Бонувони деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ мегӯянд: ҳаёт ва фаъолияти ҳамдеҳаашон Тамарахонум Ғайратова барояшон саргузашти бонувони мубориз ва инқилобиро, ки ба қаҳрамони румонҳо табдил ёфтаанд, хотирнишон месозад. Онҳо ифтихор доранд, ки ин зани пешоҳанг ва фаъол дар ҳама кор ҳамдам ва маслиҳатгарашон ҳаст.
Ба гуфти омӯзгори деҳаи Мотравн Шарифахонум Ҷумъаева дар Язғулом решаҳои анъана, урфу одат ва хурофот хеле қавӣ ҳастанд. Аммо Тамарахонум, ки акнун давлати пирӣ меронад, дар қатори нахустин бонувони ангуштшумори маҳал буд, ки бо азму ирода ва фаъолияташ андешаи қолабии «Зан барои кори хона ва мард барои кори берун офарида шудаанд»-ро шикаст.
Тамарахонум соли 1960 дар қатори аввалин чаҳор духтари водӣ ба мақсади соҳибмаълумот шудан роҳ сӯйи Душанбе гирифт. Ва танҳо вай муваффақ шуд, ки муҳассили риштаи ҳуқуқ гардад.
Ҳамсабақон ин духтари қадбаланду зебои рустоиро хуб дар ёд доранд, ки на фақат дар дарсҳо, балки дар пахтачинӣ ҳам пешрав буд. Духтаре, ки пахтаро бори аввал дида, ҳатто ҳангоми бастани пешдоман нороҳатӣ ҳис мекард, зуд ном баровард. Ангуштони гирову чолоки духтари рустоӣ тез ба кори нав одат карданд.
Ҳар нафаре, ки аввалин маротиба бо ин бонуи хушчеҳраи тоҷик дучор меояд, нахуст суолаш медиҳад, ки чаро Тамара ном гирифтааст. Дар хонавода нақл мекунанд, ки падари мухлиси ҳунару санъат ба духтаронаш номҳои маъруф ва писандидаи санъаткорони он давра - Тамарахонум ва Туҳфахонумро гузоштааст.
Баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ӯ ба зодгоҳ баргашт. Дар муддати кӯтоҳи фаъолият дар риштаи ҳуқуқ мутахассиси ҷавон худро серғайрату кордон ва дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ муаррифӣ кард.Ҷамоати деҳоти Язғулом ба чунин роҳбари ҷавону ташаббускор ниёз дошт ва Тамарахонумро раис таъин карданд. Сокинон мегӯянд, нишонаҳои ободӣ, ки дар ин деҳоти дурафтода ба чашм мехӯранд, дар давраи раисии Тамарахонум пайдо шудаанд.
Маҳз ҳангоми роҳбарии ӯ роҳ ба сӯйи деҳаи дурдасти Жамак, мактабҳои нав ва клубҳо сохта шуданд. Тоза кардани дашти зиёда аз 100 гектараи Язғулом аз сангу рег оғоз шуда, шодоб гардид. Бо мадади созмонҳои хайриявӣ имрӯз ин дашт ба боғу замини кишти сабзу хурраме табдил ёфтааст.
– Боло бурдани мақоми зан яке аз самтҳои асосии фаъолияти раиси ҷамоат буд, – бо табассуми ширине аз он рӯзҳо ёд меорад Тамарахонум. – Бо пешбарии бонувон ба вакилӣ ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ мешудем, зеро он вақт мардум ба вакилбонувон бо шубҳа менигаристанд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз сару садоҳои беасос шавҳар ва ё марде аз шумули хешовандон ҳатман ин ё он вакилбонуро зимни сафар ба ҷаласаҳои ноҳиявӣ ва вилоят ҳамроҳӣ мекард.
Дар давраи роҳбарии Тамарахонум бо роҳхати ҳукумат фиристодани бонувон ба макотиби олӣ бештар шуд. Баъдан, дар муассисаҳои маҳал ҳам нахустин коргарбонувон пайдо шуданд. Акнун бонувони деҳот дар симои Тамарахонум, ки мактаби олиро хатм карда, дар пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ саҳм мегирифт, шахсияти қобили пайравиро ёфтанд.
Ба гуфти омӯзгорони деҳаи Мотравн айни ҳол танҳо аз мактаби онҳо бештар аз 80 нафар дар макотиби олии ҷумҳуриявӣ таҳсил мекунад, ки аксарашон духтаронанд ва инро ба фаъолияти Тамарахонум марбут медонанд, зеро то бознишаст шудан дар мактаб дарс додааст.
