Бо таҷрибаи беш аз 40-солаи роҳбарӣ дар соҳаи маориф ин бону тавонистааст худро байни ҳамкасбон чун мутахассиси арзандаву роҳбари муваффақ муаррифӣ намояд. «Сари баланду рӯйи сурхи ман аз меҳнат аст», - мегӯяд ӯ. Масъулияту ҷиддият, ростқавливу ҳалолкорӣ ҳангоми иҷрои вазифа аз беҳтарин хислатҳоест, ки меписандад.
Дар суҳбаташ нишастаму зиндагиашро поку омӯзанда дарёфтам. Ба хотири бардошти бештар тасмим гирифтам, ки ин бор қаҳрамонам аз ҳаёту таҷрибааш худ ба хонанда қисса кунад. Бошад, ки насли ҷавон заррае аз зиндагиномааш сабақе барои худ дарёбанд…
Мактаби падар
Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба дунё омадаам. Дар оила мо 6 фарзанд будем. Падарам чун муаллими хизматнишондода обрӯву эътибори хосеро байни ҷомеа соҳиб буданд. Солҳои зиёде қиблагоҳам ба ҳайси мудири маорифи ноҳияи Ашт ифои вазифа намудаанд. Модарам низ бонуи бомаърифат буданд. Таҳти назорати ҷиддӣ ва сахтгириҳои падар мактаби миёнаро аъло хатм намуда, ба омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ҳуҷҷат супурдам. Интихоби ман рӯйи шуъбаи кор бо кӯдакони то синни мактабии омӯзишгоҳ қарор гирифт. Ин интихобу ин хоҳиш бо орзуҳои айёми кӯдакиам рабт доштанд. Овони мактабхонӣ ҷойи дӯстдоштаи ман вақти танаффус назди тирезаи синфхонаамон буд. Соатҳо метавонистам аз он ҷо манзараи он сӯи тиреза, боғчаи бачагон – ягона ҷои дилхушии кӯдакони ноҳияро назора намоям».
Мудири кӯдакистон
Баъди хатми омӯзишгоҳ маро дар ноҳияамон мудири кӯдакистони хоҷагии пахтакор таъйин намуданд. Фаъолияти кӯдакистон мавсимӣ буд. Тобистон бачаҳоро зери сояи дарахтон дар ҳавои кушод мехобондем. Дар дарахтон арғунчакҳо овезон карда, хурдсолонро бозӣ медорондем. Реҷаи муайяни корӣ набуд. Модарон ҳар вақте хостанд, кӯдаконашонро меоварданду мебурданд. Тасмим гирифтам, аз рӯйи нақшаи муайян фаъолияти боғчаро ба низом дарорам. Дархостҳоямро хаттӣ ба раиси колхоз пешниҳод кардам. Дар муддати кӯтоҳ бинои хуберо барои боғча ҷудо намуданд. Барои хоби кӯдакон катчаҳои махсус фармоиш додем, мувофиқи синну соли онҳо бозичаҳо харидем. Сафи кормандон ҳам аз ҳисоби соҳибтахассусон афзуд. Хуллас, шароити заруриро дар боғча барои бачаҳо муҳайё сохтем.
Имтиҳони зиндагӣ
Бо амри тақдир соле баъд ба шавҳар баромадаму ба Душанбе омадем. Маро бо роҳхат ба яке аз кӯдакистонҳои намунавии пойтахт, кӯдакистони рақами 113, ки мудири он бонуи соҳибтаҷрибаву кордон Мария Михайловна буд, ба кор фиристоданд. Ҳамчунин таҳсилро ғоибона дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон идома бахшидам.
Баъди чанде маро мудири кӯдакистони навтаъсиси рақами 31 таъйин намуданд. Аз масъулияте, ки бар зимма гирифтам, ҳатто мутахассисони таҷрибадори соҳа ҳарос доштанд. Мақсадам як буд, мехостам бо кори арзанда исбот намоям, ки интихобам тахминӣ набуд. Дар кӯдакистон 14 гурӯҳ барои зиёда аз 400 кӯдак ташкил шуд. Мураббияҳои тахассусмандро ба кор ҷалб карда, иштироки онҳоро дар семинару конфронсҳо таъмин намудем. Бо олимону равоншиносони соҳа ҳамкориро ба роҳ мондем. Оҳиста - оҳиста заҳматҳои шабонарӯзӣ самар доданду номи кӯдакистони мо чун беҳтарин кӯдакистонҳои ҷумҳурӣ вирди забон шуд. Дар боғчаи мо донишҷӯёни зиёд таҷриба меомӯхтанду малакаашонро сайқал мебахшиданд.
