«Барои ба ҳадафе расидан муҳим ин нест, ки ба он чӣ гуна расидан имкон дорад. Муҳимтар ин аст, ки бояд фаҳмӣ: чаро ба ин мақсад расидан мехоҳӣ?»
Аз гуфтаҳои мардуми Хитой
Зиндагиву фаъолияти ӯ метавонист мисли ҳар бонуи дигари деҳотӣ сурат бигирад. Ҳамон гуна якранг, ҳамон гуна пур аз таассуф ва ҳамон гуна одӣ. Оғози зиндагии мустақилонааш низ мисле, ки аз дигарон кам тафовут дошт. Ӯро ҳам пас аз хатми мактаби миёна дар Шӯрообод зуд ба шавҳар доданд. Бо ҳамин гӯё орзуҳояш дар бораи идомаи таҳсилу муаллима шудан, норасида монданд. Вақте соҳиби фарзанди зиёд шуданд, боз ҳам гӯё маъние ҳосил мешуд, ки рисолати муаллимагиаш акнун танҳо бояд дар доираи хонавода ва чор девори хона маълум шаваду халос.
Бешак ин рисолати бузургест барои як модар: таълиму тарбияи дурусти фарзандон! Аммо вақте як бону имкон дорад на танҳо фарзандони худро таълиму тарбияи хуб диҳад, балки дигаронро ҳам аз ин ҳунару малакаи доштааш баҳраманд созад, чаро ӯ бояд ин корро анҷом надиҳад?...
…Ҳикоятмо Амирова ҳоло гузаштаи худро ба хотир меораду андешаҳои ҳунарманди беҳамтои тоҷик Ҳошим Гадоро такрор кардан мехоҳад: «Агар зиндагиам дигарбора такрор мешуд, оё нерӯям басандагӣ мекард, ки он ҳама чиро, ки пушти сар кардаам, таҳаммул намоям?» ва зуд посух медиҳад: мекард!
Зеро он чиро ки пушти сар кардааст, агарчӣ мушкилот дошт, вале меваҳои ширин самар дод…
«Ба курсии донишҷӯӣ бо унвони «Қаҳрамонмодар»-ӣ»
«Ман самти шамолро идора карда наметавонам, аммо бодбонро ҳамеша тавре гузоштан мумкин аст, ки ба ҳадаф бирасонад»
О. Уайлд
Ҳикоятмо ҳамроҳи шавҳараш Абдулло Ҳабибов 5 сол дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии имрӯза ба сар бурд. Соли 1969 чун шавҳарашро ба пойтахт ба кор даъват карданд, ҳамсарашро ҳамроҳи худ овард. Ба як бонуи ҷавони деҳотӣ рӯзгори шаҳрӣ осон наменамуд. Хоса, бо ин ки шавҳараш ҳамеша дар сафарҳои корӣ қарор дошт. Бар илова, ҳар ду сол Абдуллоро барои бозомӯзӣ ба шаҳри Маскав ИҶШС, равон мекарданд. Яъне бештари вақт ӯ мемонду мушкилоти рӯзгор. Он ҳам дар муҳити он замон барояш бегонаи Душанбе ва бо фарзандони хурдсол. Ин барояш як мактаби бузурги таҷрибаро мемонд. Чун хонданро дӯст медошт, гоҳ – гоҳ дар фурсатҳои холӣ аз кору бор китобу рӯзномаҳои зиёдеро, ки шавҳараш ба хона оварда буд, мутолиа мекард. Ҳисси кунҷковие, ки аз хурдӣ дар вуҷудаш буд, Ҳикоятморо таҳрик медод ва ӯ акнун дар бораи зиндагӣ ва рухдодҳои ҷамъиятӣ ҷиддитар фикр меронд. Сари ин суол бештар меандешид, ки чаро зани тоҷик бояд ҳамеша аз кору бори хона канда нашаваду барои шахсият шуданаш талош наварзад?
Ахиран, чунин саволгузориву андешарониҳо натиҷаи худро доданд. Як рӯзи гарми тобистони соли 1978, вақте шавҳараш Абдулло Ҳабибов барои таҳсил ба шаҳри Новосибирски Русия рафта буд, ӯ ҳуҷҷатҳои худро ба дасти додари ҳамсараш дод, ки бурда ба шуъбаи ғоибонаи факултаи педагогика ва психологияи Донишкадаи омӯзгорӣ супорад. Имтиҳонҳоро бомуваффақият супурд ва донишҷӯ шуд.
Гӯё дар ин тасмим ягон муаммое вуҷуд надорад, агар ду чизро фаромӯш насозем. Якум, Ҳикоятмо маҳз замонеро барои ҳуҷчатсупорӣ дар донишкада интихоб кард, ки шавҳараш дар Душанбе набуд. Инро бояд чунин фаҳмид, ки ӯ намехост ягон кас гумон барад, ки барои дохил шудани завҷааш Абдулло Ҳабибови он замон шахсиятшуда мусоидат кардааст. Дуюм, ӯ нишон дод, ки бовариву итминони хонаводагӣ чӣ маънӣ дорад!
