Имрӯз Дилафрӯзро тамошобини телевизиони «Сафина» дар барномаи «Навид» бовиқору нозанин мебинаду шояд ҳазорон духтаракон пайи таклиди ӯ пеши ойина суханварӣ тамрин кунанд. Эҳтимол зани хонашине ба чеҳраи зебову нигоҳи озодонаи вай нигариста ба дил мегӯяд : «Ӯ кай парвои дунёву ғаме дорад!».
Шояд мо ба қироати буррову садои қотеъи ӯ дар хондани матнҳои сиёсӣ, фармонҳои Президент, ташреҳи ҳодисаву воқеот ё хабару гузоришҳо аз ҳаёти деҳоту навидҳои фарҳангӣ айбу хатоҳое ҳам меҷӯему ба сар андешае дорем, ки чӣ пешаи саҳлу соддае дорад?
Чӣ ҷои пинҳон кардан, миёни мардум зиёд мешунавем, ки наттоқони телевизионҳо кори хеле сабуке доранду танҳо матни тайёреро мехонанд. Баъзан намояндагони ин касбро «сарҳои сухангӯ» низ меноманд. Ё онҳо гӯё хеле шинохтаанду барояшон ҳалли дилхоҳ масъала дар ҳама ҷо осон аст. Вале оё мо аз кору ҳаёти воқеии эшон огаҳем? Олами ботинии онҳоро медонем?
Вуҷуди ин суолҳо моро водор намуд, ки ба сӯҳбаташ биравем. Сӯҳбати мо тақрибан ҳама мавзӯъҳоро фаро мегирифт ва Дилафрӯз пешорӯи мо чун як бонуе муаррифӣ гардид, ки дар ҳар масъала дидгоҳи хоси худро дорад.
Пас, меарзад муҳтавои ин сӯҳбатро донему ҳини баҳо додан ба фаъолиятҳои ӯ инсофро риоят намоем: «Ман дар фазои «якдилона» бузург нашудаам!»
«Замони кӯдакӣ ман ҳам фикр мекардам, ки бо омӯхтани касбу гирифтани диплом мушкили дигаре дар зиндагии инсон пайдо намегардад. Хоса, чунин андеша аз сарам дур набуд, ки зани соҳибмаълумот қудрати ҳалли ҳама гуна мушкилро дораду дар зиндагии шахсиаш низ масъалае ӯро дунболагир нест. Дуруст аст, ки он замон мо дар сохти дигар зиндагӣ мекардем. Ҳукумати Шӯравӣ ҳама чиро дар «боло», ё он тавре гуфтанашро дӯст медоштанд – «дар марказ» ҳал мекард. Ҷумҳуриҳои дигари ба истиллоҳ «бародарони кӯчак» танҳо нақшаи ба онҳо вогузоршударо иҷро мекарданду ҳаққи гирифтани ягон тасмимро надоштанд. Ба таври дигар, истиқлолияти фикру амал умуман вуҷуд надошт. Ба умқи ин маънӣ замоне расидам, ки акнун имкони ҷудо кардани баду некро доштам. Бахусус падарам Шариф Комилов, ки аз шахсиятҳои шинохтаанду андешаҳои демократӣ доранд, маро намегзоштанд, ки дар ин ё он масъала зуд хулосабардорӣ кунам. Пеш аз ин ки як масъаларо ба баҳс мегузошт, барои мо далелҳои гуногун ва гоҳҳо муқобили ҳамро пешниҳод мекард. Баъдтар фаҳмидам, ки ҳадафи ӯ чӣ будааст: ӯ намехост, ки мо фарзандон ва умуман аҳли оила мисли фазои умумии шӯравӣ ба рухдодҳову масъалаҳо нигоҳи «якхела» ва «якдилона» дошта бошем.
«Ҳақиқат зодаи баҳс аст» - доим таъкид мекард ӯ ва то ҳанӯз ин принсипро риоя мекунад. Ин шарт дигар барои мо меъёр шуд. Аз ин ҷост, ки то ҳанӯз агар дар бораи худ интиқодоте мешунавам, мисли баъзеҳо ба ғазаб намеоям. Балки фикр мекунам: шояд дар ин гуфтаҳо ҳақиқате вуҷуд дорад? Албатта, дар ин сурат байни таҳқиру танқид ва овозаи беасос фарқ мегузорам. Пас, метавон гуфт таҳаммулпазир нафаре хоҳад буд, ки маълумот ва дониши бисёре дорад. Бубинед, одамони камсаводу бедониш ба доми гурӯҳҳои фитнагар зуд меафтанду тоқати шунидани ҳарфи мухолифони худро надоранд. Пас, худатон хулоса кунед, оё беҳтар аст фарзандонатон дониши қавӣ дошта бошанд, ё як рӯз Худое накарда онҳоро дар сафи террористону экстремистҳо бубинед?»
