Дар маросими супоридани ҷоиза ва мулоқоти дигаре дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ дар Форуми «Рио+20» дар Бразилия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда, баъдан зимни суханрониаш дар ҷаласаи Рӯзи Ваҳдат бо сипосу ифтихор аз дастоварди ин бонуи тоҷик сухан кард.
Эътироф
«Табрики самимонаи ташкилотҳои давлативу созмонҳои ҷамъиятӣ, дӯстону наздикон, хоса суханони рӯҳбаландкунандаи Ҷаноби Олӣ – Эмомалӣ Раҳмон, ба мо тавони тозае бахшид, сарамон ба осмон расид. Ин эътироф моро водор мекунад, ки масъулияти беш аз пеш дошта бошем. Ба ҳамин хулоса омадам, ки кору меҳнат кунӣ, заррае дар пешрафт саҳмгузор бошӣ, эътирофу эҳтиром ҳам мешудааст. Ин натиҷаи заҳмату ранҷҳои кормандони мо, духтаракони чаққону кордон – Нигина, Ситора, Мафтуна, Дилафрӯз, Гулмоҳ, Ӯғулбӣ, Манзура, Ҷамила ва чанде дигарон ҳам буд. Мукофот ба тамоми ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Воқеан, натиҷаи фаъолияти мо ҷолиб буд. Меҳнати чандинсолаамон дар риштаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии занони деҳот ба эътибор гирифта шуд. Коршиносон маҳз ба натиҷаи фаъолиятамон дар бахшҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи усулҳои биологӣ ва ҳифзи муҳити зист баҳои баланд доданд».
Оғоз
«Солҳои 1998-1999 дар чанд семинарҳои омӯзишии вобаста ба соҳаи кишоварзӣ иштирок кардаму чашмонам ба қавле боз шуд. Дидам, ки чӣ қадар одамон ва созмонҳо барои пешрафти соҳа ҷаҳд мекунанд. Ман ҳам, ки биологам, ҳавасманд шудам. Дар хусуси ҷомеа ва маърифати шаҳрвандӣ маълумот пайдо кардам. Фаҳмидам, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳар кас метавонистааст созмонеро таъсис дода, баҳри пешрафти соҳае камар бандад. Дар баробари ин, он солҳо як қатор созмонҳои ҷамъиятӣ, ба монанди «Асотсиатсияи олимаҳои Тоҷикистон», «Фонди дастгирии ташаббуси шаҳрвандӣ», «Орзу», «Раъно» ва ғайра фаъолият менамуданд ва мардум онҳоро хуб қабул дошт. Ман низ дар олами андешаҳои хеш такон хӯрдам. Соли 1999 ташкилоти муҳитзистии «Зан ва Замин»-ро сабти ном кардам».
Муҳофиз
«Дар ҳақиқат ҳам соли аввале, ки мо фаъолиятамонро оғоз кардем, дар Тоҷикистон барномаҳои зиёде вобаста ба татбиқи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ амалӣ мешуд. Медонистам, ки ворид шудан ба ин муҳит ва эътимоду боварии мардумро сазовор шудан, мушкил аст. Он солҳо дар бисёр маврид ҳуқуқи кишоварзон поймол мегардид. Дастрасӣ ба замин воқеан мушкил буд. Пеши худ мақсад гузоштам, ки дар ин самт бояд ба онҳо ёрӣ расонам.
Вазифаи мо танҳо аз нишон додани қонуну гуфтан, ки «ана, мувофиқи қонун шумо соҳиби замин, марҳамат, касе тавонад, ҳаққашро бигирад», иборат набуд. Мо аз ҳуҷҷатгузорӣ то давраи замингирӣ ва ҳатто кишту дарав бо занҳо будем. Тавре мактаббачаро аз дасташ мегиреду ба мактаб мебаред, мо занҳоро ҳамингуна ба сӯйи замин бурдем.
Занҳоро аз ҳуқуқи дастрасӣ ба замин то усулҳои биологии коркарди он омӯзиш додем. Ҳатто мактабҳои саҳроӣ ташкил мекардем. Занҳое буданд, ки аз тарси фиреб хӯрдан, намехостанд ба кишоварзӣ шуғл варзанд. Онҳо аз кори бемузду фанду фиреб дар саҳро хаста шуда буданд».
Ифтихор
«Имрӯз вазъият каме тағйир ёфтааст. Ҳоло бонувон раиси хоҷагӣ, пешкор, пешсаф, ба қавле лидерони соҳаи кишоварзӣ шудаанд. Ман бо Адолат Саидалиева, Гулшо Шарипова, Санам Муродова ва хеле аз дигарон ифтихор мекунам. Онҳо пешқадамонеанд, ки бо кору меҳнати ҳалол обрӯ пайдо кардаанд.
