Мавҷуда ба комиссариати ҳарбӣ ба ҳайси хизматчии қаторӣ ба кор даромада, зинаҳои камолотро бо заҳмати фидокорона ва касбиаш бурдборона тай кардааст ва имрӯз китфҳои ин бонуи зебо ва афсарро чор ситора зеб медиҳанд. Ҳамкорони Мавҷуда эътироф мекунанд, ки хислатҳои росткориву ростқавлӣ ва дар ҳама ҳолат фикри худ-ро изҳор доштан, барои ин бонуи афсар «гарон омад», зеро аз рӯйи қобилият ва иҷрои сифатноки вазифаҳо Мавҷударо ҳама вақт барои дигарон намуна меоварданду вай бояд кайҳо рутбаи баландтарро соҳиб мешуд.
Вале ба андешаи Хайрибегим Алибекова, ёвари калони сардори шуъбаи сафарбарии комиссариати ҳарбии вилоят, Мавҷуда тамоми ҳастиашро ба хизмат бахшида, дар бораи рутбаи навбатӣ фикр ҳам накардааст. Вай супоришҳои хидматиро ба таври фаврӣ ва содиқона иҷро мекунад, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона саҳм мегузорад. Агар ба мақоме сазовор донистанд, танҳо ба хотири он, ки масъулиятшинос асту касбияти баланд дорад.
Комиссариати ҳарбӣ дар тӯли ин солҳо роҳбарони зиёдеро иваз кардааст. Аммо дар мавриди сифатҳои касбии ин бонуи афсар, ки корҳояшро бидуни саросемагӣ ва даву ғеҷи зиёдатӣ оромона ва сари вақту босифат ба иҷро мерасонад, қариб ҳама диди якхела доштанд. Боре дар ҷаласае иттифоқ афтодааст, ки афроде барои худсафедкунӣ гуфтаанд, ки «Мо давидем, вале …». Комиссар ғайриихтиёр гуфтааст: «Надавед, ба мис-ли Мавҷуда кор кунед, муваффақ мешавед».
Мавҷуда бовар дорад, ки барои иҷрои кор, аввал онро андеша намудану хуб «дар сар пухтан» зарур аст ва баъд амал бояд кард. Зеро санъати ҳарбӣ таваккулро намепазирад. Машқҳои ҷумҳуриявии «Ҳифз - 2012», ки моҳи июн бо ширкати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ба манзури омодагӣ ба ҳифзи марз дар Бадахшон баргузор шуданд, сатҳи баланди омодагии артишро ба ҳимояи марзу буми кишвар нишон доданд.
– Шуъбаи фаврӣ - банақшагирӣ, ки Мавҷуда дар он ба ҳайси ёвари сардор фаъолият мекунад, на танҳо дар тарҳрезии машқ, балки дар саҳнаи амалӣ сохтани он дар шароити саҳроӣ саҳми арзанда ва бевосита гузошта, аз ҷониби фармондеҳӣ бо ифтихорнома ва мукофоти моддӣ қадр шуд, – изҳор дошт комиссари ҳарбии вилоят.
Вай интизоми қавиро сабаби асосии муваффақият мешуморад ва мегӯяд, ки чун шахси низомӣ фармонбардор аст. Агар барои иҷро супоришҳои хидматӣ баҳои баландро сазовор гаштааст, пас ба онҳо аз рӯйи меҳру ихлос ва садоқати касбӣ муносибат кардааст.
– Агар ба қаҳрамонҳои машҳури асарҳои нависандагони барҷаста -Артур Конан Дойл ва Агата Кристи назар афканем, мебинем, ки якеашон серҳаракат, чусту чолок, мушоҳидакор ва ҳамеша дар такопӯ, дигаре масъулияти бардӯшгирифтаашро аввал дар тарозуи мантиқ ва андеша бармекашаду бидуни саросемагӣ ҳамон натиҷаеро ноил мешавад, ки ҳамтояш ба он расидааст. Аз ин рӯ, побанди курсии утоқи корӣ будани шахсро сифати манфӣ мешуморам, ҳамчуноне ки ҳамеша дар такопӯ ва осемасар буданро намеписандам, – изҳор медорад мусоҳибам.
