон буданд. Яке аз онҳо корманди 17-сола-Одина Ҳакимова дар аризаи худ чунин нигошта буд: «Хоҳиш менамоям, маро ба сафи Қӯшунҳои Мусаллаҳ қабул карда, ба ҷабҳа ба назди бародарам фиристонед».
Ойгул Муҳаммадҷонова бошад, дар аризаи худ навишта буд: «Дар ин рӯзҳои пуртаҳдид мехоҳам ватани худро аз ин «вабои ҷигарӣ» то қатраи охирини хун ҳимоя намоям. То охирин лаҳзаи ғалаба душманро қатл хоҳам кард».
Дар собиқ вилояти Ғарм аз 22-юм то 30 –уми июн 31 нафар занон барои ба ҷанг сафарбар шудан, ариза навиштанд. То охири моҳ шумораи хоҳишмандон ба 57 нафар расид. Дар вилояти Суғд то 1 –уми август 435 ва дар шаҳри Ваҳдат 114 зан барои рафтан ба фронт ариза навиштанд», – мегӯяд профессор Роҳат Набиева.
Қаҳрамонбонувони Тоҷикистон
Занони Тоҷикистон дар баробари шавҳарон ва бародарони худ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сафи пеши ҷабҳа қаҳрамонона қарзи фарзандии хешро дар назди Ватан иҷро мекарданд. Онҳо на танҳо дар ҷангҳои назди Маскав, Сталинград, Ленинград, Одесса ва Киев қаҳрамонона ҷангиданд, балки дар озод намудани Полша, Югославия, Чехословакия ва Руминия саҳм гирифта, дар Сахалин бар зидди Ҷопон ҷангиданд.
София Ниёзова намунаи ҷасорат ва мардонагӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Аз соли 1941 то 1945 дар фронти аввали Украина ба ҳайси духтур фаъолият намуда, ҷони ҳазорон сарбозону афсаронро аз марг наҷот дод. Ҳолатҳое мешуданд, ки София аслиҳа ба даст гирифта дар сафи пеши ҷабҳа бо душманон меҷангид.
Бонувони дигари шуҷои Тоҷикистон-лейтенанти тиб Ш. Ҳайдарова, лейтенанти хурд Ч. Раҳимова, Р. Ёқубова, Р. Фозилова. Ф. Колесникова ва дигарон то лаҳзаи охирин қаҳрамонона алайҳи душман ҷангиданд.
Назира Умарова Рӯзи Ғалабаро дар Шарқи Дур пешвоз гирифт. Дар вақти наздик шудан ба шаҳри Харбин ҷанги шадиде сурат гирифт. Назира 12 сарбозу афсари маҷруҳро аз хати аввали ҷабҳа берун оварда, мехост барои кумак ба сарбози дигар хатро убур намояд, аммо захм бардошт…»
Аз моҳи декабри соли 1941 Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон барои омода намудани сарбозини резервӣ қарор қабул намуд. Тибқи ин қарор танҳо дар ҳамин моҳ дар ҷумҳурӣ 842 нафар духтарон ба омӯзиши касби хоҳарони шафқат фаро гириф-та шуданд.
«Аз 14 765 нафар омӯзишдидагони солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 10320 нафарро комсомолдухтарон ташкил медоданд. 350 нафари онҳо мерган, 1420 автоматчӣ, 270 нафар корманди мухобирот, 435 телеграфист, 3750 телефонист ва 4 195 нафар тирандоз буданд. Дар пойгоҳҳои махсуси низомии ҷумҳурӣ дар замони ҷанг 35 838 ҷанговар тарбия карда шуд. 27369 нафари онҳо дар сафи Қӯшунҳои Мусаллаҳ ба ҷанг рафтанд. Барои шуҷоат ва қаҳрамонӣ зиёда аз 9 ҳазор комсомолони ҷумҳурӣ бо медалу орденҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қадр гардиданд. 57 нафар намояндагони Тоҷикистон сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардида, тақрибан 50 ҳазор ҷанговарони тоҷик бо ордену медалҳо қадр шуданд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон дод, ки шуҷоат, қаҳрамонӣ ва ватандӯстӣ хоси бонувони Тоҷикистон аст. Занони Тоҷикистон бо тамоми мардуми кишвар, аз ҷумла русҳо, укроинҳо, белорусҳо, қазоқҳо ва ӯзбекҳо даст ба ҳам дода, хоҳарвор то охирин лаҳза, то ғалаба дар Берлин ҷангиданд», –омадааст дар китоби Р.Набиева ва М. Зикриёева таҳти унвони «Занони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ».