Аммо ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми ин деҳоти дурдаст низ зарбаи сахте зад. Мавҷи гурезагони иҷборӣ бо андешаҳои мухталиф ба ин деҳот омаданд. Афроде пайдо шуданд, ки аз хислати мардуми содда, вале росткору ростқавл истифода карда, ақидаҳои куҳнаро аз нав ривоҷ медоданд. Дар як фосилаи кӯтоҳ мамнуъ эълон шудани рақсу суруд дар ҷашнҳо байни мардум ҳамовозӣ пайдо кард. Имрӯз деҳаи дурдасти Жамак аз ҳама бештар ҳофизону мутрибон дорад, вале ҳунармандон дар ҷашну сури мардуми деҳоти дигар мехонанд, зеро дар деҳаи худашон дар маъракаҳо рақсу сурудхонӣ аз байн рафтааст. Клубҳо чун дар бештари нуқоти Бадахшон ба моликияти шахсӣ табдил ёфтаанд. Вале дар Мотравн хонаи фарҳанг боқӣ монд, ки ба он ҳунарманди шинохта Исломиддин Доштов роҳбарӣ мекунад ва он ба ҷойи баргузории маъракаҳои фарҳангӣ табдил шудааст.
Тамарахонум мегӯяд, ки аз ташаббуси духтарони деҳот ба мисли Зуҳро Шашаева меболад. Онҳо кадрҳои болаёқат буда, дар оянда рисолати ба уҳдадоштаи ӯ - машъали роҳнамои бонувон буданро давом хоҳанд дод.
– Дар деҳот ҳаёти замонавӣ бо анъана ва дар бархе аз мавридҳо бо хурофот дар талош ҳамзистӣ доранд. Вале хурсандиовар аст, ки акнун ҳаёти замонавӣ на бо роҳи фишор овардан, балки бо баргузории чорабиниҳои маданӣ-равшаннамоӣ тарғиб мешавад.Таҷлили хотирмони Рӯзи Модар, Наврӯз ва иддае аз чорабиниҳои расмӣ мардуми деҳотро гирд оварда, дар афкори онҳо таассуроти рангине боқӣ мегузорад,-мегӯяд Тамарахонум.
Пас аз 14 соли роҳбарии ҷамоати деҳоти Язғулом ба Тамарахонум вазифаи муовини суди вилоятро пешниҳод карданд. Вале ӯ рад кард ва бо хоҳиши худ дар мактаби деҳа омӯзгор шуд.
Ба гуфти омӯзгорони деҳа Тамарахонум дар мактаб ба ҳама камбудӣ эрод мегирифт, ба монанди агар дақиқае барвақттар садои занги баромад зада шавад, ё омӯзгоре барои зарурате пеш аз тамомшавии дарс шогирдонро ҷавоб диҳад.
– Аввал бархе онро кӯшиши мансабталошиаш медонистанд, аммо оҳиста-оҳиста фаҳмиданд, ки сахтгириву серталабӣ ва ҳалолкориву дилсӯзӣ дар ниҳод ва сиришти ин зан нуҳуфтааст ва ба хотири ислоҳи камбудӣ ва пешрафти ҷомеа вай хомӯш истоданро дар ин маврид ҷоиз намедонад, – мегӯяд омӯзгор Шарифахонум Ҷумъаева.
Ба андешаи муовини раиси ноҳияи Ванҷ Азим Шамсов синни нафақа Тамарахонумро аз ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар канор нагузоштааст. Вай дар ҳалли мушкилоти деҳот ширкати фаъол дорад. Ҳамеша ақидаҳои тозаро ҷонибдорӣ мекунад ва худ ташаббус нишон дода, мардуми деҳотро ба корҳои ободонию созандагӣ сафарбар месозад.
Аммо ҳаёт баъзан ба кас зарбаҳое мезанад, ки танҳо кӯҳи хоро метавонад онҳоро таҳаммул кунад.Се писари Тамарахонум ба таври фоҷиавӣ фавтиданд. Аммо ин фоҷиаро бо сабру таҳаммул паси сар намуд, ҳарчанд сангину вазнин буд ин имтиҳон. Арзандавлат- шавҳари Тамара, мегӯяд, ки давлати бузургтарин барояш ин аст, ки тақдир вайро бо чунин зани зебосирату хубсиришт ва вафодору меҳрубон рӯ ба рӯ кардааст. Онҳо ба фарзандон ва наберагон шукр мегӯянд ва талош меварзанд, ки ба нафъи ҷомеа ҳар чи бештар кори нек анҷом диҳанд.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол