Хоҳарон Фотимаву Зуҳро дар оилаи амаки Низом ва ҳамсараш Мария Романовна, дар деҳаи ғӯсари Ҷамоати деҳоти Колхозчиёни шаҳри Панҷакент ба дунё омаданд.
Амаки Низом, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, соли 1943 дар яке аз набардҳои шадид чароҳати вазнин гирифта, ҳамчун маҷруҳи гуруҳи дуюм ба ақибгоҳ баргашт. Дар шаҳри Самарқанд ба Мария ном украиндухтар дил баста, оиладор мешавад. Онҳо соҳиби ҳафт фарзанд ва обрӯйи хосса дар байни мардуми диёр гардиданд
Тифлакони хушбахт Фотима ва Зуҳро, ки чун як себи дукафон ба якдигар монанд буданд, соли 1959 дар мактаби миёнаи рақами 6-и ба номи Абдусалом Деҳотии ноҳия ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Соли 1974 онҳо факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хуҷандро бо дипломи аъло хатм намуданд.
Фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор оғоз намуда, муддате дар зодгоҳашон деҳаи Гусар ба таълиму тарбияи насли наврас пардохтанд. Сипас пайроҳаи тақдир ҳар якеро бо роҳи хеш бурд.
Зухро Низомовна ба мактаби рақами 15-и шаҳри Панҷакент ба кор омад, дар як муддати кӯтоҳ дар байни ҳамкорон бо дониши баланд, хулқу атвори нек ва маҳорату кордонии худ соҳиби обрӯву эътибор гардид. Соли 1985 ӯро сарвари мактаби мазкур таъйин намуданд. Албатта, дар мактабе, ки зиёда аз 1600 хонанда ва беш аз 100 омӯзгор дошт, барои як ҷавонзан сарварӣ кори осон набуд. Вале ӯ аз таҳти дил ба кор шуруъ намуда, аз мушкилиҳо наҳаросид ва интизоми кориро дар байни коллектив дуруст ба роҳ монд. Муддати 21 сол роҳбарии мактабро ба уҳда дошт. Дар давоми сарварии ин зани кордону болаёқат мактаб ба пешрафтҳои назаррас ноил шуд. Охири солҳои 80 -ум мактаб бо намунаи эҷодии ҳунармандонаш дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) дар шаҳри Маскав ширкат варзида, сазовори медали тилло гашт. Соли 1989 шогирдони мактаб дар даври ҷумҳуриявии бозиҳои шавқовари «Офарин» ғолиб омада, ба даври умумииттифоқӣ роҳхат гирифт ва дар шаҳри Биржайи Литва ғолибиятро ба даст овард. Шогирди фаъоли мактаб - Дмитрий Поликарпов, соли 1990 ғолиби озмуни физикони ҷавон дар шаҳри Новосибирск гардид. Хонандаи боистеъдод Дилфуза Амонқулова дар озмуни ҳаваскорони ҷавон дар шаҳри Кишинёв, соли 1991 бомуваффакият ҳунарнамоӣ намуда, дар радифи ғолибон ҷо гирифт.
Дар давраи сарварии ин зани кордон мактаби рақами 15 се маротиба ба номи баланди «Мактаби сол» муваффақ гардид ва дар сафи беҳтарин мактабҳои ҷумҳурӣ ҷой гирифт. Зуҳро Низомовна барои тарбия намудани хислатҳои беҳтарини инсонӣ, ба мисли ватандӯстӣ, ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ, одамгарӣ ва қавииродагӣ диққати ҷиддӣ медод. Бо заҳмат ва кордонӣ ӯ ба гирифтани чандин ифтихорномаҳо, унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва медали «Хизмати шоиста» ноил гардид. Беҳтарин мукофоти ӯ ҳурмат ва эҳтиром дар байни мардуми диёр аст.
Соли 2006 пайраҳаи меҳнатии хоҳарон боз ба ҳам пайваст. Зуҳро Низомовна ба ташкилоти ҷамъиятии «Занони Шарк» ҳамчун сармутахассис ба кор гузашт.
