Муаррифӣ:
Хосамоҳ Билолова соли 1966 мактаби миёнаи рақами 2-и ноҳияи Данғараро хатм намуда, ба факултаи таърих ва ҷамъиятшиносии Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мегардад. Соли 1971 бо роҳхати Вазорати маориф ба мактаби миёнаи рақами 56–и ноҳияи Данғара ба кор меояд. 41 соли ҳаёташро ба омӯзгорӣ бахшида, барои заҳматҳои шоён соли 1999 ба унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадр гардидааст. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.
Хонавода
Билолиддин Розиқов, падари Хосамоҳ, иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, 10 фарзанд дошт. Солҳои 60 –уми қарни гузашта, хоҷагии қишлоқи собиқ шӯравӣ ба тадриҷ оқибатҳои даҳшатбори ҷангро бартараф намуда, ба зиндагии осуда қадам мегузошт. Азбаски сатҳи зиндагӣ ҳанӯз хуб нашуда буд, аз навоҳӣ ва деҳот ҷавонон ба пойтахт барои таҳсил дар макотиби олӣ камтар меомаданд.
Бародари калонии Хосамоҳ – Исмонқул дар Душанбе таҳсил мекард. Рӯзе ӯ ба назди падар омада гуфт: «Бо иҷозаи Шумо Хосамоҳро ба Душанбе мебарам. Дар донишгоҳ таҳсил хоҳад кард». Аммо падар намехост, ки духтараш дар хобгоҳ зиндагӣ кунад. Баъд аз машварат ба натиҷае расиданд, ки Хосамоҳ бо бародараш дар пойтахт дар хонаи холааш зиндагӣ намояд. «Падарам меҳрубон бошад ҳам, хеле сахтгир буд. Метарсидам, ки барои хондан дар шаҳри Душанбе иҷозат намедиҳад. Ба бахти ман бародарам ӯро тавонист итминон диҳад. Баъд аз чанд сол додарам Саидқул ҳам ба Душанбе омад», – ба ёд меоварад он солҳоро ҳамсуҳбатам.
Ҷавонӣ мижа задан аст
«Воқеан, ҷавонӣ хеле зуд мегузаштааст. 5 соли донишҷӯйи ба мисли як мижа задан гузашт. То зуҳр дарс мехондему баъд ба китобхонаи марказии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мерафтем. Ончунон ба китоб дил баста будем, ки вақт камӣ мекард. Ба хона баргаштан намехостем. Дунёи маърифат моро ба тадриҷ ба жарфнояш мекашид. Таърих хеле аҷиб ва ҷаззоб аст. Илова бар ин, устодони мушфиқ ва сахтгире чун Роҳат Набиева ва шодравон Мансур Бобохонов роҳнамоӣ ва роҳбариямон мекарданд.
Аксари ҳамсабақон рӯзҳои таътил ба деҳа бармегаштанд. Вале ман дар чанд моҳ як бор ба дидори волидон мерафтам. Аз ин рӯ, онҳо барои дидани мо меомаданд».
Маърифат ва издивоҷ
Хосамоҳ Билолова соли 1972 баъд аз як соли фаъолияти корӣ издивоҷ кард. Ҳоло онҳо соҳиби 5 фарзанданд. Бахтиёру Манучеҳр, Ҳасану Зуҳро ва Бунафша дар макотиби олии ҷумҳурӣ таҳсил намуда, соҳибкасб шудаанд. Новобаста аз он ки ба синни нафақа расидааст, дил аз кор кандан наметавонад. Ба ибораи дигар нисфи дилаш бо фарзандону набераҳосту нисфаш бо шогирдон.