«Озодӣ дар марзе тамом мешавад, ки…»
«Тавре гуфтам, ман тарбиятдидаи як оилаи зиёиам. Модарам муаллимаи мактаб буду падар устоди донишгоҳ. Бо ин ҳама модарам ифтихори дурӯғин намекарду баъди анҷоми кори давлат бо тамоми ҳастияш пайи саранҷоми рӯзгори оила мешуд. Ба худ раво намедид, ки хонаи норуфта, либоси ношуста, хӯроки нимпӯхта ё анҷоми дарзмолношудаашро боре шавҳар, фарзандон ё меҳмону раҳгузаре бубинанд. Нисфи шаб баъд аз санҷиши дафтари шогирдону анҷоми омодагиҳо ба фардои омӯзгорӣ тушбера мепечониду котлет мепухт, зуволаи нимтайёрро ба яхдон ҷо мекарду угрои захиравӣ мебурид. Навъҳои беҳтарини ғизоро барои фарзандон омода мекарду гӯё лаҳзае фароғатро ба худ иҷоза намедод. То ҳама кору рафтор, гуфтору пиндор ва рӯзгораш ба талаботи оилаи соҳибмаърифату замонавӣ ҷавобгӯ бошад.
Зимнан ман ҳич гоҳ надида будам, ки байни падару модар сари ин ё он масъала баҳси ҷиддӣ пайдо шавад. Ин ҳоло аст, ки баъзе аз бонувон бо ин ки дар ягон идора кор мекунанд, ба аҳли оилаи худ сад таъна мезананд: ман ҳам аз кор омадаам, ту худат хӯрок паз, либосатро шӯй в ғ ҳ.
Модарам, чун медид, ки мо ҳам хоҳиши дар оянда хондану соҳибмаълумот шуданро дорем, доим баромон таъкид мекарданд:
- Худованд ҷинси марду занро ба вуҷуд овардаасту дар баробари ин корҳои занонаву мардонаро. Масалан хӯрокпазиву либосшӯиро шояд мард ҳам иҷро карда метавонад, аммо бовар кунед, баробари зан не. Таъми хӯроки дасти бону дигар аст, либоси шустаи зан фарқ мекунад…
Ҳоло ман андешарониҳои бархе аз бонувони феминистро мешунаваму дар ҳайрат мемонам. Дар замони шӯравӣ, тавре гуфтам, аксарияти корҳоро дастӣ анҷом медоданду бар илова шароити дурусти зиндагӣ ҳам набуд. Ҳоло бошад анқариб тамоми корҳои хонаро ба воситаи асбобҳои барқӣ анҷом додан мумкин аст. Пас баҳсҳои нозаруре мисли «ин кори ман нест», ба чӣ хотир аст?
Озодиву баробарҳуқуқиро дар ин росто баҳона пеш овардан аз мантиқ дур аст. Модарам ба мо фарзандон гуфтани ин таъбирро, ки шояд аз куҷое хонда буданд, дӯст медошт: «Озодии шумо дар марзе тамом мешавад, ки озодии дигарон шурӯъ мегардад!».
Ин гуфта барои мо арзиши озодиву баробарҳуқуқиро аён кардааст. Аз ин рӯ, ман кӯшиш мекунам озодиро дар маъниҳои маҳдуде чун «ин кори ман нест», истифодаву сӯйистифода накунам. Барои ман озодӣ маънии дигаре дорад: Бо иқтидори зеҳнии худ кор карда тавонистан ва онро истифода бурда тавонистан!».
«Телевизион ин рентген аст!»
«Оре, ман ҳам бисёр мешунавам, ки дар бораи наттоқон андешаҳои гуногун раду бадал мешаванд. Баъзеҳо ҳамкасбони моро «сарҳои сухангӯ» ном мебаранду мегӯянд, ки онҳо ба ғайри хондани матнҳои тайёр коре карда наметавонанд…
Гап сари ин меравад, ки то ҳанӯз дар ҷомеаи мо байни касбҳое чун наттоқ, шореҳ ва журналист фарқ намегузоранд. Дар ҳоле, ки ҳар кадоме аз ин касбу ҳунарҳо вижагиҳои худро дорад. Дар бораи ин ки яке аз сабабҳои музаффарияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶБВ маҳз овози наттоқ Левитан шуда буду Гитлер барои сари ӯ маблағи калон ваъда карда буд, зиёд гуфтаанд. Ҳодисаи наздиктарини дигарро, ки боис ба як моҷарои тақрибан калони ҷаҳонӣ шуд, ба хотиратон меорам, то мӯҳтавои аслии ҳунари мо бароятон маълум гардад. 14-уми ноябри соли гузашта наттоқи РЕН ТВ –и Русия Татяна Лиманова ҳини ном бурдани исми президенти ИМА Барак Обама ангушташро ба боло бардошт. Ин амал чӣ сару садоеро ба миён наовард! Ба он маънии сиёсӣ ҳам доданду гуфтанд, ки боис ба ташаннуҷи авзоъ байни ду кишвар хоҳад гашт. Ҳол он ки Таня мегуфт, замони хондани матн ӯ гумон накардааст, ки дар навор ӯро нишон медиҳанду ӯ ба коргардон ишора кардааст, ки ҳарфи суфлерро каме боло бардорад. Ахиран Лиманова аз ҷои кораш маҳрум шуд…
Дар маҷмӯъ наттоқӣ ин танҳо «хондани матни дигарон тайёркарда» нест. Ин касб масъулият аст, он ба ғайри хондан, маънии ба дигарон расонидани мӯҳтавои матнро низ дорад.