Соли 1987 маро бо унвони Аълочии маорифи халқ қадр намуданд.
Солҳои мудҳиши ҷанги дохилӣ бе маош кор кардем. Ҳайати корӣ то ҳадде тифоқ буд, ки касе ба ҷое нарафт. Дар баробари кори рӯзона шабона ҳамроҳи посбонҳо, ки донишҷӯёни мактаби милитсия буданд, боғчаро посбонӣ мекардам, то онро ба яғмо набаранд.
Беҳтарин хобгоҳи ҷумҳуриявӣ
Соли 2006 маро ба хобгоҳи рақами 3-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон роҳбар таъйин намуданд. Баъди шиносоӣ бо вазъи хобгоҳ хостам аз он даст бикашам. То ҷойе онро харобу вайрона ёфтам, ки гумон доштам дигар ин гӯшаи харобро обод кардан имкон надорад. Дар хобгоҳи донишҷӯён аксар одамони тасодуфӣ, онҳое, ки бо донишгоҳ умуман робитае надоштанд, зиндагӣ мекарданд. Ба ҷойи дару тиреза ҳама ҷо селофанҳои рангаву ҷандаву дарида овезон буданд. Долонҳо торику ифлос, ҳатто одитарин талаботи беҳдоштӣ ин ҷо риоя намешуд…
Кореро, ки шояд мардҳо наметавонистанд, мо ба анҷом расонидем. Бо забони хуш, бе хархаша, аввал бошандагони тоҷирро аз хобгоҳ бароварда, вақти таъмир барои равшану барҳаво шудани бино то ҷойи имкон тарҳи онро дигар кардем. Толорҳои равшану зебо, хонаҳои тозаву тамиз, маҷлисгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммому ҷойи махсуси шустушӯйро барои донишҷӯён муҳайё сохтем. Албатта, дар корҳои созандагӣ саҳми роҳбари вақти донишгоҳ Ҳамидуллохон Фақеров ва бонуи кордон Умриннисо Казакова хеле назаррас буд.
Имрӯз дар хобгоҳ тартибу низоми муайян ҷорист. Дар амалисозии ҳар иқдоми хайр моро ректори донишгоҳ, инсони бисёр хоксору заминӣ, маърифатпарвару илмдӯст Муъминҷон Шарифов дастгирӣ мекунанд. Бахшида ба санаҳои таърихӣ мунтазам конфронсҳои илмию адабӣ доир мегарданд. Шӯрои донишҷӯёни фаъолро таъсис додаем. Хобгоҳи мо дорандаи ҷоизаи озмуни «Беҳтарин хобгоҳи ҷумҳуриявӣ» мебошад.
Рисолати роҳбарӣ
Роҳбарӣ аз худ гузаштан аст. Аз соли 1971 то имрӯз кай истироҳат кардаам, дар хотир надорам. Ҳар субҳи барвақт дар ҷойи кор ҳастам. Дар интихоби кормандону риояи қатъии реҷаи кор бисёр сахтгирам. Ҳамкоронамро, ки асосан бонувонанд, дар ҳама ҳолат дастгирӣ мекунам…
Дар баробари роҳбар будан, ҳам марду ҳам бонуи хона будам. Бо амри тақдир 3 кӯдакро танҳо ба воя расонидам. Аз касе чизе талаб надоштам. Меҳнатдӯстиву ростқавлӣ маро сарбаланд кард. Аз ҳисоби хоб корҳои хонаро ба сомон мерасонидам. Хилъату рӯймоли махсусро пӯшида, ба поён фаромада, саҳни кӯдакистонро мерӯфтам. Касе маро дар ин торикӣ намедиду намешинохт. Субҳ ҷойи рӯфтаамро об мезадам ва бо ҳамин пули ҳавлирӯбӣ эҳтиёҷи оиларо мебаровардам. Шабҳое буданд, ки ҳамагӣ 4 соат хоб мерафтам. Дар баробари ин ҳама масъулият вақт ёфта, дар соҳаи тиб ҳам омӯзиши махсус гирифтам.
Шукр, имрӯз ҷигарбандонам бомаълумоту соҳиби ҷойҳои кори арзанда, хонаву дари ободанд. Писаронам номбардори мананд. Духтари ягонаам ҳунарманд ва ҳамчун тарроҳи либосҳои милливу аврупоӣ байни мардум шинохта шудааст, ки бо ӯ ифтихор дорам. Ду арӯси зебо, орифаву отифа дорам. Метавон гуфт, ки ман модари хушбахтам!
Гулноза БОБОМУРОДОВА