Шиносоӣ:
Таҳмина Усмонова, факултаи саноати сабуки Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси тарроҳи муд хатм кардааст. Як муддат ба ҳайси тарроҳи мӯй фаъолият дошт. Феълан меҳмондори ҳавопаймо (стюардесса)-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» аст. Интихоби шуғли дувум барояш тасодуф буд. Аммо онро писандидааст.
Парвоз бо тайёра, ки масофаҳои тӯлониро кӯтоҳ мегардонад, андаке изтиробро дар пай дорад. Агарчӣ изҳори эҳсоси изтироб номақбул аст, дидани чеҳраи зебо, лабони пуртабассум, шунидани суханони меҳромез ҳамаи эҳсоси манфиро бадал ба мусбат мегардонад. Бешак, доштани сифоти зикргардида хоси як меҳмондори ҳавопаймо аст. Пушти чунин чеҳра чӣ воқеияте ниҳон аст ва умуман ҳусну қубҳи пешаи меҳмондории ҳавопаймо аз чӣ иборат аст, Таҳмина Усмонова, корманди ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» онро бароямон ифшо мекунад.
Аз тарроҳӣ то меҳмондории ҳавопаймо
Аслан интихоби ин пеша барои ман ғайри интизор буд. Ду сол муқаддам, дақиқан дар ҳамин рӯзҳои фасли баҳор, танҳо як эълони радио сабаб гардид, ки ман ба сӯи ҳавопаймо биёям. Талаботеро, ки дар эълони радио шунидам, қисман ба онҳо ҷавобгӯ будам. Яъне донистани забони русиву англисӣ, солимии ҷисм, синну сол…
Он рӯзҳо ба имтиҳонҳои донишгоҳӣ омода мешудам. Соли аввал дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон рӯзона таҳсил мекардам. Вале соли дувум ба таҳсили ғоибона гузаштам ва ҳамзамон ба ҳайси тарроҳи мӯй дар яке аз кошонаҳои ороишии Душанбе ба кор пардохтам. Чун ихтисосам тарроҳи муд аст, тарроҳии мӯй ба завқам мувофиқ буд. То анҷоми таҳсил дар донишгоҳ ғоибона мехондам ва ҳамзамон ба ҳайси тарроҳ кор мекардам.
Ногуфта намонад, ки донишгоҳ ва ихтисосамро ҳамроҳи модарам интихоб карда будем. Аммо шуғли дувумам, яъне меҳмондории ҳавопайморо худам интихоб намудам. Ба модарам гуфтам, аз радио ҳамин гуна эълон шунидаам. Як бор худамро бисанҷам. Ва модарам розигӣ дод. Ҳоло ба ӯ ташаккур мегӯям, ки монеъ нашуд ва аз худ қаноатмандам, ки ин шуғлро пайдо кардаму муваффақ шудам.
Имтиҳони қабл аз парвоз
Шояд баъзеҳо, ки аз ин шуғл огоҳии чандоне надоранд, фикр кунанд меҳмондори ҳавопаймо будан соддаву бе муаммост. Аммо ман чунин фикр намекунам. Гарчанде дар чашми мусофирони ҳавопаймо танҳо тақсим кардани ғизо ва ҷамъоварии зарфҳои истифодашуда аз ҷониби меҳмондор намоён гардад, вале барои ба анҷом расонидани ин амал бояд ман равоншинос, забондон, нигаҳбон, ҳамшираи шафқат ва аз ҳама муҳим - бояд момодоя бошам.
Баъди он ки ҳуҷҷатҳои маро пазируфтанд, сарав-вал аз ташхиси тиббӣ гузаштам. Саломатиам барои ин шуғл комилан мувофиқ омад. Баъдан дараҷаи забондониамро имтиҳон карданд. 3 моҳи дигар аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ омӯзиш дидам. Зимни омӯзиш таълим доданд, ки чи гуна бо мусофирон муомила кунам, дар ҳолатҳои изтирорӣ чи чораҳо биандешам, ба ҳангоми зарурат чи гуна ҳамли занони ҳомиларо момодоягӣ кунам…
Баъд аз омӯзиши ин маҳоратҳо, ниҳоят замони парвоз фаро расид. Як моҳи аввал ба ҳайси таҷрибаомӯз парвоз кардам. Нахустин парвозам дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанбе буд. Дар охири тобистони соли 2011 бо тайёраи навъи «Ма-60». Албатта, ҳамроҳи чанд меҳмондори касбӣ парвоз мекардам. Онҳо маро месанҷиданд, ки оё аз уҳдаи кор мебароям. Ва таҷрибаи худро ба ман меомӯзонданд. Ҳам имтиҳонҳои заминӣ ва ҳам имтиҳонҳои осмонӣ ба хубӣ анҷом шуданд. Ҳамин тавр шуруъ шуд фаъолиятам ба ҳайси меҳмондори ҳавопаймо, ки дар соҳаи ҳавопаймоӣ бо номи «стюардесса» роиҷ аст.