Занон дар ақибгоҳ
Яке аз проблемаҳои асосии Иттиҳоди Шӯравӣ дар давраи ҷанг бозсозӣ намудани бахши саноат ба саноати ҳарбӣ буд. Илова бар ин, дар баъзе корхонаҳо, ки 70 фоизи коргарони онро мардон ташкил медоданд, мушкили кадрӣ пеш омад, зеро аксари мардон ба ҷанг сафарбар гардиданд. Ба ҳамин хотир, дар тамоми ҷумҳуриҳои шӯравӣ бозомӯзии тахассус аз ҷониби занон оғоз гардид. Танҳо дар нимаи дувуми соли 1941 ба саноат 500 ҳазор занони хонашин ба кор пазируфта шуданд. Дар Тоҷикистон ҳамчун минтақаи ашёи хоми ақибгоҳ зиёда аз 10 ҳазор корхонаҳои калони саноатӣ бозсозӣ гардиданд. Дар пешрафти кишоварзии кишвар низ нақши занон хеле бузург аст. Онҳо ба ҷойи падарон, шавҳарон ва бародарони ба ҷанг рафтаи худ шабурӯз кор мекарданд ва қӯшунҳои мусаллаҳро бо маводи ғизоӣ ва ашёи хом таъмин менамуданд. Сол ба сол теъдоди занони колхозчӣ меафзуд. Агар теъдоди занон дар бахши кишоварзӣ дар соли 1941 ба 176 726 баробар бошад, то соли 1942 теъдоди онҳо ба 191 506 нафар расид.
Ҳама чиз ба фронт, барои ғалаба!
Профессор Р. Набиева дар иртибот ба саҳми мардуми тоҷик дар ақибгоҳ далелҳои аҷибе пеш меорад: «Заҳматкашони Тоҷикистон ба фронт 151 вагон ҳадя ва 532 ҳазор либоси гарм фиристоданд. Дар ҷумҳурӣ ба хазинаи фронт 30 миллиону 500 ҳазор рубл, 45 миллиону 207 ҳазор заём ва 40 750 пуд (1пуд ба 16 кг баробар аст) ғалла ҷамъоварӣ гардид. Ба ғайр аз ин, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтани танкҳо зиёда аз 84 миллион рубл ва барои созмон додани эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион рубл интиқол шуд.
Ба мисли дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ занони Тоҷикистон атфоли ятиммондаро ба фарзандӣ гирифта, ғамхорӣ менамуданд. Ҳамчунин онҳо ба оилаҳои шахсони дар ҷанг буда ва ё ба ақибгоҳ кӯчбаста ҳамаҷониба ёрӣ мерасониданд. Танҳо дар як моҳи соли 1943 барои чунин оилаҳо дар ҷумҳурӣ тақрибан 4 миллиону 300 ҳазор рубл, 18 пуд ғалла ва орд, 1700 пуд ярма, 2500 пуд сабзавот, 1000 пуд картошка, зиёда аз 3 400 сар чорпо ва либосу попӯшҳои бисёре ҷамъ карда шуд. Дар давоми се моҳ ба оилаҳои ҷанговарон ва маҷруҳон аз ҷониби мардуми Тоҷикистон 14 миллиону 422 ҳазор рубл, 82 ҳазор пуд ғалла ва орд, 14 ҳазор сабзавот, 530 пуд равған, 9106 сар чорпо ва либосу попӯши зиёде ҷамоварӣ гардид».