Як вақтҳо ҳаёту фаъолияти Анварбӣ Ятимова, Гавҳарбӣ Пиракова, Гавҳарбӣ Валиева ва Зӯҳро Маҳмадмуродова мавриди назари ҷомеа қарор дошт. Ҳама онҳоро наззора мекард. Корнамоиҳояшон дар ҷабҳаи меҳнат боиси ифтихорашон дар ҷомеа буд. Бо гузашти вақт баъзе аз ин бонувон худро дар ҷомеа фаромӯшшуда эҳсос мекарданд. Як навъ дилмондагие эҳсос мешуд. Кӯшиш кардем онҳоро аз нав ба ҳаёти ҷамъиятию кишоварзӣ ҷалб созем. Аққалан барои ҳавасманд намудани ҷавонон. Гавҳарбӣ Валиева, Адолат Сайидалиева ва Зӯҳро Маҳмадмуродоваро боз ба корҳои саҳроӣ ҷалб намудем. Ҳатто Гавҳарбӣ Валиева 40 гектар замин гирифта, ба ҳосилнокии баланд ноил гардид».
Ҳамкориҳо
«Фаъолияти густурдае дорем дар 5 ноҳияи вилояти Хатлон: Ховалинг, Мӯъминобод, Фархор, Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ҳам таҳқиқот гузаронидем. Барномаҳои кӯтоҳмуддатеро дар ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор ва Рӯдакӣ низ ба анҷом расонидем. Аз рӯйи мушоҳидаҳои корӣ дар вилояти Хатлон занҳои ноҳияи Мир Сайи Алии Ҳамадонӣ бештар ба замин таваҷҷуҳ доранд.
Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоте дар омӯзиши сабаб ва омилҳои ҳодисаҳои худкушиву худсӯзии занон дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон анҷом дода, натиҷаашро дар шакли як китоб чоп кардем».
Ҳуқуқ
«Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бонувонро бо шартнома ва роҳҳои бастани он шинос намудем. Баъд аз ин, онҳо на дар асоси шартномаи даҳонӣ, балки хаттӣ кор мекардагӣ шуданд. Дигар корчаллонҳо наметавонистанд дар вақти хариду фурӯш бо нишон додани шартномае, ки ҳарфҳояш хурду ҷумлаҳояш нофаҳмо ва ҳадафаш имзо гирифтану муттаҳамкунист, деҳқононро гӯл зананд.
Дар вақти фурӯши маҳсулот дар заводи консервабарории ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шоҳиди ҳодисаҳои аҷибе ҳам шудем. Бонувон шартномаро нуқта ба нуқта хонда, дар хусуси даровардани тағйирот ба қисмати нархгузорӣ истодагарӣ мекарданд. Аз он ки онҳо барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон талош мекарданд, шод шудам».
Дастгирӣ
«Созмони «Зан ва Замин» аз ҳисоби гранти ташкилотҳои байналхалқӣ фаъолият мекунад. Дар самти амалисозии барномаи татбиқи ислоҳоти замин, ҷалби занон ба ҷараёни ислоҳот, тавонмандкунии занони деҳот бо ташкилоти «Акт – Осиёи Марказӣ» ҳамкории дарозмӯҳлат доштем. Дар бахши нигаҳдории навъҳои маҳаллӣ, тақвияти донишҳои суннатӣ моро «Фонди Кристенсен», ки ҳадафаш нигоҳдории гуногунии биологӣ дар сайёра аст, дастгирӣ менамояд. Бо созмонҳои «Хелветас», «Фауна ва Флора Интернешнл» низ ҳамкорӣ кардаем. Ба маврид аст, агар бигӯям, ки маҳз «Фонди Кристенсен» моро ба ҷоизаи «Экватор-2012»-и Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда буд. Мо бо кӯмаки молии ин созмон барномаҳои ҷолибро дар самти нигаҳдории навъҳои маҳаллӣ, рӯйи даст гирифтем.
Вақте маро намояндагони «Фонди Кристенсен» пурсиданд, ки боз барои кишоварзон чӣ тарҳҳои муфидеро метавон амалӣ сохт, пешниҳод кардам, ки агар имкон бошад, онҳоро соле як бор ройгон ба истироҳатгоҳҳо барем. Бе дудилагӣ пазируфтанд. Инак, соле 40-45 кишоварзро ба истироҳатгоҳҳои Хоҷа оби Гарм, Шоҳамбарӣ ва Санавбар мефиристем».
Орзу
Орзуям ин аст, ки тавонам тамоми навъҳои маҳаллии мева: себу ангуру туту зардолу ва сабзавотро, ки баъзе имрӯз зери хатари маҳвшавӣ қарор гирифтаанд, гирдоварӣ ва нигоҳубин намоям. Мехоҳам бозор аз меваю сабзавоти маҳаллии аз лиҳози экологӣ тоза ва аз лиҳози тиббӣ фоидаовари тоҷикӣ пур бошад, на аз меваю сабзавоти бетаъми хориҷӣ. То ҷойе ин корро дар Ховалингу Мӯъминобод оғоз кардем. Дар ин ноҳияҳо боғҳои наве аз меваҳои маҳаллӣ, ки хавфи азбайнравиашон вуҷуд дорад, бунёд мекунем. Аммо ин ҳоло кам аст…
Дар ҳама семинару конфронсҳо мегӯям, ки гуногунии биологии Тоҷикистон, як ҷузъи гуногунии биологии ҷаҳонист, ки онро чун ҷузъе аз ифтихори миллӣ бояд ҳифз кард».
Гулноза БОБОМУРОДОВА