Фотима Низомовнаро низ дар шаҳри Панҷакент ҳамчун як зани кордону меҳнатдӯст, дилсӯз, шафиқу меҳрубон, ташкилотчии бомаҳорат, сарвари қобилиятноку дардошнои ҳамагон мешиносанду эҳтиром менамоянд. Сарнавишти ӯ бештар ба корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ вобас-та шуд. Муддате дар зодгоҳаш омӯзгор буд. Соли 1980 ба сифати котиби дуюми Кумитаи комсомолии шаҳри Панҷакент ба кор даъват шуд. Дар ин вазифа ӯ корҳои назаррасро дар иртибот ба тарбияи ҷавонон ба анҷом расонд.
Чанде дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳр ба ҳайси директор иҷрои вазифа кард. Дар давоми ду соли фаъолияташ омӯзишгоҳро ба муассисаи таълимии пешрафта мубаддал сохт. Соли 1982 ин муассиса дар озмуни умумииттифоқии омӯзишгоҳҳои омӯзгории Иттифоқи Шӯравӣ дар байни 420 довталаб сазовори ҷойи аввал гашт.
Қобилият ва истеъдоди баланди бо мардум кор карда тавонистанашро ба инобат гирифта, Фотима Низомовнаро ба қумитаи шаҳрии ҳизби коммунист ба ҳайси инструктори шуъбаи идеологӣ ва баъд аз он котиби идеологӣ интихоб намуданд.
Дар фаъолияти худ бештар ба ҳимояи ҳуқуқҳои занону кӯдакон, беҳтар намудани шароити кориву зисти бонувон ва тарбияи онҳо эътибори ҷиддӣ медод. Дар давраи фаъолияти ӯ теъдоди занҳои роҳбар ва эҷодкор хеле афзуд. Қобилияти фавқулодаашро ба инобат гирифта, ӯро сарвари Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳр таъйин намуданд. Зиёда аз 30 сол Фотима Низомовна сарварии ин ниҳодро ба уҳда дошт.
Солҳои 2001-2003 чун зани ташкилотчию боистеъдод вазифаи муовини раиси шаҳри Панҷакентро бар дӯш гирифт. Дар ин солҳо ӯ бештар ба рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ диққат медод. Чандин мактаби нав, синфхонаҳо ва муассисаҳои таълимии томактабӣ сохт.
Имрӯз Фотима ва Зуҳро Низомоваҳо кори назарраси тарбиявиро барои занону ҷавонон дар ташкилоти ҷамъиятии «Занони Шарқ» идома медиҳанд, ки ҳадафи асосии он ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва шаҳрвандии занону кӯдакон ва мусоидат барои рушди ҷомеа мебошад.
Фаъолияти ташкилоти мазкур на танҳо дар шаҳри Панҷакент, балки дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он эътироф шудааст. Дар давоми фаъолияти худ ин ташкилоти ҷамъиятӣ зиёда аз 35 лоиҳаи иҷтимоиро, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои занону кӯдакони шаҳру деҳот, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии онҳо, ҷалб намудани духтарони деҳот барои идома додани таҳсил дар синфҳои болоӣ ва донишкадаҳо, пешгирии хушунат нисбати занон, дастгирии иқтисодии занон роҳандозӣ кардааст.
Моҳи марти соли 2003 бо дастгирии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ), дар назди ташкилот Маркази захиравии занон ташкил шуд, ки барои занони шаҳри Панҷакент хидматҳои иҷтимоӣ, омӯзишӣ ва маслиҳати дастрасии ройгон ба Интернет мерасонад.
Хоҳарон дар тарбияи насли наврас ва ривоҷи ҷараёни иштироки занон дар пешрафти шаҳр саҳми ҷиддӣ гирифтаанд.
Худованд ба Фотима ва Зуҳро Низомоваҳо хислати накӯ, ҳусни малеҳ ва зиндагии пурбору шукуфон бахшидааст. Ва аз ин арзишҳо онҳо баҳраманд шуда, тамоми ҳастиашонро барои хизмати ҳамватанон сарф менамоянд.
Пас аз чанде хоҳарони хушбахт ҷашни мавлуд доранд. Мехоҳам, онҳоро бо ин рӯзи саид ҳамчун дигар ҳаводоронашон аз таҳти дил табрик намуда, барояшон сиҳатию рӯзгори хуш ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳо таманно намоям.
Анварбеки Абунаср
ш. Панҷакент