Дар ҳақиқат, пас аз он ки Ҳабибов аз таҳсил баргашт, аз тасмими ҳамсараш барои бидуни машварат бо ӯ донишҷӯ шуданаш, на танҳо асабонӣ нашуд, балки изҳори хурсандӣ ҳам кард. Ҳоло ҳам барои оилаҳое, ки яке хонашинанду дигарӣ одами маъруфт, шояд нонсенс намояд, ки чӣ гуна имкон дорад, бидуни машварат бо шавҳар завҷа коре аз пеши худ анҷом диҳад. Аммо Ҳабибов, ки як шахси озодидӯст ва мустақилпарвар буд бештар аз ин дар муҳити озод тарбия ёфтани аҳли оилаи худро зиёд мехост, аз самараи нахустини талошҳояш кӯдаквор шодӣ мекард…
Вале паҳлуи ҷолибтари ин ҳолат чизи дигар буд. Ҳикоятмо Амирова маҳз замоне донишҷӯ гардид, ки 10 фарзанд зоидаву унвони «Қаҳрамонмодар» -ӣ дошт. Бовуҷуд, ҳамсабақҳояш аз сатҳу савод ва фаросати ӯ ба ҳайрат меомаданду мегуфтанд: агар барвақттар ба курсии донишҷӯӣ олим мешудӣ!
Бар иловаи он ки дар тарбияи худ фарзандони зиёди хурдсол дошт, хонаашон ҳамеша пури меҳмон буд. Чун шавҳараш дар вазифаҳои масъули давлатӣ кор мекард. Ҳамчунин хешу табор ва ҳамсояҳояшон аз Даштиҷуму Шӯрообод, ки барои таҳсил ба Душанбе меомаданд, маҳз хонаи онҳоро чун макони зист интихоб мекарданд. Ҳикоятмову Абдулло ба ғайри тарбияву таълими фарзандони худ дар нигоҳубини онҳо низ худро масъул медонистанд. Худо шоҳид аст, ки аксари «иҷоранишинҳо» -и хонаи онҳо ҳоло дар бахшҳои муҳими давлативу иҷтимоӣ ва иқтисодӣ – тиҷоратии Тоҷикистон муваффақона фаъолият доранд ва то ҳанӯз ба хонаи эшон бо меҳру муҳаббати самимона рафтуомад мекунанд…
«Донишкада»-е, ки таҳсилаш 18 сол давом кард…
«Мушкилотро дида тавонистан, аз ёфтани роҳи ҳалли онҳо мушкилтар менамояд. Барои аввалӣ тасаввурот ва барои дуюмӣ имкон зарур аст».
Ҷ. Бернал
Рӯзгори донишҷӯйӣ ӯ аз зиндагии қаблиаш кам тафовут дошт. Охир, пештар ҳам дар баробари анҷоми корҳои хонаводагӣ ва тарбияи фарзандон, мутолиаи рӯзномаву маҷалла ва китобҳо дар реҷаи зиндагии Ҳикоятмо махсус қайд шуда буд. Мешавад гуфт фарқи асосии ин замон он буд, ки акнун китобҳои илмии педагогиву психологиро бештар мехонд ва ба устодони сахтгир имтиҳон месупурд. Дар натиҷа, бештари масъалаҳое, ки қаблан ҳангоми таълиму тарбияи фарзандон дар хона мисли муаммо менамуд, акнун барояш аз нигоҳи илмӣ равшан шуданд. Ин маънои онро надошт, ки фарзандонаш дар таълиму тарбия кадом мушкиле доштанд. Муаллимони фарзандони ӯ аз пешравиҳои онҳо дар ҳайрат меафтоданд ва хаёл мекарданд, ки падар ё модари ин кӯдакон ягон муаллими ботаҷриба аст.
Ахиран, соли 1984 худи Ҳикоятмо низ ба фаъолияти омӯзгорӣ дар мактаби миёнаи №54 –и шаҳри Душанбе шурӯъ намуд. Ба ҳамкоронаш пешрафтҳои муаллимаи навкор аҷиб менамуданд ва доим асрори муваффақиятҳояшро мепурсиданд. Ӯ бо табассуми ба худаш хос посухи кӯтоҳу самимона медод: «Ҳич асроре надорам. Фақат ин ки ман «мактаби омӯзгорӣ» -ро 18 сол пеш аз донишгоҳ хондаам – бо тарбияи 10 кӯдак дар муҳити хонаводагӣ…»
Феълан ҳам муаллима Амирова дар мактаби миёнаи №92 –и пойтахт кор мекунад. Ҳамасола волидайни зиёде кӯдакони 7 –солаи худро маҳз пеши ӯ меоранд, то дар сабақгирии нахустин ӯ устодашон бошад. Зеро медонанд, ки қадами аввал дар ҳама кор чӣ маънӣ дорад. Чанд сол пеш роҳбарияти мактаб зарур донист, ки синфи якро барои муаллима Амирова дар ду баст ҷорӣ кунад. Яъне ӯ то нисфирӯз як синфро дарс медод ва баъди нисфирӯз синфи дигарро. Маълум аст, ки ин ҳама ба вазъи сиҳатии ӯ беасар намонд. Кадом рӯзе, ки бо сабаби беморӣ ба мактаб рафта натавонад, шавҳараш Абдулло Ҳабибов бо шӯхӣ аз ҷо мехезонаду мегӯяд:
- Ман медонам, ки сабаби бемории ту чист! Хез ба мактаб рав, сиҳат мешавӣ! Чун имрӯз нарафтӣ, ҳоло худро бемор ҳис мекунӣ…
Дар ҳақиқат ҳам гоҳо шиносу ношиносҳо муаллимаро ба қавле неш заданӣ мешаванд: «Ҳамаи фарзандонаш соҳиби ҷои кору шавҳараш низ коргари баландмақом, аммо барои ду сум пул худашро азоб дода, ба мактаб меояд…»
- Онҳо намедонанд, ки ман барои маблағу худнамоӣ не, барои он ба мактаб меоям, ки синфу талабаҳоро дӯст медорам. Самимона ва беғараз. Шукри Худо, дар хона ягон мушкил надорем. Ҳамаи фарзандон соҳиби хонаву дари худ ва ҷои кори муносибанд. Аммо маро натиҷаи корам, вақте мебинам, ки шогирдонам аллакай мавқеи худро дар ҷомеа ёфтаанд, ба ваҷд меорад. Эҳтироми ҳамкорону волидайни шогирдон бошад, сари касро ба осмон мерасонад, - мегӯяд муаллима Амирова.
Натиҷаи заҳматҳои ӯ бесамар нест. Унвони «Аълочии маорифи халқ» дорад ва соли 1997 дар шаҳри Душанбе ғолиби озмуни «Муаллими сол» гардид…
Мустақилияте, ки заминаи мустаҳкам дорад…
«Ҳақиқати воқеӣ ба ҳама одам вақте мерасад, ки мо хоҳем фаҳмид: чӣ қадар дар бораи зиндагӣ, дар бораи худ ва олами атрофи худ камтар тасаввурот дорем»
Суқрот
- Шукри Худо, хонаи обод дорам. Ҳамаи даҳ фарзандам соҳиби маълумоти олӣ ва ҷои кори муносиб. Эҳтиромашонро дар байни дӯстону ҳамкорон мебинаму меболам, ки ранҷҳоямон ҳамроҳи Абдулло барабас нарафтаанд. Фирӯзаву Парвина - иқтисодчӣ, Шаҳлову Гулшан – духтур, Далер – дипломат, Давлат – ҳуқуқшинос дар соҳаи туризм, Шараф – соҳибкор, Сайфулло – корманди масъули ВКД, фарзанди хурдии хонавода – корманди Хадамоти гумруки Русия. Соҳиби 23 набераам. Сабаби муваффақияти фарзандонам дар чист? Мо як тартиби тарбияи фарзандро дар оила роҳандозӣ кардаем. Мисли аксари падару модарон, вақте кӯдак чизеро донистанӣ мехоҳад, ба ғазаб намеоему ба сараш дод намезанем, ки «калон шавӣ, ҳамаашро мефаҳмӣ!». Не, кӯдак аз тифлӣ фикр кардану мустақилона шахсият шуданро надонад, ӯ «калон» намешавад. Ҷопониҳоро бинед, ба кӯдак чӣ гуна муносибат мекунанд. Як хонаро маҳз дар ихтиёраш мегузоранд ва ба ӯ муҳити комилан озодро таъмин мекунанд. Ба сараш дод ҳам намезананд, ки чаро дар девор хат кашидӣ. Балки аз расму хатҳои кашидаи кӯдак онҳо зарфиятҳои тифли худро маълум мекунанд ва ба кадом бахшу касбу кор таваҷҷуҳ доштанашро ошкор месозанд. Фарзандони мо ҳам тақрибан дар заминаи чунин фазо тарбия ёфтаанд. Дар мактаб низ ба фазои озоди шогирдон эътибори ҷиддӣ медиҳам…
Хотиррасон мешавам, ки чунин муҳитро барои мо пеш аз ҳама шавҳари меҳрубонам генерал Абдулло Ҳабибов фароҳам овардааст. Мо бо ӯ ифтихор дорем. Зеро ӯ аз ҷумлаи онҳоест, ки дар солҳои 90 –и асри пор барои Истиқлол ба даст овардани Тоҷикистон талош мекард ва шукри Худо ба он расидем, - сабабҳои хушбахтиву муваффақияти худро тавзеҳ медиҳад муаллима Амирова…
Р. Мараимов