Мусоҳибаи ихтисосӣ бо устод Мукаррама Қосимова, профессори ДМТ
— Аз рӯйи шунидам Шумо дар оилаи рӯзноманигор таваллуд шудаед, чаро ин касбро интихоб накардеду ба илм рӯ овардед?
— Воқеан, падарам Набӣ Фахрӣ яке аз аввалин рӯзноманигорони ҷумҳурӣ маҳсуб мешуданд. Ба ҳамин хотир, оилаи мо вобаста ба тағйир ёфтани ҷойи кори падар зуд-зуд аз шаҳри Конибодом ба Душанбе ва аз пойтахт ба шаҳри Хуҷанд мекӯчид. Аммо дар синни 9-солагӣ аз муҳаббат ва меҳри падар маҳрум шудам. Хеле ҷавон, дар синни 42-солагӣ вафот карданд. Бинобарин дар тарбияи модар ва бобоҳою бибиҳо қарор гирифтам. Онҳо адабиёти классикии форсу тоҷикро хеле дӯст медоштанд. Аз ин рӯ, муҳити хонаводагӣ бевосита ба ман таъсир мегузошт. Аммо овони наврасӣ дар мактаби рақами 10-уми шаҳри Душанбе таҳсил менамудаму фанни риёзиро хеле дӯст медоштам. Орзу мекардам, ки баъд аз хатми мактаб дар ин фан пажуҳиш барам. Дар синфи 10-ум устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба мо дарс мегуфтанд. Дар синф 13 духтар таҳсил менамудем. Устод аз мо суол карданд, ки баъд аз хатми мактаб дар куҷо таҳсилро идома хоҳем дод. Посух додам, ки фанни риёзиро интихоб кардаам. Устод Шакурӣ бо ҷиддият ва меҳрубонӣ гуфтанд: «Нон хӯрда дар намакдон туф кардан нашояд».
Ҳамон сол модарам - Мунаввара Қосимова мактаби олии ҳизбии Маскавро хатм намуда, ба Душанбе баргаштанд. Вақте гуфтам, ки мехоҳам дар бахши забоншиносии донишгоҳи Маскав таҳсил кунам, модар чунин посух доданд:
«Се сол ман дар Тоҷикистон набудам. Агар 5 соли дигар ту набошӣ, мо якдигарро кай мебинем? Баъдан, шароит надорам, ки туро рафта хабар гирам. Корам бисёр аст. Беҳтараш дар ҳамин ҷо таҳсилро идома деҳ». Азбаски мактабро бо медал ба итмом расонида будам, бе имтиҳон донишҷӯйи факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шудам.
—Замони донишҷӯйӣ устодони зиёде ба шогирдон дарс мегӯянд, аммо дар ташаккули як донишҷӯ чанд нафар саҳми бориз мегиранд. Дар такомул ва рушди Шумо кадом устодон саҳми ҷиддӣ доштанд?— Замони донишҷӯйии мо дар донишгоҳ устодони хеле ботаҷриба ва донишманд дарс мегуфтанд. Дар пешрафти ман устодон Шарифҷон Ҳусейнзода, Муллоҷон Фозилов, Соҳиб Табаров, Абдуғанӣ Мирзоев, Дадоҷон Тоҷиев ва Иосиф Оранский нақши муҳим доштанд. Соли аввал таҳти роҳбарии устод Шарифҷон Ҳусейнзода аз фанни адабиёт кори курсӣ навиштам, аммо таҳти таъсири Иосиф Оранский аз соли дуюм ба бахши забоншиносӣ гузаштам. Устод аз фанни таърихи забон дарс мегуфтанду ба мо хат-ҳои мехӣ ва паҳлавиро меомӯзонданд. Баъдан устод Дадоҷон Тоҷиев ба мо аз фанни синтаксис дарс гуфтанду ин бахши забоншиносиро интихоб намудам. Он вақтҳо дар донишгоҳ муҳити хеле аҷиби илмӣ мавҷуд буд ва мо ба устодон арҷ гузошта, онҳоро эҳтиром менамудем. Бинобарин метавон гуфт, ки дар ташаккули ман гуруҳи устодон ва муҳити илмию эҷодӣ саҳми ҷиддӣ доранд.