Медонед касби наттоқӣ аз муҳосибӣ чӣ фарқ дорад? Агар муҳосиб 5 сол дар ягон идора нишинаду маълумоти оддитарини ин соҳаро донад, ӯ метавонад муҳосиби беҳтарин шавад. Аммо барои наттоқӣ ретсепти муайян вуҷуд надорад. Вале меъёрҳо дигаранд. Масалан, дар барномаҳои фароғатӣ ва шоу – барномаҳо имкон дорад, ки барранда ягон ширинкор бошад, ё нафаре, ки аудиторияро ба қавле «ҷунбонда» тавонад. Аммо дар барномаҳои иттилоотӣ махсусият дигар аст. Аз ин рӯ, бештари наттоқони ин барномаҳоро аз ҳисоби хатмкардагони факултаи журналистика интихоб мекунанд. Ман ҳам хатмкардаи факултаи журналистикаи ДМТ ҳастаму аз устодони қавӣ тадрис гирифтаам. Бар илова, то ҳанӯз падарам ҳамарӯза барномаҳои маро тамошо мекунаду тарзи хонданамро мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор медиҳад. Агар дар гуфтани ягон ибора ё калима ба хато роҳ додам, ҳатман онҳоро менависаду баъдан бароям хоҳад гуфт. Ба таври дигар, ман мунаққиди хеле қавӣ ва дар айни ҳол холисе дорам, ки бо ӯ ифтихор мекунам.
Махсусияти дигари наттоқӣ дар ТВ ин аст, ки он фиребро намепазирад. Тамоми ҳолати рӯҳии инсонро дар навори телевизион хондан мумкин аст. Аз ин ҷост, ки ман онро «рентгени ҳолати инсон» меномам. Тасаввур кунед, ки як рӯз кадом мушкиле дореду аммо ҳамин ҳоло барнома шурӯъ мешавад. Оё метавонед дар як лаҳза ҳолататонро тағйир диҳед? Ин имкон надорад! «Рентген» ҳама чиро ба мардум пешниҳод мекунад!».
«Ба ғайри худ, бинандаро бояд дӯст дошт!»
«Албатта, ман гуфта наметавонам, ки ҳамеша худро хушбахт эҳсос мекунам. Ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки баробарвазниро дар вуҷуди худ гум мекунам. Аммо зуд ба худ меоям. Зеро ҳама гуна тарсро аз вуҷуди худ дур кардан имконпазир аст. Инро дар фаъолият ҳам таҷриба кардааму дар зиндагӣ низ. Ба мо устодон чунин тавсия додаанд, ки наттоқ ба ғайр аз худ бояд бинандаи худро ҳам дӯст дорад. Касе агар ҳангоми пайдоиш дар экрани ТВ танҳо дар бораи худу чӣ гуна ҷилва додани худ фикр кунад, ба мақсад намерасад ва мавриди эҳтиром ҳам қарор намегирад.
Кас бояд мағрур набошад. ғурури ноҷо касро аз доираи эҳтироми одамон дур меандозад. Масъулиятшиносӣ барои инсон аз ҳама чиз муҳим аст. Инро ман замоне дарк кардам, ки модарамро дар синни наврасӣ, он замоне, ки ӯ хеле ҷавон буд, аз даст додаму нигаҳбонии додаракону хоҳаронам ба ӯҳдаи ман афтиданд. Ин масъулият маро водор барои ҷуръати бештар мекард. Акнун ман метавонам ҳарорату гармиро аз худ ва атрофиёну наздиконам пайдо кунам, дар ҳолати хуби равонӣ қарор бигирам ва худро хушбахт бубинам. Танҳо дар ин сурат барои як бону дари ҳама муваффақиятҳои зиндагиву фаъолият боз хоҳад шуд. Ӯ дар ин ҳолат метавонад муҳаббати худро ёбад, кӯдакони солим таваллуд кунад, бо одамони нек вохӯраду аз онҳо чизе омӯзад ё ба онҳо чизе бидиҳад. Яъне, вақте дар дили як зан ба ҷои тарс ишқу муҳаббат нуҳуфтааст, ҳама хушбахтиҳову муваффақиятҳо бо ӯ хоҳанд буд.
Ҳамеша ба ҷои тарс дар вуҷуди худ тухми муҳаббат коред, агар хушбахтиву муваффақият мехоҳед!»
Р. Мараим,