Бояд ёдовар шуд, ки солҳои ҷанг дар Тоҷикистон 28 госпитали ҳарбӣ фаъолият менамуд, ки дар онҳо дар қатори духтурону хоҳарони шафқат занони маҳаллӣ низ нақши муҳим доштанд. Занҳо ба беморон нигоҳубин карда, ба пайвандони онҳо мактуб менавиштанд, барояшон хӯрок мепухтанд ва рӯзномаву маҷалла мехонданд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ - С. Бобоҷонова, Ш. Ҳайдарова, Х. Назарова ва садҳо занони дигар чунин корҳоро бо камоли майл анҷом медоданд.
Нақши санъат дар замони ҷанг
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мубориза алайҳи душман ва ба даст омадани ғалаба нақши аҳли санъат хеле муҳим аст. Ибтидои соли 1943 Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон оид ба созмон додани театри фронтӣ қарор қабул намуд. Занони Тоҷикистон дар фаъолияти ин театр нақши калидӣ доштанд. Ба қавли мусоҳибам танҳо дар соли 1943 театри фронтӣ барои ҷанговарон 760 консерт баргузор сохт, ки дар он 110 000 сарбозону афсарон ширкат намуданд. Аъзои фаъоли ин театр - А.Азимова, А. Носирова, Р. Ғолибова, Ш. Сиддиқова ва Б. Аҳмадова барои ҷанговарон 3200 спектакл ва консертҳо намоиш доданд.
Ватан қаҳрамониҳои меҳнатии занонро қадр намуд ва садҳо занони Тоҷикистон ба гирифтани орденҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва наздик ба 20000 бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» шарафёб шуданд.
Занон ва беқадрии қаҳрамонии онҳо
Тибқи иттилои баъзе сарчашмаҳои таърихӣ 290 000 ва ба иттилои профессор Р. Набиева 280000 шаҳрванди Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудааст. 100000 нафари онҳо аз ҷанг баргаштаанд, кисмати дигар барои ҳимояи Ватан ҷон фидо намуда, бахше ҳам то имрӯз пайдо нашудаанд.
Шоистаи таъкид аст, ки 32000 бонуи тоҷикистонӣ дар ин ҷанг иштирок намудааст. Тибқи иттилои охирини таърихӣ 63 шаҳрванди Тоҷикистон бо унвони олитарин, яъне Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр гардидаанд. Мутаассифона, бо сабабҳои номаълум аз 32000 зан нафаре ба ин унвон шоиста шумурда нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки танҳо занони театри фронтӣ бо роҳбарии Мунавваршоҳ Шогадоев аз болои кӯли яхбастаи Ладогаи Ленинград садҳо бор хати муҳосираро убур намуда, ба ҷанговарони шаҳр маводи ғизоӣ бурдаву 3200 бор ба хотири баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии сарбозону афсарон консерту спектаклҳо намоиш додаанд.
Бонуе ин унвонро нагирифт, дар ҳоле, ки чандин нафари онҳо то Берлин рафтаву баъд аз эъломи ғалаба ба фронти дигар, ба ҷабҳаи Ҷопон сафарбар гардиданд. Зане қаҳрамон эълон нашуд, дар ҳоле, ки садҳо занони тоҷик аз гуруснагӣ мурдани фарзандони худро бо чашми сар диданду охирин пораи нонро на ба фарзанд, балки ба фронт фиристоданд! Зани тоҷике қаҳрамон эълон нагардид, дар ҳоле, ки садҳо бонуи тоҷикистонӣ шавҳарону фарзандони худро дар ин ҷанги хонумонсӯз аз даст додаву то охирин лаҳзаи умр – даҳсолаҳо чашм ба роҳ буданд! Зани тоҷикистоние қаҳрамон эълон нашуд…
Соли 1947 ба 49 нафар бонуи тоҷикистонӣ унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дода шуд.