Чоршанбе Абдураҳмонов , сокини шаҳри Хоруғ, солиёни зиёд дар вазифаи муовини комиссари ҳарбӣ кор кардааст. Ӯ ёдовар мешавад, ки бисёр ҷавонони шефтаи ҳусни ин духтари зебо, қоматбаланд ва ҷиддӣ мехостанд барояш хостгор фиристанд. Аммо сару либоси низомӣ, ки ба қади ин бону шинам афтода буду ба симояш ҷиддияти бештар мебахшид, онҳоро дудила месохт. Баъзеҳо пешниҳод намуданд, ки аз хизмати низомӣ барояд. Аммо Мавҷуда қабул накард ва роҳеро интихоб намуд, ки ба он содиқ аст.
Ба ҷодаи ҳарбӣ қадам гузоштани Мавҷуда амри тасодуфӣ набуд. Муҳити хонаводае, ки дар он тарбия ёфт, ба интихобаш таъсир дошт. Зеро вай аз пайроҳаи падараш, собиқадори Вазорати корҳои дохила рафтан мехост.
Бачаҳо бо либоси тунук дар кӯча яхмолакбозӣ мекунанд. Роҳгузарон ба онҳо таваҷҷуҳ наменамоянд. Аммо ҳамин, ки Мавҷуда пайдо мешавад, бачаҳо зуд ба хонаҳояшон мераванд.
– Барои ба воя расондани фарзанди солим ва сарбози ватан аз хурдӣ бояд вайро тарбия ва нигоҳубин кард. Мутаассифона, бисёр волидон кӯдаконро ба ҳоли худ мегузоранду онҳо дар фасли сармо беҳуда вақтгузаронӣ мекунанд. Натиҷаи бепарвоӣ бошад, афзоиши бемориҳои узвҳои шадиди нафаскашӣ дар байни наврасону ҷавонон аст, – меафзояд ӯ.
Комиссариати ҳарбӣ бо бонувони кордону масъулиятшиносаш, ба мисли Мавҷудаву Хайрибегим, Тоҷӣ Алидодоваю Нозукмо Гадомамадова ва Нигина Отамбекова ифтихор дорад. Ба гуфти комиссари ҳарбии вилоят ин бонувон дар иҷрои вазифаҳои низомӣ на камтар аз мардонанд. Солиёни зиёд навбатдории шабонарӯзиро дар баробари мардон паси сар карда, танҳо соли гузашта бо беҳтар шудани авзоъ ва таҳким ёфтани сифати кадрӣ аз ин вазифа озод гаштанд. Бонувони афсар дар баробари вазифаҳои хидматӣ дар ободониву сабзкории шаҳр фаъолона ширкат меварзанд. Дар озмуни «Гулҳои худрӯй» бо ҳунари санъатварӣ мухлисонро қоил карданду суруди халқӣ аз намоишномаи «Тошбек ва Гулқурбон» дар иҷрои Мавҷуда хеле дилнишин садо дод.
Нақшаи тирамоҳии даъват ба ариш дар вилоят пурра иҷро шуда, ҳаводиси Хоруғ ба он таъсир нагузоштанд.Бештари сафарбаршудагон довталабона ба хизмат рафтанд. Ба андешаи комиссари ҳарбии вилоят ин натиҷа аз як тараф баёнгари боло рафтани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, беҳтар шудани сифати хизмат дар артиш ва вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ байни даъватшавандаҳо ва волидони онҳо бошад, аз ҷониби дигар, он баҳои беҳтарин ба фаъолияти кормандони комиссариати ҳарбӣ, ба мисли Мавҷуда Ақдодова аст, ки на дар сухан, балки дар амал ва бо садоқат ба халқу Ватан ва артиш хизмат мекунад.
Ш.Мирзоҷалол