03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АЗ ВЛАДИКАВКАЗ ТО БА ТОҶИКИСТОН


 

 

Пас аз чанд муддат мудири китобхонаи бачагонаи шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Лидия Мисикова 81-умин баҳори гулфишони умри хешро таҷлил хоҳад кард.

Дар ин рӯз ду нафар бародарзодааш аз шаҳри Владикавкази Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ, келину наберагонаш аз Маскав меоянду шогирдони зиёдаш аз чаҳор гӯшаи олам занг мезананд ва ӯро бо зодрӯзаш табрик мегӯянд.

Лидия Мисикова
          Лидия Давидовна умре пайи тарбияи кӯдакону наврасон аст. Вай соли 1951 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Владикавказро хатм карда, фаъолияти омӯзгорияшро ба ҳайси мудири кӯдакистон оғоз кард. Ҳамзамон таҳсилро дар факултаи таъриху филологияи шаҳри мазкур идома дод. Соли 1953 ба шавҳар баромад ва пас аз соле ҳамроҳи ӯ ба Тоҷикистон омад. Шавҳараш дар шаҳраки Консой ба ҳайси кӯҳкор ба кор пардохт. Соли 1958 Лидия Давидовна бо шавҳар ва писари чаҳорсолааш Руслан ба Душанбе кӯч баст. Ба Вазорати маориф рафта, омодагии хешро барои кор изҳор дошт. Ӯро ба ноҳияи Мастчоҳ фиристоданд. Мастчоҳ барояш маъвои абадӣ шуд.

Соли 1971 Лидия Давидовнаро директори мактаби рақами1-и ноҳия таъин карданд. Чандин сол дар Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия низ фаъолият намуд. Барояш борҳо мансабҳои баландро бо муҳайё намудани беҳтарин шароити зисту маош пешниҳод карданд. Вале ӯ мегуфт: «Агар мо аз муш-килот бигрезем, пас ин диёрро кӣ обод хоҳад кард?»

Лидия Давидовна аз истиқлолияти Тоҷикистон гарм истиқбол намуд. Соли 1991 вақте ба вай сарварии китобхонаи марказии бачагонаи ноҳияро пешниҳод карданд, ризоияти хешро дод. Инак 22 сол аст, ки бо бачагон аст. Кӯшиш дорад меҳри китобро дар дили кӯдакон ҷой кунад ва китобхонаро ба як маркази маърифатию фарҳангӣ табдил диҳад. Алҳол теъдоди хонандагони доимии китобхона 1318 нафар аст.

Осетияю Тоҷикистон бароям баробар азизанд!

– Соли гузашта андак бемор шудам, вале инро аз келину наберагонам хостам пинҳон дорам. Аммо келинам Валентина огоҳ шуда, ба Тоҷикистон омад. Як моҳ дар сари болинам нишаст. Бисёр мехост, ки маро бо худ бибарад. Вале ман гуфтам: «Валентинаи азиз! Ман Маст-чоҳро бо шаҳри пешрафтаю номдори ту иваз карда наметавонам. Охир, чӣ сон ин мардумро тарк кунам, ки тайи як моҳи дар беморхона буданам, ҳамарӯза то сӣ нафар ба аёдатам меомаданд. Чандест дар сарам андешае чарх мезанад. Ба хотири ин ҳама нону намаке, ки бо мардуми Тоҷикистон доштам, бояд исломро бипазирам. Ин аст, ки аркони ислому шариатро омӯхта истодаам ва он рӯз дур нест, ки калимаи шаҳодатро ба забон оварам. Ман ду Ватан дорам: Осетия ва Тоҷикистон».

Лидия Давидовна аз он меболад, ки осетинҳо аз қавмҳои эронинажод ҳастанд. Забони осетинӣ ба гурӯҳи забонҳои эронӣ шомил мешавад. Вай муътақид аст, ки маҳз ин муштаракоти забонию фарҳангӣ ӯро бо мардуми Тоҷикистон қарину наздик сохтааст.

– Вақте аз ман мепурсанд,– бо ифтихор иброз медорад Лидия Давидовна, ки «Шумо куҷоӣ ҳастед?» Посух медиҳам: «Эронии хуросонӣ». Дар бораи қаробати забонию решапайванди мо - аланиҳо ва тоҷикон академик Бобоҷон Ғафуров дар китобашон «Тоҷикон» махсус таъкид кардаанд.

Мӯнису ғамгусор аст, апаи мо

Вақте мо дар китобхонаи бачагонаи Бӯстон бо Лидия Давидовна суҳбат мекардем, тасодуф пизишк ва ҷарроҳи дараҷаи олӣ Саидшо Акрамов ба дидани «апа»-и хеш омад.

– Ҳар гоҳе аз сафари дуру наздик бармегардам, нахустин коре, ки мекунам, дидори Лидия Давидовна аст, – мегӯяд Саидшо Акрамов. - Зеро ӯ дар мушкилтарин лаҳзаҳои зиндагӣ аз миёни садҳо дӯст ягона ғамгусор буд. Ҳамон тавре ки шоир фармуда:

Ҳазор аз баҳри май хӯрдан бувад ёр

Якеро баҳри ғам хӯрдан нигаҳ дор!

– Дар солҳои аввали истиқлолият, – идома медиҳад ӯ, - амволи тақрибан ҳама корхонаҳо ғорат шуд. Ягона муассисае, ки махзанаш эмину саломат монд, ҳамин китобхонаи бачагонаи Бӯстон аст, ки беш аз 8 ҳазор адад китоб дорад. Бубинед, ки бо шарофати часпу талошҳои апаи мо китобхона таъмири куллӣ ёфт ва алҳол яке аз ободтарин ва дӯстдоштатарин ҷойҳои фароғатӣ ва маърифатии мардуми Мастчоҳ аст.

Лидия Давидовна таърихи зиндаи ин диёр аст. Аз рӯзе, ки ба Мастчоҳ омад, ба ободкориву созандагиву бомаърифат намудани мардум камар баст. Бо хислатҳои ҳамидааш чун росткориву ростгӯию ростқавлӣ дар дили мардум ҷой гирифтааст. Умре аз рӯйи фармудаи Зардушт: «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» амал мекунад ва манфиати ҷамъиятиро аз шахсӣ боло мегузорад. Дар сар ба ҷуз андешаи некӣ кардану бунёд сохтан, чизи дигаре надорад.

Андешаҳои худҷӯшу созанда ва тамкину шукргузорӣ

Лидия Давидовна табиатан бо ноҳақиву беадолатӣ муросо карда наметавонад. Чанд сол қабл, вақте Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ омад, фурсатро ғанимат шумурд ва аз аҳволи баду садамавии бинои китобхона ва шуъбаи фарҳанг лаб кушод. Баъдан, ба дастури Сарвари давлат ин бино комилан таъмир ёфта, бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз гардид.

Аз минбари ҳар маҷлису ҳамоиш ба хотири рафъи камбудиҳои ҷомеа сухан мегӯяд. Мушкилотро матраҳ ва ҷиҳати ҳалли он пешниҳодҳои мушаххас ироа менамояд. Зеро ӯ ҳамеша дар орзуи ободию пешрафти диёри зебоманзари кӯҳистонист.

Воқеан зиндагиномаи Лидия Давидовна, ки амри тақдир ба Тоҷикистон пайваста аст, намунаи ибрат барои дигарон аст.

 

Тилав Расулзода

н. Мастчоҳ
:.  Чеҳра 04.04.2013 05:40 2399

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz