НАЗМИ ОИЛАИ НИЗОМӢ
Дар ягон гӯшаи хаёлаш набуд, ки роҳбалад мешавад. Рӯзе, ки бори нахуст либоси зебои низомии ин касбро ба бар кард, падари низомии шодравонашро ба хотир овард. Падар орзу дошт, ки дар пайкари зебои нахустфарзандаш Маҳина либоси низомиро бубинад. «Духтарам мисли худам милиса мешавад», мегуфт. Вале чи шуду чи монд, ки яку якбора акидаашро иваз карда, ба Маҳина таҳсил дар омӯзишгоҳи савдоро тавсия дод.
Онҳо оилаи тинҷу осудаву тифоқе доштанд. Модари бофарҳангаш -холаи Нафиса дар тарбияи ӯ ва бародару хоҳаронаш як назми хоса роҳандозӣ карда буд. Дар оила муҳаббат хукм меронд, садоқат ин муҳаббатро меафзуд ва қатораи хонаводагии онҳо бо назму низоми хоса раҳсипори оламе буд бо номи хушбахтӣ…
МАҲИНА ВА САДРИДДИН
Вақте ба хонаи онҳо хостгор омад, ӯ дар мағоза таҷрибаомӯз буд. Маҳина ҳатто намедонист, ки Садриддин дар куҷо ӯро дидаву «таги чашм» кардааст. Ҳине ки хостгорҳо «Ҷавон Маҳинаро нағз мешиносад»,– гуфтанд, ӯ ҳайрон шуд. Садриддин фурӯшанда будаасту ба Маҳина ошиқ шуда, дер боз рафтору гаштори Маҳинаро наззора мекардааст.
Ӯ ба зинаи болотари хушбахтӣ по гузошт. Садриддин феълу атвореро дошт, ки Маҳина таманно мекард. Домоду арӯс ҳар саҳар бо табъи болида ба кор меомаданду бо ҳамон болидагию хушҳолӣ ба хона бармегаштанд. Аз ин ҳамхонагӣ фарзандони онҳо Аслиддину Рухшона ва Фазлиддину Раҳмуддин ба дунё омада, ҳаёти рангини онҳоро рангинтар мекард.
МУСИБАТ
Аслан ин мусибат мусибати на фақат хонаводаи онҳо, балки рӯзи сиёҳи тамоми мардуми кишвар буд. Тоҷикистони азиз дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ сӯхтан дошту ноҳияи онҳо - Ваҳдат яке аз нуқтаҳои гармтарини ин даргириҳо маҳсуб мешуд. Садриддин дар маҳаллаи 101-уми пойтахт хона харида бошад ҳам, тақдири падару модар ва хоҳарону бародаронаш ӯро ором намегузошт. Маҳина ва фарзандонашро ба пойтахт оварда, рӯздармиён волидайнро хабаргирӣ мерафт. Дар ин омаду рафт борҳо ҳадафи таҳқиру лату кӯби гурӯҳҳои яроқбадаст шуда, саломатиашро аз даст дод ва оқибат ба сактаи асаб дучор гардида бистарӣ шуд. Як тарафи бадан, рӯю чашму сараш кор намекард. Забонаш аз гуфтор монду хотираашро ҳам гум кард. Касеро намешинохт. Ин гаронтарин мусибат барои Маҳина буд. Зиндагӣ рӯз то рӯз душвору сангин мегашт. Андешаи рӯзгор, тарбияи фарзандон, нигоҳубини шавҳари фалаҷгашта ӯро харобу лоғар ва ноумед кард. Бемории Садриддин тӯл мекашиду беҳбудӣ ҳис намешуд.
– Духтарам, худатро хазон накун, – гуфт боре хушдоманаш, – Садриддинро ба хонаи худ мебарам. То кай бо кӯмаки хоҳаронат зиндагӣ мекунӣ? Ба кор баро ва бачаҳоятро сарпаноҳ шав.
МУҲОҶИРАТ
Баъди панҷ сол Маҳина ба гапи хушдоман омад. Садриддинро ба хонаи ӯ бурда, фарзандонро ба модар супурду ба Русия ба назди хоҳараш Нигина роҳ пеш гирифт. Шавҳари Нигина ба тиҷорат машғул буд. Маҳина чанд муддат дар бозори шаҳри Свердловск ба фурӯхтани молҳои овардаи Шамсиддин машғул шуд. Вале аз даромади ками он қонеъ нашуда, аз язнааш хоҳиш кард, ки дар тиҷораташ ӯро ҳамроҳ бигирад. Дар муддати кӯтоҳ ӯ корро ёд гирифт. Шаҳр ба шаҳр гашта, ниёзи мардумро омӯхт ва мустақилона ба тиҷорат сар кард. Дар давоми се соли бозаргонияш на фақат эҳтиёҷи хона, доруҳои қиммати шавҳари ранҷурашро таъмин намуд, балки ба Душанбе баргашта, боз як хонаи дигари истиқоматӣ харид. Дӯкон кушода ба тиҷорат машғул шуд.
МАҲИНА – РОҲБАЛАД
Соли 2006 эълони озмуни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро дар хусуси қабули роҳбаладони қатораи роҳи Душанбе - Маскав аз ҳисоби бонувон хонда, бе дудилагӣ ба ин ҷо омад ва тавассути донишу малака, забондонӣ ва фаросати волояш ба кор пазируфта шуд. Дар ин ҷо маош хоксорона бошад ҳам, шакли вахтавии меҳнат – 15 рӯз кор, 15 рӯзи дигар истироҳат, имкон медод, ки барои нигоҳубини шавҳари бемор ва тарбияи фарзандон вақт ёбаду ҳам кори чевариашро сомон дода, талаби дархостдиҳандагонашро қонеъ созад ва кори дӯконашро низ пеш барад.
ВАГОНИ № 4
Тавассути кори ҳалолу бенуқсони Маҳина дере нагузашта дар Корхонаи воҳиди мусофирбарӣ дар ҷамъомаду маҷлисҳо оид ба тартиби кор, тозагӣ ва маданияти хизматрасонӣ дар ин вагон суханҳои мусбат мегуфтагӣ шуданд. Мисол оварда, барои дигарон намуна нишон медоданд. Мусофирони обрӯманд, меҳмононро ба он ҷой мекарданд.
Солҳои аввали кор душвориҳои ин роҳ тоқатшикан бошад ҳам, вале дар вагони № 4 ягон ҳодисаи нохуш, бетартибӣ, нофаҳмӣ, гум шудани амвол, тасарруфи пулу моли мусофирон рӯй надод.
«КОРАМРО ДӮСТ МЕДОРАМ, ВАЛЕ…»
– Корамро дӯст медорам, –мегӯяд Маҳина, – вале ҳар боре, ки ба нуқтаҳои гумрукии Ӯзбекистон наздик мешавем, ғамам мегирад. Ӯзбекистон варақаҳои декларатсионии худро дорад. Ҳар мусофир бояд варақаро пур кунад. То риштаву сӯзани охирин бояд чизҳоятро бо қимматашон рӯйхат намоӣ. Пеш аз ҳама, мусофиронро ба ҳамин имтиҳони душвортарини сафар тайёр месозам. Тафтишгарони ӯзбек дағаланд. Худо накарда, чизе дар рӯйхат фаромӯш шавад, ҳатман онро тасарруф менамоянд. Камбудӣ наёбанд, ягон чизро ба зӯрӣ гирифтанӣ мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо паст намеоям, сардори қатораро даъват мекунам, ба калонтарҳояшон муроҷиат месозам. Агар ҳеҷ кор аз дасташон наояд, ҳақоратҳои қабеҳ медиҳанд. Ба чунин таҳқирҳо тоб намеорам. Аз Худо илтиҷо мекунам, ки агар сиҳату саломат ба Ватан расам, тарки кор хоҳам кард. Вале боз… ба ояндаи нек умедвор мешавам.
САФИ ЗАНОНИ МУҲОҶИР МЕАФЗОЯД
Маҳина хурсанд мешавад, агар бо тоҷикбонувони муваффақе дучор ояд, ки дар Русия соҳиби корхонаву дӯконҳо ва обрӯю эътибор гашта бошанду бонувони маҳаллии моро ба корҳои хуб ҷалб созанд. Вале, мутаассифона, бонувони дар зиндагӣ раҳгумзадаи тоҷик низ зиёд ба Русия бе мақсад сафар мекунанду дар муддати кӯтоҳ ба нокомӣ дучор гардида, ё беобрӯ шуда бармегарданд. Дар тӯли шаш соли фаъолият ӯ бо чунин бонувон зиёд дучор гардида, ба онҳо маслиҳатҳои хоҳарона додааст. Аз солҳои муҳоҷирии худ мисолҳо оварда онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намудааст…
«МАҲИНА ИФТИХОРИ МОСТ», –
мегӯяд сардори қитъаи захираи роҳбаладони Корхонаи воҳиди мусофирбарӣ, Саъдӣ Холмуродов ва на фақат ӯ, балки сардори корхона Маҳмадюсуф Абдураҳмонов ва дигар роҳбарону ҳамкорони ӯ ҳамин ақидаро доранду дар ҳақаш суханони нек мегӯянд.
БОЗ ОМОДАИ САФАР
Ӯ тараддуди сафари навбатӣ дорад. Ба коргоҳ омада вагонро аз ҳамтои худ қабул мекунад. Ҳуҷҷатҳояшро омода месозад. Сару либоси низомию миллӣ, хонагию кориашро дарзмол намуда, дар либосовезаки хоначаи вагонаш меовезад. Ҳама майда-чуйдаҳои зарурии сафарро бори дигар муҳайё мекунад. Худо хоҳад, боз баъди як рӯз қатораи Душанбе – Москва ба роҳ мебарояд. Ба роҳе, ки имрӯз на фақат барои Маҳина Сатторова, балки шояд барои нисфи мардуми Тоҷикистон ба роҳи тақдир табдил ёфтааст…
С. Аюбзода