Шумори беҳисоби парвозҳо
Шумори парвозҳои ман бе ҳисоб аст. Фақат ҳамин қадарро ҳисобидаам, ки ба ҳар самте, ки ширкатамон хатсайр дорад, парвоз кардаам. Ба шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, Екатеринбургу Сургут, Истамбулу Шарҷаву Урумчӣ… Шояд баъзеҳо бар ин гумон бошанд, ки фаъолияти мо саросар иборат аз сайру сайёҳат аст. Мутаассифона, чунин нест. Ба истиснои Шарҷаву Урумчӣ дар дигар шаҳрҳо тайёраи мо ҳамагӣ 2 ё 2,5 соат таваққуф мекунад. Танҳо дар ин ду шаҳри зикршуда имкон дорем, ки ба сайёҳати шаҳр бароем. Чун дар ин шаҳрҳо таваққуф 6 соатро дар бар мегирад. Дар дигар ҷойҳо сайёҳати мо то саҳни фурудгоҳ хатм мешавад.
Вижагии мусофири тоҷик
Зимни ҳар сафар мусофирон иваз мешаванд, самти парвоз дигар мегардад, боду ҳаво тағйир меёбад. Вале мусофирони тоҷик вижагии худро доранд. Ҳангоми парвоз ба самти шаҳрҳои Русия пайдост, ки аксарияти мутлақи мусофирони мо муҳоҷири корӣ ҳастанд. Болотарин талошро ба харҷ медиҳам, ки бо ин тоифа меҳрубону мушфиқ бошам. Дуруст аст, ки бархе мегӯяд, бояд ба муҳоҷирон шеваи идора карда тавонистани худро дар дохили тайёра омӯзонд. Аммо, аз ҷониби дигар, бояд онҳоро ҳам дуруст дарк кард. Шуморе аз эшон аввалин бор дар тайёра менишинанду ба муҳоҷират мераванд. Пушти сандалиҳои нишаст ифлосӣ боқӣ мегузоранд, нос туф мекунанд, ба шеваи дағал меҳмондоронро садо мезананд.
Ман аз ин фурсат истифода бурда, муроҷиат мекунам: «Мусофирони азиз! Меҳнати моро қадр кунед».
Барои он ки мусофиронро ба назму тартиб одат кунонем, бояд барои ҳар ифлосӣ ҷарима пешбинӣ шавад. Масалан, барои сигоркашӣ дар дохили тайёра ҷарима пешбинӣ шудааст, чаро барои носкашӣ ҷарима набошад?
Дар Тоҷикистон 3 ширкати миллии ҳавопаймоӣ фаъолият мекунад.
ҶСК «Тоҷик эйр», ҶДММ «Сомон эйр», ҶСП «Ист эйр»
Дар маҷмуъ ин ширкатҳо дар соли 2012 бештар аз 975 ҳазор мусофир интиқол додаанд.
Гардиши бор тавассути ин ширкатҳо дар соли гузашта наздики 2,5 миллион тоннаро дар бар гирифтааст.
Дар мавриди момодоягӣ ва ҳамширагии шафқат
29 январи соли 2012 буд. Зани ҳомилае аз Маскав ба самти Душанбе ҳамсафари мо шуд. Гувоҳнома дошт, ки дар ҳафтаи 26-уми ҳомиладорӣ қарор дорад. Тибқи қоидаҳои байналмилалӣ ба занҳои ҳомила иҷозат аст, ки то ҳафтаи 27-уми ҳомиладорӣ парвоз кунанд.
Хуллас, баъд аз чанд лаҳзаи парвоз, аллакай нишонаҳои наздикии ҳамл дар он зан дида мешуд. Зуд як қатори сандалиҳоро холӣ кардаму занро хобонидам. Дигар яқин буд, ки замони ҳамлаш фаро расидааст. Момодоягиашро ба уҳда гирифтам. Ним соат монда буд, то фуруд омадан дар Душанбе, дар болои шаҳри Самарқанд зан таваллуд кард. Ҳам модар ва ҳам тифлаш солиму бардам ба замин фуруд омаданд. Он лаҳза дарк кардам, ки барои чӣ меҳмондорони ҳавопаймо ба замми забондониву хушмуомилагиву равоншиносиашон, момодоягиро низ бидонанд.
Боре як мусофири дигар дар дақиқаҳои аввали парвоз беҳуш шуд. Ҳангоме ба ҳушаш овардем, гуф-там таом хӯрдан мехоҳӣ? Мард рад кард. Аз рӯйи он дастурамале, ки таълим гирифта будем, аниқ буд, ки мард гурусна аст, биноан изтироби парвоз бо ҳисси гуруснагӣ якҷо шуда, ӯро беҳушу бемадор кардааст. Маҷбур барояш обу ғизо овардам ва давоми парвозро ба хубӣ анҷом додем.
Фуруд бар замин
Ана ҳамин гуна нозукӣ ва вижагӣ дорад меҳмондори ҳавопаймо будан. Албатта, ҳама ҷанбаҳои ин шуғлро бароятон шояд накушода бошам. Ба ҳар сурат пушти чеҳраҳои зебо ва лабони пуртабассуми меҳмондорони ҳавопаймо ҳамин асрор нуҳуфта аст.
Умедворам ҳамаи парвозҳои шумо, хонандагони арҷманд, ба хубӣ анҷом шаванд. Худо кунад, ки меҳмони ман бишаведу битавонам хизмати арзандаро бароятон анҷом диҳам.
Таҳияи Ё. Ҳалимов