Дар мавриди издивоҷ суҳбат менамоему муаллима Хосамоҳ мегӯяд: «Имрӯз аксари духтарон ё то синфи 10-ум мехонанд ё баъд аз хатми мактаб зуд ба шавҳар мебароянд. Модароне ҳастанд, ки духтари 18 –соларо «пирдухтар» меноманд. Ҳайрон мемонам ба чунин муносибату шитобкорӣ. Мо баъди хатми донишгоҳ як соли дигар кор карда, баъд ба шавҳар баромадем. Касе пирдухтар нагуфт. Издивоҷ намудан бояд меъёр бошад. Духтар ҳам соҳибкасб мешаваду ҳам дарси ҳаёт меомӯзад. Аксар ҳолатҳои никоҳҳои номуваффақ аз ҷавон ба шавҳар додани духтарон вобаста аст. Модарон духтаронро ба зиндагии мустақил омода намекунанд. Тарзи муносибат бо шавҳар ва пайвандони ӯ, таҳияи таом, рӯбучини хона ва дигар корҳоро намеомӯзанд. Ба сахтиҳои ҳаёт тоб намеоранд. Аз ин рӯ, онҳо ба зудӣ аз шавҳар ҷудо мешаванд.
Вақте ба шавҳар баромадам, ӯ зиндагии хоксоронае дошт. Мо бо модараш зиндагӣ мекардем. Ба ҳама сахтиҳо тоб оварда, бо маслиҳату машварат кор мекардем. Саҳар фарзандонро субҳона дода, ба боғча мебурдаму баргашта корҳои хонаро анҷом медодам. Рӯзона дар мактаб будам. Бегоҳ бо хушдоману шавҳар корҳои хонаро тақсим мекардем».
Гавҳари камёфт
Ҳодисаеро ба ёд меорам, ки дар яке аз хиёбонҳои пойтахт ду зан барои фарзандон шуда, якдигарро ончунон сақат мегуфтанд, ки раҳгузарон аз шарм ангушт ба гӯш мегузоштанд. Ҳамсуҳбатам инро шуниду чеҳрааш лолагун шуд. «Муносибат ва ахлоқ дар ҷомеа дигар шудааст. Солҳои пеш, агар муаллима бо коре аз синф берун мерафт, шогирдон то баргаштанаш ором менишастанд. Ҳоло бошад, омӯзгор дар синф асту шогирдош хомӯш намешинанд. Ба дарс камтар таваҷҷуҳ доранд. Гап мегардонанд. Духтар бояд ҳаё дошта бошад. Ин гавҳар камёфт шудааст. Фикр мекунам дар коҳиш ёфтани ахлоқ ҳам омӯзгорон ва ҳам волидон гунаҳкоранд. Ба тарбия бояд бештар аҳамият диҳем. Ҷомеа набояд бетарафиро интихоб намояд. Танҳо дар якҷоягӣ метавон фарзандони шоиста тарбият кард», – иброз медорад ӯ.
Лаҳзаи беҳтарин
Инсон дар ҷомеа танҳо бо заҳмат ва ахлоқи ҳамида шинохта мешавад. Хосамоҳ Билолова аз рӯзи нахуст то ҳол танҳо дар як мактаб кор кардааст. Миёни ҳамкорон ва мардуми ноҳия соҳибқадр аст. Аз дарёфти нишони «Аълочии маорифи ҷумҳурӣ» чандин сол гузашту шабе ҳамсараш Муродалӣ Ҳошимов аз кор баргашта гуфт: «Пагоҳ ба Душанбе меравӣ!» Нигоҳи пурсуоли ӯро хонда, шавҳараш бо ифтихор гуфт: «Аз дасти Президенти кишвар мукофот хоҳӣ гирифт». Бо ҳама исрор ба суолҳои дигараш посух наёфта, Хосамоҳ субҳи содиқ роҳи пойтахтро пеш гирифт.
«Ба саҳни Дастгоҳи иҷроияи Президент ворид шудаму бародарам Саидқул Билоловро дидам. Ӯ бо тааҷҷуб ба пешвозам шитофт. Ҳамроҳ ба толор ворид шудем. Ончунон ҳиссиёти фораме вуҷудамро фаро гирифта буд, ки худро ба зӯр идора мекардам. Баъд аз чанде ба саҳна даъват намуданду Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маро бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ намуда гуфт: «Муборак бошад, муаллима. Кор кунед!».
Бо бародарам, ки ӯ ҳам чунин мукофот гирифта буд, хушҳолу шодмон ба хона баргаштам», – мегӯяд муаллима яке аз лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёташро ба ёд оварда.
Садои думбура
«Баъзан шабҳо гирди ҳам менишастему падарам думбураашро, ки доим дар девори хона овезон буд, гирифта менавохт. Садои форами думбура оҳиста –оҳиста ба дил роҳ меёфту моро ба олами афсонаҳо мебурд. Хастагии рӯз танро раҳо мекарду рӯҳ ба парвоз медаромад. Гузашти вақтро эҳсос намекардем. Вақте падар думбураро рӯйи гилем мегузошт, бо як овоз хоҳиш мекардем, то боз каме навозад.
Бо гузашти солҳо дигар бародаронам ҳам думбура менавохтанд, аммо садои Саидқул ба куллӣ аз дигарон фарқ мекард. Форам буду дилпазир. Барои эҷоди ҳар оҳанг аз шаб то субҳ кор мекард.
Ҳоло ки дигар падар дар қайди ҳаёт нест, бо даст додани аввалин фурсат, бародарону хоҳарон ҷамъ мешавему аз Саидқул хоҳиш менамоем бароямон суруд бихонад. Ба садои ӯ гӯш медиҳаму даврони бачагиро ба ёд меорам».
Мушкилоти занҳои Данғара
«Дар ноҳияи мо низ аксари бонувон бекоранд. Агар қисме омӯзгоранду духтур, гурӯҳи дигар дар замин ва хоҷагиҳои деҳқонӣ кор мекунанд. Сехҳои хурди дӯзандагӣ ташкил шудаанд, вале онҳо ҳамаро ба кор фаро гирифта наметавонанд. Корхонаҳои замони шӯравӣ аз фаъолият мондаанд. Аз ин рӯ, аксари занҳо хонашинанд. Хуб мешуд, агар корхонаҳои калон ва миёнаи саноатӣ сохта мешуданд. Он вақт ҳам сафи бекорон аз зумраи бонувон кам мешуду ҳам мардум ба муҳоҷирати меҳнатӣ камтар мерафт», – мегӯяд Х. Билолова.
Меод
Дар мавриди интихоби касб аз ҷониби ҷавонон ёдовар мешаваму ҳамсуҳбатам мегӯяд: «Дар ноҳияи Данғара омӯзгорони шинохта ва соҳибобрӯ зиёданд. Эркамоҳ Хушвахтова, Файзиддин Нуралиев, Хайрулло Ҳошимов ва Шамсулло Қурбонов барои хидматҳои арзанда бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадр гардидаанд. Замони шӯравӣ дар байни омӯзгорон тақрибан 30-40 фоизро бонувон ташкил медоданд. Ҳоло бошад дар баъзе маҳалҳо то 80 дар сади муаллимон бонувонанд. Новобаста ба ҳамаи ин имрӯз ҷавонон ба касби омӯзгорӣ камтар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Шояд яке аз сабабҳояш маоши кам бошад.
Замони донишҷӯйии мо муаллимӣ касби пурифтихор маҳсуб мешуд. Ҷавонон ба омӯзгорон дар муносибат, фарҳанг ва ҳатто тарзи либоспӯшӣ пайравӣ мекарданд. Баъзан фикр мекардем, ки муаллим ҳатто хӯрок намехӯрад. Фарҳанги воло ва мақоми хос дар ҷомеа обрӯи омӯзгорро хеле боло бурда буд. Имрӯз арзишҳо дигар шудаанд. Ҷавонон бештар ба корҳое шавқ доранд, ки заҳмати каму маоши баланд дошта бошад».
Новобаста ба тағйир хӯрдани арзишҳо Хосамоҳ Билолова аз касби интихобкардаи худ хурсанд аст. «Агар бори дигар ҷавон мешудам, аз нав омӯзгориро пеша мекардам. Зеро дунёи маърифат имтиёзҳои худро дорад. Мутолиа намудани китоб, рӯзнома ва маҷаллаҳоро дӯст медорам. Шахси соҳибмаърифат хушбахт аст», – таъкид менамояд ӯ.
Ба гуфтаҳои Хосамоҳ Билолова шак надорам, зеро то имрӯз шогирдон бо пайдо намудани аввалин фурсат аз гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба Данғара меоянду аз муаллима хоҳиш мекунанд то дар синфҳояшон барои онҳо бори дигар дарс гӯяд. 45 дақиқа дарси таърих, дарси арзишҳои миллӣ ва худшиносӣ!
Эмомалӣ Сайидамирзод