— Ҳамзамон бо андӯхтани дониш замони донишҷӯйӣ беҳтарин фасли ҷавонӣ аст. Дилҳо тапиданҳо доранду нигоҳҳо роз. Оё ба касе дил бохта будед?
— Баъзе ошиқ мешуданду чанд нафар ҳам издивоҷ намуданд. Ин раванд хоси ҷавонист. Дар солҳои ҷавонӣ чанд нафар ба ман маъқул буданд, аммо ба касе ошиқ нашудам. Аз рӯйи шунидам чанд ҳамсабақ ба ман ошиқ ҳам буданд, аммо ҷуръати изҳори муҳаббат намудан надоштанд. Соли панҷуми таҳсил Муқаддас Искандарӣ ба Душанбе омаданду миёни мо як алангае аз муҳаббат рӯшан шуд. Баъд аз хатми донишгоҳ издивоҷ кардем. 50 сол бо ҳам будем. Мутаассифона, 10 сол қабл фавтиданд. Ин муҳаббат ду фарзанду 5 набера ва ду абера ба бор овард. Ва фикр мекунам, хушбахтии инсон, ба хусус ҳар модар дар ҳамин аст.
— Ба пажуҳиши илм кай дил бастед?
— Дар яке аз маҳфилҳои забоншиносӣ баромад кардаму он ба устодон маъқул шуд ва мавзуъро барои дарёфти ҷоиза пешниҳод намуданд. Ин нахустин мақолаи ҷиддие буд, ки дар бораи яке аз мавзуъҳои забоншиносӣ навиштам. Дастгирии устодон сабаб гашту ба тадриҷ шавқам ба синтаксис зиёдтар шуду ҳуҷҷатҳоямро ба аспирантура супурдам.
— Оё дар забоншиносӣ ҳамон вақт бону- донишмандон зиёд буданд?— Не, он вақтҳо духтарон ба таҳсил кам фаро гирифта мешуданд. Мушкил дар таҳсил набуд, аксар оилаҳо иҷоза намедоданд, ки духтарҳо ба донишгоҳ рафта таҳсил намоянд. Илова бар ин, баъд аз хатми донишгоҳ аксар духтарҳо издивоҷ мекарданд ва бе дастгирии шавҳар ва умуман аҳли оила дониши худро такмил дода наметавонистанд. Ҳамчунин рафтуомади хешону пайвандон ба пешрафти кори илмии зан халал ворид месозанд, зеро вақтеро, ки ӯ бояд барои андӯхтани илм сарф созад, дар пазируфтани меҳмон ва ё кори дигар мегузаронад. Мушкил дар он аст, ки вай ин корҳоро накунад, радди маърака мешавад. Ба назрам яке аз сабабҳои ба илм камтар ҷалб шудани занҳо дар ҳамин аст. Вақти таҳсил дар аспирантура соҳиби ду фарзанд шудам. Баъд маризӣ хеле вақти дигарро гирифт. Аммо бо мадади шавҳар кори илмиро анҷом додаму соли 1962 номзади илм гаштам. То ин вақт бонуе дар илми филология номзади илм нашуда буд. Ба гуфти шодравон Раззоқ Ғаффоров ман дар ин бахш аввалин «яхшикан» шудам. Баъд аз ман чанд нафар зани дигар дар бахши филология номзади илм шуданд.
— Тарбия намудан ва ба дараҷаи донишмандӣ расонидани шогирдон кори саҳл нест. Оё бо шогирдон имрӯз ҳам ҳамкорӣ доред?
— Хушбахтона, шогирдони зиёд дорам ва ҳаминро мехоҳам таъкид намоям, ки аз байни онҳо 8 нафар доктори илм ва 37 нафар номзади илмҳои филологӣ мебошанд. Азбаски ҳанӯз ҳам дар донишгоҳ ба ҳайси профессор- мушовир фаъолият дорам, шогирдонамро зуд-зуд мебинаму дар ин ё он масъалаҳои илмӣ ба онҳо ёрӣ мерасонам.
— Солҳои зиёд сарварии факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда доштед, оё ин кор барои анҷом додани корҳои илмӣ халал намерасонд?
— Соли 1974 бо тавсияи роҳбарияти донишгоҳ сарварии факултаро бори аввал бар уҳда гирифтам. Масъулият зиёдтар шуд. Барои анҷом додани корҳои илмӣ вақт намерасид. Новобаста ба ҳамаи ин, пажуҳишро идома дода, соли 1981 рисолаи докториамро дифоъ кардам. Аммо бояд зикр созам, ки барои анҷоми ин кор шодравон шавҳарам бисёр кумак расонд, зеро як муддат дилам ба қавле «сард» шуда буд ва намехостам онро идома диҳам.
—Дар донишгоҳ Мукаррама Қосимоваро ба сифати як устоди сахтгир, ҷиддӣ ва ҳамзамон меҳрубону дилсӯз мешиносанд. Дар хона Шуморо ҳамчун кадбону, ҳамсар ва модар чӣ гуна пайвандонатон баҳо медиҳанд?
— Вақти ба кори илмӣ шуғл варзидан, шавҳарам корҳои хонаро бар уҳда мегирифт ва тамоми шароитро бароям фароҳам меовард. Ҳар ду духтарҳоямон донишгоҳи Санкт-Петербургро хатм намуданд. Якдигарро бисёр дӯст медорем. Ҳарчанд вақтҳое буд, ки ҳамдигарро қариб намедидем ва рӯзҳои истироҳат мекӯшидем бо ҳам бошем.
Азбаски бобоям яке аз нонпазҳои гулдаст буданд, агар таъриф нашавад, нонҳои хеле хушмаза мепазам. Дар масъалаи пухтани таомҳо низ аз бонувони дигар камӣ надорам. Бо даст додани имконият кӯшиш менамоям, ки дастархони хона бо ғизоҳои миллии хушмаза ороста шавад. Дар дӯхтани либос ҳам маҳорати бад надорам. Зан ҳама вақт бояд зан бимонад, новобаста ба олим ва ё ходими давлатӣ буданаш, зеро ободии оила аз ӯ вобаста аст.
— Мусофират дар зиндагии инсон чӣ мавқеъ дорад?
— Шаҳрҳои Маскаву Санкт- Петербург ва кишварҳои соҳили Балтика бароям бисёр хуш омаданд. Меъморӣ ва фарҳанги хеле баланд доранд. Ошноӣ бо онҳо дар ҷаҳонбинии ман тағйироти ҷиддӣ ворид кард. «Дунё дидан дораду хӯрдан не», ё «бисёр сафар бояд то пухта шавад хоме», — мегӯянд дар урфият. Ба андешаи ман бо даст додани аввалин фурсат инсон бояд сафар кунад, аз тамаддун ва фарҳанги дигар миллатҳо бохабар гардад.
— Вақтҳои фориғ аз машғулияти илмӣ ба чӣ кор даст мезанед?
— Хондани китобҳои бадеиро дӯст медорам. Ҳамчунин яке аз шуғлҳои дӯстдоштаам кандану дӯхтани либос аст. Масалан, пираҳане мехараму дӯхташ бароям маъқул нест. Онро канда аз нав медӯзам. Тарроҳиву дӯзандагӣ ва гулпарварӣ «хобби» -и ман аст. Гули дӯстдоштаам «Мок-рий Иван» аст.
—Чаро?
—Зеро дар тамоми фаслҳои сол гул мекунад. Баъзан вақтҳои фориғ шудан аз корҳои илмӣ ва хона бо гулҳо суҳбат меороям. Хастагиям зуд мегузарад.
— Ба назар мерасад, ки ахлоқи ҷавонон вақтҳои охир коста аст. Ба фикри Шумо бояд чӣ чора андешид?
— Ин масъала маро ҳам бисёр ба ташвиш овардааст. Дар кул онҳо бад нестанд, аз технологияи муосир хабар доранд, доим дар ҷустуҷӯ буда, дониши худро мукаммал месозанд. Мутаассифона, дар байни онҳо шахсоне ёфт мешаванд, ки бо рафтори нолоиқи худ ҳамсолонашонро бадном мекунанд. Ба назарам, тарбия бояд дар оила дуруст ба роҳ монда шавад, агар зодмандон дар хона сухани бад нагӯянд, рафтори қабеҳ ва носазо надошта бошанд, фарзандон ба роҳи бад намераванд. Муҳит метавонад таъсири бад расонад, вале замина дар оила дуруст гузошта шавад, фарзандон ба ашхоси бадгӯ ва зишт пайравӣ нахоҳанд кард. Фарзанд оинаи оила аст. Чи хеле ки падару модар нисбат ба атрофиён рафтор ва муносибат дошта бошанд, ҳамон тавр фарзандон рафтору муносибат хоҳанд дошт. Барои ҳамин бояд волидон намунаи ибрат бошанд. Аз ҷониби дигар, вақте дар роҳ ё нақлиёти ҷамъиятӣ баъзе ҷавонон ҳарфҳои зишт мегӯянд, калонсолон бетарафиро ихтиёр мекунанд. Новобаста ба вокуниши ҷавонон бояд онҳоро ислоҳ намоем. Бетарафӣ оқибати хуш надорад.
—Шуморо ба муносибати ҷашни 80- солагӣ аз номи тамоми аҳли илм, қалам ва фарҳанг табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ ва баракати умр таманно дорем.
—Ташаккур.
Шогирдон дар васфи устод
Суҳбатҳои ӯ маро некбин сохта, оҳанги суханаш туғёни ноороми диламро ба маром меоварад. Ҳанӯз ҳам маро ба роҳи рост ва фатҳи қуллаҳои баландтар ҳидоят мекунад, ҳанӯз ҳам дарси таҳаммул ва одамият медиҳад. Ӯ ками дигаронро нодида мегирад, нотавонбин нест. Гармию равшании дилҳо ва ошкоро сухан гуфтанро мепазирад, равшанзамир аст. Садоқат ва ҳақиқатро мепарастад, душмани дурӯғ ва беадолатист. Дунёи зебои ботинаш дар сурати сахт зебо ва гарму дилкашаш пурра таҷассум ёфтааст. Гуруҳе аз шогирдон ӯро ба шавқу эҳтиром устод ном мебаранд, гуруҳи дигар ӯро чун модари меҳрубону мушфиқ дӯст медоранд. Барҳақ, муаллими муаллимони ҷумҳурӣ, муаллими ҳаёт аст ӯ.
Шамсиддин Каримов, номзади илмҳои филология
Мукаррама Набиевна дар ҷодаи илм хислатҳои олимонаро дар худ парварида ҳамеша сертараддуд, серкор, дар ҷустуҷӯ, машғули пажуҳиш ва таълифи мақола, дастур, воситаҳои таълиму тадрис ва рисолаҳо мебошанд. Доир ба забони адабии муосири тоҷикӣ силсилаи асару мақолаҳои олима ба табъ расидаанд, ки онҳо масъалаҳои мубрами сарфу наҳви забони муосирро фаро гирифтаанд.
Собирҷон Ҳошимов, дотсенти
Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон
Мусоҳиб Эмомалии Сайидамирзод